Маҳкамов Дастам
Душанбе 2016
ББК 74. 03 (2) тоҷикӣ
М 38
М-38. Маҳкамов Дастам. «Тифлию домони модар…»/
Муҳаррири масъул С. Амонӣ; Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ.- Душанбе: Ирфон, 2016.- 123 с.
ПЕШГУФТОР
“Зиндагинома”- и Дастами Маҳкам, ки бо номи «Тифлию домони модар» дар дасти Шумо азизон қарор дорад, дар ҳақиқат нақлу ривоятҳо аз афкору андешаҳои мардуми кӯҳистони дурдасти Ванҷ мебошад.
Ин асар ҳар чанд дар аввал мақсад гузошта шуда буд, ки аз ҳаёту фаъолияти шахсии банда бошад, лекин каме васеътар гардида ба атроф доман паҳн кард. Дар ин китоб то як андоза кӯшидаам, ки муҳимтарин паҳлӯҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва саъю талоши шахсӣ, монеъа ва мушкилотҳои зиндагиро рӯи варақ биёрам ва дастраси хонандаи ниҳоят гиромӣ гардонам. Дар ин китоб лаҳзаҳои хубу зебои зиндагӣ, азобу машақат, мӯҳтоҷию нодориҳо, комёбӣ ва нокомиҳоям болои варақ оварда шудаанд. То як андоза дар ин китоб ба масъалаҳои тарбияи меҳнатӣ, ахлоқӣ, башардӯстӣ, некӣ ва накӯкорӣ, диққат дода шудааст.
Ба он нигоҳ накарда, ки ин китоб характери ифодаи ҳаёти шахсии каси мушахасро дошта бошад ҳам дар тарбияи насли наврас ва огоҳии педагогӣ ва равонии падару модар ва зарурияти ғани гардонидани фарҳанги маънавии онҳо хеле муфид ва фойдабахш мебошад. Ин китобро ман аз рӯи малакаи 66-солаи таҷрибаи ҳаётӣ ва 47-солаи кори омӯзгориам дар асоси дидаю шунидаам навиштам. Аз таълиму тарбияи насли наврас ва таъсири неку бади муҳит бардоштамро ғун намуда ба риштаи ҳикмат кашидам. Фикр мекунам ҳар ҷавоне, ки аз зодгоҳаш ба нияти ба даст даровардани илму ҳунар берун мешавад ин гуфтаҳоро дар пӯсти худ месанҷад. Барои насли наврас китобҳои зиёди бадеиву таълимӣ навишта шудаанд, вале ин китоб ҳодисаҳо, мушкилотҳоеро меорад, ки ҷавони имрӯза дар ҳар нафас ба онҳо рӯ ба рӯ мегардад. Он ҷавононе, ки аз маҳаллаҳои дурдаст ба пойтахт барои хондан меоянд ё мераванд, бояд ин китобу он гуфтаҳоро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ созанд, ки дар ин китоб ҷой дода шудаанд. Инсон то як андоза ба дарахт монанд аст, агар дарахт хуб парвариш ёфта бошад, меваи он ҳам беҳтару ширинтар мешавад. Агар инсон ҳам хушахлоқ ва накӯсират бошад, фарзандони ӯ ҳам манфиатрасони ҷомеъа ва атрофиён мегарданду ба номи авлод иснод ворид намесозад. Лекин афсӯс, ки хама чизи дар дил доштаамро нагуфтам ва гуфтан хам мумкин нест, зеро ки сабаби ранчиши хотири дигарон мегардад .
Бузургвор Ҳофизи ғазалсаро ба ин хотир фармудааст:
Эй бехабар, бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ,
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?
Дар мактаби хақоиқ пеши адиби ишқ,
Хон, эй писар бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ.
Ҳеҷ набошад ба хотири фардо, ки болиғ ва падар ё модар мешавем ва масъулияти аъзим, тарбияи инсон, насли созандаю офаранда ба зимаамон гузошта мешавад, ҷаҳони ботиниямонро дигар сохтанамон зарур аст. Умедворам, ки ин бедорхобӣ ва заҳматҳои мо дар тарбияи насли навраси деҳаам ва баланд шудани маънавиёт ва андешаи мардуми он асаре мегузорад. Касе бо хондани ин китоб ангушти пушаймонӣ газида, дар назди виҷдонаш ҳисобот медиҳаду афсус мехӯрад, ки чаронерӯи ҷавониро самаранок истифода набурдааст.
Ба чизҳои оддитарини зиндагӣ аз қабили тарзи нишастан дар сари дасторхон, чой кашида додан ба калонсолону меҳмонон, аз ҷой хестан дар вақти зарурӣ, гуселонидан ва одоби хайрухушро ба ҷо овардан, дар одоби муошират бо калонсолон ин китоб ёрии амалӣ хоҳад расонид. Фирдавсии бузургвор дар ин боб аз рӯи таҷрибаи умумибашарӣ нисбати одоб ва рафторҳои инсонӣ барҳақ фармудааст:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Инон сӯи илму адаб тофтанд,
Ки номи накӯ аз адаб ёфтанд.
Ин масъалаҳоро баъзан калонсолони ванҷӣ дар тарбияи фарзанд ба инобат намегиранд ва қисман майда чайда мешуморанд. Намедонанд, ки дар кори тарбия бояд ҳама чиз ба инобат гирифта шавад. Тарбия як ҷараёнест, ки аз батни модар оғоз гардида то нафаси охирин, яъне то тобут давом мекунад. Тарбия калимаи арабии «Раб» буда маънояш ба дараҷаи кул расонидани инсон мебошад. Бештар падару модарон бояд ба тарбияи рӯзгордорӣ, меҳнатдӯстӣ, аҳлоқи ҳамида, ростию росткорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ диққати худро равона созанд. Барои ба ҳадаф расидан дар кори тарбияи фарзанд, падару модар бояд маърифати баланди ҳуқуқӣ, илмӣ, бадеӣ, динӣ ва ахлоқӣ дошта бошад. Дар ин ҷодда тамоми воситаҳои ахбори омма кори зиёдеро сомон медиҳанд ва онҳо бояд омили асосии тарбияи инсон бошанд. Лекин сад афсӯс, ки воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон ба иҷрои ин талаботи зарурӣ ҷавобгӯ нестанд. Мавзуҳои фарогири олами маънавӣ-ахлоқӣ камтар дар барномаҳо гузошта мешаванд. Насли наврас аз баъзе барномаҳо танҳо дурӯғгӯӣ ва таърифу тавсифи беҳударо ёд мегиранд. Дар тарбияи насли ҷавон нигоҳ доштани эҳтиром нисбати хешу табор, нисбати миллат, ватан ва маданяту арзишҳои миллӣ чизи асосӣ мебошад. Падару модарон пеш аз ҳама дар назди кӯдакон нисбати касе бадгӯи накунанд, ки ояндаи бача вайрон мегардад. Кӯшиш кунед ҳурмати падару модаратонро ба ҷо оред то сазовори ҳурмати фарзандонатон гардед. Дар ин бора ривоятест: Шахсе бо номи Абдулло ба падари хеш бе эътиноӣ менамуд ва фарзанди нозукбини ӯ инро медиду ба он одат мекард. Абдулло шахси ниҳоят устои моҳир буд ва рӯзе оилааш дар наздаш шикоят кард, ки дигар дар хонаамон чинӣ намонда истодааст. Падарат пир шуда, дастонаш меларзидагӣ шудаанд. Ҳаррӯз хӯрокашро гирифта то ба ҷои нишасташ мебарад, ки чинӣ аз дастонаш афтида мешиканад. Агар ҳамин хел давом кардан гирад, дар хонаамон чинии дигар намемонад. Охир худат устои гулдастӣ, ҳеҷ набошад барои падарат аз чӯб як зарфи хӯрокхӯрӣ соз! Аҳмад ояндаи амалашро андеша накарда, пагоҳ як ғуллачӯбро дар назди чашми писараш пешаш гузошта ба тарошидани табақи дағал шурӯъ кард. Ҳатто оилаашро сарзаниш накард, супориш надод, ки хӯроки падарамро худат то наздаш бурда гузор. Баъди анҷоми хӯрок зарфи хӯрок хӯрдаашро аз наздаш худат гирифта шушта мон. Бегоҳӣ чун анъана мӯйсафед бо қомати хамида ва дастони ларзон аз назди дег хӯрокашро гирифта сӯи ҷои нишасташ равон гардид. Аз ларзиши дастҳо хӯроки тафсон ба пушти дастонаш шорида, мӯйсафед аз сӯзиш зарфро ба замин афтонд. Писару келинаш ӯро сарзаниш карда дар ҳамон зарфи хоколуд боз каме оби шӯрбо илова карда, такроран ба дасташ доданд. Мӯйсафед бо як мушкилот як миқдори шӯрборо то ҷои нишасташ расонида тавонист. Аҳвол ҳар рӯз чунин давом мекард ва мӯйсафеди бечора аз даргоҳи Худованд танҳо гирифтани ҷонашро талаб мекард ва дигар чорае надошт.
Пагоҳии барвақт Аҳмад, ки усто буд, болои бом баромада, ба тарошидани чӯбе сар кард. Рӯз ниҳоят гарму тафсон буд ва дар офтоби кушод кор кардан барои инсон мушкилотеро пеш меовард. Аз баландӣ назараш афтод, ки писари нав ба роҳравӣ оғоз кардааш дар офтоби сӯзон бо теша ба пай кардани ғӯлачӯбе банд аст. Дили Аҳмад ниҳоят нороҳат гардида, писарам ба соя гузар, охир офтоб гузаронида бемор мешавӣ ё бо теша ба поят мезанӣ. Ҳама кӯшишҳои ӯ беҳуда буд ва писараш ба ӯ эътибор надода аз амалаш намемонад. Усто корашро як тараф монда фаромада писарашро ба хона ба назди модараш бурда монду аз нав боз ба болои бом баромад. Саргарми кор гардида буд, ки боз писарашро дар офтоби тафсон бо ҳамон олоти хатарнок дида, боз дилаш тоқат накарда назди писараш фаромада тешаро аз дасташ кашида гирифт. Дар ин ҳолат кӯдак ба гиря даромада, хоҳиш кард, ки тешаро ба дасташ диҳанд. Охир ба поят мезанӣ,теша тез аст, рафта дар соя дам гирифта бозиятро кардан гир. Падарҷон, ман дилам ба шумо месӯзад, шумо намедонед, охир дар сари шумо ҳам мӯйҳои сафед пайдо шуда истодаанд. Шумо ҳам монанди бобоям пир шуда, косаҳоро мешикастагӣ мегардед. Ман мехоҳам барои шумо низ аз ҳамон чӯбе, ки барои бобоям табақ омода намудед, табақ созам. Ана акнун падар ба фалсафаи зиндагӣ рӯ ба рӯ омада, дуру дароз андеша карда, хатогии дар тарбияи фарзанд кардаашро дар ёфта, як мисраро пай дар пай замзама менамуд:
Ман агар некам, агар бад, ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Дар дили бача падар бо дастони худаш тухми бегонагӣ ва бемеҳрию шафқатиро корида буд, чунин ранг гирифтани масъаларо худаш интизор набуд. Агар фарзанд аз падар эҳтирому самимиятро нисбати падараш медид ба он одат карда, он ба рамзи муқаддасот табдил меёфт, лекин афсӯс, ки танҳо беэътиноиро дида буд ва ба он торафт омода мегардид.
Ҳа акнун зиндагӣ монанди осиёб гардон ва рӯзгор ҷорист, чӣ кор кунам, ки оби аз панҷа рехтаро ҷамъ кардан номумкин мебошад. Дар вақташ бояд андеша мекардему то охири умрам дар назди виҷдонам сархам намешудем.
ДЕҲАИ МАН
Деҳаеро, ки ман дар он таваллуд ёфтаам Ғӯмаст ном мебаранд ва дар ноҳияи зебоманзари Ванҷ мавқеъ дорад. Ин деҳа дар гузаштаи на чандон дур як деҳаи хурд ва ноайён буда, саршумори сокинонаш ниҳоят камшумор буданд ва ба таври патриархалӣ дар 6-8 хонаи куҳнаи бобогӣ зиндагӣ мекарданд. Ин деҳа аз охири солҳои 50-60 рӯ ба инкишоф ниҳода, шумораи аҳолияш торафт афзоиш ёфта зиёд шудан гирифт. Дар солҳои ҷавонии мо, ки ба давраҳои баъди ҷангӣ рост меояд дар ин деҳа хоҷагиҳои зерин мавҷуд буданд ва иқомат доштанд:
1. Хоҷагии Маҳрамовҳо, ки ба он Иматшо, Лозрӣ, Пулод, Ташриф дохил буданд ва дар як хонаи калони бобогӣ дар якҷоягӣ бародарон мезистанд.
2. Хоҷагии Давлатовҳо, ки дар он бобои Хумор, Ширин, Исроил ва хоҳарашон кампири Оина бо фарзандонашон Миҳтоҷ ,Зӯр , Нусрат , Кишвар, Сироҷ, Гулистон, Зебо, Зубда, Гулнор, Ҳиснор, Ҷонавзу Саравзою Сурайё дохил буданд, дар ду хонаи калони кӯҳнаи бобогӣ умр ба сар мебурданд.
3. Хоҷагии Насибовҳо, ки дар он бародарон бобои Бой, Пирмаҳмад, фарзандонашон Ғозӣ, Мулло, Марҳамад, Ҳазамат, Маҳваш ва як хеши онҳо Рӯзак мавқеъ доштанд ва ҳамаашон дар якҷоягӣ дар як хонаи калон, ки аз якчанд дукону суфа иборат буд мезистанд.
4. Хоҷагии Қамаровҳо аз амаки Асо, Хушмаҳмад, бобои Иғбол ва Пирумшоҳ ташкил ёфта буд, ки онҳо ҳам монанди дигарон бо фарзандонашон Қутбиддин, Сайда, Назриддин, Сабз, Ёдгор, Мухтор, Зевар ва ғайраҳо дар хонаи бобогӣ якҷоя умр ба сар мебурданд.
5. Хоҷагии Наимовҳо аз Наим, Насриддин, Мудин, иборат буда оянда ба он фарзандон ва наздикон Бурҳон, Маҳкам, Ҳаким, Зайниддин, Наҷмиддин, Ҳурфон, Ёр ворид гардиданд.
Лекин обхезию сели 1953 боиси зиёд шудани, аҳолии ин мавзеъ гардид, зеро ки дар натиҷаи он деҳаҳои Лангару Язго зери сел монда сокинонаш ба қишлоқҳои атроф тақсим шудаанд. Аз ҳисоби онҳо хоҷагии Хусравовҳо ва Шариповҳо аз Лангар ба деҳаи Ғӯмаст омада муқимӣ гардиданд. Аз Язгои барҳамхӯрда бошад оилаҳои Юсуповҳо, Шобеговҳо ва Мазамовҳо ба қишлоқи мо омада зиндагии осӯдаҳолонаро ихтиёр карданд.
Инчунин хоҷагии Асрор, Ғайрат, ки аз тангии қишлоқ муҳоҷир шуда ба ноҳияи Куйбеш рафта буданд, бо гармиҳои он мавзеҳо тоб наоварда, соли 1956 аз нав ба қишлоқ бар гашта, дар хоки ин мавзеъ ҳам зистанду ҳам ба худ хонаи охират ёфтанд. Лекин хоҷагиҳои амаки Пирӣ, Қосим, амаки Ҳурфон, Наҷмиддин, Зур, Нусрат, Муборакшо, Гулнор дигар ба зодгоҳ бар нагаштанд ва Қабодиёнро ватани хеш донистанд.
Ҳамин тавр дар солҳои 50-уми асри ХХ аҳолии деҳаи мо дар ҳаҷми ҳафт- ҳашт хоҷагӣ қарор дошт. Хусусияти деҳаи мо чунин буд ва ҳаст, ки дар поёни кӯҳ ҷойгир гардида, заминҳои ҳамвори зиёд дорад. Аз поёни қишлоқ дарёи Ванҷ ҷорист, ки аз пиряхи Федченко сарчашма мегирад. Аз тарафи шимоли қишлок ҷуе ҷорист, ки қишлоқро бо оби нӯшиданӣ ва зироаткорӣ таъмин менамояд. Инчунин солҳои пеш дар маҷрои он осиёб ва устохонаҳои табақ, қошуқ ва анҷомҳои чӯбтароши буданд. Аз ҳама тараф қишлоқи моро куҳҳои сар ба фалак печонида гирифтаанд. Дар фасли баҳору тобистон як сарзамини биҳиштосо мебошад, лекин дар фасли замистон деҳа қариб офтабро намедид ва намебинад. Офтоб танҳо соати ду намоён гардида, каме ҳукумфармоӣ карда, зуд ғайб мезанад. Зодгоҳи мо дар масъалаи обу ҷангал ва чарогоҳи ҳайвоноти хонагӣ ва алафу шикоргоҳ дар ҷои худодод ҷойгир буда, инчунин чашма ва боғҳои фаровон дорад. Табиаташ ниҳоят форам ва дилкаш мебошад, шахси дар он як маротиба меҳмоншуда доим орзӯ мекунад, ки бори дигар ба он ҷо бар гардад. Деҳаи мо макони асосии меваи чормағз мебошад, аммо аз қадим касе як бех чормағзро накоридааст. Тамоми дарахтони чормағз худрӯй мебошанд, лекин аксари онҳо чунон пир шудаанд, ки касе гувоҳӣ дода наметавонад, ки кай рӯидааст. Мардумаш хушсуҳбат, шӯхтабиат ва ниҳоят покдилу меҳмоннавозанд. Дар деҳа табиат шароити фаровон истифода бурдан аз ҳосили бодом, яхман, қорт, ангат, зелол ва дигар гиёҳҳоро муҳайё сохтааст. Камол, мумиё ва дигар гиёҳҳои табобатӣ дар ин ҷо ниҳоят фаровонанд ва куҳу даштҳои ин мавзеъ дорои ҳайвонотҳои нодири куҳӣ мебошад. Ин деҳа аз солҳои 60-ум пас аз он ки дар куҳояш ҷустучуҳои геологии сангҳои қиматбаҳо оғоз гардид, рӯ ба инкишоф ниҳод.
Сабаби асосии инкишоф ёфтани деҳаи мо дар он буд, ки дар ин давра захмҳои дар дили мардум гузоштаи ҷанг шифо ёфта, колхозҳо устувору тавоно гардида истода буданд.
Ҳамон ҳафт- ҳашт хоҷагии калони патриархалӣ рӯ ба парокандашавӣ ва ҷудоию мустақилшавӣ ниҳоданд. Сабабро ман пеш аз ҳама дар он мебинам, ки бо инкишоф ёфтани корҳои геологӣ мардумаш соҳиби ҷои кори мувақатӣ ва музди меҳнати баланд гардида, масъалаи дарёфти масолеҳи сохтмон хело осонтар гардид.
Аз хоҷагии Маҳрамовҳо минбаъд хоҷагии Иматшо, Лозрӣ, Пулод, Ғайрат, Исмоил, Ало баромада хешро мустақилу комилҳуқуқ эълон карданд. Дар ҳамсоягии онҳо бародарон Гулмаҳмад ва Довут мезистанд, ки онҳо низ аз хонаи калон баромада, ҳар кадомашон хонаи замонавӣ сохтанд.
Аз хоҷагии Давлатовҳо дар оянда оилаҳои мустақили Миҳтоҷ, Кишвар, Сироҷ, Зур, Нусрат баромаданд, ки имрӯз фарзандони онҳо низ хонаҳои ҷудогона сохта мустақил шуданд ва қисме аз онҳо дар ноҳияи Қабодиён дар рӯзгори обод ҳаёт ба сар мебаранд.
Аз хоҷагии Насибовҳо Ғозӣ, Мулло, Марҳамад, Азамат, Баҳром, Ғазал, Амоншо берун шуда хоҷагиҳои худро таъсис доданд. Имрӯз бошад фарзандони онҳо хоҷагиҳои мустақили худро ташкил дода, дар пахлӯяшон хоҷагии Шамсов Рӯзибой бо фарзандонаш қомат афрохтааст.
Аз хоҷагии Наимовҳо, ки дар як хонаи калон мезистанд як қисмашон ба Қабодиён кӯч бастанд, Ҳумрон, Кирон, Пайшамб, Аҳтам, Хайрӣ бо фарзандонашон хонаю ҷо сохта, зиндагиро дар қишлоқ ихтиёр карданд. Дар бораи хочагии амаки Ёр ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки бо хоҳари янгаи Сомиҳа, ки Соҷида ном дошт хонадор шуда, дар ҳамсоягии Юсуфовҳо хона сохт ва зиндагиро ихтиёр намуд. Зиндагии хуб ва якҷояи онҳо боиси ба дунё овардани фарзандони зиёде гардид. Аммо бисёри фарзандонаш бармаҳал аз дунё гузаштанд, ки ин модари бечора ҳамеша месӯхту мегирист. Аз зиндагии якҷояи онҳо ва аз 8 фарзанди бо орзую умед ба дунё овардаашон танҳо Сафару Шукрӣ боқи монданд. Сафар ҳоло дар Душанбе бо фарзандонаш зиндагӣ ва рӯзгори ниҳоят осоишта дорад, Шукрӣ бошад, солҳои дароз мешавад, ки дар Россия бо аҳлу байташ зиндагӣ дорад ва ба зодгоҳ дер- дер омада меистад. Аз оилаи дигари амаки Ёр танҳо як фарзанд Давлатмаҳмад монда буд, ки бо духтари акои Адолат хонадор гардида буд ва фарзандонаш баъди аз дунё гузаштани ӯ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доранд.
Минбаъд Назриевҳо аз хонадони амаки Бурҳон ҷудо шуда, хонаю дари худро ташкил доданд. Назриевҳо дар ҳайати амакам Ҳаким, падарам Маҳкам, аммаи Қурбумо ва Рухсор монда буданд, ки бо фарзандони худ Ёдгор, Раҳмон, Замон, Дастам, Чоршамб, Ғалимат, Маҳбуба, Ҳабиба, Муривват, Нозикмо ва Рамазон дар ин деҳа ҳаёти арзанда ба сар мебурданд. Амаҳоям Қурбумо ва Рухсор, ки ба ҳамсоя қишлоқ хонадор шуда рафта буданд бо фарзандонашон он ҷо хонаҳои обод ташкил доданд ва ҳоло ворисонашон дар Дуршер зиндагӣ доранд.
Дар он замонҳо дар қишлоқи мо танҳо мактаби ибтидоӣ ва чанде дертар он ба мактаби 8-сола табдил дода шуда буд. Аз ин рӯ ба ҷавонони қишлоқ зарур меомад, ки пас аз мактабро дар зодгоҳ хатм кардан барои давом додани таҳсил ба қишлоқҳои ҳамсоя ё интернати Рӯшону интернати маркази ноҳия раванд. Қисме барои касбу ҳунар гирифтан ба таҳсил ба шаҳр ва дигар ноҳияҳо мерафтанд ва қисми зиёди онҳо дар шаҳрҳо мемонданд ва дигар ба зодгоҳ бар намегаштанд.
Аз ҳисоби кӯчида омадагиҳо хоҷагии Юсупову Мазамовҳо аппаи Гург, акаи Ҳукумат, Адолат, Бег, Музаффар, Ҷафар, Хуршед, Маҳмадшо ва ғайраҳо хоҷагиҳои ҷудогонаро ташкил дода рӯзгор мебаранд.
Хусравовҳо яке аз оилаҳои калонтарин буданд , ки як қисмашон баъди хонаҳояшонро вайрон кардани сел ба қишлоқи мо ва як қисмашон ба қишлоқи Рован кӯчида рафтанд. Ҳоло дар қишлоқи мо фарзандон ва набераҳои бобои Ниҷот, ки ниҳоят устои гулдаст дар табақтарошу деворгарӣ буд ва бародараш Сирон зиндагиро ихтиёр намуданд.
Намояндагони хонадони Шариповҳо амаки Зубайд ва амаки Азора буданд, ки ворисони онҳо, Тоҷ, Шодмон, Савлат, Зинатшо, апаи Оиста, Иззатшо, Саидшо, Зулфак, Зиёратшо, Саодат, Содиқ ва фарзандони онҳо мебошанд, ки зиндагии хубе доранд.
Амаки Сулаймон, амаки Барон ва Ҳисмон он солҳо ба рӯихати муҳоҷирон дохил гардида, ба ноҳияи Куибеш нею ҳамроҳи аҳлу байташон ба шаҳри Душанбе кӯчида тамоми умр дар километри ҳафтум зиндагӣ карда, ҳоло фарзандону набераҳояшон дар он ҷо зиндагӣ доранд.
Соли 1969 барои мардуми куҳистон соли ниҳоят вазнин буд, зеро ки он сол дар муқоиса ба солҳои пешин барф зиёдтар борид. Дар натиҷа роҳҳо боста гардида, байни қишлоқҳо ва марказ алоқа канда гардида ва ин боиси фалокатҳои пай дар пай гардида буд. Худи ҳамон замистон қишлоқи хурдакаки Пуниҷангал, ки дар он оилаи Одинаевҳо баъди аз Вахиё омаданашон он ҷоро интихоб намуда буданд зери тарма монда хонаву ҷои онҳо вайрону валангор гардид.
Мардуми меҳмоннавози деҳаи мо ба рӯи ин оилаи калони фалокатзада оғӯши меҳрубонию навозиши худро кушоданд. Ҳама мардум чун як тану ҷон ба онҳо дасти ёрӣ ва мадади худро дароз карданд. Онҳоро дар фасли замистон дар хонаҳои хеш ҷой дода, доштаю надоштаашонро рӯи дасторхон мегузоштанд, то онҳо танҳоию бекасиро ҳис накунанд. Баробари фаро расидани баҳор аз ҷои дилхоҳашон ба онҳо барои сохтмони хона замин доданд. Ҳар кас бо андозаи тавоноияш онҳоро бо маводҳои сохтмон ва қувваи корӣ ёрӣ мерасонид. Ҳамин тавр. оилаи нави Фазлиддин, Шобиддин ва фарзандони онҳо дар қишлоқи мо таҳҷоӣ шуда ва дар робитаи хешу таборӣ бо мардуми қишлоқ умр ба сар мебаранд. Боқимондаи онҳо ба монанди Гулиста, Сафар, Нур ба Душанбе ва Қурғонтеппа кӯч бастанд. Имрӯз аз ҳар як хоҷагии деҳот як ду нафар фарзандон дар шаҳр ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагию фаъолият доранд. Деҳаи мо масоҳаташ он қадар калон набуда, қариб тамоми мавзеҳояш аз хонаю боғзор пур шудааст. Имконияти дигари додани ҷойро барои сохтмони хонаю манзил надорад. Аз ин рӯ оилаҳои нав бояд ба дашти Ушхарваку Язго муҳоҷират карданашон бояд оғоз гардад ва вақти он расидааст, ки он ҷойҳо аз осори сел ва харобиҳои солҳои 1953 обод карда шавад.
Дар деҳа аввалҳо тамоман мактаб мавҷуд набуд, чанде дертар дар он мактаби ибтидоӣ кушода шуд, ки аз солҳои 60 ба мактаби 8-сола, минбаъд ба мактаби 9-сола ва ҳоло аз сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ ба мактаби миёна табдил дода шудааст.
Дар қишлоқ аз муассисаҳои маданӣ – равшаннамоӣ, ба монанди китобхона, театр, чойхона нишоне вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам вуҷуд надорад. Тамоми намоишҳои кино ва маҷлисҳои деҳа дар хонаи кӯҳнаи бобогии Давлатовҳо, Насибовҳо ё Хусравовҳо баргузор мегардид. Дар он ҷо курсиҳо ва ҷойҳои нишаст мавҷуд набуд ва ҳар кас чизе пайдо мекард барои нишасташ гирифта меовард. Дар фасли гармо ҷамъомад ва консертҳо дар боғи мактаб баргузор карда мешуданд. Мардуми деҳа ҳама ба боғдорӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, асалпарварӣ, парандапарварӣ машғӯл мебошанд. Дар байни онҳо ҳоло дар алоқа бо ҳаёти иқтисодии мамлакат фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ дар авҷ мебошад. Бо сабабҳои мӯҳтоҷии иқтисодӣ мардуми қишлоқ фарзандошонро аз солҳои 90- уми асри ХХ баъди хатми мактаби миёнаи асосӣ ё умумӣ на барои давом додани таҳсилу гирифтани маълумот, балки ба кор ба Рассия ё дигар кишварҳо мефиристонанд, ки ба фикри ман ин хатогии ислоҳнашаванда мебошад . Дар он ҷо онҳоро чандин хавфу хатар домангир аст, лекин падару модар аз маҷбурияти иқтисодӣ тавакал мекунанд ва барои сафари фарзандонашон ба ватани бегона розигӣ медиҳанд. Агар дар ноҳия ба мисли солҳои пешин корҳои геологӣ ба роҳ монда мешуд қисми зиёди мардум соҳиби ҷои кори мавсимӣ мегардид. Табиат, обу ҳаво ва алафу гиёҳои шифобахши ин минтақа кам омӯхта шуда, қариб тамоман ҷамъоварӣ ва истифода намешаванд. Ҳатто имконияти ғунучин ва коркарди онҳоро ба роҳ мондан мавҷуд аст, лекин касе ба ин кори хайр даст намезанад. Дар ноҳия имконияти муҳаё сохтани корхонаҳои кансервакунии меваю сабзавот, сангтарошӣ, коркарди чӯб мавҷуд аст, аммо касе ба ин масъала диққат намедиҳад. Ҳатто кӯшиш намекунанд, ки дар ноҳия муассисаи миёнаи касбӣ оид ба талаботи иқтисодии ноҳия кушоянд, ки ҷавонон дар он таҳсил карда соҳибкасб гарданд. Мардум дурбин нестанд, манфиати худро дарк намекунанд, намефаҳманд, ки фарзанде, ки ба ҷое дохил нашуда маълумотро сари вақт нагирифтааст имкониятро аз даст медиҳад. Аксар оилаҳои мардуми Ванҷ кӯшиш мекунанд, ки писаронашонро ба омӯзишгоҳу коллеҷҳо супоранд. Бо ин амал хам худашон, ҳам фарзандон ва ҳам ояндаи Ванҷро фиреб медиҳанд.
Фарзандонро ба мактабҳои арзанда супоридан даркор, ки кадри ояндадор шаванд ва ба халқу ватан манфиаташон бештар расад. Тамоми заҳмати мо барои ояндаи мусоиди фарзандон мебошад ва бояд тамоми тадбирҳоро андешем, ки маълумоти арзанда ва касби заруриро гиранду дар рушту нумӯи диёр ҳиссагузор бошанд. Аз хароҷоти таҳсил тарсидан даркор нест, якбор хароҷот карда, ояндаи арзандаи фарзандро таъмин менамоед.
БАҲОРИ ҶАВОНӢ
Маҳкамов Дастам 15 октябри соли 1949 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳияи хушманзари кӯҳистони Ванҷ дар оилаи муаллими деҳа чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Падарам Назриев Маҳкам ниҳоят шахси зарофагӯй, хушсуҳбат, ҳалиму меҳрубон буданд. Он кас дар деҳа вазифаи муаллимӣ ва дарсгӯию донишманд гардонидани фарзандони мардумро ба зимма доштанд ва қариб касе онҳоро бо ному насабашон ном намебурданд, балки муаллим гуфта муроҷиат мекарданд.
Дар оила мо 8-нафар фарзандон будем ва модари мушфиқи мо Умронова Назурмо, ки решаи аҷдодиаш аз қишлоқи Жорфи Дарвоз буд, тамоми ҳастияшонро ба нигоҳубини мо мебахшиданд. Падарамон муаллимиа-шонро бештар дар деҳаҳои ҳамсоя мегузарониданд ва тамоми шикасту рехти хоҷагиро модарамон ба дӯш доштанд. Аксар вақт ба хона омада наметавонистанд ё дар ҳамон деҳаи кор мекардагиашон мемонданд. Тамоми ташфиши рӯзгорро модарамон мардона ҳал мекарданд. Он кас кӯшиши зиёде мекарданд, ки моро дар рӯҳияи хуби инсонӣ тарбия кунанд, ҳаваси хату савод баровардани моро дар дил мепарвариданд. Болои ҳама меҳнату заҳматҳои рӯзгор, модарамон сабру тоқат пайдо карда ба ҷараёни дарстайёркунии мо роҳбарӣ карда то тайёр шуданамон ба дарсҳои пагоҳ ҳамроҳӣ мекарданд ва ба андозаи фаҳмишашон ба мо ёд медоданд. Агар масъалаю мисолеро ҳал карда наметавонистем, модарам дафтару китобро дар дастамон дода мегуфтанд, рафта аз муаллими Бурҳон ё Ҳукумат роҳи ҳаллашро пурсида биё, ки саводи ман нарасида истодааст. Имрӯзҳо каме ҳайрон мемонам, ки модари мо танҳо маълумоти миёнаи нопурра доштанд, вале аз уҳдаи ҳалли мисолу масъалаҳо мебаромаданд ва вазифаҳои хонагии моро кӯмак мекарданд. Ба фикрам дар ин ҷо то ин дараҷа доштани фаҳми модари мо аз маърифати динии он кас буд.
Ба ёду хаёли ҷавониям, ба дунёи зебои тифлӣ ворид гардида гуфтаҳои устод Айнӣ пеши хотирам меояд, ки фармудааст:
Кист он кас, ки шири сафу лаззиз,
Ба Шумо аз ҷигар расониду чашанд?
Баҳри осоиши Шумо аз хоб,
Хесту гавҳораи Шумо ҷумбонд.
Шустушӯ карда дасту пои Шумо.
Аз муҳаббат ба ҷои пок шинонд.
Дар ҳақиқат, дар оила ман фарзанди калонӣ будам ва мушоҳида карда медидам, ки тамоми зебогии зиндагӣ ва зинати рӯзгор барои модари ман танҳо фарзандонаш буданд. Баъзан мушоҳида карда ҳис мекардам, ки барои сер шудани мо худашон қариб намехӯрданд. Модарам дасташонро ба табақ дароз карда холӣ ба даҳонашон мебурданд ва вонамуд мекарданд, ки гӯё баробари мо хӯрда истодаанд. Боз устоди зинданом Айнӣ фармудааст:
Кист он кас, ки рӯз то бегоҳ давид?
Ошу нон баҳри шумо тайёр кард.
То шумо дар мактаб омӯзед илм,
Ҷумла кори хонаю бозор кард.
То шумо доно шаведу ботамиз,
Аз насиҳат гӯшамон пурбор кард.
Дар ҳақиқат солҳои 50-60 солҳои вазнини иқтисодӣ дар зиндагии мардуми кӯҳистон ба ҳисоб мерафт. Гуфтан мумкин, ки оилаи мо ҳам ба монанди баъзе ҳамсояҳоямон ҳаёти на чандон хубро аз сар мегузаронид. Ин ҳама бурду бохти вазнинии аҳволро бештар модарамон мебардоштанд. Дар бисёр лаҳзаҳо маъюсу озурда мегашт, вале ҳиссиёташро нишон намедод. Баъзан ба ҷои хилват гузашта ашки ҳасрат мерехту шукронаи фарзандонашро мегуфт. Кӯшиш мекарданд, ки мо дарк накунем ва олами зебои тифлии мо халалдор нагардад. Пас аз анҷоми тамоми ташвишҳои рӯзгор модарамон, ки ҳамаги маълумоти миёнаи нопурра доштанд ба ҷараёни дарстайёркунии мо роҳбарӣ мекарданд. Ман ҳайрон мемондам, ки тамоми мисолу масъалаҳоро ба мо роҳи ҳаллашро ёд медоданд ва аз тарафи муаллимон хуб пазируфта мешуд. Ҷавонони имрӯз маълумоти миёна доштагӣ қариб роҳи ҳалли он мисолу масъалаҳоро намедонанд.
Нисбати зебонависӣ ва риояи элементи хат сахтгир буданд ва то даме маҷбур мекарданд, ки қонеъ нашаванд. Модари меҳрубонам маърифати баланди исломӣ доштанд ва баъзан ҳадису гуфторҳои диниро ба мо талқин мекарданд. Дар он солҳо ислом як зуҳуроти хуруфотӣ ва зараровар дониста мешуд. Ноҳияи мо, ки яке аз қисмҳои таркибии Бадахшон ба ҳисоб мерафт ва роҳбарони ҳизбӣ аз Бадахшониҳо будани фишору таъқиб дар нисбати дин ва диндорӣ дар он ҷо ниҳоят сахт буд.
Падарам ба модарам таъдидомез мегуфтанд, ки ту бачаҳоро вайрон ва майнаяшонро бо чизҳои нодаркории пуч пур мекунӣ. Агар Худо накарда касе фаҳмаду дар боло гап занад бо айби ту маро аз “Ҳизб” хориҷ мекунанд. Ман намефаҳмидам, ки чаро падари ман аз хориҷшавӣ аз ҳизби коммунистӣ ин қадар метарсид. ӯ мансабдор набуд, танҳо муаллими мактаби деҳа буду халос, лекин хайрон мешудем, ки ин қадар ҳизбро азиз медонист.
То охири умраш, яъне то 27 декабри соли 1987 ба ин ақида содиқ монданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҷавҳари нозуктарини одаму одамгариро ба мо меомӯхтанд ва ҷиддӣ талаб мекарданд.
Худованди таоло дар каломи маҷиди хеш мефармояд: “Атиъуллоҳа ва атиъу аррасула ва авло аломри минкум”. Ин оят аз чанд паҳлу тафсир мешавад. Аввалуламр модару падар мебошад, ки маънои аслияш « тавон» ва « фармон» мебошад. Тавон дар парвариши ту ва фармон дар омӯхтани некӣ ва накӯӣ зоҳир мегардад. Падари бузургворамон дар бораи хоксорӣ, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ, ботамкинӣ ва қимати касбу хунар ҳамеша гап мезаданд ва аз ҳаёту рӯзгори одамони воқеӣ, мисолҳои зиёде меоварданд.
Мегуфт, ки ҳамаатон бидонед ва огоҳ бошед, ки одами беҳунар доим бесуд, беманфиат ва бефоида буда, ба хори марғелон шабоҳат дорад . Хори марғелон соя надорад, ки касе як лаҳза осояд, лекин бо хораш пойи муъминеро захмӣ ва дили атрофиёнро ранҷур месозад. Шумо пеш аз ҳама андеша кунед ва ба худатон савол диҳед , ки аз баҳри чӣ шумо ба ин дунё омадаед ва кадом корҳоро бояд ба сомон расонед .
Оид ба ин масъала шоир фармудааст:
Ту шохи мевадорӣ сархамӣ кун,
Чу борони баҳорон ҳотамӣ кун.
Ту аз одам шуди пайдо ба олам,
Ба одам мисли одам одамӣ кун.
Фарзандонам дар ягон ҳолат одам буданатонро фаромӯш накунед ва ҳамеша кӯшиш намоед, ки агар манфиат расонида наметавонед зарар нарасонед. Дар ҳар нишаст ва вақти таом хӯрдан падарам ба оромию осоиштагӣ нигоҳ карда мегуфт: “Бидонед ва огаҳ бошед, ки аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар барои инсон ҳунари сухангӯӣ мебошад, ки худованд дар байни ҳама офаридаҳои хеш онро ба инсон, яъне ба шумо сазовор дониста додааст”. Дар ин боб А. Бедил барҳақ мефармояд:
То ба матлуб расидан корест,
Қосидон дури роҳ туморест.
Написандед дарозӣ ба нафас,
Ки забон лаб нагазад чун морест.
Агар забонро лабҳо нагазанд, пеши роҳашро нагиранд, аз тамоми морҳои заҳрнок хатарноктар мебошад. Заҳри морро бо чизе берун ва бо доруе безарар гардонидан мумкин аст, аммо заҳри забон даъво надорад. Хушгуфторӣ ҳам ҳунар, хам мартабаю обрӯ ва ҳам заҳмати тарбия мебошад. Зеро ки дарахти каҷро бо бастану тарошидан ислоҳ кардан номумкин аст, аммо заьонро не.
Ҳар киро теғе забон нест ба фармон Соҳиб,
Оқибат кӯштаи шамшери забон мегардад.
Падарам ниҳоят дили калону фароҳ доштанд, дар вуҷудашон ҳасад, бадбинӣ, буғзу кина, афсӯсхурӣ ва бахилӣ вуҷуд надошт. Моро насиҳат мегуфтанд, аз зиёну ғами мардум хурсандӣ накунед, ки онҳо ҳам дар паи хурсандии зиёну ғами шумо мешаванд. Ба тезӣ аз ашъори шоирон мисраҳоро барои тасдиқи фикрашон пеш меовард:
Моро санамо, бадӣ ҳаме пеш орӣ,
В-аз мо ту чаро умеди некӣ дорӣ?
Рав, рав, ҷоно, ғалат ҳаме пиндорӣ,
Гандум натовон дуруд, чун ҷав корӣ.
Мегуфтанд, ки фарзандонам ҳар кореро, ки карданду пушаймон шуданд, ҳеҷ гоҳ накунед. Корҳоеро ба анҷом бирасонед, ки боиси пушаймонӣ набошанд. Баъзан чизҳоеро мегуфтанд, ки барои мо муаммо менамуд. ӯ ба мо муроҷиат карда мегуфт, ки ҷавонони пирақл бошед. Коре кунед, ки баҳраю баракати зиндагиро аз ҷавонӣ ва нерую тавонои он бардоред, ки шоир барҳақ фармудааст:
Асо аз ростӣ ҳар дам ба гӯши пир мегӯяд,
Дигар дар хоб хоҳӣ дид айёми ҷавониро.
Падарам моро бештар ба қимат донистани вақт, умр, нафас даъват менамуд, то ки он бе асар нагузараду боиси афсӯс хӯрдану пушаймонӣ нагардад. Падарам бештар бо мо дар масоили ҳаёт, марг, пирӣ, мағрурӣ суҳбат меоростанд ва чунин мисраҳоро замзама мекарданд.
Гар бар сари моҳ бар ниҳӣ пояи тахт,
Гар ҳамчу Сулаймон шавӣ аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд, бияфтад зи дарахт.
Ин ҳаёт аст, умрро арзондаву сазовор гузаронидан зарур ва маргро низ шарафмандона ва бо сари балан, нотарсона қабул карда, шукри онро ҳам кардан зарур аст. Тарзе бояд мурда аз дунё рафтан лозим аст, ки дар дилат аз ягон амали кардаат шарм ва пушаймонӣ набошад. Оид ба ин масъала Хайём фармудааст:
Умрат чу дусад бувад, чу сесад, чу ҳазор,
З-ин кӯҳнасарой брун барандат ночор.
Гар подшоҳию, гар гадои бозор,
Ин ҳарду ба як нарх бувад охири кор.
Ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам, ки дар тамоми нишасту ҷамъомадҳои оилавӣ падарам бештар дар бораи дуру дароз дар дидаю хаёли мардум боқи мондан суханронӣ карда, Саълиро ба ёд меовард, ки фармудааст:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Падарам кӯшиш мекарданд, талош меварзиданд, ки бештар дар барои зиёни шароб ва маъводҳои машруботӣ бо мо суҳбат биорояд. Ман шуморо хӯр ё нахӯр намегӯям, зеро ки шумо калон шуда аз назди ман дур меравед, бо одамони гуногун ба робита ва ҳамкорӣ ворид мегардед, танҳо ҳамин суханонро, ки Хайём фармудааст фаромӯш накунед ва сармашқи зиндагии худ гардонед, барои ман кифоя мебошад:
Чун бода хӯрӣ зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав.
Хоҳӣ, ки маи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷӯю девона машав!
Махсусан, дар муқобили ҳаводорон ва мухлисони май падарам замзама кардани ҳамин мисраҳоро дӯст медоштанд:
Ки позаҳр заҳр аст, к-афзун шавад,
К-аз андозаи хеш берун шавад.
Танҳо дар ҳама кори зиндагӣ андозаро нигоҳ доред, ки зебогии ҳама чизи олам дар риоя кардани андоза мебошад. Ҳатто нонро, ки неъмати асоси мебошад аз андоза ва ченаки муқараргардида зиёд истеъмол нанамоед, ранҷ ба бор меорад, ки дар ин боб шоир фармудааст:
Андоза нигоҳ дор, ки андоза накуст,
Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст.
Дар тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ андозаро ҳамчун таносуби ақлу заковат истифода бурдан зарур аст, ки нишонаи одамӣ боқӣ монад. Саъдии ширинбаён дар боби боқӣ мондани нишони одамӣ фармудааст:
Барои одамият се нишона,
Наку фарзан дигар бунёди хона.
Ниҳолеро ба ҳосил парваридам,
Бимонад се нишона ҷовидона.
Имрӯз ҳам боғи парвариш кардаашон, фарзандон ва хонаи сохтаашон нишони ҷовидонии он кас мебошад. Падарам дар ҳақиқат ошиқ буданд- ошиқи хонадон, фарзандон, касб, маҳал ва обу ҳавои кӯҳистон ва пайваста мегуфтанд:
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест,
Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест.
Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд,
Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
ДАР НАФАҚАИ ПИРАНСОЛӢ ВА ДУР АЗ ДАРС
Падари бузургворам мактаб ва таълиму тарбияи фарзандони мардумро бениҳояи дӯст медоштанд ва аз он дида барояшон кори дилчасптаре вуҷуд надошт. Онҳо тамоми умрашонро дар чунин муҳит гузаронида буданд ва ба дигар муҳит одат пайдо карда наметавонистанд. Кори аз ҳама дӯстдоштаи падарам дарс гуфтан ба фарзандони мардум, кабгбозӣ ва навохтани дутор буд. Падарам ба андозае ширину гӯшдаро менавохт, ки мо фарзандон аз он кас хоҳиш мекардем, ки пагоҳӣ бо оҳанги навозишаш моро аз хоб бедор намояд.
Пас аз ба синни мубораки нафақа расидани падари бузургворамон, мо фарзандон ҷамъ омада қарор додем, ки дигар кор накунанд. Дигар ба кори таълиму тарбия машғул нашаванд, зеро ки синашон ба ҷое расидааст ва мардуми деҳа моро механданд. Худашон бошад аз мактаб рафтан, аз чашмони боумеди шогирдон ҷудо шудан намехостанд. Охир шумо медонед, ки чӣ кор карда истодаед? Ман ба гапу гапчаи одамон корам нест ва парвое надорам, барои ман аз ҳама муҳимаш ба бачаҳо будану ба онҳо дарс гуфтан мебошад. Ин хатогии ҷиддие буд, ки мо содир карда будем, танҳо мо тавонистем онро ба пуррагӣ имрӯз дарк кунем, дар ҳолате, ки худамон ба ин синну сол расидаем. Мо афсӯс падарамонро нафаҳмидем, намедонистем, ки он кас бе мактаб, бе дарс, бе он чашмакони зебое, ки бо умеди пагоҳ ба ӯ менигаранд ва дар танҳоӣ аз ҳамкоронаш зиста наметавонад. Пас аз нафақа ва аз мактаб рафтанашон, торафт дар вуҷудашон маъюсӣ ҳис мешуд, лекин мо гумон доштем, ки мумкин ба зудӣ фаромӯш шуда мегузарад ва одат мекунад. Дар ёдам ҳаст, ки соли 1986 падарам наздам ба ноҳияи Ҷиликӯл омад. Дар нафақа аз бекорӣ зиқ шуда наздат омадам, ки даме бо шумо ва набераҳоям бошам. Бисёр хуб кардед, падарҷон, ки омадед. Меҳмондорӣ карда, он касро дар хона тамоми шароиташро муҳайё намуда, пагоҳӣ бо оилаам ба кор мерафтем.
ӯ рӯзе наздам масъала гузошт, ки маро ҳам ба кор гиред, ҳамроҳатон кор карда, бо одамон бошам, ки ниҳоят зиқ шудаам. Пагоҳӣ ин масъаларо назди директори омӯзишгоҳ Ҷӯрабоев гузоштам, ки рад накарда ӯро муррабӣ дар хобгоҳ ба кор қабул кард. ӯ ҳаррӯз ҳамроҳамон ба кор рафта бегоҳӣ шоду хурсанд ба хона бар мегашт. Дар давраи таътили тобистона бо ман маслиҳат карда гуфт, ки Ванҷро ёд кардааст, ғайр аз ин хешу таборо ҳар лаҳза ба ёд меорам, биё писарам ман назди додарат Муривватшо равам. Шароити кӯҳистон мушкил аст ва додарат танҳо азоб мекашад. Ҳамин тавр боз ба зодгоҳ бар гашт ва ором зиндагӣ наметавонист. Як рӯз белу каландашро гирифта вориди замини картошка мегардад, бегоҳӣ баъди анҷоми кор, шикоят менамояд, ки дар дасташ сӯзишро ҳис мекунад. Дар дасташ монанди донаи гандум як чизе буд, ки дар зери таъсири берунӣ ҳаракат мекард. Додарам ӯро ба мошинааш шинонида назди духтурони ноҳия бурда, ҳодисаро ба онҳо мефаҳмонад. Онҳо характери бемориро бе муоинаи дуруст тағ мезананд, ки дигар ҷамъ нашуда инкишоф меёбад. Пас қарор медиҳанд, ки ба шаҳри Душанбе роҳҳат диҳанд.
Бародарам Чоршанбӣ ӯро ба назди духтур Казерян ба корпуси даҳум бурда, духтур хабар медиҳад, ки падаратон гирифтори касали саратон гардидааст ва роҳи хубтарин ризогӣ доданашон барои буридани дасташон аз оринҷ мебошад. Шумо бародар як бало карда розӣ кунонед, ки вақт аз даст мераваду дер мемонем. Бародарам чӣ қадар кӯшише накунад беҳуда, падарам рози намешавад ва хоҳиш менамояд, ки акаат Дастамро гӯй биёяд, чизе он кас гӯяд ҳамон мешавад.
Ман огаҳ гардида зуд омадам, бинам падарам ниҳоят дар тарсу ҳаросанд паҳлӯяшон шишта аҳволпурсӣ кардам. Писарам туро барои он даъват намудам, ки духтур роҳи наҷоти маро дар буридани дастам аз оринҷ мебинад. Ҳа падарҷон, ман ҳам бо духтур вохӯрдам, он кас дуруст мегӯянд, бе ин тадбир ҳеҷ мумкин нест. Гайр аз ин духтур гуфтанд, ки шифо ёфта бемор хезад, ҳамин хел дасти сунъӣ мемонам, ки касе аз аслӣ фарқ намекунад.
Охир падарҷон шумо аз бой додани як дастатон чӣ метарсед, шукронаи Худо, ки шумо шонздаҳ дасти эҳтиётӣ доред. Аз ин суханҳо чеҳраи падарам кушода шуда, майлаш писарам шумо беҳтар медонед, гуфта розӣ шуд. Ҷароҳӣ хуб гузашт, табобат анҷом ёфт, бемор баромада тамоми хешу таборро аёдат карда, хоҳиши ба Ванҷ баргаштан кард. Лекин пас аз гузаштани шаш моҳ рӯз то рӯз хазон шуда ва ин боиси 27-уми декабри соли 1987 аз дунё гузаштанашон шуд.
Ӯ ба мо таъкид мекард, ки шумо мактаб хонда соҳибмаълумот мегардед ва агар худо хоҳад мансаберо соҳиб мешавед. Набояд амалу рафтори шумо боиси ранҷиш ва озӯрдагии хотири атрофиён гардад, ки Саъдӣ фармудааст:
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Ҷӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.
Ҳамеша кӯшиш кунед, ки адолат, инсофу одамгарӣ ҳамроҳатон бошад, вале нисбати кор сахтгир ва серталаб бошед. Агар мансабро бо мақсади салтанат рондан, на ба мақсади роҳбарӣ кардан ба мардум гиред ин бадбахтист. Кӯшиш кунед ба мардум роҳбарӣ ва роҳнамоӣ кунед онҳоро аз пушти худ ба корҳои шоиста ҳидоят намоед. Тассавур кунед, ки агар зиндагӣ мақсадаш танҳо хӯрдан бошад ин бадбахтист, лекин агар хӯрдан бо мақсади зистану манфиат расонидан бошад ин беҳтарин амал аст, ки инсонро зинданом мегардонад.
Писаронам ҳеҷ гоҳ ба бадгӯию ноҳақӣ даст назанед, ки амали зишт ва зидди фармудаи Худованд мебошад. Дар ин ҷодда Ҳофиз фармудааст:
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Агар шумо шоҳ бошед ва мартабаи шоҳиро сазовор шудан хоҳед, кӯшиш кунед аввал хоксор, нармрафтор ва накӯгуфториро дар ёбед. Ҳеҷ кас бузург зода намешавад, аммо ба бузургӣ инкишоф ёфта бо заҳмати зиёд мерасанд. Обрӯю иззат ҳам натиҷаи заҳмати дуру дароз мебошад, лекин аз даст додани он чандон кори мушкил нест. Ҳамеша кӯшед, ки дар ҳақи бузурге гапи носазо нагӯед ва дар ҳама лаҳза бузургро бузург донед, ки фармудаанд:
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зишти барад.
Кӯшиш кардан зарур, ки ҳеҷ гоҳ аз корҳои анҷом додаатон, аз дониши ноилгардидаатон қонеъ набошед ва хамеша дар паи ба хубтару беҳтар расидан бошед, ки дар ин боб А.Ҷомӣ фармудааст:
Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Аз ин мисраҳо фалсафаи баланди зиндагӣ пайдо мегардад, ки инкор кардани чизи кӯҳна амри қонун буда ва барои пайдоиши чизи нав бояд роҳ кушода гардад. Ҳеҷ гоҳ аз донишу савяи маърифати хеш инсон набояд қаноатманд бошад ва нисбати касе ҳам беэътиноӣ накунад. Барои аз шумо донотар ва афзалият доштани касе бадӣ, ҳусудӣ накарда, балки барои ба ӯ расидан талош варзед ва тавонед аз маърифату дониши ӯ истифода баред.
ДАВРОНИ ҲАЁТИ МАКТАБӢ
Соли 1956 ман ба синфи якуми мактаби 8-солаи № 11-и қишлоқи Ғӯмаст рафта бо майлу кӯшиши зиёд ба таҳсил шурӯъ кардам. Мактаб он вақтҳо дар як бинои куҳнаи хонаи шахсии бобои Асрор ҷойгир буд. Чӣ тавре дар боло ишора кардам аз сабаби камшумор будани аҳолии маҳалла синфҳои таълимӣ камшумор (камнуфуз) буданд, ки дар базеашон синфҳои 1 бо 3 ва синфҳои 2 бо 4 дар якҷоягӣ дар ҳаҷми умумии 11-12 нафар хонанда таҳсил мекарданд ва ба таври омехта сабақ мегирифтанд. Ин ба муаллимон имконият медод, ки дар як дарс моро чандин маротиба хезонида донишамонро санҷанд ва дар навбати худ мо маҷбур будем, ки ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошем.
Ҳайати муааллимони мактаби моро Наимов Бурҳон, Шашаев Амирбег, Баҳодуров Заробег, Қадамов Акбар, Қадамов Акрам, Назаров Қурбон, Ишратов Фаррух, Давлатов Ширинбек, Хисравов Давлатманд, Чингиз ва ғайраҳо ташкил медоданд, ки ягон нафарашон маълумоти олӣ ва олии пурраю нопурра надоштанд ва ягон донишгоҳу донишкадаро хатм накарда буданд. Онҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзгориро гузашта буданд ва ба мо дарси донишу одамгарӣ мегуфтанд.
Мо бо шавқу завқи зиёд дар якҷоягӣ бо Муборак, Пайшамб ва Ҳиснор аз синфи якум ба таҳсил оғоз кардем. Ба хондан завқи беандоза доштам ва ҳар бегоҳ дар зери сарпарастии модарам ба дарсҳо ҷиддӣ тайёрӣ медидам. Ҳавасу хоҳиши маро онҳо дарк мекарданд ва ба ман барои бардоштани рӯҳияам аҳсану офарин мегуфтанд, ки ин дар он вақт дар тақдири ман бисёр муҳим буд. Бо саъю талоши зиёд дар синфхонаҳои хокини пасту торик дар паси партаҳои кӯҳнаю фарсуда бо либосҳои тунук қариб поилуч бо завқи баланд мехондем. Синфхонаҳо ҷавобгӯи талаботи муосир набуданд, дар қишлоқҳои мо дар он давраҳо хати барқ ва равшании чароғҳои электрикӣ мавҷуд набуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳис карда мешуд, ки кӯдакон ташнаи дониш буданд.
Соли 1960-ум синфи ибтидоиро хатм кардем ва ҳамсабақони ман Ҳиснор ва Муборак ба интернати маркази ноҳияи Ванҷ барои давом додани таҳсил рафтанд. Ман танҳо мондам ва синфи мо аз сабаби камшумории хонандагон баста шуд. Ман қарор додам, ки синфи 5-умро дар қишлоқи Дуршер, ки дар он тарафи дарё мавқеъ дошт рафта мехонам. Ҳамин тавр ҳам кардам, лекин бо мушкилоти маҳалла ва мавҷуд набудани купруки рафтуомад таҳсилро қатъ карда як сол қафо мондам. Соли оянда бо Марҳамад, Ҷонавзо, Пайшамб, Маҳваш дар ҳайати панҷ нафар ба синфи панҷум фаро гирифта шудем ва таҳсилро оғози тоза бахшидем. Дар ҳаёти мактаби мо ва инкишофи минбаъдинаи он ҳодисаи хуб рӯй дод. Ҳамон сол Нӯъмонов Идрис шодравон пас аз хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба мактаби мо директор таъин гардида омад. Идрис аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш сабақ- дарс мебошад ва дар ҳақиқат Идрис дарс ва сабақ буд. Дуруст мегӯянд ки ном дар тақдтри ояндаи инсон мавқеи калон дорад, Идрис ҳам номест, ки тақдири ояндаи ин инсонро муайян намудааст. Падару модар бо гузоштани ин ном ҳамчун меъмор ояндаи фарзанди худро пешгӯи карда тавонистанд.
Директор таъин шуда омадани он кас боиси беҳтар шудани таъминоти кадрии мактаб, баланд гардидани сифати дарс ва боло рафтани сатҳи дониши хонандагон гардид. Он кас ҷавони дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ ва нисбати кор ва интизоми меҳнат ниҳоят сахтгир буданд ва аввалин шахси дорои маълумоти олӣ дар ҳаёти мактаби мо ба ҳисоб мерафтанд. Нӯъмонов Идрис як шахсе буданд, ки худро ба тезӣ дар дили мардуми деҳа ҷой карда тавонист. Гумон мерафт, ки ӯро Худованд танҳо барои таълиму тарбияи насли наврас лоиқ дониста ё мақсаднок офаридааст. ӯ қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт. Самараи заҳмати ӯро мо дар он медидем, ки аз дастпарварони пешинаи ин мактаб касе соҳибмаълумот нагардида буд. Дар як муддати кӯтох дастпарварони он кас Тоҳир, Дастам, Пайшамб, Муборак, Марҳамад, Ҳизатшо, Зиёратшо, Аҳтам, Чоршамб, Назриддин, Саравзо, Сураё, Бегим, Назарбегим, Саодат, Музаффар ва бисёре маълумоти олӣ гирифтанд. Як зумраи дигар дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил намуда ихтисоси арзандаро соҳиб гардиданд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ менамуданд. Роҳбарони ҳизби ноҳия кордонӣ, таҷрибаи идоракунии ӯро дарк карда, мехостанд Нӯъмоновро ба ноҳия ба вазифаи ҳизбӣ баранд, вале ҳар дафъа розӣ намешуд ва рад мекард.
То омадани онҳо дар деҳаи мо тамоман одамони дорои маълумоти олӣ набуданд. Баробари ба кор омаданашон муаллимони мактаб Боев Мулло, Юсупов Ҳукумат, Иматшоев Ғайратро маҷбур кард, ки ба шӯъбаи ғоибонаи мактаби олӣ дохил шуда, сатҳи донишу малакаи худро баланд бардошта корро бо сифати баланд оғоз бахшиданд. Нӯъмонов Идрис дар мактаб тадбире андешид, ки хонандагон бе тайёрӣ ба дарс ҳозир нашаванд. Касоне маълум мегардид, ки ба дарс бе тайёрии пухта омадааст, пас аз дарс то аз худ кардани барномаи таълимӣ нигоҳ дошта мешуданд ва муаллимон бо онҳо корҳои иловагӣ мебурданд. Масъулияти хонандагон ҳам дар таҳсил баланд гардид, эҳтироми ӯ дар дили ҳам хонандагон ҳам сокинони қишлоқ рӯз то рӯз қавӣ мегардид ва мо аз он кас сахт меҳаросидем. Хонандагон аниқ медонистанд, ки агар бе тайёрӣ ба дарс раванд, дар охири дарс нигоҳ дошта мешаванд ва дар газетаи девории мактаб номашон сабт мегардад. Ин боиси ба тезӣ овоза гардидан мешуд ва падару модарашон барои муносибаташон ба таҳсили фарзандонашон муҳокима мегардиданд. Ин усули ҷоринамудаи устоди шодравон Нӯъмонов падару модаро маҷбур месохт, ки ба кори таълиму тарбия бештар диққат диҳанд. Бо мактаб ва таълиму тарбияи фарзандон робитаи оила ҳарчӣ зичтар барқарор мегардид. Ғайр аз ин, яке аз тадбирҳои беҳтарине, ки онҳо андешида буданд, навбатдории коллективи муаллимони мактаб дар дохили қишлоқ буд. Муаллимони навбатдор бегоҳӣ ва шабона хона ба хона гашта, рафти дарстаёркунии шогирдон ва таъминоти онҳоро бо шароити дарстайёркунӣ санҷида, пагоҳӣ ба маъмурият ахборот пешниҳод менамуданд.
Хонандагони ба корҳои беҳуда машғӯл буда ба рӯихат афтида, дар линейкаи пагоҳирӯзӣ шарманда ва сарзаниш карда мешуданд. Махсусан дар зери роҳбарии он кас махфилҳои фаннӣ, газетаи ҳаҷвии деворӣ, ҷамъомади пагоҳирӯзӣ фаъолона кор мекардагӣ шуд.
Аз ҳама тадбири таъсирбахш ва беҳтарине, ки он кас андешида буданд гузаронидани маҷлисҳои чорякӣ буд, ки дар як бинои калони қишлоқ бо иштироки омӯзгорон, намояндагони совети қишлоқ, хонандагон ва падару модарон баргузор мегардид. Дар маҷлис ҳама аҳли қишлоқ, роҳбарони колхоз ва пирони барнодил даъват мешуданд. Фаъолияти ҳар синф дар алоҳидагӣ таҳлил карда мешуд. Дар ин ҷо ҳам нанг, ҳам номус, ҳам шарму ҳаё, ҳам ифтихору ғурур авҷ мезад. Падару модарони таърифу таҳсиншунида, мефахридан ва аз фарзандонашон ифтихор мекарданд. Падару модарони танқидшунида пас аз маҷлис ба хона баргашта муносибаташонро ба мактаб, таҳсил, давомот, сару либос ва муҳайё сохтани шароити дарстайёркунии фарзандонашон дигар мекарданд. Ман имрӯз синнам ба ҷое расида гумон мекунам, ки Нӯъмонов Идрис аз манфиати шахсӣ дида манфиати ҷамъиятро боло мегузошт. То кадом андоза онҳо ба кор содиқ буданд, ки шабу рӯзашон дар пай иҷрои супоришҳои ташкилотҳои болоӣ мегузашт. Падари серфарзанд буданд, аммо ҳамеша дур аз оила ва дар паи иҷрои супоришҳои ҳизб қарор доштанд.
Ҳамин талошҳои пайгиронаи Нӯъмонов Идрис буд, ки аз ҳамин қишлоқи хурдакак 30- 40 нафар ба мактабҳои олии Ҷумҳурӣ дохил гардида мутахассисони варзида гардиданд, ки ин анъанаи хубро директорони минбаъда ҳам пайваста давом доданд ва давом дода истодаанд. Як чиз аз хотирам намеравад, ки дар солҳои талабагии мо дар қишлоқ барқ набуд, дарсҳоямонро дар пеши шамъ тайёр мекардем. Пӯшоку пойафзоли арзанда надоштем, сару либосамон ба фасл мувофиқ набуд, аммо мехондем. Падарам баъди соати 10 –и шаб мефармуданд, ки шамъро хомӯш карда хоб кунем. Ман бошам интизор мешудам, ки кай падарам ва дигаронро хобашон мебурд ва оҳиста хеста шамъро такроран даргиронда хонданамро давом медодам. Баъзан такроран ба даст афтида сарзаниш мегирифтам, ки сабаби асосии он сарфаю саришта накардани сӯзишворӣ (керосин) буд. Албатта фаҳмидан ҳам зарур буд, ки дар он солҳо яке аз мушкилоти он мардум ёфтани керосин ба ҳисоб мерафт. Имрӯз фикр мекунам, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз тангдастӣ буд. Дар чунин давраҳо мо хонда соҳиби маълумот гардидем ва афсӯс мехӯрам, ки ин шароити хуби имрӯзаро мо надидем. Аз латтапора Тоири раҳмати тӯп дӯхта, волейболбозӣ мекардем, лекин ба ин нигоҳ накарда бозингари моҳире шудем ки дар чандин дастаҳо бозӣ кардем.
Соли 1965 ин мактабро мо бо маълумоти ҳаштсола хатм кардем ва ҳоло ҳам меҳру муҳаббати ин мактаб ва он устодонро дар қалбамон мепарварем.
Ҳатто кадом вақте, ки гузорамон ба ин даргоҳ афтад ба ёди устодонам тавоқуф карда дар ҳақи рӯҳу арвоҳашон дуое мебахшем. Онҳо дар ҳақиқат сазовори як каф дуои мо шогирдон буданд ва ҳастанд. Баъзан аз ҳолу аҳволи аҳли байташон як сари қадам даромада пурсон мешавем, зеро ки қимату манзалати устодон дар ислом ҳам ниҳоят баланд мебошад. Беҳуда нест, ки Саноӣ фармудаанд:
Ҳақи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Гар падар тарбият кунад сад сол,
Нозу неъмат туро диҳад ба камол,
Наравӣ то ба хизмати устод,
Илму ирфон куҷо бигири ёд?
Ҳурмати устод ҳар ки надошт,
Алами илм дар ҷаҳон нафарошт.
Мумкин дуои неки онҳо буд ё ёрию мадади рӯҳу арвоҳашон, ки мо як гурӯҳ шогирдон дар зиндагӣ роҳи худро ёфтем ва ба ҳамин дараҷаи камолот ноил гардидем. Имрӯз ҳам фикр мекунам, ки мебоист онҳо моро аз будаш сахттар мегирифтанд, бештар танбеҳ медоданд, зеро ки мактаби педагогии аҷдодии мо инро талаб менамояд ва дорои арзишҳои ниҳоят баланд мебошад. Бояд дар тарбияи фарзанд мактаби Рӯдакӣ, Саъдӣ, Сино, Ҷомӣ, Ҷ.Балхиро сармашқи кору зиндагии худ намоем он гаҳ ба чизе ноил гардидан мумкин мегардад. Бояд ҳама кор дар асоси майлу хоҳиши самимӣ ва аз рӯи садоқати бепоён бошад. Дар таълим ва тарбия демократияи аз ҳад зиёд ҷоиз нест, ки шоир фармудааст:
Намозе к-аз сари сидқу сафо нест,
Агар дар Каъба бигзорӣ раво нест.
Ҳатто намоз, таҳсил, касбу ҳунар ва зиндагию рӯзгордорӣ бояд самимӣ ва садоқатмандона бошад, он гаҳ инсон ба чизе ноил шуданаш мумкин аст. Барои устоди ботаҷриба аз дарси нахустин маълум аст, ки бача майлу хоҳиш дорад ё не. Дар тақвияти ин гуфтаҳо шоири дигар бар ҳақ ва ба таври раднашаванда фармудааст:
Илм аст бараҳнарӯ таҳсил зар аст,
Тан хонаи анкабуд, дил болу пар аст.
Заҳр аст ҷафои илм, маънӣ шакар аст,
Ҳар пашша аз ӯ чашад, ӯ шерри нар аст.
Нӯъмонов ба мо таъкид мекарданд, ки дарёфти маърифати олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин дар ҳаёти инсоният буда, ба касе муясар нагардидааст, ки бе заҳмат ба он мушарраф шавад. Дар муқоиса ва ба таври образ танҳо илму дониш қудрате дорад, ки пашаро ба шерри ғурранда табдил диҳад. Гуфтаи Саъдӣ бар ҳақ аст, ки фармудааст:
Доно ба ҳар диёр азизу муккарам аст,
Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.
Аз даргоҳи Худои бузург шабу рӯз талаб мекардам, ки диёри мо ҷои нодонону ҷоҳилон набошад. Зеро ки дар он ҷо мардони доною ориф Бобои Мулло Одина, Мулло Султон, Муллоёр, Муллоконӣ ва ғайраҳо ба худ хонадони охират ёфтаанд. Рӯҳу арвоҳи онҳо илҳомбахши ҳамешагии мардуми ин мавзеъ хоҳад буд. Ҳар ҷавоне, ки баҳри таҳсил аз қишлоқ баромаданӣ шавад, пеш аз ҳама рафта зиёрати мазори ин орифон намуда, тӯшаи сафар мебандад.
БЕРУН ШУДАН АЗ ЗОДГОҲ
Моҳҳои май-июни соли 1965 давраи беҳтарин ва ширинтарини ҳаёти ман буд. Дар он рӯзҳо мо хатмкунандагони синфи 8 барои гирифтани номаи камоли мактаби миёнаи нопурра (8-сола) ба имтиҳонҳо тайёрӣ медидем. Ҳамроҳи ҳамсинфҳоямон тез-тез во мехӯрдем ва баъзе масъалаҳоро дар якҷоягӣ муҳокима ва донишамонро варақ зада, мустаҳкам мекардем. Баъзан ба хонаи устодон рафта кору бори хонаҳояшонро иҷро мекардем, ки вақт ёфта ба мо дар ҳалли баъзе масъалаҳои фаннӣ ёрӣ расонанд. Мактаб ва таҳсилоти замони шӯравӣ ба ҳама маълум буд, ки дар он замон ғайри дониш чизе восита шуда наметавонист. Агар писари директори мактаб ҳам мебудед, дар ҳолати паст будани саводнокӣ такроран ва бе тарсу ҳарос дар синф такроран монондан мегирифтанд ва касею чизе восита намешуд.
Аз ҳама бештар аз он метарсидем, ки директори мактабамон Нӯъмонов душмани ашадии дониши паст ва баёни шифоҳии суст буд. Он кас ниҳоят нуқтасанҷу нозукбин буданд ва ҷавоби парешонро намеписандиданд. Бо ташфиш ва тарсу ҳароси зиёд имтиҳонҳо паси сар шуданд ва як сабукиро дар ҷисму ҷони худ ҳис кардем. Лекин дилҳоямон ноором буданд, зеро ки мактаби қишлоқамон 8-сола буд ва маҷбур будем, ки интихобан барои давом додани таҳсил ё ба маркази ноҳия ё ба интернати Рӯшон равем.
Падарам ҳамроҳи амакҳоям Бурҳон ва Ҳаким маслиҳат карда ба созиш омаданд, ки маро ҳамроҳи писари амакам Пайшамб, ки ҳамсинф будем ба омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм бурда монанд, то ки пешаи авлодиро аз бар карда, дар оянда муаллим шавем. Амаконам ин кори масъулро ба зимаи падари ман гузоштанд ва ниҳоят рӯзҳои сафари мо наздик мешуд. Дилҳоямон пур аз истироб буд ва ба худ саволҳои адонашаванда медодем, ки чӣ хел мешуда бошад? Имтиҳонҳои қабулро супорида метавонем ё не? Агар афтонанд куҷо меравем? Ниҳоят ҳамон рӯз, яъне 25-июл фаро расид. Бегоҳӣ чорпоеро зафъ карда ҳамсоя ва хешовандонро ба хона даъват карданд ва тамоми аҳли нишаст ба навбат дар тамоми паҳлӯи нозукиҳои сафар ба мо фикру мулоҳизаҳои худро гуфта, аз чи корҳо парҳезу худдорӣ карданро таъкид мекардад. Ин нишаст ва панду насиҳати хешу табор то бевақтӣ давом кард ва ниҳоят мардум дуо карда ба хонаҳояшон рафтанд. Аз ҳама сертарадуд модари бечораам ва янгаи Сомиҳа буданд. Онҳо кӯшиш мекард, ки сару либос ва халтаи сафарии моро ба тартиб биёранд ва омода созанд. Шаб қариб аз изтиробу ҳаятҷони сафар хобам намебурд, вақте ки дар бевақтии шаб бедор шудам, модарамро дар болои сарам нишаста дидам, ки сару рӯи маро навозиш карда мегарист. Ман дар хоб будам, аммо ӯ навозишкорона рӯямро сила карда армони дилашро мегуфт. ӯ аввалин фарзандашро ба мустақилият ҷавоб медод, ки ин барои модар ниҳоят мушкил буд. Пагоҳӣ барвақт борхалтаҳоямонро дар даст гирифта, ба роҳи мошин, ки каме дур аз хонаҳои мо мегузашт фаромадем. Баробари ба сари роҳ расиданамон манзараеро дидем, ки ҳеҷ гоҳ аз хотирамон намебарояд. Ин бошад худи манзараи сафарамон буд, ки барои гуселамон тамоми хурду калони қишлоқ дар ин барвақтии субҳ баромада буданд.
Тамоми сокинони қишлоқи азизам аз хурд то калон барои гусели мо баромада буданд ва ҳамсоя ё хешовандеро ёфтан мумкин набуд, ки нисбати сафари мо беэътиноӣ карда набаромада бошад. Ҳама бо навбат моро ба оғӯш мекашиданд, мебусиданд ва ашк мерехтанд. Агар дар ин маросим шахси бегонае иштирок медошт, пай бурда наметавонист, ки соҳибони аслии мо киҳоянд. Тамоми қишлоқ муҳаббат ва самимиятро то андозае зоҳир менамуданд, ки ин анъанаи неки хешутаборӣ абадӣ дар хотири мо нақш баста монд. Хар кадоме баъди оғӯши самимӣ дастҳояшонро ба ҷайби мо гузошта, ҳамон се ё панҷ сӯми камбағалонаашонро самимона ба ҷайби мо мегузоштанд.
Ниҳоят як мошини боркаш омада дар наздамон истод ва мо дар пай тарадуди саворшавӣ шудем. Тамоми мардуми деҳот дар он солҳо чандон зиндагии хуб надоштанд, лекин ба шароити зиндагияшон нигоҳ накарда 3,5,10 сумӣ доштаашонро ба мо дода пирони барнодил даст ба дуо бардоштанду дуои нек доданд ва мошин ба ҳаракат даромад. То хеле дур шудан аз наздашон ҳис мекардем, ки ҳама занони қишлоқ модарвор мегиристанду моро бо самимияти хоса гусел мекарданд. Ин манзара шабоҳат ба он дошт, ки гӯё мо на ба таҳсил, балки ба фронт барои ҷангидан бо душмани ғадор рафта истода бошем. Ин манзара ниҳоят ҷолиб, хотирамон ва хусусияти тарбиявӣ дошта, хоси оини тоҷикон мебошад. Аз ин манзара самимият, дӯстӣ, бародарӣ ва муҳаббати ин мардум нисбати ҳамдигар бар аъло намоён буд. Ҳамин тавр манзараҳо, кӯҳҳои сар ба фалак қафо мемонданд ва мо ба пеш ҳаракат карда ба маркази ноҳия ва аз он ҷо таг- таги куҳу камар ба Қалаи-Хум расидем.
Аввалин шуда манзараи роҳҳои душворгузар, дарёи пур печу тоби Панҷро медидему диламонро воҳима зер мекард. Роҳҳои морпечро тай намуда, дар бевақтии шаб ба ноҳияи Комсомолобод, ҳоло Нуробод, ки тағоҳоям Амриддин, Раҳмониддин ва Сироҷиддин, холаам Гулавзон бо фарзандонашон дар он ҷо иқомату рӯзгор доштанд расидем. Онҳо дар қишлоқи Жорф мезистаанд, лекин солҳои 40-ум аз сабаби азми гузаштан кардани бобоямон Умрон ба Афғонистон, ки аз ҷониби солдатҳои Шӯравӣ кушта гардида буд, кӯдаконаш парешон гардида буданд. Модари мо дар Ванҷ мондааст, бародаронаш аввал дар интернати Навобод, пас дар Нуробод ҷои зист интихоб намуда буданд. Дар он ҷо мардумро аз хоби масташон бедор кардем, онҳо моро хуш пазируфта сабабу мақсади омаданамонро фаҳмиданд. Падарам онҳоро фармуданд, ки дар ин бевақти саргардон нашуда, ҷои хобамонро омода намоянд. Пагоҳӣ пас аз шустушӯ дасту рӯй барои мо дасторхонро ороста аз нону неъмат пур карданд ва вазифаи масъултарини чойкаширо ба ман, ки аз ҳама хурд будам бовар карда доданд. Ман мувофиқи одати пешинаи аз қишлоқамон гирифтаам чойро сар назада ба пиёла пур карда аз як гӯшаи пиёла дошта ба тағоям дароз кардам. Он кас пиёлаи чойро гирифта ба замин рехта пиёларо бо ҳурмати хоса, дасташро болои сина гузошта, ба ман баргардонданд. Бори дуюм рехта дароз кардам, ӯ чойро аз дастам гирифта ба чашму рӯям пошид. Ман сӯхтам ва нафаҳмидам, ки барои чӣ сазовори ин ҷазо гардидам. Тағоям ба падарам рӯ оварда гуфт: «Муаллим ман нафаҳмидам, дар ҷойҳои шумо чой менӯшанд? Чаро ба писарат қоидаю қонуни нишастан сари дастархон ва чойкаширо наомӯхтед? Чаро аз қишлоқ пешандоз карда хондан овардӣ?». Пас тағоям чойнаку пиёларо ба пеши худашон гузошта тарзи сар задан ва нозукии кашидану додани чойро ба ман ёд доданд, ки абадӣ дар хотирам нақш баст. Ин чизро дар зодгоҳи ман ёд надода буданд ва ба ин нозукиҳои чой кашидану чойдиҳӣ чандон диққату эътибор намедоданд.
Падарам, ки нияти шаҳр рафтан дошт, бо тағоҳоям маслиҳат карда ба қароре омаданд, ки маро тағоям Сироҷиддин бояд бурда ба омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм супоранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Нисфирӯзии 28-июли соли 1965 тағоям моро ба мататсикли тездави “Ява” шинонда ба шаҳрчаи Навобод бурда ҳуҷҷатҳоямонро ба омӯзишгоҳи педагогӣ супорида бо муаллимон Муҳтоҷов Амиршо ва Сафалов Хоркаш шинос карда рафт. Ба мо ҷои мувақатии хоб доданд, ки ба имтиҳонҳо тайёрӣ бинем. Бо Пайшамб то бевақтии шаб китоб хонда тайёрӣ медидем ва ҳамеша диламон дар изтироб буд, ки метавониста бошем санҷишҳоро супоридан. Ниҳоят рӯзи якуми август вақти супоридани имтиҳонҳои қабул фаро расид. Дар қатори дигарон, ки таҳҷоӣ буданд, мо ҳам тарсидаю ҳаросида ба имтиҳонҳо даромада онҳоро бо баҳои “хубу” “аъло” супорида донишҷӯ шудем ва хобгоҳи донишҷӯи гирифта таҳсилро бо саъю талоши дучанд оғоз кардем. Ҳамеша кӯшиш мекардем, ки ба боварии мардуми деҳа сазовор бошем ва ба боварию ташвиши самимона гусел кардаашон исноде наорем. Дар омӯзишгоҳи педагогӣ ба мо устодони ниҳоят меҳрубону сахтгир, марҳум Асалов Д., Эльбегиев Н., Одинаев, Дустова, Амонова Т, Ҳукуматшоев, Толибов дарс меомӯхтанд. Муаллимонамон Шехов Н., Ҳодиев М., Ҳукуматшоев С., Нуралиев, Толибов., Миҳтоҷов А ва Сафолов Х дар тайёрии касбии мо заҳмоти зиёде кашида дар дилу дидаи мо барои худ ҷои намоёнеро ишғол карданд.
Дар давраи таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогӣ Пайшамб захирачӣ буд, лекин ман каму беш мӯҳтоҷиро ҳис мекардам, зеро ки дар оила танҳо падарам кор мекард ва 9-10 нафарро мехӯронду мепӯшонд. Дар аксар холати мӯҳтоҷию нодорӣ чойхоначӣ акаи Ҳайдар рӯҳаш шоду хонадони охираташ обод бошад, ба мо қарз дода дар дафтарчаи хотирааш менавишт ва пас аз пайдо кардани пул ҳисобро баробар мекардем. Дар он вақт мо худо гуфта орзӯ мекардем, ки ягон кас моро ба алафдарав ё побели заминаш гап занад ва шикамҳоямонро сер кунад. Ин омил аз тарафи дигар барои мо тарбияи беҳтарини меҳнатӣ буд.
Аз хотирам ҳеҷ намебарояд, ки як вақт зарурият моро маҷбур кард, ки ба назди сохтмончиён рафта маслиҳат кунем, ки моро пас аз дарс ба кори сохтмон гиранд, то ки вазъи иқтисодиямон беҳтар гардад. Сардорашон розӣ шуд ва баъди дарс моро ба мошини боркаши оҳанӣ савор карда ба лаби дарёи Сорбоғ фиристоданд, ки сохтмонро бо санг таъмин намоем. Дар ҳавои сарди тирамоҳи кӯҳистон ин амалро мо анҷом медодем. Дар куҳистон сардиҳо хеле барвақт оғоз мегарданд ва ба он нигоҳ накарда баҳри пуле пайдо карда хонаро азоб надодан ба ин кор мо розӣ будем. То як мошин сангро бор мекардем, чунин менамуд, ки дастҳоямон ях баста мерезанд. Бо азобу машақати зиёд моҳ ба охир расид ва мебоист ҳосили заҳматамонро мечашидем. Хурсандии мо ҳаду канор надошт. Баъзан хаёлан кисаамро пури пул тасаввур мекардам. Гумон мекардем, ки акнун пуламонро гирифта, ақалан ягон мушкилотамонро осон мегардонем. Ниҳоят овоза шуд, ки барои сохтмончиён пули маошашонро оварданд. Ман ҳамроҳи Пайшамб бо дилҳои хурсанд барои ҳақи меҳнатамонро гирифтан рафтем. Дар ягон ҷои ведомост ному насабамонро наёфта, дилҳоямон маъюсу озурда гашт ва ба суроғи бригадир баромадем. Касе овоз дод, ки онҳо каме пештар ба ошхона рафта буданд. Мо дар ҷустучӯи ӯ вориди ошхона гардида, бригадирро бо атрофиёнаш дар пушти дасторхони пур аз нозу неъмат ёфтем. Дар болои дасторхонашон шишаҳои зиёди арақ монанди аскарони фашистон рост истода буданд. Аз дидани ин манзараи нофорам андеша кардам, ки мо ва мисли мо донишҷӯён гуруснагӣ мекашанду, ин махлуқҳои худобехабаро бинед ба чӣ корҳо банданд. Ҳучум кардан ва зада шикистани он шишаҳои нафринро аз рӯи одоб надонистам, гар чӣ ба чашмам бисёр зишт менамуданд.
Наздиктар омада боодобона салом карда пурсидам, ки акаи Назрулло чаро дар рӯихат номи мо нест? Охир худатон шоҳид ҳастед, ки моҳи дароз дар сармою хунук мо заҳмат кашида сохтмонро бо санг таъмин намудем. Он кас нимкола ва нохоҳам аз дасторхон чашм канда гуфт: “Шуморо дар рӯихат нанавишта будам, ки ягон гапи зиёдатӣ нашавад”. Ҳақи меҳнати шуморо ман ҳимин хел ҳисобӣ карда медиҳам. Ин суханро шунида қариб аз хурсандӣ диламон аз ҷисм берун ҷаста буд. Ниҳоят дасташро ба киссааш бурда як миқдор пулро баровард ва ду тақсим карда 7-рубл дар дасти ман ва ҳамин қадарро дар дасти Пайшамб дод. Аз дидани ин манзара тарбузи орзӯю умеди ман афтид, сарам чарх зад, пеши чашмонамро тиракӣ фаро гирифт. Беихтиёр аз дасти Пайшамб пулҳоро гирифта бо пулҳои дар дастам буда ҳамроҳ карда ба Назрулло додаму, гуфтам: “Гир насиби рӯзҳои вазнинтарини зиндагият шаванд”ва маъюсу ноумед роҳи хобгоҳро пеш гирифтем. Бегоҳро як бало карда паси сар карда, пагоҳӣ бо шиками гурусна ва дили ноумед дуои бадкунон ба дарс рафтем. Дар дарс чизе ба майнаам дохил намешуд ва шикамам пайваста месӯхт. Ҳамин тавр нисфи рӯз шуд ва дарсҳо ба охир расиданд. Пас аз анҷоми дарс як муҳлат дар майдонча рост истода гӯё касеро интизор будам ва дар майдон дар нӯги як столба радиёи сатилмонанд барои мардум барномаи консертӣ пахш менамуд. Лекин аз сабаби гуруснагӣ бошад, ки овоз ва навоҳои нозуки ӯ вуҷудамро мехарошид. Ба гӯшам нофорам менамуд, хам шуда аз замин барфро гирифта сахт молиш дода чунон ба даҳонаш задам, ки аз хондан монд. Як замон майнаям осоида буд, ки барф об шуда ба замин афтид ва радиё аз нав ба хондан оғоз кард. Ба ин даҳшат ман дигар тоб наоварда роҳи хобгоҳро пеш гирифтам. Ба хобгоҳ рафта дар болои ҷои хоб дароз кашидам, лекин ҳарчанд зӯр мезадам хобам намебурд. Акнун фаҳмидам, ки хоб ҳам бо шиками сер зебо ва ҷолиб будааст. Пас аз заҳмати зиёд дидам, ки хобам намебарад, то як дам гуруснагиро фаромӯш кунам. Аз ин рӯ аз ҷоям хеста, ба ҷустуҷӯи тумбочкаҳо, ки дар умрашон кам рӯи нони гармро дида буданд, сар кардам. Дар даруни кашаки як тумбочка як халтачаи дасторхонафшонӣ доштем, ки майдаю боқимондаҳои нонҳои дасторхонро ба он меафшондем. Ниҳоят онро ёфта бароварда аз назар гузаронидам, дидам майдаҳои нони дар он буда кабуду бадбӯй буданд. Онҳоро ҳамин тавр хӯрдан намешуд, бинобар ба як зарф андохта каме об хамроҳ карда, болои танур гузоштам. Ниҳоят ба ҳолати ҷушидан расонида, каме намак партофта нӯшидам ва ҳамин тавр аз мурдан раҳо ёфтам. Худам равшан ҳис мекардам, ки қувват ҷисмамро то як андоза тарк намудааст. Ҳамин тавр шабро як бало карда гузаронида, пагоҳӣ дар пушти парта бо ишками гурусна нишаста ба гӯш кардани лексияҳо оғоз кардам. Бовар кунед дар шиками гурусна лексияи пурмазмуни устодони меҳрубонам нофорам менамуд. Ҳазорон шукронаи Худоро мегуфтам, ки ҳамон нонрезаҳоро дирӯз насибам гардонида будааст, ки маро аз роҳи бад нигоҳ доштанду даст ба гуноҳ задан намонданд. Дар миёни дарс муаллим Ҳодиев М ба мо муроҷиат карданд, ки шуморо дар берун касе интизор аст ва илтимос кард, ки як дақиқа наздаш бароед. Кани писарам баромада бинед, ки аз шумо чӣ мехоҳанд. Дарро кушода бароям Назруллои сардори сохтмончиён, ки дирӯз ба мо муносибати хунук карда буд истодааст. Аз нафрату бадбинӣ саломро фаромӯш карда гуфтам, ки мо дигар ба кор намеравем. Дирӯз хурсандии худро ба шумо баён карда будем, ҳимати ҳар мард бо рафтору кирдораш маълум аст. Шумо моро ғайриқонунӣ истифода бурда дар номи кадом хешатон мумкин таъбел карда мондеду ба мо ҳамчун садақа 7-сумӣ аз ҳисоби фойдаатон ё даромадҳои берунаатон додед. Мо фақат такя ба Худо мекунем, ва дар азобу машақати бор кардани сангҳои вазнину яхин худаш шоҳиду ҷорикунандаи адлу инсоф мебошад. Боз аз мо чӣ мехоҳӣ? Чӣ тавр рӯят шуд, ки моро кофта ба суроғамон омадӣ?
Нарзулло сар поён афканда гуфт: “Додарҷонҳо лаҳзаи кори дирӯза тамоми шаб дар пеши хотирам буд. Қариб хобу роҳатро гум кардам намедонам дуои шумо буд ё ягон балои дигар, ки духтарчаам афтида пояшро шикаст, ошхонаам шаб оташ гирифта сӯхт. Маҷбур шудам тамоми корҳоямро як тараф монаму шуморо дида хурсанд кунам то ранҷишатонро аз ман гардонида гиред”. Пас дасташро тарафи киссаяш бурда як қабза пулро бароварда дар ҳаҷми 150 рублӣ ба ҳар кадомамон дод ва такроран пурсид, ки розӣ ҳастед? Ман гумон доштам, ки агар диҳад ё 50-60 рубл медиҳад, аммо чунин сурат гирифтани корро интизор набудем. Мо розӣ ва шумо ҳам моро бубахшед, ки дар сари қаҳру ғазаб гапҳои пасту баланд гуфтем, гуфта хурсандона хайрухуш кардем ва вориди синфхона гардидем.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГӢ ДАР МАКТАБИ №66
Ҳамин тавр соли 1969 омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғармро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм кардем ва бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим гардидем. Мувофиқи роҳхат маро ба ноҳияи Колхозобод ва Пайшамбро ба ноҳияи Қумсангир ба кор фиристоданд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Колхозобод ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ маро ба мактаби миёнаи № 66- и шаҳраки Ворошилобод муаллим таъин карда ба кор фиристод. Дар назди мактаб барои мо муаллимони муҷаррад ҳуҷраеро ҷудо карда доданд, ки дар он ман, Абдувалӣ, Раҳмиддин ва Одина дар якҷоягӣ кору зиндагӣ мекардем. Бо як меҳру муҳаббати калон ба таълиму тарбияи насли наврас оғоз кардем. Мактаби номбурда калон ва се забона буд, дар ин мактаб зиддияту рақобати зиёде мавҷуд буд, ки ҳар лаҳза моро ҳушёр ва аз ҷиҳати методӣ ва педагогӣ сайқал медод. Он вақтҳо ман ҷавони 19-сола будам ва маро ғайри синфҳои ибтидоӣ муаллими забон ва адабиёт тоҷик низ таъин карданд. Аввалин маротиба вориди синфхона шуда дарк кардам, ки синнусоли баъзе хонандагон ва қаду қоматашон аз ман калонанд. Рости гапро гӯям то як андоза маро ваҳм низ фаро гирифта буд. Мавзӯи дарсро дар назди тахта ва столи кориам рост истода оғоз мекардам ва кӯшиш менамудам, ки дар байни партаҳо наравам, ки ягон нафарашон шӯхие накунанд. Лекин дар мактаб ман ба тезӣ ҷоямро ёфта сазовори ҳурмату эҳтиром гардидам. Сабаби сазовори ҳурмату эҳтироми атрофиён ва хонандагон гардидани ман навозандаи хуби асбобҳои миллӣ буданам, маҳорати баланди волейболбозӣ доштанам ва аз санъати нозуки боксу гӯштингирӣ огоҳӣ доштанам буд. Ин ҳунарҳо маро ҳамеша дар доираи шогирдон нигоҳ медоштанд. Ҳар рӯз бегоҳӣ хонандагон нону дасторхон бардошта наздам меомаданд, дар якҷоягӣ то бевақтии шаб машқ мекардем. Дар он ҷо Раҳимбобо вазифаи посбонии мактабро ба дӯш дошт ва писараш Абдусамад дар зери роҳбарии ман машқ мекард. Раҳимбобо падархонди ман буданд ва ҳамеша маро бо худашон ба хонаашон мебурданд.
Тирамоҳи соли 1970 маро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карданд, лекин хонадон ва аҳли байтам огаҳ набуданд. Як чиз ба ман таъсир мекард, ки ҳамдаъватонам бо падару модарҳояшон оғӯш гирифта хайрухӯш мекарданд. Маро бошам падару модарам огаҳ набуданд, ки ба хизмати аскарӣ рафта истодам. Ин ҳолати маро як зани бегона пай бурда, ҳеҷ гап не писарам, агар падару модарат дар дурӣ бошанд, акнун ман туро ҳамроҳи писарам модарвор гусел мекунам. Он зан маро фарзандвор ба оғуш кашида, писарам нағз хизмат кун, дар роҳ ҳамроҳи писари ман худатонро эҳтиёт кунед, ҳамин ки ба ҷое расидед мактуб нависед. Ин манзара ба ман чунон таъсир кард, ки то ними роҳ аз гиря худро нигоҳ дошта натавонистам. Мегиристаму бо резонидани оби чашм худро сабук мекардам, аммо манзараи танҳои маро ором намегузошт.
Рӯзи 14-уми ноябри соли 1970 аз пункти қабул моро ба қатораҳо савор карданд ва онҳо ба ҳаракат даромаданд. Баъди гузаштани 10-рӯз ба шаҳри Гвардейски вилояти Калинград расидему моро баъди карантин ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим карданд. Дар давраи хизмат якаю ягона тоҷик будам, ки дар қатори дигарон содиқона дар спортрота заҳмат мекашидам ва пайваста маҳоратамро сайқал медодам. Дар бораи лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи давраи хизмат дар шаҳри Гвардйск, ки баробари як китоби бадеӣ мебошад қарор додам чизе нанависам. Хизмати Ватанро моҳи ноябри соли 1972 бо муваффақият хатм карда, ба зодгоҳам ба назди падару модар ва хешу табор бар гаштам. Дар фикру хаёли ман танҳо як андеша давр мезад. Ҳаёти баъди хизматиамро аз чӣ сар кунам? Куҷо равам, дар фасли дилгиркунандаи замистон ба кадом кор банд шавам? Баъзан фикр ба сарам меомад, ки гашта ба ноҳияи Колхозобод ба ҷои кори пештараам равам. Аммо фикри хонадон ва падару модари пирам маро ором намегузошт. Падарам ҳар рӯз таъкид мекарданд, ки саросема нашавам ҳамааш хости Худо мебошад. Ман бовари дорам, ки ҳамааш хуб мешавад, ту сабр кардан ва сабуриро писарам пеша кун.
Падарам, акои Миҳтоҷро, ки фурӯшандаи мағозаи қишлоқ ва шахси бообрӯю шиносдор буд, илтимос карда будааст, ки ба маркази ноҳия рафтӣ фармони кори писарамро гирифта биёр. ӯ фармонро дар бораи муаллими забону адабиёт дар мактаби қишлоқи Ван-Ван таъин шудани маро оварда супорид. Ҳамин тавр аз моҳи декабри соли 1972 то майи 1973 дар зодгоҳам будам ва дар қишлоқи дурдаст ман ҳам кор кардам ва ҳам тамоми азобҳои ҳаётро кашидам ва ҳамин буд ки аз зодгоҳам дилхунук гардида баромадам.
ДИЛХУНУКӢ АЗ ЗОДГОҲ
Моҳи ноябри соли 1973, вақте ки ман ба зодгоҳам бар гаштам хунукӣ ҳукумфармо буд. Як рӯз дар гирди дасторхон аз падарам пурсидам, ки падарҷон дуо диҳед ман ба ҷои кори пештараам, ки сазовори ҳурмату эҳтиром будам баргардам. Бекор дар хона нишаста наметавонам ва бекорӣ ба дилам зад. Падарам як муддат дам дарун дуздида нишаст ва ниҳоят гуфт: “Писарам додарат донишҷӯ, додари дигарат дар хизмат, дигаронашон хурдсоланд. Як муддат сабр кун, ман назди мудири шӯъбаи маориф рафта бароят ҷои кор мепурсам”. Пагоҳаш падарам ҳамроҳи акои Миҳтоҷ, ки тағояшон буданд ва шахси обрӯманд ва ошнодор буданд назди мудири шӯъбаи маориф рафта масъалагузорӣ карда омаданд.
Ба ман хабар оварданд, ки барои ту аз 19-уми декабри соли 1972 фармрни дар қишлоқи Ван-Ван ба ҷои як муаллимои ба рухсатии ҳомиладорӣ рафтагӣ дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти тоҷик таъинот овардем, акнун метавонӣ ба кор бароӣ ва хотират ҷимъ гардад. Он солҳо писари амакам, ҳамсинф ва ҳамкурсам Пайшамб дар мактаби таҳсилоти ибтидоии қишлоқи Поимазор кор мекард ва аз ин хабар ман хурсанд ҳам шуда будам, ки бо ҳам рафта, якҷоя бар мегардем.
Субҳудам соати 500 ба сафар баромадем ва аз осмон дона-дона барф меборид. Бо як азобу машақат, 20 км роҳро пои пиёда тай карда, ба мактаби қишлоқи Ван-Ван расидем. Директори мактаб Парвонаев Амон соату синфҳоро бо ман шинос карданд ва ба кор шурӯъ кардам. Дар рафти фаъолияти корӣ ҳис кардам, ки дӯзахи серзаҳматтарини зиндагиямро ёфтам. Ба фикрам то даме, ки дар қайди ҳаёт ҳастам ин чор моҳи фаъолияти меҳнатиамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Бе муҳобот тамоми азобҳои сахттарини зиндагиям, ҳамон давраи фаъолияти кориям дар ин қишлоқи бе ошхонаю меҳмонхона буд. Наметавонистам ҷое ёбам, ки бо пули худам бе миннат як бурида нон ёфта хӯрам ва хотирам ҷамъ бошад.
Дарсҳоям дар ду баст тақсим шуда буданд. Хонаи Мирзомиддини раҳматиро ҷои зисти мувақатӣ интихоб карда будам. Пагоҳӣ чой ё ягон пиёла шир хӯрда, ба кор мерафтам ва пас аз анҷоми бахши I-ум мо муаллимон, ки аз маҳаллаҳои дурдаст будем, саф ороста, ба хонаи нафаре аз сокинони деҳа мерафтем,то ки ягон чиз ёфта хӯрему боз ба корамон шурӯъ намоем. Пас аз ношта боз ба мактаб бар гашта, корро дар сменаи дуюм давом медодем ва шабона ба хонаи иҷоравӣ бар мегаштам. Ҳамин тавр рӯзҳо пушти сар мешуданд ва рӯз то рӯз бадбинии ман нисбати корам ва тарзи ҳаётам зиёд мешуд. Бештари рӯзҳоро ман бо ҳамон пиёлаи чои погоҳӣ пайдо карда хӯрдаам бегоҳ мекардам. Дар он солҳо ман ниҳоят ҷавони дорои ғурури баланд ва шармгин будам, аз дарс фориғ шуда, мехостам ба хонаи касе даромада чизе хӯрам. То пушти дари ашхосе рафта дастамро ба дастаки дараш расонида, аз ниятам мегаштаму қафо гашта ба мактаб меомадам. Бо ишками гурусна дарсҳои бахши дуюмро оғоз мекардам ва дар бисёр ҳолат сӯзиши сахте вуҷудамро фаро мегирифт ва тоқат мекардам.
Баъзан дар бевақтӣ пас аз анҷоми дарсҳо рӯзҳои шанбе роҳи хонаи худамонро, ки қариб 20 км дур буд пеш мегирифтам. Бо нияте, ки ақалан шаб дар назди модарам бошаму хӯроки гарм хӯрда, ҷонам роҳат кунад. Дар замистон барф баланд ва роҳҳо шамол кардагӣ буданд, ки роҳгардиро душвор мегардонид. То масофаю монеаҳоро пушти сар карда ба хона мерасидам, ки пӯшокҳоям ях мекарданду баданамро азоб медоданд ва танҳо баъди аз нисф гузаштани шаб ба хона мерасидам. Баъзан андеша мекардам, ки наход худо маро барои азоб кашидан офарида бошад, наход ман лойқи танҳо азоб кашидан бошам ва ба хурсандию шодӣ монанди ҳамсолонам ҳуқуқ надошта бошам .
Либосу пойафзоламро хушконида хӯрокамро мехӯрдам, ки аз мондагию бемадорӣ хобам мебурд. Як рӯз дам мегирифтам ва дар намози бомдоди рӯзи душанбе модарам маро аз хоб бедор мекард. Писарам роҳат дуру мушкил аст, хез хӯрокатро хӯрда, ба рафтан омодагӣ бин. Модарам як нон ва кулчаю қандолотро ба миёнам баста, камонамро ба дастам дода, дуои сафар хонда ба корам мефиристоданд. Модарам пинҳонӣ аз падарам ба ҳолу авҳолам мегирист ва мегуфт: «бачам худатро азоб надеҳ, ман аҳволатро дида, дилам реш мешавад. Охир зиндагӣ дар рӯи замин як бор аст ва он дар ягон мағоза ёфт намешавад, ки такроран харӣ. Ба ҳамон ҷои кори пештараат мерафтӣ, ақалан азобу машақататро намедидаму намесӯхтам». Охир тамоми заҳмату меҳнат ба хотири осоиши ҷон мебошад, на ҷон барои заҳмату азоб. Тоқат мекардам ва намехостам амалам мухолифи хоҳиши падарам бошад ва ранҷишро ба бор орад.
Рӯзе ба мактаби мо аз шуъбаи маорифи вилоят комиссия омада ба дарси муаллимон даромада, сифати дарс, ҳаҷми дониши хонандагон ва нақшаҳои кории муаллимонро санҷиданд. Онҳо корҳои санҷишӣ гузарониданд ва баъди хӯроки нисфирӯзӣ таҳлил ва натиҷагирӣ гузаронида аз камбудӣ ва муваффақиятҳои коллектив ҳарф заданд. Аксар муаллимони собиқадорӣ дорои маълумоти олиро танқид карда камбудиҳояшонро шарҳу эзоҳ доданд. Дар бораи сифати дониши синфҳо ва хонандагоне, ки ман дарс медодам таърифу тавсиф карданд. Ин ба он рафиқон нафорида рашкро пайдо карда буд ва вақти қулай кофта истода буданд, то неш зананд. Як рӯз дар муаллимхона ман бо муаллимони ҷавон суҳбат доштам, ки яке аз он аламдорҳо тарафи ман нигариста бо ҷиддият гуфт: “Эй муаллимча, чӣ хурсандӣ дорӣ? Аз натиҷаи тафтиши комиссияи вилоятӣ ва таърифу тавсифи тасодуфии онҳо мефахрӣ? Ту аввал мард шуда маълумоти олӣ гир, пас ба хандидан ва дар паҳлӯи мо кор кардан ҳуқуқ пайдо мекунӣ”. Ман ҳайрон монда чӣ гуфтанамро надонистам ва ҳарчи бештар кӯшиш кардам, ки вазъиятро ором созам.
Акаҷон, устодҷон, муаллим! мебахшед, мо бо шумо кору боре надорем, шумо ва фаъолияти сусти шуморо нахандидем, мо худамон ба гапҳои худамон машғулем. Монанди девори намкаш аз сарҷаъмии мо нам накашед. Ба шумо коре надорем ва ягон ғаразро нисбати шумо дар диламон намепарварем ва ҳамеша устод гуфта муроҷиат менамоем. Пас аз ин боз ҳам бештар ба шӯр омада ба гуфтани суханони қабеҳ оғоз кард. Ман ҳам дигар худро дошта натавониста ба шӯр омада гуфтам: «Мебахшед , ман ба суст баромадани корҳои шумо ягон алоқа надорам ва ҷой сусти шуморо ба комиссия ман нишон надода будам. Вайҳо мутахассисони соҳа буда, бе ёрию мадади касе сустии кори шуморо ёфтанд, айби мо дар чист, намедонам».
Ман маҷбур шудам овозамро баланд карда гӯям: «Мебахшед маълумоти олӣ надорам гуфта, шуморо ҳамчун маълумотдор салиб карда, ба сарам бардорам. Мо ҳам ҷавонем, худо насиб карда бошад хонда соҳибмаълумот мегардем». Ҳамин Шумо хонда соҳибмаълумот мегардед? Барои мисли ман таърихчӣ шудан, миёнатон борик аст ва мешиканад.
Парвои шикастани миёни маро накунед, аз шумо, ки нашикаста бошад, аз ман ҳам намешиканад. Хизмати аскарӣ ва зисту зиндагӣ дар мусофирият миёни маро мустаҳкам ва обутоб додааст. Ин таънаю маломатҳо нангу номуси маро ба дараҷае овард, ки корро моҳи апрел худсарона партофта худамро аз азоби гушнагӣ халос кардам ва барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ омодагӣ диданро сар кардам. Агар дар он қишлоқ ошхона ё буфет мебуд, ки бе миннат аз ҳисоби маоши худам чизе пайдо карда мехӯрдем, мумкин корамро намепартофтам. Падарам маро бисёр сарзанишу маломат мекарданд, ки мо бо як азобу шиносбозӣ барои ту ҷои кор ёфтем, лекин ту моро дар назди калоншавандагони ноҳия шарманда кардӣ. Ниҳоят ман тоқат накарда гуфтам: «Падарҷон» то кай мисли беномусҳо дар ба дари мардум барои як бурида нон гардам, ҳудатон шароити он қишлоқҳоро нағз медонед, лекин чаро раҳм намекунед. Охир шахси номусдор ба хонаи касе бе тӯю марака намеравад, мо бошем барои як пиёла чой баъзе хонаҳоро се-чор маротибагӣ давр задем. Охир ба дари хонае наздик шавем, дастро ба дастаки дари хона расонида, шарм медорем, охир ҳамаи он мардум сербачаю кача мебошанд. Зиндагии худашонро ба зӯр мебаранд, болои он мо барои онҳо чаро бори гарон шавем.
Ин эътирози маро шунида падарам хело мулоим шуд. Чизе дигар нагуфта, бо андеша ба берун менигарист. Ба зодгоҳам баргашта аз забону адабиёти дӯстдоштаам даст кашида, ба омӯхтани барномаи таърих сар кардам. Дар моҳи апрелу май бештар дар хона тайёрӣ медидам, зеро ки замин хунук буд. Моҳи июнро бо китобҳо дар табиати зебои қишлоқ мегузаронидам ва танҳо бегоҳӣ ба хона бар мегаштам. Аз субҳ китобҳоямро гирифта, як бурда нон ва кӯрпачаеро ба миёнам баста дар таги дарахтҳо ба шикам зада то бевақтӣ мехондам. Модарам ҷанҷол мекард, ки чаро барои хӯрок хӯрдан ба хона намеёӣ? Чаро писарам ба ҷони ҷавонат инқадар ҷавр мекунӣ? Аввал омада хӯрокатро хӯру баъд китобатро хон. Ҳеҷ гап не модарҷон, насиб бошад вақти хӯрокро баҳузур хӯрдан ҳам мерасад, ман ба ин боварӣ дорам .
Ҳамин тавр рӯзҳо паи ҳам мегузаштанду тобистони соли 1973 пурра ба дохилшавӣ ба мактаби олӣ тайёр шудам. 25-июл пагоҳӣ ҳамроҳи падарам ба сафар баромаданӣ будем, амакам Ҳакимро, ки ҳамаамон падар ном мебурдем ба дуо додан хастем. Пас аз дуо ва оғӯши гарми падаронаи амакам аз қишлоқ берун шудем, то ноҳия ва аз он ҷо то Сурхсангов пиёда рафтан зарур меомад. Пиряхи Федченко ҳамон сол канда шуда, роҳҳоро шушта буд ва пиёда гаштан зарур меомад, зеро барои гаштани мошинҳо роҳ намонда буд.
Ману падарам аввал назди мудири шуъбаи маорифи ноҳия даромада, дафтарчаи меҳнатӣ, тавсифнома ва пулҳои ҳақи меҳнатамро талаб кардем. Касе дар бораи ман ба мудири шуъбаи маориф тавсифномаи надуруст дода будааст, ки ӯ қариб ба рӯямон нигоҳ кардан намехост. Муносибаташ ниҳоят тунду дағал буд, вале имконияти суханамро озод гуфтан надоштам. Падарам одатҳои маро дониста, аз қабатам дуртар намерафт, ки ман гапамро гӯям.
Ниҳоят як коре карда падарамро фиреб дода бо мудири шуъбаи маориф яка ба яка мондему масъала оҳиста- оҳиста ҳалли худро ёфт. Ҳам дафтарчаи меҳнатӣ, ҳам тавсифнома ва ҳам пулҳои музди меҳнатамро ҳисобӣ карда доданд. Лекин дар охир мудири шуъбаи маориф тарафи ман рӯ оварда гуфт: “Сағераи беандеша будаӣ, оё дигар ба Ванҷ гашта намеоӣ?” Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки дар ҳамин нимсоли фаъолияти кориям ҳамин қадар азоби иқтисодӣ, маънавӣ ва ҷисмию ҷоние кашидам, ки агар худо насиб карда бошаду ба мактаби олӣ дохил шавам дар ҳаётам дигар ёди ин сарзаминро намекунам. Ин сарзаминро бо пуррагӣ ва бо тамоми харсангу ҷариҳояш ба шумо партократу бюрократҳо бахшидам. Дуои охиринашон чунин буд: “Бо чунин рафторат боварӣ дорам, дохил шуда наметавонӣ ва боз бар гашта дар пеши пои ман афтида зорӣ мекунӣ, ки маро ба кор гиред”. Наход рафиқ мудир дар симои ман шахсеро бинед, ки чорқат шуда аз шумо ҷои кор пурсад. Аз он дида дар тобут оромакак хобиданро бароям осонтар мебинам. Дар пеши пои ту ва тубаринҳо хамшудагонро Хайём чунин мефармояд:
Он қавм, ки саҷодапарастанд-харанд,
Зеро ки ба зери бори солус раванд.
В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зуҳд,
Ислом фурӯшанду зи кофар батаранд.
Ман дар ҷавоб гуфтам: “Худо нигоҳ дорад мудир. Наход шумо дар симои ман ҳамин гуна ҷавонро бинед, ки омодаи ба хотири кор дар пеши пои шумо қатъ шуданро дошта бошад. Агар ҳаётам, ҷонам, ризқу рӯзиям аз ту ва тубаринҳо вобастагӣ дошта бошад, марги пуршарафро интихоб мекунаму зиндагии бешарафонаро не ва ҳеҷ гоҳ дар пеши пои шумо намеафтам”. Хотиратонро ҷамъ доред ман ҳеҷ гоҳ дар пеши пои шумо намеафтам ва зорӣ ҳам намекунам.
Ҳаволаатон ба худо. То боздид. “Бигзор ин боздидам бо шумо охирин бошаду ҳеҷ гоҳ ҷамоли дилгиркунандаатонро набинам”- гуфта аз наздаш баромадам. Ҳамроҳи падарам акнун ҳама ҳуҷҷатҳоро тахт карда аз маркази ноҳия бо дили осуда роҳҳро, ки об шушта буд пой пиёда пеш гирифтем.
Тамоми роҳ падарам маро маломат мекард, ки бо одами ба гуфти худашон “бообрӯ” ё « бариш» беҳуда ҷанҷол кардӣ. Дар тамоми сафар падарам маро ҳеҷ ба ҳолам намемонд ва ман дар охир гуфтам, падарҷон агар Ҳофизи ғазалсаро чунин намефармуд, ман чунин рафтор намекардам:
Эй дил ғуломи шоҳи ҷаҳон бошу шоҳ бош!
Охир худатон қазоват кунед, падарҷон ман ягон чизи беҷо нагуфтам, танҳо ҳақи худамро талаб кардам ва бояд ҳамин хел мекардам. Агар Ҳофизи бузургвор шоҳ бош намефармуданд ман ҳам чунин рафтор намекардам ва ба ҳурмати виҷдонам хам шуда пайафзолашро тоза мекардам. Хайр бало ба пасаш писарам, ин гапҳоро фаромӯш мекунем. Бо ҳамин суҳбати мо дар ин мавзӯъ ба охир расид ва аз нозукии баъзе рафтору кирдори инсонӣ падарам дар роҳ қиссаҳо мекард. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки он шахси мансабдор, ки ман ба нафсаш расида будам, на дар дохили ноҳия, на берун аз он ба ман зарар нарасонид. Супориш надода будааст, ки маро маҳбас кунанд ё ба азобу шиканҷа гирифтор созанд. Боварӣ доштам, агар мехост, ин амал пурра аз дасташ меомад, зеро ки ноҳия пурра дар дасти он оила буд.
Рӯзҳои пурташвиши имтиҳонсупорӣ.
Бо азобу машақати роҳ, ки ниҳоят ноҳамвору хатарнок буд нигоҳ накарда, 29-июли соли 1973 бегоҳӣ ба шаҳри Душанбе расидем ва падарам таклиф карданд, ки ба хонаи Сулаймони Шобег рафта шабро дар он ҷо мегузаронем. Дар як вақт бо он кас маслиҳат мекунем, ки то имтиҳонҳоро супорида донишҷӯ шуданат дар хонаи онҳо зиндагӣ кунӣ. Вақте ки вориди хонаи амаки Сулаймон шудем, дар он ҷо дар гирди дасторхон зиёда аз 20-30 одамро нишоста дидем. Ман гумон кардам, ки дар хонаи онҳо ягон маърака ё туй рафта истодааст. Чанде дертар аз суҳбати нишастагон маълумам гашт, ки онҳо ҳамаашон ванҷиҳое мебошанд, ки дар давраи имтиҳонсупорӣ ба мактабҳои олӣ фарзандонашонро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо низ хонаи амаки Сулаймонро макони зисти мувақатӣ интихоб намуда ба ҷое рафтанӣ нестанд.
Ниҳоят амаки Сулаймон рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад дастархон партофта қариб як халта нонро тунук кард ва пас аз хӯрок дар дасторхон чизе боқӣ намонд. Ҳама вақт ин манзара якранг сурат мегирифт ва амаки Сулаймону оилааш янгаи Борони раҳматӣ авзояшон тағир намеёфт. Ин қадар инсонҳоро дарёдил, кушодачеҳра ва меҳмоннавоз ман надидам ва дар умрам дар ҷое во нахӯрдаам. Шабҳо ба ҳама кӯшиш мекарданд ҷои хоб диҳанд ва ба худашону аҳлу байташон курпаю болишт намерасид. Баъзан худашон ба хотири наранҷидани меҳмонон дар даҳлезу ошхона мехобиданд ва болопӯшашон танҳо либосҳои баданашон буданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, боре дар чашми мо наметофт, ки қошу қабоқашон гирифта бошад. Агар тасодуфан кадоме аз меҳмононашон дар сари дасторхон намешуданд, Амаки Сулаймон ташвиш мешуданд ва тез- тез мепурсиданд, ки чӣ гап шуд, куҷо рафта бошад? Он солҳо хоҷагии ванҷиҳо дар шаҳр ангуштшумор буд, лекин ҳама ба хонаи амаки Сулаймон мерафтанд. Дар одати мардуми мо чизеро бо худ бардошта ба меҳмонӣ рафтан нест, аммо амаки Сулаймон мехмонони дасти холӣ омадаро гарму ҷӯшон пешвоз гирифта, боло мегузаронид.
Ҳамин тавр имтиҳонсупорӣ дар мактабҳои олӣ оғоз гардид ва рӯз то рӯз шумораи меҳмонони амаки Сулаймон кам шудан гирифтанд. Дар давраи имтиҳонсупории ман муаллими ҳамкори деҳотам Имати Баҳодур, ки писарашро барои дохилшавӣ оварда буд гувоҳ аст, ки ман чӣ тавр имтиҳонҳои дохилшавиро супорида донишҷӯ шудам. Сифати иншо ва ҷавобҳои даҳонии ман муаллими имтиҳонгирандаро аз фанни забону адабиёти тоҷик чунон ба ваҷҳ оварда буд, ки ҳама корашро партофта ба ман маслиҳат медоданд, ки ба факултети забон ва адабиёти тоҷик гузарам. Пас ман сабабҳои ба факултети таърих омаданамро муфасал нақл карда доданам устод бо ман розӣ шуда дуои нек доданд. Рӯзҳои наздик бояд аз фанни таърих имтиҳон месупоридем. Ташвишам сахт буд, лекин дар кунҷи дилам боварӣ доштам, ки имтиҳонро бо сарбаландӣ месупорам.
Бегоҳӣ Амирбег Шашаев, ки дар синфҳои ибтидоӣ ба мо дарс дода буданду, ҳоло духтари довталабаш Зиётимоҳро ҳамроҳӣ мекард, ба хонаи амаки Сулаймон бар гашт. ӯ як шахси содатабъ ва таърифу тавсифро дӯст медоштагӣ буд. Дар ҳузури ҳамагон бо овози ҷалбкунанда гуфт: «Духтарам Зиётимоҳ, имрӯз ман бо ректори донишгоҳи омӯзгорӣ Қандил Ҷӯраев во хӯрдам. Тамоми фаъолиятатро ба ӯ гуфта додам». Он кас гуфтанд: «Агар барои донишгоҳи мо як донишҷӯ лозим бошад, ҳисоб кунед, ки ҳамон духтари шумост. Беҳуда ташвиш накашед, ҳамаяш нағз мешавад». Аз ин суханони Шашаев оташ дар вуҷудам афтод. Ба худам мегуфтам, ки ана падар ин хел мешавад, ки аз пушти фарзандаш медавад. Падари ман чӣ, касеро намешиносад, ки дар ҷараёни имтиҳонҳои ман восита кунад. Бо ҳамин андеша ва хотири ранҷида сар ба болин мондам. Хобам намебурд, гуфтаҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ ва дағалиҳоям пеши хотирам меомаданд.
Пагоҳӣ аз хоб хеста наҳорӣ хӯрда, ҳарчи бодо бод гуфта, роҳи донишгоҳро пеш гирифтам. Дар ҳавлии донишгоҳ каме интизорӣ кашида будам, ки тавассути баландгӯяк ному насабамро гирифта ба даромадан даъват карданд.
Даромада билетро гирифтам ва устодон бо панҷаашон нишон доданд, ки аз он ҷо мувофиқи хоҳишат варақи тоза гирифта гузашта шин. Ман билетро як аз назар гузаронида, хоҳиш кардам, ки агар мумкин бошад нонишаста ҷавоб диҳам. Не писарам анча сабр кунед, дигарон дар навбатанд гуфта маро ба нишастан фармоиш доданд. Лекин пас аз пурсидани донишҷӯи дар наздашон буда, маро даъват карданд. Дар ин ҳолат Шашаева Зиётимоҳ билет гирифта ба гӯшае гузашта нишаст. Тамоми саволҳои дар билет бударо системанок ва пай дар пай гуфта истода будам, ки устод шуд гуфта, саволи иловагӣ надода варақчаи имтиҳониро ба дастам дод. Шумо равед, ба шумо дигар савол нест. Ман гумон кардам, ки ғалтониданд, дарро базӯр кушода берун баромада, нобоварона варақаи имтиҳониро кушода бинам, баҳои аъло мондаанд. Варақаро қатъ карда ба бағалам гузошта берен баромидам. Падарам ҳамроҳи Додов Ёдгор ва Имати Баҳодур баромаданамро интизорӣ мекашиданд. Баробари ба онҳо расиданам суол карданд, ки шерӣ ё рӯбоҳ, ман ҷавобе надода таклиф кардам, ки биёед то баромадани дигарҳо ба чойхона даромада як пиёлагӣ чой нӯшем.
Падарам пешпеш мо аз пушт ба чойхонаи донишгоҳ даромада, дар атрофи миз дасторхон карда нишастем ва падарам ба ман рӯ оварда пурсид, ки кани ҳамон коғазе, ки ҳар вақт имтиҳон медаромадӣ. Ман шӯхиомез гуфтам, ки дар ин имтиҳон чунин коғаз надоданд. Туро ғалтонданд. Бо кадом рӯю дидаат ба Ванҷ бар мегардӣ? Чӣ тавр пеши мудири шуъбаи маориф медароӣ? Писарам нисбати чунин мардони мансабдору обрӯманд муросокор будан зарур, аммо ту андешаи чунин рӯзҳоро накарда кашталгирӣ кардӣ. Пас аз чунин маломат шунидан, варақаи имтиҳониро бароварда ба падарам додам ва ҳаминро мепурсед гуфтам. Падарам варақаро аз назар гузаронида чунон хандаи ширине кард, ки чеҳрааш то ҳол дар пеши хотирам истодааст. Тамоми имтиҳону санҷишҳоро супорида аз мандат гузашта донишҷӯ шудам ва ин яке аз рӯзҳои беҳтарини ҳаёти ман буд.
Худи ҳамон рӯз ҳамроҳи ҳамкурсам Мухторҷон Додобоеви Конибодомӣ дар кӯчаи Пушкин хонаи иҷоравӣ ёфтем ва шартномаю қарордод карда шуд. Аз бозор гӯшт, биринҷ ва дигар маҳсулотҳо харидорӣ карда ба хонаи амаки Сулаймон рафтем, то ки як зиёфат ташкил карда ба онҳо изҳори минадорӣ карда ва хоҳиш намоям, ки нону намакашонро бахшанду ба ман дуо диҳанд, ки хона ёфтаму онҳоро дигар азоб намедиҳам. Пас падарам дилпур шуда бо ман хайрухӯш карда дуои нек дода ба сафари қишлоқ баромад. Ман пас аз дуои неки падар аз ӯ хоҳиш кардам, ки дуою саломи маро ба мардуми қишлоқамон бирасонанд.
РӮЗҲОИ ХОТИРМОНИ ДОНИШҶӮӢ
Ҳамин тавр пас аз адои хизмати ҳарбӣ ва азобу машақати муаллимиам дар қишлоқи Ван-ван ҳаёти донишҷӯии ман дар ҳолати пухтатар шуданам оғоз гардид. Дар гурӯҳи мо донишҷӯён аз оилаҳои гуногун ва аз минтақаҳои гуногун буданд. Ҳолати иҷтимоӣ – иқтисодӣ, маданӣ ва маърифатияшон ҳам гуногун буд. Ман мушоҳидакорона ба ҳама чиз, ба ҳама шишту хез, муошират, муносибати баҷаҳо бо диққатона назар карда, амалҳои хубро чида мегирифтам ва сармашқи кору зиндагиям менамудам. Устодони ниҳоят сахтгиру дорои ҷаҳони васеи маънавӣ монанди Маҷлисов О.Р, Ғуломов С, Насриддинов С, Одилов Н.Ф, Вазиров З, Гулахмедов М, Хонсуварова М.Ҷ, Нарзуллоев С, Акрамов Н, Шерғозиев, Сангинов, Намакшинос М.А ба мо дарсӣ донишу зиндагӣ меомӯхтанд ва ҳар лаҳза суханони Соийб пеши хотир меомад, ки гуфтааст:
Дил бинолад аз хатом чашиҳо,
Аз хатом шоҳ мемирад гадо.
Айби устод аст, агар роҳ гум занад,
Ба чароғи маърифат шогирдҳо.
Бо чунин устодон мо донишҷӯён боварии комил доштем, ки ҳеҷ гоҳ роҳгум нахоҳем зад ва фаъолияти онҳоро сармашқи кору зиндагӣ сохтан ҷоиз мебошад.
Устодон Раҳимов Баён, Раҳимов Хайрулло, Одилов Н.Ф, Насриддинов С, Акрамов Н як хусусияти ҷалбкунии диққат ва мафтунсозӣ доштанд. Баъзан Нарзуллоев С. дар лексияҳояшон ҳамин қадар факту рақамҳоро меовард, ки мо ба тавоноии хотираашон қоил мешудем. Устод Салимов Нуриддин худашон зебо, гуфторашон нарму ҳалим ва дар лексияҳояшон ягон калимаро такроран ба забон намеоварданд. Онҳо дар мо ҳисси тақлид, пайравиро бедор мекарданд. Устод Насриддинов С. дарсҳояшонро аз адабиёт ба он андоза васеъ ва образнок мегузарониданд, ки мо ба олами ишқи “Лайлӣ ва Маҷнун” худро ворид гардида меҳисобидем ва аз ҳама бештар садо додани зангро бад медидем. Намехостем, ки дарсашон тамом шаваду устод аз байни мо баромада раванд. Ҳамин тавр мо ҳамкурсон, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳури будем, дар якҷоягӣ дар дарс, дар хобгоҳ ва нишастҳо ба ҳам мисли фарзандони як падару модар тарафт наздик мешудем. Тамоми дорогию нодорӣ, серию гуруснагӣ ва талхию ширинии зиндагиро бо ҳам медидем. Соли дар курси якум хонданамон моро хело барвақт ба пахтачинӣ ба ноҳияи Ёвон сафарбар карданд ва мо қариб ҳамдигарро намешинохтем. Ҳамагӣ баъди имтиҳон ва мандат мо 4- рӯз бо ҳам будем. Дар давраи шӯравӣ масъалаи пахта ниҳоят ҷиддӣ ва қисми таркибии сиёсати давлат дониста мешуд. Дар ин мавсим қариб касеро дар кӯчаю бозор дидан мумкин набуд ва касе аз ин маъракаи сиёсӣ сар печида наметавонист.
Дар майдони пахтазор мо писару духтарон дар якҷоягӣ пахта мечидем, дар бардошта овардан, бар кашидан ва ба хирман рехтани пахтаи духтарон писарон ёрии худро мерасонидем. Ҳамин тавр, байни ман ва як духтараки зебочеҳраи хуш андоми бодомчашми писталаб нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд. Чунин менамуд, ки як зарба қалбамро сӯрох ва ҷигарамро пора намуда гузашта рафт. Соат ба соат сабру қарорро аз даст медодам ва ҳамеша фикру хаёлам аз паси ӯ буд. Рӯзе ҳамроҳи дӯсти наздикам Додҷонов Мухтор дар ин бора изҳори ақида карда иқрор шудам, ки ман вайро дӯст медораму ба худаш дардамро гуфта наметавонам. ӯ маслиҳат дод, ки натарс, дар танҳои ҷуръат пойдо карда дардамро гӯй. То фаҳмад, ки касе ӯро дӯст медорад ва ба дигарон имконияти наздикшавӣ надиҳад. Онҳо ҳам дар бораи мо фикр мекунанд, маъқул мешавем, дӯст медоранд, аммо шарму ҳаё намегузорад, ки гӯянд.
Баъзан ишқу муҳаббат ноайён ва пинҳон мемонад. Ҳар бегоҳ баъди хӯрок ва маҷлиси ҷамъбастии натиҷаи чиниши пахта дар майдони назди ҷои хобамон консерту хурсандӣ баргузор мегардид. Аз сабабе, ки ман навозандаи хуби асбобҳои миллӣ будам, духтарон назди муаллимон рафта хоҳиш мекарданд, ки маро вазифадор кунанд, ки барояшон мусиқӣ навозам. Пас аз диламро бохтан, ҳатто ҳаваси мусиқи навохтан аз вуҷудам берун шуда буд ва мехостам бештар танҳо бошаму дар олами хаёлот бо ӯ сӯҳбат кунам.
Устод Нарзуллоев Саъдулло, ки бароям ниҳоят арзиши баланд дошт, омада маро ба зӯрӣ ба майдон мебаровард, ки оҳанге навозаму рафиқон хурсандӣ кунанд. Аҷиб он буд, ки менавохтаму лекин фикру хайёлам дар дигар ҷой буд ва ҳеҷ чиз дар чашмам наменамуд.
Ҳамон духтарак, ки барои рақс ба майдон мебаромад мусиқӣ, оҳанг ҳам нолишӣ рубоб ва зебогии майдону доираи нишастагонро ҳис мекардам. Зиндагӣ ҳамин тавр давом мекард ва рӯзе ҷуръат пайдо карда он духтарро аз дигарон ҷудо карда ба як гӯшаи пахтазор бурдам. Фақат аз ин сиру асрори ман Мухтари Додоҷон огоҳ буду халос.
Ман дар танҳоӣ ба кушодани дарди дилам оғоз кардам. Он духтар бо оромӣ тамоми суханони маро гӯш карда, дар охир ҷавоб дод, ки доири ин маъсала ҳоло фикр кардан барвақт аст. Хондан ва маълумотгирӣ дар пеш истодааст. Биё доир ба ин масъала ягон бори дигар гапзанон мекунем, зеро ки мо ҳоло ҳамдигарро нағз намешиносем. Биё ҳоло дар ин бора гап намезанем, майлаш. Ман ҳам бо аломати розигӣ сарамро ҷунбонидам. Ман ҳоло оиди ин масъала ба ту ягон чиз гуфта наметавонам, ин масъаларо падару модарам ҳал мекунанд. Чизе онҳо гӯянд ҳамон мешавад, ман аз гапи онҳо берун баромада наметавонам. Ман ваъда додам, ки дар вақти зарурӣ ва қуллай назди онҳо рафта розигияшонро мегирам. Рӯзи дигар ба пахтачинӣ баромадем ва дар хатакҳои ба ҳам наздик то бегоҳӣ пахта чидем. Тасодуфан ҳамон рӯз духтар касал шуд ва дугонаҳояш, ки моро ҳамроҳ дида буданд гапҳои мешуданию намешуданиро бофта бароварда маҷлису муҳокимаи пай дар пайро сар карданд. Онҳо ҳуҷҷати пешниҳодӣ ба ректори донишгоҳ оиди хориҷ кардани ман тайиёр карда буданд. Ҳамон лаҳзаҳо дар чашми духтарон мани бечора чун террорист менамудам. Сардори гурӯҳамон Алихонов Ҷамшед, ки нисбати ҳамаамон калонсол буданд, таклиф карданд, ки биёед, эй рафиқон шармандагӣ наандозем. Шумо пеш аз хама ҳаёти духтарро фикр кунед, ҷавонро агар хориҷ кунанд, донишу лаёқати хуб дорад ва оянда дар ҷои дилхоҳаш ҳуҷҷат супорида мехонад. Аммо ҳаёти дугонаатон чӣ мешавад? Оё шумо сари ин масъала ягонтаатон фикр накардед? Аз ин суханони Ҷамшеди Алихон духтарҳо ором гирифтанд ва ниҳоят Мусаллама пурсид, набошад чӣ кор кунем?
Ҷамшед гуфт: «Ҳардуяшон зинда ва дар байнамон ҳузур доранд, биёед аввал аз онҳо пурсем. Дар назди мо ваъда диҳанд, ки ҳамдигарро дӯст медоранд ва мехоҳанд бо ҳамдигар оиладор шуда оилаи солим ташкил диҳанд, бо ҳамин ба ин масъала нуқта мегузорем». Пас масъаларо ҳалшуда шумореду дигар ба ин масъала бар нагардед, ки айб мешавад. Ҷамъомадгиҳо бо ин савол ба ман рӯ оварда пурсиданд, ки ту барои ин духтарро ба занӣ гирифтан розӣ ҳастӣ? Ман ҳозирҷавобӣ карда гуфтам, аввал аз духтар пурсед, ки оё ӯ мехоҳад бо ман оила ташкил дода зиндагӣ кунад. Пас ман фикрамро мегӯям, охир ман ба куҷое нагурехта истодам. Ҳоло бошад ман ба шумо чизе гуфта наметавонам, то аз забони ӯ фикру мулоҳизаашро доир ба ин масъала нашунавам. Духтар бо гулӯи гирифтаи гиряолуд ризоияти худро изҳор намуд. Садри маҷлис ба ман рӯ оварда пурсид, кани домод шумо чӣ мегӯед? Ман бо ҳурмату эҳтиром аз ҷоям хеста гуфтам, шумо ҳоло сабр кунед, ман тобистон дар таътил ба қишлок рафта аз падарау модарам пурсида ҷавобашро ба шумо омада мегӯям. Аз ин ҷавоби ман духтарҳо ба шӯр омада, аризаашонро гирифта баромаданӣ шуданд. Ҷамшед дар мобайн даромада вазъиятро ором кард. Бори дигар масъаларо ба миён гузоштанд ва ман хоҳиш кардам, ки аввал аз духтар пурсанд. Садри маҷлис ба ман рӯ оварда гуфт: «Чӣ кар ҳам шудаӣ, охир навакак духтар розӣ буданашро иброз дошта буд». ӯ маро мехоҳад, намехоҳад ин ба мо маълум шавад, фикрамро ман баъд мегӯям. Доварон баз ба духтар муроҷиат карданд ва ӯ бо қиёфаи гиряолуд « ҳа» гуфт. Пас боз такроран навбати ман расид, ман суханро тавре сар кардам, ки гӯё дар съезди ҳизби коммунистӣ маърӯза мекарда бошам. Намедонистам суханамро аз чӣ оғоз карда чӣ тавр анҷом бахшам ва гуфтам, ки барои ҳар як ҷавон давлати бузург аст, агар духтар ӯро интихоб кунад. Имрӯз дар ҳузури шумо ман интихоб шудам, ки ниҳоят сарфарозам ва орзӯ мекунам, ки ҳар яки шумо низ ба ин рӯзи нек расед. Ман ҳам дар навбати худ розӣ буданамро баён кардаму ҷонам аз муҳокима ва маҷлисбозӣ халос шуд. Дар зиндагӣ бахту тақдир фикр мекунам бо мон чӣ қадар бозиҳои талх кардааст. Лекин ба монанди Хайём шукр мегӯям, ки фармудааст:
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
Гар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисову зуннор бас аст.
ФАЪОЛИЯТ ДАР БРИГАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ БИНОКОР
Соли 1974 дар курси дуюми факултети таъриху- филологияи ДДОТ ба номи Шевченко таҳсил доштем, дар мавсими пахтачинӣ мо аз ҳисоби тамоми факултаҳои донишгоҳ бригадаи донишҷӯёни сохтмончиро дар ҳайати 72 нафар ташкил дода, ба сохтмони шаҳри Норак рафтем. Норак дар он рӯзҳо яке аз шаҳрҳои бисёрмиллати ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Маро сарвари ин гурӯҳ таъин карданд ва дар андеша будам, ки боварии роҳбарияти факултаро ба ҷо оварда метавониста бошам ё не? Ҳозир синнамон ба ҷое расида, гоҳ- гоҳ он рӯзҳо пеши хотир меоянд, ки то кадом андоза ин тадбирҳо характери баланди тарбиявӣ доштанд. Дар чунин бригадаҳо ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, дӯстию рафоқат, масъулиятшиносӣ, худзоҳиркунӣ тарбия меёфтанд. Дар шаҳри Норак як гурӯҳ донищҷӯёнро ба нерӯгоҳи барқӣ, як қисмашонро ба хонаи маданият, қисми дигарашонро дар фантану роҳсозӣ сафарбар кардем. Аз субҳ то шом кор меҷӯшид ва ҳама донишҷӯён бо азму хоҳиши баланд кор мекарданд ва ба зиндагии мустақилона омода мегардиданд. Макони зисти моро «Шаҳраки донишҷӯён» ном мебурданд ва пас аз тақсимоти пагоҳирӯзӣ ва ба кор фиристодани донишҷӯён, мо як гурӯҳ кормандони маъмурӣ оромона нишаста, наҳорӣ мехӯрдему пас барои тафтиши қитъаҳо мебаромадем. Корҳоро ҳаматарафа дида баромада, масъалаҳои кориро ҳал карда, барои хӯроки нисфирӯзӣ ба шаҳрча меомадем. Дар давраи хӯроки нисфирӯзӣ як шахси тануманди хирсмонанди ӯзбак бе ягон даъвату таклиф пайдо гардида, дар паҳлуямон нишаста, табақро пешаш кашида, гӯё маҳсули меҳнати худаш бошад, то охир мехӯрду бе ягон дуою хайрухуш ғайб мезад. Пагоҳ ва рӯзҳои минбаъда ҳам ин манзара якранг такрор меёфт ва мо ба ҳамдигар нигоҳ карда донистан мехостем, ки ин фалокат шинос ё хешу табори кадоме аз мо бошад? Чанде дертар фаҳмидем, ки ӯ як шахси аз озодӣ маҳрумшуда ва маҳбасии колоннаи ислоҳотӣ будааст. Дар ҳар нишасташ барои дилхушии мо ё тарсониданамон зӯрию тавоноияшро таърифу тавсиф карда, аз миёнбандаш кордеро берун оварда, нишон медод, ки бо ҳамин корд як тоҷикро имрӯз захмин кардааст ё куштааст.
Ҳар рӯз ҳамин манзара такрор мегардид ва мо пеш аз омадан ва хӯрдан шурӯ карданаш мефаҳмидем, ки боз ҳамон корди тоҷиккушашро ба мо намоиш медиҳад ва аз кушта шудани ягон тоҷики бечора боз моро огоҳ менамояд ва дар натиҷа чунин ҳам мешуд. Ин амал торафт нафрату номуси маро ҳамчун як фарди кӯҳистонӣ бедор мекард. Ҳамеша як лаҳза аз «Баҳористон»-и А.Ҷомӣ пеши хотирам меомад, ки туркеро гуфтанд: Кадомро дӯсттар дорӣ, ғорати имрӯзаро ё биҳишти фардоро? Гуфт: – Имрӯз даст ба ғорат бизанам ва чизе биёбам, бибараму рӯзгор кунам ва фардо омода бошам, ки бо Фиръавн дар оташ дароям. А. Ҷомӣ барои исботи фикраш мисраеро меорад, ки матлааш чунин аст:
Он шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,
Гуфт бо воиз, ки он ҷо ғорату тороҷ ҳаст?!
Гуфт: «Не». Гуфто: «Батар бошад зи дӯзах он биҳишт»,
К-андар ӯ кӯтоҳ бувад аз ғорату тороҷ даст.
Дар чандин нишаст кӯшиш кардем, ки ӯро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ҳалимӣ, меҳрубонӣ тарбия намоем. То ҷояшро фаҳмад ва суханонашро форам ва гӯшнавоз баён намояд. Беҳуда будани заҳматамон моро ҳар чӣ бештар ба ақидаи А.Ҷомӣ наздик меовард, ки фармудааст:
Ҳеҷ суде накунад тарбияи ноқобил,
Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.
Сабзу хуррам нашавад аз нами борон ҳаргиз,
Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш.
Ин дафъа, баъди аз наздамон рафтани он марди манғит, ман ба Саъдуллои Кӯлобӣ, ки бисёр ҷавони далер, зебо ва бебок буд, гуфтам: « Пагоҳ агар рӯзи охирини хаёти ман бошад, бигузор бошад, лекин ман бо он одами тоҷиккуш майдон мекунам». Шумо ҳам намояндаи миллат ҳастед, агар нангу номус дошта бошед маро дастгирӣ кунед. Маҷбур намекунам, ихтиёратон, лекин агар он шахси азимҷӯсса маро кушад, мурдаамро бесоҳиб намонед. Як бало карда ба назди падару модарам ба зодгоҳам бо ҳамин суроғаи дар варақ навишташуда бурда супоред. Тамоми воситаю монеаҳои роҳ, ному насаби хешовандонамро навишта ба дасташон додам. Онҳо аз ҳар тараф монеъ шудан мехостанд. Ин корро накунед, охир ту намебинӣ, ки ӯ маҳбасӣ аст. Аз тарафи дигар, қаду қомат ва ҷуссаи ӯро бин, худи деви тайёр. Агар ҳамаамон замбурвор ба ӯ часпем, бовар кунед аз дастамон саломат ва безарар мебарояд гуфт Абдулазиз. Мо намехоҳем, ки дар лагери мо ҳодисаи нохуше рӯй диҳад ва донишгоҳ бадном шавад илова намуд Ҳаннон. Майлаш, аз бепарвогии ману шумо миллати мо Самарқандро дод, Бухороро бахшид, ин ношуд ҳатто моро ҳамчун тоҷик, ҳамчун инсон ба инобат нагирифта, дарк намекунад, ки дар куҷо мавқеъ дорад ва чӣ ва бо кӣ гуфта истодааст. Бори дигар ба онҳо рӯ оварда гуфтам: «Бародарони азиз, таърих ин муросокорӣ ва тарсончакии моро намебахшад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки чунинҳо аз табиати мо истифода мебаранд. Ин рафтори мо худнобудкунӣ ва бегонапарастӣ ном дорад».
ӯро бинед, парво надорад, ки дар кадом сарзамин зиндагӣ карда, нони киро хӯрда истодааст ва пос доштани намак чист? Салмони Савоҷӣ дар ин бора фармудааст:
Зуд бигирад намак сурати он кас, ки ӯ,
Нону намак хурду рафт, нону намакдон шикаст.
Як даҳон нон одамонро ба ҳам меорад, дӯстию бародариро қавӣ мегардонад, аммо ин манғит бештар аз ду ҳафта нони моро мехӯраду ҳеҷ хунаш бо хуни мо омезиш намеёбад. Дар қулайтарин шароит омода аст, ки зарарашро расонад, ки шоир барҳақ фармудааст:
Сад ҳазор андеша кун, дар интихоби дӯсти худ,
Бо рафиқи хуб нишастан тоҷи давлат будааст.
Аз рӯи рафтор ва кирдори ин ҷавон маълум гардид, ки ӯ рафиқшинос набудааст ва луқмаашро бо зӯрию таҷовуз ва дилозорӣ пайдо менамудааст. Ҳамеша нақлу ҳикоёташро аз тоҷике гапгардонӣ кард, задам, куштам, мегӯяду шумо бошед, аз тарс механдеду гапашро об медиҳед. Пагоҳ боз дар ҳамон вақти муқаррарӣ хӯрокро кашида буданд, ки меҳмони нохондаи мо ҳозир шуда якпаҳлӯ зад ва табақро гӯё аз меҳнати ҳаққу ҳалоли худаш бошад, наздаш кашида хӯрдан гирифт.
ӯ на парвои гуфтаи бузургон дошт, на парвои мавқеи ҷамъиятиаш, ки шоир Нозирҷони Боҳирӣ дар бораи чунинҳо гуфтааст:
Зи саҳви бахт буд ё ҳазли тақдир,
Миёни лолазорон шӯрае руст.
Ба атрофаш назар афканду пиндошт,
Ки ҳусни лолазор аз ҳастии ӯст.
ӯ қобилияти саҳви бахт ё ҳазли тақдир буданашро дарк кардан надошт ва гумон мекард, ки зеби ин махфил ва нишаст танҳо ӯст. Атрофиён, ки аз қавли дода ва мақсади ман огаҳ буданд, дар як ҳолати аҷибе ҷойгир буданд. Кас аз ин манзара ҳис мекард, ки хамагон чизеро интизоранд. Ниҳоят, баъди як- ду луқма хӯрдани нон, он меҳмони нохонда бо виқор бо мақсади дилхушӣ ё тарсониданамон ба нақл даромад. Ҳозир дар қишлоқи Тутқавул будам, як тоҷик гапгардонӣ кард, теға кашида рӯдаҳояшро резондам. Як ҳавзчаи хун пайдо шуд, зану марди ҳамсоя баромада шавқун карданд, як дод зада пеш давидам, тоҷикҳои тарсончак гурехтанд. Худатон бинед гуфта, кордро ба болои дасторхон ҳаво дод, ки дар ҳақиқат корд хунолуд буд.
Акнун гапаш нав ба анҷом расида буд, ки графини пуробро бардошта чунон ба фарқи сараш задам, ки аз графин ному нишон намонд. ӯзбак ҳам монанди ҳайвони захмин аз болои кат ба замин афтода, дар болои хок бо ҳузӯр мехобид. Аз сари он марди тануманд бо ҳар нафасгирӣ хун ба монанди фантан фаввора мезад. Атрофиёну шоҳидони ҳодиса ҳама сарсону саргардон буданд, духтури отряд аз ҳама дида серташвиш буд. ӯ беихтиёр ва тез- тез такрор мекард, агар мурад, мо чӣ кор мекунем? Ман онҳоро тасалли дода мегуфтам: «натарсед, ин одам бақувватай, намемурад, ҳам худаш ва ҳам сараш зеби задан дорад ва агар зинда монад мумкин хулоса бароварда, тоҷиккуширо бас кунад».
Он манғити тануман дар чунин ҳолат дар болои замин хеле хобида, истироҳати хуб кард, тахминан баъди 1-2 соат ба худ омад ва ба ҳайрат ба атрофиён нигариста, саволи аввалинаш чунин буд, ман дар болои кат будам, чаро ҳоло дар болои хок хобидаам?
Намедонам, худат гуфтӣ, ки баландиро чандон дӯст намедорам ва аз сабаби арзандаи баландӣ набуданат ва паст будани хоку хокдонат ба пастӣ фаромадӣ. Худат фаромада будӣ, наход дар хотират набошад. Дар ин бора Чӯпон Бадали Ванҷӣ фармудааст:
Суханро аз баландии мақоми ақл бояд гуфт,
Набахшоянд дар маҳфил зарифон харфи беҷоро.
Харобии асаб меоварад ҳарфе, ки нобарҷост,
Намонад роҳравӣ кафше, ки танг асту занад поро.
Ҳама чизи ҷаҳонро нусхаи аслаш бувад зебо,
Асо асло нагирад ҷои пои марди якпоро.
Ин одам аз рӯзи аввал, маълум буд, ки арзандаи махфили мо набуд ва ҷояшро нодуруст интихоб карданашро намедонист. Ман барои он, ки он шахс аз мо наранҷад ва «дӯсти»- и нав оғозёфтаистодаамон аз байн наравад, гуфтам, ки ту дар боло будӣ, лекин офтоб таъсир кард ё май, ки ба поён фаромадӣ. Пас, он марди азимҷӯса дасташро ба фарқи сараш бурда, варамеро дар сараш ёфт. Ба мо рӯ оварда пурсид, ин варам аз куҷост? Ман ба ӯ шарҳ дода фаҳмонидам, ки ин бо айби худат шуд. Бо мо сахтии саратро таърифу тавсиф карда шарт бастӣ, ки ман бо ҳамин сараи бемағзам ҳамон дарахтро зада меафтонам. Бо суръати баланд ба он дарахт давида задию ба ин ҳол гирифтор шудӣ. Мо барои он ки зери шоху барги дарахт намонем, як қадар дур гурехта пинҳон шудем. Пас аз зарбаи якум чунон садое баромад, ки мо қариб ҷанозаатро хонда будем. ӯзбак норозиёна аз ҷой хеста, пушташро афшонда, роҳашро пеш гирифт ва ин нишасти охиринаш дар доираи мо буд.
Ба мо дигар маълум нашуд, ки боз чанд тоҷики дигарро кушта бошад ё аз
дасти тоҷики меҳмоннавози бо нанге кушта шуда бошад. Ҳамон сол бо даву тоз ва ҳақиқатҷӯию ҳақталошии ман донишҷӯёни бинокор 600-800 сӯмӣ музди меҳнат гирифтанд, ки ин боиси хурсандии донишҷӯён буд.
БЕМОРИИ СУЛАЙМОНИ КАРИМ
Сулаймони Карим аз ноҳияи Қумсангир буд ва дар байни донишҷӯёни гурӯҳи мо аз ҳамаамон ҷавонтару ҷисман хурдтар буд. ӯ ниҳоят ҷавони ростқавлу ростгуфтор ва рафтору кирдори ниҳоят ба худаш хос дошт. Аз рафтору кирдораш ҳис карда мешуд, ки то ҳоло аз ҳиллаю найрангҳои шаҳриёна бехабар аст. Аз майдатарин амали ношоями рафиқон меранҷид ва маъюсу ғамгин мегашт, фиребу найранг дар ҷисми ӯ умуман вуҷуд надошт. Интизоми хуб дошт ва ниҳоят заҳматкаш буд соатҳои дарози вақти холиашро дар таҳлил ва мутолиаи китоб мегузаронд. Дар мавсими пахтачинӣ ҳамеша пешсаф ва қариб баробари як техника пахта мечид. Дар ҳолати маҷбурию тангдастӣ бо суръате медавид, кик асе ба ӯ расида наметавонист.
Соли 1974 дар қатори дигар донишҷӯён ӯ ҳам дар ҳайати бригадаи донишҷӯёни сохтмончӣ ба Норак сафар карда, бо як майлу хоҳиши калон дар майдони набард меҳнат мекард.
Як рӯз ба онҳо супориш дода шуда буд, ки ба хонаи маданият рафта, ҳамроҳи мутахассисони мармарчини Россия кор кунанд. Аз Сулаймон Каримов хоҳиш кардам, ки дар он ҷо ба 17 нафар донишҷӯён роҳбарӣ намояд, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Сулаймон бо эҳтиром гапамро қабул карда, парво накунед, ман худам назорат мекунам, шумо ташвиш накашед ва дигар корҳоятонро дида бароед.
Соати 10 аз маҷлиси назди сардори қитъа Турғунбоев баромада мақсад гузоштам, ки даромада фаъолияти сохтмончиёнро дар хонаи маданият мебинаму баъд ба нерӯгоҳи обӣ меравам. Даромада бинам ҳама саргарми коранд, садои арраи сангбурӣ дар фазо танинандоз аст ва имкони сухани ҳамдигарро шунидан намедиҳад. Назаров Амриназарро (рӯҳаш шод бод) пайдо карда аз Сулаймон пурсидам. Сулаймон каме аз вазъи саломатиаш шикоят карду намедонам ҳоло дар куҷо бошад.
Нуров Гулмаҳмад бо Ҳаитбойю Абдулазиз тахтасангҳои буридаро дар китф бардошта, дар рӯ ба рӯям пайдо шуданд ва аз онҳо дар бораи Сулаймон пурсон шудам ва фаҳмидам, ки аз беморӣ шикоят карда дар ошёнаи дуюм машғули кор аст. Ҳамаро таъкид кардам, ки ман ҳоло назди Сулаймон меравам ва шумо дар вақти баргаштанатон аз назди мо гузашта танҳо гӯед, ҳа, Сулаймон, чаро рангу рӯят паридагӣ, чӣ шуд. Онтарафашро ман худам дар нақш даромада мебозам. Ман фавран наздаш баромадам ва бинам тахтасангеро бардошта омада истодааст.
Ҳа, Сулаймон, бачаҳо саломатиаш нест гуфта истодаанду, ту бошӣ, барои худнамоӣ ин тахтасанги калонро бардошта гаштӣ, ки роҳбар бинаду офарин гӯяд. Чӣ шуд, бародари азизам Сулаймон? Сулаймон фавран тахтасангро ба замин гузошта, гуфт: « бовар кунед, дар ҳаётам ҳеҷ гоҳ бемор нашудаам ва намедонам беморӣ чист. Лекин имрӯз як тахтасанги мармарро бардошта назди устоҳо мебарам гуфтам, ки раги китфам се маротиба парида бехудиро дар ҷисмам ҳис кардам. Рости гап, хеле тарсидам, ки боз ягон ҳодиса нашаваду дар мусофирӣ ва дур аз хешу табор танҳо монам». Дар вақти гуфтугӯи ману Сулаймон, бачаҳо ҷамъ шуда ва кадоме, ки меомад, ҳа, Сулаймон, ба ту чӣ шуд, ки рангу рӯят ин қадар паридагӣ, авзоят беҷо? Ин ҳолпурсии фармоиширо бачаҳо ниҳоят зебо иҷро карданд ва Сулаймон ҳеҷ пай бурда наметавонист, ки ин ғамхориҳо ба хотири чӣ бошад.
Ба Назаров Амриназар ва Мирзораҳматову Юсуфҷонов супориш додам, ки ҷои хуби нишаст муҳайё кунанду Сулаймонро шинонда хестану гаштан намонанд. Аз ин ташвиши сохтаи мо Сулаймон хело ноумед гардида, пай дар пай оҳи сӯзон мекашид. Ба атрофиён рӯ оварда гуфтам: охир, Сулаймон қишлоқӣ ва оқибати масъаларо намефаҳмад, шумо чӣ? Натавонистед ба ёрии таъҷилӣ занг занед? Охир штаб он қадар дур нест, қариб ман бехабар мемондам. Ягон ҳодисаи нохуш шавад дар назди маъмурияти Донишгоҳ чӣ мегӯем?
Риштаи суханро ман ба даст гирифта, гуфтам: «Бачаҳо аввалан бо бемор ва беморӣ шӯхӣ намекунанд. Ман дар ёд дорам, ки се чор сол пеш пагоҳӣ амакам аз хоб хеста, хабар дод, ки раги гарданам парида истодааст. Ду дақиқа нагузашта буд, ки ғалтида дар пайи ҷонсупорӣ шуд». Духтури дертаррасида ҷисмашро муоина карда гуфт: «агар аз ҷояш хеста намегашт, ягон гап намешуд, лекин беэътиноӣ кардед». Сулаймонро шумо болои даст гирифта то духтури шаҳрчаи донишҷӯён баред ва куҷое монда шудед, дар замин шинонед, нагузоред, ки пояш ба замин расад ё дар пояш рост истад. Ман худам пешакӣ рафта шароитро муҳайё месозам. Эҳтиёт шавед, ки ман ин кори масъулиятнокро бовар карда, маҳз ба шумо супоридам. Эҳтиёт шавед ва бо ҳеҷ ваҷҳ намонед, ки бо пояш рост истад ё қадам монда гардад.
Ман рост ба назди духтур шаҳраки донишҷӯён даромада, вазъиятро нақл кардам ва нақшҳоро дар байнашон баробар тақсим намудаму ҳама интизори Сулаймон буданд. Дере нагузашта, Абдулазиз ҳамроҳи Амриназар ва Шомиддину Камол беморро бардошта оварданд ва бо эҳтиёти хоса ба курсӣ шинониданд.
Тамоми ҳайати хизматрасонии тиббии шаҳрак, ки дар он ҷо буданд як- як омада ҳолпурсӣ мекарданду худро ғамгин нишон медоданд. Аз байн касе таклиф кард, ки биёед, рафта падару модарашро гап занем, ки боз ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳаду мо гунаҳкор нашавему боиси хафагии авлодонаш гардад. Аз ин гуфтаҳо Сулаймон қариб тамом шуда буд, аммо барои вазъиятро тағйир додан духтур гуфт: «Биёед, то пагоҳ тоқат кунем, мардумро сарсону саргардон кардан чӣ зарурият дорад?». Сулаймонро духтури шаҳрак ба муоина ва нӯшонидани обу чойи ширини наботию асалӣ сар кард.
Духтур ба шикам ва ҷисми бемор даст зада, ба Сулаймон рӯ оварда гуфт: – «Касалат ҷиддӣ барин, ҳам рӯдаҳоят печидагӣ, ҳам ҷигарат варам карда фаромадааст ва мағзи сарат об гирифтагӣ барин». Мабодо аз ягон ҷои баланд шикамакӣ наафтида бошию аз мо пинҳон дорӣ. Биё, барои ту ҳуҷҷати беморӣ кушоям ва ягон ҳафта хоб кун, дуруст шуда мебароӣ. Сулаймон ноилоҷ ба таклифи духтур розӣ шуд, вале аз чашмаш маълум буд, ки чизеро интизор аст. Пагоҳӣ пеш аз оғози кор наздаш барои аёдат даромадам, бинам, бисёр хоби бароҳат рафтааст. ӯро бедор карда гуфтам, Сулаймонҷон, саломатиат чӣ тавр, розӣ ҳастӣ, ки ман бачаҳоро ба кор фиристам. Агар розӣ набошӣ, мо ба кор намебароем ва ҳамроҳат мемонем, то ки зиқ нашавӣ. Не, шукри Худои меҳрубон, ки имрӯз ҳолати саломатиам беҳтар аст. Танҳо сахт гурусна мондаам ва аз дирӯзи оварда супоридагиатон то ҳол чизе нахӯрдаам. Ҳамин хел менамояд, ки маро ҳама фаромӯш карда бошанд. Ту сабр карда ист, ман баромада духтурро пурсам, ки чиро хӯрданат мумкин асту аз чӣ бояд худорӣ кунӣ.
Баромада духтурро гуфтам, ки бемор хӯрдан мехоҳад, лекин ту ба бемор гӯй, ки ту тарсидагӣ ҳастӣ, аз ин рӯ чизҳои равғанӣ ва гӯштӣ нахӯр. Гӯй, ки агар рафиқонат ёфта тавонанд, танҳо бодирингу памидорро намак карда хӯр, набошад касалат боз авҷ мегирад. Ҳамин тавр тамоми бачаҳоро фаҳмонидам, ки пас аз хӯрони пагоҳӣ саф кашида аз назди кати хоби Сулаймон ба монанди аз назди ҷасади Ленин дар мавзалей як-як гузаранд. Дар охир ман омада, хам шуда, Сулаймонро ошноӣ карда баромаданӣ шудам, ки оби дидагонаш ба рухсорааш шорид. Ҳа Сулаймон ба кор равед мегӯию оби чашм мерезӣ.
Аз ҳама аҷибаш он буд, ки ҳангоми бегоҳӣ аз кор бар гаштанамон чун анъана ба дидорбинии Сулаймон даромадем, катро дар ҷояш ёфтему аз Сулаймон ному нишон набуд. Ҳатто касе надида буд ва намедонист, ки ӯ дар куҷост ва чӣ тавр монанди Шамси Табрезӣ ғайб задааст. Чанд рӯз интизор шудем, даракаш набуд ва ниҳоят ба қишлоқи хешовандонаш Тутқавули Норак одам фиристодем, ки фаҳмида биёянд. Онҳо омада ба мо хабар доданд, ки се рӯзро дар хонаи хешовандонаш гузаронида, ҳамин пагоҳӣ ба автобус савор шуда назди модару падари пираш ба ноҳияи Қумсангир рафтааст.
Тахминан пас аз гузаштани даҳ рӯз Сулаймони Карим дар ҷои кор пайдо шуд. Баъди вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ ман ба кабинетам даромада, Сулаймонро наздам даъват карда, хостам баёноташро гирам. Сулаймон ту чаро дидаю дониста интизоми меҳнатро вайрон мекунӣ? Охир, ту аз шиносоӣ ва дӯстиамон истифода бурда, бештар аз ним моҳ мешавад, ки дар кор нестӣ ва пагоҳ мумкин аз ман музди меҳнат ҳам талаб кунӣ. Сулаймон руирост изҳор кард, ки баёнот намедиҳад ва агар ягон соат дар табел ғоиб монем ё монда бошем, ҳамаамонро бо ҳамроҳии духтурамон ба суд медиҳад.
– Шумо намедонед ва дар ҷои ман набудед, фаҳмед, ки тарси маргу тобут чист, маро қариб ба девонагию марг расонидеду боз баёнот нависам, мегӯед.
Солҳои зиёде гузашта бошанд ҳам, дар ҳар нишастамон он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, дилхушӣ мекунем. Ҳама шӯхию ҳазлҳоямон аз дӯстӣ, боварӣ ва муҳаббати нисбати ҳамдигар доштаамон буд, ки аз он касе намеранҷид. Шӯхию ҳазлҳоямон беғаразона, софдилона ва як муҳаббатеро нисбати ҳамдигарамон ифода менамуд. Имрӯз аз ҷавон ба пир табдил ёфтаему ҳамеша дар ёди ҳамкурсони ба ҷон баробарамон ҳастем ва хонаву дари ҳар кадомамон хонаву дари ҳамаамон мебошад.
ХОТИРАҲО АЗ СӮҲБАТИ НӮЪМОНОВ ИДРИС БО ШИРИН БУНЁД
Тобистони соли 1975 дар таътили тобистона ба зодгоҳ омада будам ва падару модарам ин лаҳзаи қулайро истифода бурда, масъалаи оиладор кардани маро ба миён гузоштанд. Ин таклифро чандин маротиба карда буданд, лекин ман ҳар дафъа баҳонае ёфта, худамро аз ин масъала раҳо бахшида будам. Ин дафъа ягон баҳонаи пешовардаи маро қабул накарданд ва ба тӯй тарадудро сар карданд. Тамоми тадбирҳои заруриро анҷом бахшида, 15. 08.1975 маро бо духтари бародари Нӯъмонов Идрис хонадор карданд. Охири моҳи август пас аз тӯю тамошо таътили тобистонаи ман ба охир расид ва ба сафари шаҳри Душанбе баромадам. То маркази ноҳия мошин ёфта рафтам, аммо барои ба шаҳр рафтан мошин наёфтам ва қарор додам, ки рафта шабро дар хонаи устод, Нӯъмонов Идрис, ки дар вазифаи ҳизбии ноҳия кор мекард мегузаронам ва пагоҳ барвақт ба сафар мебароям. Устодро чанд вақт боз надида будам ва мехостам аз дидораш сер ва аз суҳбату насиҳатҳояш манфиат бардошта ба шаҳр равам. Баробари вориди хонаашон гаштанам зану фарзандонаш маро хеле хуб истиқбол карданд. Муаллим дар куҷоянд? Танашон сиҳату бедард ҳастанд? Ба Худо шукур, ки сиҳату саломат дар меҳмонхона бо Ширин Бунёд нишастаанд. Биёед ба меҳмонхона ба наздашон дароед, муаллим хурсанд мешаванд. Ман пойафзоламро кашида, дастҳоямро об гирифта вориди меҳмонхона шудам.
Устод ба Ширин Бунёд рӯ оварда гуфт, ин кас шогирди беҳтарин ва фарзанди хонадони мо мебошад. Баъди оғушу вохӯрӣ маро ба сари дасторхон даъват намуд ва баҳсу таҳлили фаъолияти эҷодии Абдураҳмони Ҷомиро ба Ширин Бунёд давом доданд. Нӯъмонов ба Бунёд рӯ оварда гуфт: « Абдураҳмони Ҷомӣ шахси барҷастаи замони хеш ва устоди ахлоқи писандидаи башарият шинохта шудааст, ки ин яке аз нишонаҳои бузургии ин шахсияти таърихӣ мебошад». Шумо худатон бинед, Ҷомӣ дар пайравии намояндагони пешгузаштаи адабиёти форсу тоҷик наслҳоро ба накукорӣ, меҳнатдӯстӣ, адлу инсоф, сулҳу сафо, илму фарҳанг, дӯстиву бародарӣ, иттифоқу иттиҳод, сидқу вафо ва дигар амалҳои неки инсонӣ даъват менамуд. Ҷомӣ дар рафтор ва амали одамон аз ҳама бештар сифатҳои саховатмандӣ, эҳсону карам, шарму ҳаё, фурӯтанӣ, хоксорӣ, пурсабрӣ, ҷасуриву нотарсӣ ва сиру асрори инсонҳоро паноҳ нигоҳ доштанро меписандид.
Ширин Бунёд илова намуд: «Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми фаъолияти илмӣ-адабии хеш ба ахлоқи разила ба сифати маҳкумкунанда ва фошкунанда баромад менамуд. ӯ зулму ҷабр, нифоқу низо, хиёнату ҷиноят, мансабпарастӣ, молпарастӣ, пастию сифлагӣ, шаҳвату айш, кибру ғурур, худписандию мағрурӣ, мардумозорӣ ва дигар рафторҳои разилонаю ноҷавонмардонаро ниҳоят бад медид».
Нӯъмонов Идрис ба Бунёд рӯ оварда гуфт: «Дар ин кори наҷиб ӯ давомдиҳандаи анъанаҳои инсондӯстонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхӣ маҳсуб меёбад».
Шумо агар хонда бошед дар асараш «Сабҳат-ул-аброр» Ҷоми ҳикояе овардааст, ки дар он бо меҳнати ҳақу ҳалоли худ тӯъмаи ночизе ба даст оварда, рӯз гузаронидан ва дар айни замон озод будану аз касе миннат накашиданро аз хизмати шоҳро иҷро намудану дар зери нангу ор мондан боло гузоштааст, ки мисоли равшани он ин аст:
Ҷомӣ ба мулку мол чу ҳар сифла дил мабанд,
Кунҷи фароғу ганҷи каноат туро бас аст.
Ё:
Ҷомӣ зи хони ризқ чу ноне кифоя аст,
Озори бори миннати дунон чаро кашам?
Офарин, дӯстам Нӯъмонов. Ширин Бунёд аз Ҷомӣ ёдовар шуда гуфт: «Ҷомӣ ҳикоят мекунад, ки – менависад Шиблии Нӯъмонӣ,- пире ҳезум мешикаст ва Худоро муттасил шукр мекард, ки вайро азизу гиромӣ доштааст. Шахсе, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба пир эрод гирифта, гуфт: Ин чӣ иззатест, ки Худо ба ту додааст? Пир дар ҷавоб гуфт: Кадом иззат болотар аз ин мешавад, ки ман мулозим ва хизматгори касе нестам». Тасаввур кунед, дар андешаи Ҷомӣ озод будан ва аз касею чизе вобастагӣ надоштан чӣ қадар арзанда ифода ёфтааст.
Нӯъмонов Идрис ба сухан даромада қайд кард: «Барои ман аз ҳама шавқовар омӯзиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар даврони феодализм барои ҳимояи бечорагону бенавоён ба сардорони давлат мактубҳо менавишт. Аз маҳбасу камбағалӣ раҳо додани онҳоро дархост менамуд, ки инро ҷуръат мегӯянд ва ҳар ки онро надошт. ӯ ғаму ранҷи халқро дарк карда, ба онҳо дасти ёрию мадад дароз карданро яке аз бузургтарин саодати инсонӣ меҳисобид.
Ширин Бунёд илова намуданд, ки панду ҳикматҳои Ҷомӣ танҳо ба омма не, балки ба подшоҳон низ дахл доштанд, ки ин тавре шумо гуфтед ҷуръат аст:
Эй, ки дар тоҷу нигин дорӣ рӯй,
То ба кай тоҷу нигин хоҳад монд?!
Мулки ҳастӣ ҳама тай хоҳад шуд,
На замону на замин хоҳад монд.
То тавонӣ, ба ҷаҳон некӣ кун,
К-аз ҷаҳон бо ту ҳамин хоҳад монд!
Нӯъмонов дуру дароз интизор нашуда, илова намуд, новобаста аз гуманизми хеш, Ҷомӣ нисбати золимон раво донистани зулмро дастгирӣ менамуд, ки ин аз мавқеи фаъолро дар адабиёт ишғол намудани ӯ дарак медиҳад ва барои тасдиқи фикраш илова намуд:
Ба аҳли ҷафо вафо раво нест,
Подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест.
Ё
Турушрӯ бош бо бадхӯ, на ширинлаб, ки сафроӣ,
Беҳ аз себи сифоҳонӣ бувад норинҷи Гелонаш.
Бояд дар хотир дошт, ки Ҷомӣ, дар асори безаволи хеш «Баҳористон» тани сиҳат, хотири ҷамъ, ризқи фарох, дӯсти меҳрубон ва фароғатро омили зиндагии хуш ишора намудааст. Ин ҳақ аст, ки фармудаанд: «Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас доданд ва касеро аз он маҳрум насохтаанд ва зимоми зиндагонии хуш дар дасти ӯ ниҳоданд: аввал- сиҳатии бадан, дуюм- эминӣ, сеюм -вусъати ризқ, чаҳорум- рафиқи шафиқ, панҷум- фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рӯи ӯ бастанд».
Дуруст мегӯед дӯстам Нӯъмонов, гуфт Ширин Бунёд ва илова намуд, баробари талқини сифатҳои неки инсонӣ, Ҷоми аз ҷаҳл, ҳасад, хашму кина, таъмаъ, ҳирс, риё, ғурур, мардумозорӣ, худписандӣ, пурхӯрию серхобӣ ва ғафлат дур буданро ба одамон тағриб мекард, ки беҳтарин андеша мебошад.
Панду насиҳатҳои Абдураҳмони Ҷомиро аз рӯи мақсаду мароми таълиф шуданашон метавон ба се қисм ҷудо намуд, гуфт Нӯъмонов ва онҳоро устокорона чунин баён намуд:
1. Панду андарзҳое, ки Ҷомӣ баҳри тарбияи подшоҳону сарварон гуфтааст;
2. Насиҳатҳои шоир ба писараш Зиёуддин Юсуф;
3. Андарзҳои ӯ баҳри тарбияи умумибашарӣ.
Ширин Бунёд ба Нуъмонов рӯ оварда гуфт, Ҷомӣ аз ҳама бештар душмани ашаддии одамони насабпараст ва фахркунанда аз аслу насли худ буд. Ман тамоми умр ин мисраҳоро дӯст медорам ва дар хотир нигоҳ медорам, ки Ҷомӣ фармудааст:
Зад харе лоф бар харони дигар,
Ки маро рахши Рустам аст падар.
Дод аз онҳо яке ҷавобаш боз,
Ки гувоҳи ту бас ду гӯши дароз.
Ширинҷон! Агар аз хотират набаромада бошаду фаромӯш накарда бошӣ, Зайниддини Восифӣ дар асараш «Бадоеъ-ул- вақоеъ» нақлеро меорад, ки мувофиқи он вазири Султон Ҳусейни Бойқаро Низомулмулуки Ҳавофӣ шаҷарае (насабнома) тартиб дода, худро аз Аббосиён ва амакзодаи пайғамбар муаррифӣ намуда буд. Нӯъмонов албатта дар ёдам ҳаст, ки рӯҳониёни зиёде ин даъворо тасдиқ намуда, мӯҳру имзо гузошта буданд. Ин шаҷараи авлодиро вазир назди Ҷомӣ ҳам барои имзо фиристода буд, вале Ҷомӣ ба ҷои имзо гузоштан, аз рӯи зарофат чунин рубоиро дар болои шаҷараи вазир навишта буд:
Онро, ки бувад нури набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.
Ширинҷон, бовар кунед, солиён ман вазифаи сарварии мактабро ба дӯш доштам, дар кори таълиму тарбия ба педагогони машҳур тақлид ва пайравӣ менамудем, аммо аз андешаҳои педагогии классикони адабиёти тоҷику форс чандон ҷиддӣ истифода наменамудем. Худатон қазоват кунед, Абдураҳмони Ҷомӣ дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсон гӯё ба ихтилофи фикр роҳ дода бошад. Аммо ман инро ихтилофи фикр не, балки сад андар сад дуруст мешуморам. Ҷомӣ дар баъзе асарҳояш бефойда будани тарбияи одамони бадниҳод, аслу насаби паст, сифларо, ки аксар онҳоро ноқобил, нокас, ноаҳл мебошанд бефойда меномид ва мефармояд:
Ҳеҷ суде накунад тарбияи ноқобил,
Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.
Сабзу хуррам нашавад аз нами борон ҳаргиз,
Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш.
Ин нишаст, он баҳсу андешаҳое, ки аз он нишаст бардоштам як умр аз хотирам намебарояд. Дар ин шаби наҷиби меҳмонӣ, худамро дар атрофи дастархон чунин ҳис мекардам, ки гӯё базми адабӣ бошаду дар гирди дасторхон тамоми намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс бо ҳам нишаста, суҳбат ороста бошанд.
Дар ин меҳмонӣ ва нишаст, аз ҳама ҷолиб бархӯрди ин ду шахси маърифатӣ дар атрофи Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Ҷомӣ ва Носири Хусрав буд, ки то имрӯз дар назди чашмонам пайдо мегардад. Шеърро чунон зебо баён ва бо кашишу овазашон рангу бор медоданд, ки ҳаваси шунаванда меомад. Ҳар суханашонро бо далел мегуфтанд ва бо адабиёту сарчашмаҳо такя мекарданд.
Дар чунин муҳити фарҳангӣ шабро чӣ тавр гузаштанашро нафаҳмида, худро дар саҳар дарёфтам ва ҳудоҳофизӣ карда ба сафар баромадам. Ин дидор ва нишасти охиринам бо устод буд.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ БО МАЪЛУМОТИ ОЛӢ
Пас аз анҷоми имтиҳонҳои Давлатӣ дар толори Донишгоҳи омӯзгорӣ собиқ ректори даргоҳи бошараф Қандил Ҷӯраев бо мо донишҷӯёни аълохон вохӯрӣ намуда дипломҳои аълоро ба дастамон супорида, дар ҳаёту фаъолияти ояндаи кориамон дуои неки падарона доданд. Ман аз рӯи маслиҳати пешакӣ, ки бо устод Салимов Нуриддин шуда буд, бояд дар кафедраи фалсафаи донишгоҳ мемондам. Падарам аз мақсади ман огаҳ гардида ба амали шудани ин нақша монеъ шуданд. То як андоза ташвиши онҳо ҳам беасос набуд. Зеро ки бе хонаю ҷойи истиқомат, бо як моҳонаи омӯзгорӣ оиларо хуронидану пӯшонидан мумкин набуд. Падарам масъалаи ба зодгоҳ бар гаштанамро ба миён гузошт, ки ман сабаб пеш оварда рад кардам. Падорҷон ман гапи шуморо не нагуфта ба Ванҷ меравам, шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданию фарҳангии он сарзаминро шумо аз ман беҳтар медонед. Дар он ҷо ҳурмату эҳтиром вуҷуд надорад, калонро калону доноро доно намешиносанд. Барои замин, дарахт, чорво ва алаф мардум кашокаш мекунанд. Ғайр аз ин аз он сарзамин пурра дилхунук шуда баромада будам ва дар муқобили майли дилам коре карда наметавонам. Ҳофизи Шерозӣ дар ин бора мегӯяд:
Толиби суҳбати маъниназарон бояд буд,
Хок дар саҳни биҳиште, ки надорад одам.
Майлаш писарам худат медонӣ, дар куҷое рӯзат беҳтар гузарад, рафта кор кун. Ман Колхозободро интихоб карда тӯшаи сафар бастам ва падарам дуо доданд. Дар автобуси байни шаҳрӣ нишаста роҳи Колхозободро пеш гирифтам ва қарибии нисфи рӯз ба он ҷо расидам.
Мудири маорифи ноҳияи Колхозобод моро бисёр гарм пешвоз гирифта, маслиҳат доданд, ки ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №19 равам. Омӯзишгоҳи номбурда ниҳоят номдору дар ҷумҳурӣ машҳур буд ва барои зиндагии муаллимони ҷавони оиладор тамоми шароитро дошт. Аз назди мудири шуъбаи маорифи ноҳия баромада, аввал назди дӯсту ҳамкурси дар давраи дар омӯзишгоҳи педагогии Ғармам мехондагиам Қурбони Маҳмадхоҷаев, ки дар қишлоқи Узун зиндагӣ мекард даромада хабар додам, ки маро мудир ба фалон ҷо маслиҳат дода фиристод. ӯ аз ин хабар хеле хурсанд шуд ва гуфт, тақдират баланд будааст ва ба ҷои хуб афтодӣ. Аз хонаи Қурбон баромада рост ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 19 рафтем. Директори омӯзишгоҳи номбурда Саидов Сафар маро хуш пазируфт ва тамоми шароитҳои корию зиндагиро бароям фармоиш дод, ки муҳайё намоянд. Саидов Сафар тамоми аломатҳои беҳтарини инсониро доро буд ва ба мо мутахассисони ҷавон диққати махсус медоданд. Он кас, ки қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ дошт ба корҳои ҳизбии ноҳия гирифта шуд ва ба ҷои ӯ Шомалангов Саидқул директори муассиса таъин гардид. Дар коллективи педагогии он замонаи омӯзишгоҳ аз рӯи коргузории Саидов ва минбаъд Шомалангов фазои ниҳоят мусоиди корӣ ташкил гардида буд. Саидқул ниҳоят марди зебо ва нотарсу далер, софдилу ғамхор буд. Дар ин коллектив муаллимони беҳтарин ба монанди Назаров Б., Саидов С., Саидов М., Гулов М., Гулмуродов А., Бегмуродов.Б., Алиев Б., Муҳаммадиев Ф., Латипов М, Исмоилов И.С. ва ғайраҳо дар ҳамбастагӣ кору фаъолият менамуданд. Тобистони соли 1983 дар рухсатии меҳнатӣ будани директорамон Шомаланговро истифода бурда сардори управленияи вилоятӣ маро ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои ташкилию тарбиявӣ ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №25-и ноҳияи Ҷиликӯл ба кор гузаронид. Аз ин кор Шомалангов танҳо пас аз рухсатии меҳнатӣ огоҳ гардида чандин маротиба маро сарзаниш карданд. Онҳо аз он норизо буданд, ки ман бе маслиҳат ва дуои онҳо ин роҳро пеш гирифта будам. Агар вазифахоҳ мебудед, чаро чандин маротиба таклиф кардем не гуфтед? Ман бошам бо сари хам гапҳояшонро шунида танҳо як ҷавоб медодам, ки мо фарзанди ватонем ва зарур донанду ба куҷое фиристонад меравем ва ба рад кардан ҳуқуқ надорем. Барои паст кардани қаҳру ғазабашон илова менамудам, ки дӯсти азизам, ман аз Шумо ва коллективи муаллимони омӯзишгоҳ бениҳоят хурсандам, ки дар ҳама ҳолат ҳамроҳам будед ва ҳоло ҳам ҳастед. Ман хешро ҳамеша бо шумо мепиндорам ва ба ҳар комёбие, ки ноил гардам фикр мекунам, ки он натиҷаи заҳмати шумо мебошад.
Шомалангов С дар охири суҳбат андак ором гардида, ба ман рӯ оварда гуфт, кор кун, худатро нишон деҳ, ту аз рӯзи омадагиат қобилиятнок буданатро исбот кардӣ, моро шарманда накун. Ман рости гапро гӯям, рафтанатро аз барамон намехостам, модом ки рафтӣ нангу номусатро кор фармо, тавакалат ба зоти пок, танҳо обрӯманд буданатро мехоҳам.
КОР БО КАРИМҶОНИ ҶУРАБОЙ
Каримҷон Ҷурабоевро аз замони фаъолияти меҳнатиям дар омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 19- и ноҳияи Колхозобод мешинохтам. Вақте Ҷиликӯлро аз ноҳияи Колхозобод ҷудо карданду ба ноҳияи мустақил табдил доданд Каримҷонро ҳамчун кадри роҳбарикунанда даъват намуда директори ОКТ №25 таъин карданд. Чандин маротиба хостанд, ки маро наздашон баранд, лекин ман ризоият надодам. Ҷои корам ба ман хело маҳқул ва дӯстони зиёди ғамгусор пайдо намуда будам. Ниҳоят дар ин кор сардори управления Шариф Абдуллоевро ҳамроҳ карда будаанд. ӯ ба Каримҷон фармони ба вазифа таъин кардани маро дода будааст. Ҷӯрабоев Каримҷон бо мошинаи шахсияш наздам омада, маро бо фармон шинос намуд ва ба мошинаш шинонда ба ноҳияи Ҷиликӯл бурд. Кор дар ин ҷо мушкилтар буд, зеро ки кадрҳои хуби роҳбарикунанда, техникӣ ва омӯзгорӣ намерасиданд ва фазои минтақа бештар характери ҷиноятпешагӣ дошт. Дар байни коллектив нотифоқӣ ва парешонӣ ҳис карда мешуд. Тамоми қувваро ба он равона намудем, ки ҳайати кадриро беҳтар намоем ва дар байни онҳо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро пойдор созем.
Директори муассиса Каримҷон мубталои касали фишори хун ва касали қанд буданд ва вазъи солимиашон тез-тез бад мешуд. Тамоми мушкилоти кори идоракунӣ, тарбия ва хоҷагӣ ба дӯши ману Шоғунбеков Н афтида буд. Роҳбарони ҳизб масъалаи пахтаро ниҳоят сахт зери назорат доштанд ва он солҳо пахта як қисмати сиёсати ҳизбро ифода мекард.
Мувофиқи мактуби роҳбарони ҳизби ноҳия дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳо мебоист то соати 1200 давом карда, баъди хӯроки нисфирӯзӣ хонандагон, муаллимон ва кормандони техникӣ ба пахта сафарбар карда мешуданд. Чун анъана пеш аз баромадан ба саҳро бояд гурӯҳҳоро қатор карда рӯихат мекардем, дар бораи техникаи бехатарӣ гап мезадем ва моҳияти масъаларо мефаҳмонидем, то ки ҳодисаи нохуше рӯй надиҳад. Пас аз корҳои фаҳмонидадиҳӣ гурӯҳҳо зери роҳбарии роҳбарони гурӯҳ ва устоҳои таълимӣ барои чидани пахта равона мегардиданд ва то бевақтии шом пахта чида ба хирман мерехтанд.
Ҳамеша дар паҳлӯямон намояндаи ҳизби коммунисти ноҳия Рустамов мавқеъ дошт ва тез-тез ба соати дастиаш нигоҳ карда мегуфт, рафиқ Маҳкамов! дер шуд, тез бошед, вақт интизор намешавад!
Аз муносибати намояндаи ҳизби ноҳия ва таъкидҳои пай дар паяш тоқатам тоқ шуд ва гуфтам: «Рафиқ Рустамов, рафта кори худатонро кунед! Ба корҳои дохилии мо дахолат накунед. Рафта дар сари замини пахта шароитро барои кор муҳайё намоед ва чидану натиҷаи кори моро бинеду дар марказ ҳисобот диҳед. Бе шумо ҳам масъала маълум аст, мо худамон баромада корро содиқона дар ҳаҷми қобилияти инсонӣ иҷро мекунем».
Натиҷаи чинишомон дар ноҳия аз ҳама мактабҳо пеш аст, дар маҷлисҳои ҳизбӣ танҳо таърифу тавсиф мешунавем. Монед корҳои дохилиро бе дахолати шумо иҷро кунем. Он кас аз чунин сурат гирифтани гуфтугӯямон ранҷида будааст ва дар назди роҳбарияти ҳизби ноҳия аз болои ман аз буду шуди масъала бештар шикоят карда будааст. Роҳбарони ҳизби ноҳия маро таъҷилан ба марказ ба ҷаласаи ҳизб даъват карда, дар мобайн гирифтанд. Ҳатто ба ман шароити даҳонамро кушодан ва масъаларо равшанӣ андохтан намедоданд. Аз ин аҳвол ман ба тарс афтода будам ва ниҳоят ҷиддиёна гуфтам: “Наход шумо гапу гапчаҳои бе асоси як девонаро гӯш кунеду, роҳбари муассисаро не”.
Аз ин исёни ман ҳис кардам, ки дар байни узбакҳо як лаҳзаи оромӣ фаро расид. Барои ин лаҳзара аз даст надодан гуфтам, баъди анҷоми хӯроки нисфирӯзӣ мемонед донишҷӯён даромада либосҳояшонро иваз кунанд, бор халтаяшонро гиранд, кӯтоҳакак ба онҳо дар бораи моҳияти пахта ва интизому техникаи бехатарӣ чизе гӯем, ки ягон бадбахтӣ рӯй надиҳад. Ба ман гӯед, ҷанобони олиқадр, ки оё ҳодисаи нохуши рӯйдодаро ба донишҷӯён аз Рустамов мепурсед ё аз ман. ӯ оё бо ҳамон каллаи бемағзаш, ки пури пахта аст, метавонад масъулиятро ба дӯш гирад, албатта не.
Охир кор бояд соати 2 сар шавад, ман бо коллективам тамома масъалаҳоро дида, муҳокимаҳо гузаронида, соати муқараршуда ба кор шуръ менамоем. Агар дер оғоз кунем ё кам чида супорем, он вақт метавонед ҷазо диҳед. Яке аз онҳо бо овози ғафсу дағал ба сухан пардохт, ки агар вазифаю мансабро дӯст доред ва билети ҳизбиро эътироф кунед, бояд корро соати 12 оғоз кунед.
Дигараш бошад суханро давом дода гуфт,- мумкин ба шумо рафиқ Маҳкамов билети ҳизб вазнинӣ мекунад. Яке аз онҳо хандаомез ва бо виқор ба ман рӯ оварда гуфт: “Чаро шумо беҳтарин корманди ҳизби ноҳия Рустамовро девона мегӯед? Ман ҳам дурру дароз интизор нашуда гуфтам: «Охир тавре ман огаҳам, девонаро девона ва ҳушёрро аз қадим ҳамин хел ном мебурданд». Рустамов бояд моро дар сари қартаи замини пахта қабул кунад, на дар линейкаи дохили омӯзишгоҳ.
Дигар шахси нишаста илова кард: “Рафиқон! ҳозир комиссия даъват карда месанҷем, ки Маҳкамов девона аст ё Рустамов. Ин таъқиби рӯирост ба кормандони ҳизб мебошад ва мо бояд пеши онро гирем”. Ин таҳкири рӯирост ба мансабдори ҳизби ноҳия мебошад. Мо бояд нагузорем, ки онҳоро касе таҳқир кунад. Рафиқон ҳимоя кардани кормандони ҳизбӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси мо мебошад. Дуруст мегӯед, лекин бисёр рафтори мансабдорони ҳизбӣ ҷиноят ва ҷиноятпешагӣ мебошад, ба муқобили чунин зуҳуротҳо кӣ бояд мубориза барад? Модом, ки вазифаи шумо танҳо ҳимоя кардани манфиати чунинҳо бошад, манфиати дигаронро кӣ ҳимоя мекунад?
Дигараш гуфт: «Ҳамаяш маълум, намебинед, ки Маҳкамов ҳизб, қарорҳои онро эътироф намекунад, чаро мо баҳси беҳуда мекунем. Барои чунинҳо дар байни мо ҷой нест». Дар байнашон як ё ду нафар тоҷик буд ва яке аз онҳо риштаи суханро ба даст гирифта таклиф намуд, ки биёед рафиқон ин масъаларо объективона бинем. Ба кадом участкае, ки Рустамовро мо намоянда карда фиристодем, дар он ҷо ҷанҷол мехезад. Биёед таҳлил гузаронем, ки оё сабаб дар чист? Ман Маҳкамовро чанд солҳо мешиносам… Акнун маро ҳимоя карданӣ буд, ки тохтутози муғулҳо сар шуд. Котиби аввали ҳизби ноҳия Тағоиназаров Б ба сардори назорати халқӣ ва пракурори ноҳия супориш дод, ки ин масъаларо ҷиддӣ бинанду ҳар чӣ тезтар маълумотнома пешниҳод намоянд. Агар дар фаъолияти кори Маҳкамов камбудиҳо мавҷуд бошанд аз партия хориҷ, аз вазифааш озод ва ба маҳбас кашида шавад. Бо ҳамин маҷлису машварат корашро анҷом дод ва бо дили хиҷил ва димоғи сӯхта ба хона бар гаштам. Чизи дар вуҷуд доштаамро дар хона ошкор намекарда, ки онҳо ташвиш накашанд.
Пагоҳӣ ба корхона омада тамоми дарҳоро лентапеч ва муҳрзада ёфтам, ки бароям хулоса баровардан чандон мушкил набуд. Баъди як найза баромадани офтоб тафтишгарон омада ба кор оғоз карданд. Аз ин амал бӯи макру ҳилла меомад, ки кормандони ҳизб ба муқобили ман оғоз карда буданд.
Онҳо корашонро аз муҳосибот оғоз карданд, заявка, каркуляция ва менюро дар дасташон гирифта як-як шумораи хурандагонро дар ошхона ҳисоб мекарданд ва хӯрок хӯронида мебароварданд. Аз рафти кор маълум буд, ки дар ин бора камбудие ёфта натавониста истодаанд. Музди меҳнат ва стипендияи донишҷӯёнро санҷиданд, ки ягон маблағ бемақсад сарф нашудааст. Тафтиш ба хобгоҳ гузашт. Ҳама хуҷраҳо бо кату ҷои хоб муҷаҳаз буданд ва простину пододялникҳо, навлочкаю сачоқҳо тозаю озода буданд. Аз ин ҷо ҳам камбудӣ пайдо накарданд ва тарафт дар ҷисмашон маъюсию ноумедӣ ҳис карда мешуд. Пас тафтиши мудири хоҷагӣ Бобоқулро сар карданд. Боварӣ доштанд, ки дар ин ҷо дар тақсимоти пӯшок камбудӣ меёбанд, лекин дар ин ҷо ҳам тирашон ба хоки сиёҳ бар хӯрд. Донишҷӯёни зиёдеро даъват карда пурсиданд, ҳамаашон баёнот дода ҳақиқатро навиштанд. Тафтишгарон намедонистанд, чӣ кор кунанд, чӣ хел сазовори меҳру навозиши роҳбарони ҳизби ноҳия шаванд, чӣ тавр ҳаёти як инсони бегуноҳро барҳам зананд.
Тафтишгарон як ду рӯз ба техникаю сӯзишворӣ, равғанҳои молиданию қисмҳои эҳтиётӣ банд шуданд. Онҳо диданд, ки харитаи (маршрут) сафар ҳаст, путёвкаҳо дар ҷояш, масафаи тайкарда дар роҳхат нишон дода шудаасту ягон литр бензин бе мақсад сарф нашудааст, боз ҳам маъюстар гардиданд. Бегоҳии ҳамон рӯз сардори назорати халкии ноҳия Қулназаров бо ман во хӯрда гуфт, ки то имрӯз ягон камбудию нуқсонӣ дар фаъолияти кориатон пайдо накардем.
Ҳама чиз дар ҷояш. Ягон кас дар алоҳидагӣ омада аз болои шумо ба мо шикоят накард. Уко аз мансабдорият барои хонаю рӯзгорат чӣ фойда мебинед? Ягон чизро надуздидаед, нафурӯхтаед барои чӣ ин азоби ғайриинсониро, ки бо шумо раво мебинанд, бардошт мекунед? Илова намуд, бародарам гапи маро гирӣ, мо одамони давлату тобеъи роҳбарони ноҳия мебошем. Гапи онҳоро рад карда наметавонем ва чӣ супорише диҳанд ҳамонро бояд ба ҷо биёрем. Бинобар ба шумо дӯстона маслиҳат медиҳам, ки бо роҳбарони ҳизб шох ба шох нашавед, ки ҳаётатонро месӯзананд. Гап байни худамон монад, тамоми ҷиноятро худашон мекунанд, аммо дигарон рафта ба ҷои онҳо бегуноҳ мешинанд. Агар гапи маро гӯш кунӣ баъди анҷоми тафтиш аз баҳри роҳбарӣ баро ва кору вазифаатро супор. Аз мардум фаҳмидем, шуморо таърифу тавсиф карданд, ки муаллими доно ва болаёқат ҳастед. Муаллимиатро карда гард, камтар ба чашмашон меафтед ва ниҳоят ором мегиранд. Тафтиш анҷом ёфт, маълумотнома ба дасти ман ва роҳбарони ҳизб расид, ниҳоят ҷаласа даъват карда маро барои иштирок ҷеғ заданд.
Ман дар толори маҷлисгоҳ ба монанди айбдорони мурофиаи рейхстаги Олмон бо сари баланд менишастам ва худи онҳо дар ҳарас буданд. Ҳараси онҳо аз он буд, ки барои нобуд кардани як ҷавони бе такягоҳи кӯҳистонӣ далелҳои устувори раднашаванда надоштанд. Лекин ман аз як чиз дар ҳарос будам, ки мисли 2-3 соли пешин ягон қилиқи дигар накунанд. Чанд сол пеш аз КМ КПСС комиссия зери роҳбарии Подгорный ба Тоҷикистон омада буд. Онҳо аз вилояту ноҳияҳои Қурғонтепа дидан ба амал оварданд. Тасодуфан онҳо дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №19, ки ман дар он ҷо кор мекардам дар дарсам даромада, хоҳиш карданд, ки дарсро бо забони русӣ гузаронам. Ман фавран ин амалро иҷро кардам, ки аз дониши донишҷӯён ва натиҷаи фаъолияти ман изҳори миннатдорӣ карда ба намояндагони ҳизбии вилоят ва ноҳия оиди ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо супориш доданд. Пас дар яке аз маҷлисҳои ҳизбӣ маро даъват карданд. Ҳуҷҷатҳоямро хонданд ва барои саволу ҷавоб пеш гузоштанд.
Маро он дам бояд дар шӯъбаи ташвиқоту тағрибот ба кор мегирифтанд чанде дертар фаҳмидам, ки онҳо аз руи ному насабам иштибоҳ кардаанд. Яке аз саволҳо аввалин чунин буд: Бигӯед! Шумо аз куҷо мешавед? Ман бисёр ҳалимона оҳ кашида гуфтам: “Аз ҷои мехостагии шумо Конибодом не. Ман аз Тоҷикистон ва миллати аждодиям тоҷик мебошад”.
Гузашта ҷоятонро гиред. Шумо ҷавони ояндадор ҳастед, зарур шавад даъват карда аз донишу таҷрибаатон истифода мебарем. Лекин аз донишу таҷрибаи ман фақат барои навиштани корҳои санҷишӣ ва курсияшон, ки дар мактабҳои олии ҳизбӣ ғоибона мехонданд, ниҳоят васеъ истифода бурданд. Қариб тамоми корҳои курсию дипломиашонро ман навишта медодам ва маърӯзаҳояшонро омода менамудам ва онҳо аз минбари баланд тӯтивор мехонданду карсаки мардумро сазовор мегардиданд.
Лаҳзаи дигари маймунбозии ҳизбиён дар он буд, ки рузе дарсамро тамом карда азми хона рафтан доштам, ки котибаи директор тозон маро ба телефон даъват кард. Рафта гӯшакро бардорам аз қисми махфии марказ як шахс ному насабашро намеорам бо ман хоҳиши сӯҳбат кардан доштааст.
Оҳиста матлабашонро фаҳмам, маро ҳамчун мутахассис мехостанд, ки ба Афғонистон ба кор фиристонанд. Он вақтҳо дар Авғонистон ташкили додани мактабҳои касбӣ-техникӣ бояд оғоз меёфт. Ман ин сирро бо рафиқони наздикам гуфтам ва маслиҳат пурсидам. Онҳо боз ба дӯсту атрофиёнашон гуфта як вақт бинам як одаме, ки миллаташ тоҷик набуд, забони тоҷикиро намедонист ва мутахассиси хуб ҳам набуд пешдастӣ карда, роҳҳояшро ёфта, ҳуҷҷатҳояшро тайёр карда рафта истодааст.
Дар толори маҷлисгоҳ ман танҳо аз он метарсидам, ки боз ягон ходисаро ба сарам наоранд. Ҳамин тавр муҳокимаро аз хондани ҳуҷҷатҳои тафтишот оғоз карданд. Ҳамааш хуб, далели айбдоркунанда надоштанд. Фақат дар як ҷои ҳуҷҷати тафтишотиашон як камбудии чиддӣ мавҷуд буд, ки дар анбори омӯзишгоҳ намак ба миқдори 1кг намерасидааст. Ман аз ҳаҷми ин зарари ба ҷомеа расонидаам ниҳоят дар тарс будам.
Ниҳоят ҷуръат карда аз ҷоям хеста 1-рублро ба онҳо дароз карда гуфтам, агар 1кг намак нарасад дар ин пул 5кг харида баред ва зарарро бартараф кунеду зиёд мондаашро байнатон баробар тақсим кунед. Танҳо аз шумо як хоҳиш дорам, аз барои 1 кг намак нисбати ман парвандаи ҷиноӣ накушоед.
Дар охир ҷаласаашон ба қароре омад, ки маро аз ҳизб ва вазифаю мансабам сабукдӯш кунанд. Пеш аз хориҷшавӣ ва аз мансаб рафтанам аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман сухан диҳед, то фикру андешаамро иброз дорам. Онҳо гумон карданд, ки ман гиряю фиғон карда, бахшиш металабам, аз ин рӯ розӣ шуда навбати суханро ба ман доданд. Ман суханамро бо одобона ва бо як мулоиматии хоса оғоз кардам. Рафиқони азиз! ман аз давлат ва сиёсати хирадмандонаи ҳизби коммунистӣ ниҳоят хурсандам, ки маро дар рӯҳияи созандагӣ, садоқату муҳаббати бепоён ба халқу ватан тарбия намудааст. Имрӯз роҳбарияти ҳизби ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки мо ҷавононро аз каҷравӣ ва нуқсонҳои доштаамон пок сохта, обу тоби рӯҳию ҷисмӣ бахшида ба пеш равона созанд. Лекин як чизро нафаҳмидам, ки ин спектакле, ки кормандони ҳизб зери роҳбарии муҳтарам Тағоиназаров Б ташкил намуданд бесалоҳиятию беадолатии ҳизбро нисбати ҷавонон, махсусан тоҷикон бар аъло нишон медиҳад.
Рафиқони азиз! ҳуҷҷати тафтишот дар дасти ман ҳам мавҷуд аст, имзоҳоятон дар он акс ёфтаанд. Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки қарори машварати имрӯзаатонро ба ман диҳед, ман пагоҳ ба Москав парвоз карда мебарам. Мебинем, ки ҳақу ки ноҳақ мебарояд. Ба ҳақи он худое, ки шуморо офаридааст ғазали зерини Ҳофизро хонед, ки фармудааст:
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сиёҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Аз ин суханони ман ҳис кардам, ки тарсу ҳарос дар дили муғултаборон афтода, қосид фиристоданд, то ки Рустамовро ёфта биёранд. Дере нагузашта ӯро ҳозир карданд ва сохтакорона розӣ кунониданд, ки аз даъвояш гузарад. Ман бощад талаб ба миён гузоштам, ки ин хел хуб нест, ки мо корро дар ними роҳ қатъ намоем. Биёед, ақалан равшанӣ андозем, ки ҳамин Рустамови намояндаи ҳизб моро дар куҷо мебоист интизор мешуд? Фаҳмем, ки оё ӯ ҳуқуқи ба масъалаҳои дохилии омӯзишгоҳ дахолат кардан дорад ё не? Ана он вақт ман аз баҳри тамоми заҳмату азобҳои беасос ба сарам овардаатон мебаромадам.
Котиби ҳизби ноҳия изҳор кард, ки ҳисоб кунед ки ягон ҷаласа ва муҳокима набуд. Чизе шуду гузашт, бигзор дар даруни ҳамин бино монад. Маҳкамов! Шумо уко ҷавон ҳастед, бинобар ҷавонон хато мекунанд, аммо пирону калонсолон мебахшанд. Ман ҳам ҳазломез гуфтам, ки имрӯз ҷавонон не, балки пирон хато карданд ва ба бахшидан моро маҷбур намуданд. Дар ҳузурашон маҷбур шудам, ки барои боз ҳам равшантар фаҳмиданашон чанд мисраро аз ғазали ҷовидонии Ҳофиз хондам, ки матлааш чунин аст:
Сина моламоли дард аст, эй дареғо марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, худоро ҳамдаме!
Чашми осоиш, ки дорад аз сипеҳри тезрав!
Соқиё, ҷоме ба мо деҳ, то биёсоям даме!
Касе аз аҳли нишаст офарин хонд ва ман дар ҷавобаш гуфтам, афсӯз Ҳофизи ноком дар даврони мо зиндагӣ накарда будаасту аҳволи моро надидааст, ки дар ватани худамон, хоки аҷдодиямон, мо тоҷикон чӣ хел бе қадру қимат ҳастем. Дар ин вазъият сухани Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ рост меояд, ки фармудааст:
Мусулмон фоқамасту ҷайдапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё, то миллати дигар бисозем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Даҳшати хориҷшавӣ аз ҳизб ва рафтан аз мансаб
Дар ҳамон давраи муҳокима ва дӯғу даранги ташкилкардаи кормандони ҳизбии ноҳия ман умедамро қариб аз даст дода будам. Шабу рӯз танҳо дар фикри аз партия агар хориҷ кунанд хуб шармандагӣ, ман чӣ кор мекунам ва бегуноҳиямро чӣ тавр исбот менамоям? Аз партия хориҷ шудани шахс маънои сӯхтани ҳаёти ояндаашро дошт ва кас дигар мавқеъ пайдо карда наметавонист. Нағз мефаҳмидам, ки дар машваратҳояшон ба ман имконияти гап зада, бегуноҳиямро исбот кардан намедиҳанд, зеро ки ман бе гуноҳам.
Мақсадашон қатъӣ ва ба касе ин вазифаро ваъда дода буданд, лекин нобуди вазифа, ман бештар аз бегуноҳ қамашавӣ метарсидам. Охир як сол ё ду сол пеш бо баҳонаи изофанависии пахта бештар аз 47 нафар тоҷикро қама карда буданд, аммо касе напурсид, ки бо фармон ва айби кӣ чунин шуда буд.
Оқибат як шаб дар хона ҳама хобида буданд, маро фикру хаёли ҷаласаҳои ҳизбиён хоб намемонд. Аз ҷоям хеста сигореро дар гиронда аз хона берун баромадам. Ҳар хел фикру хаёлҳо маро ором намегузоштанд, оқибат фикре ба сарам омад, ки аз шармандаю шармсор шудан дида, банди дар ошхона бударо гирифта ба пушти он мегузораму дар дарахти зардолӯи он ҷо буда худамро меовезам. Бо ҳамин фикру андешаи шум бандро гирифта ба назди дарахт рафтам ва як нӯги бандро ба шохи зардолу мустаҳкам баста ҳалқаашро тайёр кардам ва барои дидорбинии оҳирин ва видо бо ҷигарбандонам ба хонаи хобашон даромадам. Дар болои болишташон фурсате нишаста, ҳар кадомашонро ҳам шуда ошноӣ кардам. Оби чашмонам монанди ҷӯй ба рухсораашон мерехт ва аз танҳоӣ ва бетакягоҳӣ вуҷудам месӯхт. Пас аз хайрухуш бо ҷигарбандонам аз хона барои амалӣ кардани мақсадам берун баромадам. Дар берун гӯё чизе маро медошт, намегузошт, ки мақсадамро амалӣ намоям. Сигореро такроран дар гиронда боз як лаҳза истода фикр кардам, ки аҳволи фарзандонам чӣ мешуда бошад? Онҳо бе ман кадом азобу аъзиятро аз сар гузаронида калон мешаванд? Зиндаги мушкил аст ва тақдири ояндаи онҳо чӣ мешуда бошад? Дар бораи ман фарзандонам чӣ ҳукм мебароварда бошанд? Оилаи бечораам маълумот надорад,ғаир аз хоби дароз коре аз дасташ намеояд. Чӣ тавр ҳафт нафар фарзандонро мехӯронаду мепӯшонад ва ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд?
Дар ин лаҳза фикре ба сарам омад, ки оҳир фалониҳо аъзои ҳизб нестанд, лекин зиндагиашон хело хуб рафта истодааст. Охир фалониҳо директор ё роҳбар нестанд, лекин оилаи хушбахт доранд.
Ман чӣ, касалӣ набошам, маъюб набошам, ҳунарҳои зиёде дорам як бало карда ризқамро ёфта фарзандонамро калон мекунам. Охир ризқдиҳанда дар болои сарамон аст ва аз он даргоҳ фақат шайтон ноумед аст. Аз тарси он, ки боз як хаёли шум ба сарам наояд бандро майда майда карда ба оташдон партофтам. Пас ба хона даромада бо хотири ҷамъ дар байни фарзандонам чунон хоби беғаме рафтам, ки соатҳои ёздаҳ бедор шудам. Пас аз нӯшидани як пиёла чою наҳорӣ ба ҷои кор рафтам ва ҳама дӯстону ҳамкоронам маро интизор буданд. Маро дида ҳамаашон бо меҳру муҳаббат ба наздам омада аҳволпурсӣ мекарданд ва мехостанд аз ман хабари хуб шунавад. Бародарон муҳокимаҳо пушти сар шуданд, мо бо сари баланд ғалаба кардем. Шукри Худо айб наёфтанд, ки аз кор озод, аз ҳизб хориҷ ва ба маҳкама кашанд, ки ин натиҷаи заҳмат ва дастгирии ҳамаи шумо мебошад.
СОЯБОНИИ ЯТИМОН
Тобистони соли 1983 маро аз омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 19-и ноҳияи Колхозобод ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 25- и ноҳияи Ҷиликӯл ба кор гузарониданд. Дар он замонҳо касе мадори намеравам, гуфта, рад кардан надошт, зеро сиёсати давлат хело нисбати кадрҳо сахт буд ва ба куҷое мефиристоданд, рафтан мегирифтӣ.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ҷиликӯл ба кор шурӯъ кардам ва аз баски дар ин ҷо сарпаноҳе надоштам, бегоҳӣ пас аз анҷоми кор гашта ба Колхозобод мерафтам. Баъди як муддат масъалаи хонаро ҳам ҳал кардам ва хотирҷаъмона корро давом додам. Як рӯз аз ошхонаи донишҷӯён дидан карда бо ҳайати коргарони он шинос гардидам. Сарошпази ошхона акои Ҷалилро аз шароити корӣ ва шароити зиндагии ҳар коргараш пурсон шудам. Маълумам гардид, ки ӯ ҳам нисбати ҳаёту мамоти онҳо бетараф набудааст.ӯ аз ҳама бештар Маша (Муродсултон) ном пазандаро таърифу тавсиф карду оҳи сӯзоне кашид. -Ҳа, Ҷалил- ако, чаро ин қадар оҳи пурдард кашидед?- гӯям, -муаллим шумо аҳволи ин зани муштипарро намедонед. Соли гузашта шавҳарашро кушта, дар партовгоҳ партофтанд ва ҳафт фарзанди ноболиғаш ятим мондаанд. Ин зани бонангу номус иродаро нашикаста, бо заҳмати ҳалолаш зиндагияшро сомон мебахшад. – Ҷалил- ако, бояд ин ҳодисаро бо ман нақл намекардед, акнун чанд рӯз хобу роҳатро аз даст медиҳам, гуфтам. Фикру хаёли онҳо маро азоб медод ва дар андеша мондам, ки чӣ тавр ба онҳо ёрии беғаразонаи худро расонам.
Он рӯзҳо директорамон Ҷӯрабоев Каримҷон, ки мубталою гирифтори касалии қанду фишори хун буд, дар муолиҷа қарор дошт. Вазифаашро ман иҷро мекардам ва мустақилона қароре қабул карда наметавонистам ва намехостам, ки ягон кору амали ман боиси ранҷиши хотири он кас гардад. Ҳамеша роҳ мепоидам, ки тезтар ӯ биёяду дар якҷоягӣ барои дастгирии ин ятимон маслиҳат кунем. Боварӣ доштам, ки Каримҷон ҳам худаш шаҳди ятимиро чашидааст ва нисбат ба ин масъала бетараф буда наметавонад.
Ҳамеша дар пеши чашмонам чеҳраи он тифлакони мӯҳтоҷи ёрию мадади атрофиён меистоданд. Дам ба дам мисраҳои ғазалиёти Саъдии зинданом ба ёдам мерасиданд, ки фармудааст:
Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.
Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.
Агар сояи хеш рафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Аз ин рӯ, пас аз кор ба ноҳияи Колхозобод, ба шифохона, барои аёдати директорамон Каримҷон рафтам. ӯ дар болои кат дароз кашида, рӯзномаҳои зиёдеро наздаш гузошта, мутолиа мекард. Саломи маро шунида, рӯзномаҳоро ба замин гузошта, ба пешвозам бархост. Ҳамдигарро ба як самимияти хоса ба оғӯш кашида, пурсупос намудем. ӯ дуру дароз аз вазъи кору аҳволи коллектив пурсон шуд. Дар рафти сӯҳбат фурсати мувофиқ меҷӯстам, ки дар бораи шароити зиндагии он ятимакон гап андозам. Худо рост овард, ки Каримҷон вазъи таъмини ошхонаро бо маҳсулоти ғизоӣ пурсид. Бад не, Каримҷон, ҳама чиз мерасад, маҳсулоти ғизоиро барои ошхона бетаъхир оварда истодаанд. Лекин ин ҷо як мушкилот баромад, зани ошпаз Маша наздам даромада, изҳори аз кор рафтан кард. Мегӯяд, ки бо ин 70-сӯми моҳона рӯзи ҳафт нафар фарзандони ятимамро ман гузаронида наметавонам.
Ман фикр мекунам, ки агар малолатон наояд ва ба фикри ман розӣ шавед, дар ҳафта ё даҳрӯза аз ҳисоби ошхона каме шакар, макарон, гӯшт, маска, биринҷ ва ғайраҳо диҳем, тифлакон хӯранду ба ҷиноят даст назананд савоб мегирем. Зеро ки шоир фармудааст:
Надорад дин, агар марде сахӣ нест,
Агар бошад сахӣ,ӯ дӯзахӣ нест.
Каримҷон каме ба андеша фурӯ рафту ногаҳон ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. -Мебахшед, ман ятим калон шудааму дар чунин лаҳзаҳо худамро дошта наметавонам. Падару модари Шумо дар қайди ҳаёт ҳастанд?- Ҳа, – гуфтам. –Дидед, шумо чӣ хел инсони хушбахтед, шумо бояд ҳамеша шукргузори даргаҳи зоти пок бошед.
-Ба касе нақл кардани он рӯзҳоро тоб надорам, дилам тоб оварда наметавонад. Дастамҷон, дар ин бора чанд бор ман ҳам фикр карда будам, лекин аз фазои носолими ин минтақа метарсидам. Модом, ки дунафар шудем аз назди ман баромада рафтӣ, фавран акои Ҷалилро наздат даъват карда, фаҳмон, ки бо директор маслиҳатро пазондем ва дар ҳафта ё даҳрӯза 1-2 киллогӣ маводи хӯрока барои таъминоти тифлаконаш ба он зани паршикаста диҳаду овоза накунад, ки мардум боз мақола карда нанависанд. Тарзе кун, ки ин амали хайрро ӯ аз сарошпаз ва ҳотамии ӯ гумон кунад. Хурсанд шавад ва қадри акои Ҷалилро дониста, софдилона кор кунад. Занҳо кӯтоҳақланд ва дар ҷое мабодо нақл накунаду мардум нодуруст фаҳманд. Ҷалилро баъди аз назди директор баргаштанам наздам даъват карда ба таври махфӣ фаҳмонидам, ки бе ягон тарсу ҳарос ин амалро баҷо биёрад.
Як пагоҳ барвақт ба кор омадам ва навбатдори ошхона Ҷанатов Аъзамат гузоришеро оварда болои мизи кориям партофта, изҳор кард, ки дуздии молу мулки ҷамъиятро фош кардааст. Хонда бинам, гузориш бисёр босаводона навишта шудааст ва дар охир ҷамъбаст гардида, зарари расонида бо пул ишора гардидааст. Тарафи навбатдор рӯ оварда, пурсидам: «Ин ҳуҷҷатро худат навиштӣ ё касе ёрдам дод?» Ман аз он дар ҳарос будам, ки мабодо ягон маҳбасии қонунчиро дар сохтани ин ҳуҷҷат киро накарда бошаду корамон расво нашавад. Не худам дасгир кардам ва дар ҳузури шоҳидон навиштам.
Охир ман якчанд сол дар органи назорати халқии ноҳия кор карда будам. Офарин, Аъзамат Ҷаннатович, агар мисли ту бисёр мебуд ва вазифаашонро содиқона иҷро мекарданд, ҷамъияти инсонӣ нест мешуд ва аз инсоният ному нишоне намемонд. Пеш аз сар кардан ба навиштан ту аз худат савол накардӣ, ки ман чӣ менависам ва оқибати кор чӣ мешавад? ӯ аз ин суханони ман чизеро нафаҳмида як лаҳза карахт шуд. Ман бошам ӯро бахуд омадан нагузошта, як варақи тозаро наздаш партофта фармудам, ки аризаи аз кор рафтанашро бо хоҳиши худаш нависад. ӯ ҳайрон монд, ки чаро ба ивази хизмати арзандааш дар ҳифзи моликият ва бойгарии ҷамъият ба чунин ҷазо сазовор гардидааст.
Ман бо як оҳистагии хоса гуфтам: «Бародарам Аъзамат! агар имрӯз касе ба ман хабар медод, ки туро бо ҳамин миқдори бору мавод дар назди хонаи ҳамин зан дастгир карданд, фахр мекардам ва мумкин ифтихорнома медодам». Оё ту намедонӣ, ки соли гузашта шавҳари ин занро кушта, дар партовгоҳ партофтаанд ва ҳафт нафар фарзандонаш ятим мондаанд. Ягон вақт андешае дар бораи ба чунинҳо дароз кардани дасти ёрию мадад аз лавҳи хотират гузаштааст, ки дасгир мекунию худро ҳамчун ғолиб эҳсос менамоӣ. Худат фарзанди як одами хуби ноҳия ҳастиву дар сандуқи синаат ба ҷои дил санги сиёҳеро бардошта гаштаӣ.
Акнун имрӯз фаҳмидам, ки ту арзандаи дасторхони мо набудаӣ ва ман хатои вазнине карда туро ба кор қабул кардам. Як насиҳати беғаразона медиҳам, ки минбаъд дар куҷое бошӣ, андеша кун ва пеш аз ҳама аҳволи одамонро ба эътибор бигир. Ҳамин тавр дониста гир, ки ин супориши ман дар ҳамоҳангӣ бо директорамон буд, ба хотири дастгирии ятимони ин оила. Ту бошӣ, қаҳрамони беинсоф, худам қапидам, гуфта, фахр мекунӣ. Бо ҳамин сӯҳбати мо анҷом пазируфт ва Ҷаннатов Аъзамат аз дарвоза бо қаҳру ғазаб баромада рафт. Он зан акнун фаҳмид, ки ин хайр ва дастгирӣ бо ташаббуси кӣ будааст. – Муаллим, барои некиҳоятон ҳазорон раҳмат, лекин метарсам, ки ягон нохушиеро ба саратон наоранд. Барои ману фарзандонам шуда, вазифаю мансабатонро дар зери хатар намонед, аз пагоҳ эътиборан дигар ёриатонро намегирам, охир ӯ бо ҷаҳл аз дарвоза баромада рафт ва дар маркази ноҳия шикоят мекунаду ягон балоро мехезонад,- гуфт, Маша. Аммо ба Ҷалил- ака гуфтам, ки минбаъд ҳам ёриро қатъ накунад ва то рӯзи дар ҳамин кору вазифа буданамон онро давом диҳад. Таваккал ба худо, агар хайру шафқат сабаби аз кор рафтани ман гардад, тайёрам, ки равам. Лекин боварӣ дорам садақа пеши ҳама балоҳоро мебандад. Ҳамон рӯз дар дафтари кориам бо сармуҳосиб баъзе масъалаҳои хоҷагиро дида истода будем, ки тақ- тақи дар баланд шуд. Марҳамат, дароед, гуфтам.
Се нафар вориди дафтари корӣ шуданд ва ҳарсеяшон мансабдорони ноҳия буданд. Онҳоро истиқбол карда, хуш омадед гуфта, ба шиштан даъват кардам. Котибаро барои ташкили дасторхон супориш додам, онҳо бошанд, ташвиш накашед, ҳоло вақтамон ниҳоят танг аст. Чойро ягон бори дигар агар насиб бошад, менӯшем. Ҳоло мо бо масъалаи дигар назди шумо омадем. Тамоми ҳушу ёдам ба шумо, гуфта, ба меҳмонон наздиктар нишастам. Мехостем сабаби аз кор рондани коргаратон Ҷаннатовро фаҳмем, ки чаро ба ивази хизмати софдилонааш дар ҳифзи моликият аризаашро талаб кардаед. Кӣ ба шумо чунин ваколат додаст, ки қонунро поймол намоед? Ман нотарсона ва бе ягон дудилагӣ гуфтам «Вай ба ин ҷазо арзандаю сазовор аст ва ман аз мавқеи инсонгароиву гуманизм ин ҷазоро ба ӯ муносиб донистам». Корманди кумитаи бехатарии ноҳия тарафи сардори бозрасии автомобили ноҳия нигоҳ карда гуфт: «Аз ин муаммо ман чизеро нафаҳмида истодаам». Дӯстам худатонро азоб надиҳед ин асрорро танҳо аз худи Аъзамат фаҳмида метавонед. Онҳо аз ҷуздонашон аризаи ӯро, ки пур аз тӯҳмату дурӯғ буд, бароварда, ба наздам гузоштанд. Дар ҳолати ҳузур доштани одами зинда ариза чӣ зарурият дорад, охир ариза забон надорад, ки аз он росту дурӯғашро ёфта гирем.
Супориш додам, ки як лаҳза интизор шаванд ва котибаро барои даъвати Аъзамат бо Ҷалилу Маша равон кардам ва дере нагузашта онҳо ҳозир шуданд. Акнун маро бодиққат гӯш кунеду хулосаатонро дар асоси адлу инсофи инсонӣ бароред. Тамоми ҳодисаро аз аввал то ба охир бо тафсил ба онҳо гуфта додам. Онҳо маро бодиққат гӯш мекарданду ба тарафдории Аъзамат дигар чизе гуфта наметавонистанд ва дар охир акааш (корманди бозрасии автомобилии ноҳия) маро ба оғӯш кашида, моро бубахшед, ки таги гапро нафаҳмида шуморо ташвиш додем.
Талаби ман ҳам аз бародари шумо танҳо ҳамин аст, ки ҳалимӣ ва меҳрубониро пеша кунад, атрофиёнро низ фаҳмаду мувофиқи шароит амал намояд. Худо ба ӯ дил додаст ва аз талаботи шариат бохабар асту мувофиқи он амал намекунад. Охир ӯ дар хонаводаи муллои бомаърифат ва пешқадами ноҳия ба дунё омадааст. Наход аҳволи ин занро, ки ҳамшарияш мебошаду солиён бо ҳам кор мекунанд, намефаҳмад. Наход дарк накунад, ки ҳафт нафар тифлаки бегуноҳ бегоҳӣ омадани ин занро интизоранд. Агар гурусна монанд, ба ҷиноят даст мезананду модар мумкин роҳи дигареро интихоб кунад. Агар ҳамин рафтори маро тороҷи моликият ҳисобед, мувофиқи аризаи он курдил ман ба ҷавобгарӣ тайёрам, гуфта, ҳарду дастамро дар пешашон доштам, то занҷир зананд.
– Не, устод, моро маъзур доред, ки шуморо ташвиш додем,- гуфтанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Тавофи Каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст Каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.
Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули ҳақ нашавад, агар диле биозорӣ.
Ҳамин тавр онҳо бо ман хайру хуш карда баромаданӣ шуданд ва хоҳиш карданд, ки барои чунин рафтори ғайриинсонона бародарашонро акнун аз кор пеш кунам. Аммо ман гуфтам, ки барои ташвишу сарсонии шумо имконият медиҳам, то дар паҳлуямон кор кунад ва нозукиҳои одобу рафтори одамиро омӯзад. Зеро ки муаллим шудан ва ба олимӣ расидан осон аст, аммо ба мартабаи инсонӣ расидан ниҳоят мураккабу мушкил мебошад. Шодравон Лоиқ мефармояд:
Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд,
Соҳибунвоне фузун дидам, яке фозил нашуд.
Зиндагӣ, гар устоди мо тӯй, бе парда гӯй,
Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд.
Аъзамат ҳам шояд аз кабили чунин шогирдҳо бошад ё холо ҳам чавонӣ карда истодааст. Ба мартабаи баланд инсон танҳо бо заҳмати зиёд, андешаи пухта ва ҳатман бо кӯмаку мадади атрофиён расида метавонад. ӯ дар фаъолияти меҳнатии минбаъда хеле обутоб ёфта, ба қадри одаму одамгарӣ мерасидагӣ шуд. Ҳоло ҳам иззату ҳурмати моро ба ҷо меорад ва устод гуфта муроҷиат мекунад.
Овозаи шифо ёфтани Каримҷон
Баробари вохӯрии пагоҳирӯзӣ ҳамкоронам ба ман ҳабар расониданд, ки директорамон шифо ёфта ба кор баргаштааст. Аз ин хабар ман ниҳоят хурсанд шуда ба дафтари кориаш барои боздидашон рафтам. Каримҷон ако хело ҳам бардаму солим менамуданд, маро ба оғӯш кашида дурру дароз ҳолу аҳвол пурсиданд. Пас маро бубахшед, ки шуморо дар чунин ҳолати мушкил танҳо партофта меравам, гуфта ба чеҳраам нигарист. Додарам, Дастамҷон саломатиям имкон надода истодааст, ки дар якҷоягӣ корро идома диҳем. Шуморо тарбия кардем, тайёр кардем, ба шаҳри Питербург фиристодем, хонда омадед, дар назди роҳбарони ҳизби ноҳия номзадии шуморо тавсия додам. Кор кун, ман боварӣ дорам, ки пурра аз ӯҳдааш мебароӣ, танҳо каме характери бачагиатро парто, бо роҳбарон гапгардонӣ накун, дигар камбудӣ надорӣ. Пас фармони озодшавиашро нишон дода, ашёю анҷомҳоро супорида бо тамоми коллектив хайру хуш карда баромада рафт.
Аз пагоҳаш мо корро мустақилона бо Нағзибеку Ҳукмиддин дар ҳамбастагӣ сар кардем ва пас аз як ду моҳ намояндагони ҳизби ноҳия як нафар чӯпонро оварда ба коллектив ҳамчун директор муаррифӣ карданд. Он кас таҷрибаи фаъолияти кори педагогӣ надошт, ман ояндаи корро бо ӯ номумкин дониста, пас аз супоридани молу мулк якбора аризаамро дар бораи рафтан аз кор ба дасташ супоридам. Қарор додам, ки ягон моҳ дар хона дам гирифта асабҳоямро ба тартиб меораму пас ба кор оғоз мекунам. Лекин дар давраи бекориям худамро танҳо ҳис мекардам. Ҳамқадаҳҳу балегӯйҳо дигар наздам намеомаданд. Дар сари дасторхон ва маъракаю сайругашт танҳогӣ мекашидам. Ҳамин чиз маро маҷбур мекард, ки ҳар чӣ зудтар ба кор бароям ва бо одамон бошам.
Як рӯз пагоҳии барвақт назди мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷиликӯл Нодиршоев Санавбар даромадам, он кас чандин маротиба маро барои кор ба шуъбаи маориф таклиф карда буд ва ҳамеша ман не мегуфтам. Нодиршоев аз дидори ман ниҳоят хурсанд буд ва гуфт, ки чанд сол пеш ман мехостам, якҷоя кор кунем. Пас ба ҳам суҳбати самимӣ кардем ва шарти ҳодиса ва мақсади ба наздаш даромаданамро гуфта додам. Он кас таклиф намуд, ки агар шуморо дар шуъбаи маориф ба кор гирам чӣ мегуфтед? Не мегуфтам устод, зероки масофа дур ва музди додаатон чени хароҷоти роҳ ва хӯроки нисфирӯзӣ мешавад. Агар директори мактаби миёнаи коргарҷавонон таъин кунам ба ин чӣ мегӯед? Ман гуфтам: “Муаллим! бовар кунед ва маро дуруст фаҳмед, маро модарам барои директорӣ назодааст. Ҳозир мехостам, ки дар ягон мактаб муаллими оддӣ шуда кор кунам ва асабҳоямро барқарор намоям.”
Ҳеч гап не, ман шуморо директори мактаби №1-и коргарҷавонони ноҳияи Ҷиликӯл таъин карда мефиристонам, корро пурқувват кунед, ки дар он ҷо баъзе камбудию нуқсонҳо ҷой доранд. Бо ҳам нишаста хеле дар бораи шароити кор дар мактаби коргарҷавонон суҳбат кардем. Ман ҳам пешниҳоди он касро рад карда натовонистам ва аз 1-уми августи соли 1986 дар бораи директор таъин кардани ман фармон бароварданд. Корро бо як дилсӯзӣ бо маслиҳат бо Қиматшо Изатшоев ва Субадоров Азизбег оғоз кардам ва пеш аз ҳама диққати худро ба ҳалли се масъала бештар равона кардам:
1. Ба масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ, ки дар фаъолияти мактаби шабона чизи асосӣ мебошад;
2. Ба масъалаи давомот ва сифати дарсҳо, ки мактабҳои шабона ҳамеша дар зери назорат ва тафтиш қарор доранд;
3. Ба масъалаи интизоми меҳнати омӯзгорон, ки муаллимон ба он кам диққат медоданд ва ба дарсшиканӣ одат карда буданд.
Тамоми маҳорат, санъати касбӣ ва дониши педагогию методиамро истифода мебурдам, ки корро ҷоннок кунам. Муаллимони беҳтаринро ба монанди Нуралиев Б, Кӯлобиев Н, Сатторов Р, Иззатшоевро ба кори таълиму тарбия ҷалб кардам. Тамоми ҳушу ёдам ҳамеша аз пушти Сатторов Р, Нуралиев Б, Хуҷаёров М, Шарипова М ва дигарон буд, ки дарсро партофта нагурезанд.
Аксарияти хонандагони мактаб аз ҳисоби маҳбусони калонияи ислоҳотӣ буданд, ки назоратчӣ онҳоро ба дарс оварда мешинониданд ва пас аз дарс назоратчиён онҳоро гирифта мебурданд. Ҳамин чиз сабаб буд, ки дар вилоят дар байни мактабҳои шабона кори мо беҳтар ва давомот хубтар буд. Ман дар ин мактаб кор мекардам, лекин ҳама вақт дар фикри рафтан будам. Дар дилам нисбати ин вазифа ва корам гармиро ҳис намекардам. Аз ин рӯ назди мудири шуъбаи маорифи ноҳия рафта суҳбати доманадори корӣ кардем, ҳазлу шӯхиҳоро хотима бахшида хоҳиш кардам, ки мудир, маро аз ин корам озод карда ба ягон мактаб ба кори муаллимӣ фиристонед. Чӣ шуд? Сабаб, барои чӣ? То ман ҳастам, вазифаатро иҷро карда гард. Дуруст мегӯед, ман ниҳоят миннатдорам, аммо кори мактаби шабона кори ноайён ва аз боварӣ берун аст.
Ниҳоят ман гуфтам, ки дилам муаллимӣ мехоҳад. Ҳис карда истодаам, ки аз касбам дур шуда истодаам. Мехоҳам як ду сол муаллим шуда, заҳмат кашида худамро ёбам. Аз ин гуна сурат гирифтани суҳбат мудир ба ман супориш дод, ки як номзади арзандаро пешниҳод кунам, баъд ба фармонам имзо мегузорад. Ниҳоят ман номзодии Хуҷаёровро пешниҳод кардам, ки унвони номзади илм дошт. Мудир розӣ шуда маро бораи аз директории мактаби коргарҷавонон ба таври гузариш ба вазифаи муаллими таърих дар мактаби №20 фармон баровард. Аз 1-уми сентябри соли 1987 корро бо дили гарм ва нияти пок дар ин мактаб оғоз кардам. Барои ман аз ҳама хурсандии калон он чиз буд, ки хонандагон бо чашми умед ва дилҳои саршори меҳри зиндагӣ ба сӯям нагариста, аз ман чизеро фаҳмидан мехостанд. Ҳарчӣ бештар дар байни хонандагон будам ва кӯшиш мекардам, ки бо онҳо махфили фаннӣ ва дарсҳои иловагӣ гузаронам.
Лекин муаллимии ман дар ин мактаб низ дер давом накард, пас аз 3-моҳӣ фаъолияти муаллимиям дар мактаб маъракаи интихобот барои ишғоли мансаби директор баргузор гардид. Барои дар ин маърака номзади ягона мондан Абдуллоева Ҳалима, ки дар он лаҳзаҳо мувақатан иҷрокунандаи вазифаи директор буданд, ҳар лаҳза ба шӯъбаи маориф аз болои мо гузоришҳои сохта пешниҳод менамуд, то ки худаш номзади ягона монанд. Лекин ҳамаи ин ёри надод ва дар интихобот кор бар хилофи хоҳиши ман шуд. Боз коллектив бо як овоз ба тарафдории ман овоз доданд ва маро ба мансаби директор интихоб карданд. Ҳамин дам шеъри шоири ҷавон ва сермаҳсул Чӯпон Бадалӣ Ванҷӣ ба ёдам расид, ки гуфтааст:
Ризқ аз рӯи амал нест, зи рӯзи аза ласт,
Камбағал аз нигаҳи рӯзи азал, камбағал аст.
Умр ҳам додаи тақдир бувад, вақт рассад,
Гар чи садсола шавӣ, пеши роҳи ту аҷал аст.
Бадгуҳар маърифати нутқ надорад ба забон,
Дар лабу комаш агар қанду наботу асал аст.
Баъди ба вазифа шурӯъ карданам Абдуллоева Ҳалимро ба тамоми камбудиҳояш нигоҳ накарда дар вазифааш муовинам мондам ва худам ба курси такмили ихтисос ба муҳлати ду моҳ ба шаҳри Душанбе рафтам. Пас аз баргаштанам аз рӯи ахбори ҳамкорон пай бурдам, ки ӯ ба душманӣ, вайронкорӣ сару кор доштааст. Дар муддати ду моҳи набудани ман ё ду ё се маротиба ба мактаб омадаасту халос. ӯро наздам даъват карда, тамоми нуқсонӣ ва норасоиҳояшро гуфта додам ва фаҳмонидам, ки мо бояд аз як гиребон сар бароварда кор кунем. Абдуллоева Ҳ, ҳамроҳи атрофиёнаш Абдумуминов С маро нафаҳмиданд ва кори зараррасонияшонро давом додан мехостанд, лекин мувофиқи назорати дохили мактабӣ ман онҳоро камбудиҳояшонро ба гарданашон бор карда озодии интихоб додам, ки тоб оварда натавониста баромада рафтанд.
ТАЪСИРИ ВАЗЪИ СИЁСӢ БА КОРИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ торафт муташанниҷ мегардид, ки мардумро ба майдоннишинӣ оварда расонид. Аз ноҳияю вилоятҳо ҳам одамони зиёде ба майдонҳо мерафтанд, ки ин кори таълиму тарбияро халалдор мекард. Мактабе, ки дар он вазифаи директориро ман адо мекардам, аз ин ҳодисаҳо дар канор набуд. Ман як рӯз муаллимонро даъват карда дар ин масъала ҷаласа гузаронида гуфтам: «Дӯстонам! кори пурифтихортаорин, таълиму тарбияи насли наврас дар зиммаи мою шумо гузошта шудааст. Шумо қувваи тавоноед, ки дар байни мардум фаъолият ва зиндагӣ доред. Ҳама вақт бо мардум сухани ҳақро гӯед. Вазифаи мою шумо роҳ надодан ба ҷангу нооромӣ ва андешидани тамоми тадбир барои пешгирии он мебошад. Тамоми ҳодисаҳоро ба таври воқеъбинона шарҳу эъзоҳ диҳед, барои муаллим майдони беҳтарини набард мактабу бачаҳо мебошанд. Агар шунавам, ки кадоме аз шумо дарсро партофта ба майдон рафтаед ё дар ин ҳодисаҳо даст доред, аз кор пеш мекунам».
Ин суханони маро дар куҷое гуфта будаанд ва бегоҳӣ овоза шуд, ки дар масчити маҳалла барои сокинон ғалла тақсим карда медиҳанд. Оилаи ман ҳам қатори дигарон халта бурда барои таъминоти кӯдакон бо нон як қадар ғалла гирифтан мехостааст. Баробари расидани навбаташ пурсидаанд, ки ин кас оилаи кист ва баъди оилаи ман буданашро фаҳмиданашон халтаашро гирифта аз дасташ дур партофта, нигоҳи норозиёна кардаанд. Рав, аввал шавҳаратро гӯй, ки исломӣ шуда дар қатори муъминҳо дар майдон истоданро ёд гирад, баъд ба ғалла гирифтан ҳуқуқ пайдо мекунед. Аз кор баргаштам оилаам хиҷил наздам омада гуфт, бо айби шумо халтаи маро аз дастам гирифта партофтанд.
Дар байни мардум шарм доштам, наход шумо натавонед, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунед. Занак амал, фаҳмиш ва рафтори онҳо хатост, инро зиндагӣ исбот менамояд ва пагоҳ раҳмат мегӯӣ. Пагоҳӣ бо мошинаи шахсиям ба кор рафта истода будам, ки аз даруни замин як одами ғӯлмонанд, ки картошка чобуқ мекард, поилуч байни роҳро гирифта маро ба манъшавӣ маҷбур кард. Ман мошинро манъ карда, фаромада, акаи Фозилбек гӯён салом додам, вале ҷавоберо нашунидам. Он кас бо ғазаб сӯям нигариста гуфт: «Муаллимча ман мехостам донам, ки падару модари шумо, мӯъминанд ё не? Агар мӯъмин бошанд чаро шумо муаллимонро намемонед, ки рафта дар паҳлӯи бародарони мӯъмини худ истанд». Ҳа акаҷон, ман надонистам, ки ин ҷо пост гузошта мӯъмин ё ғаиримӯъмин будани муаллимонро тафтиш мекунанд, набошад бо роҳи калон мерафтам. Агар дину оини падару модари маро донистанӣ бошӣ, шукронаи Худо, ки мӯъмину мусулмонанд, аммо ҷои муъмину мусулмон одамкушӣ ва зидди ҳамдигар майдоншинӣ аст ба ман нагуфта буданд. Ба мо фарзандонашон фаҳмонида буданд, ки мӯъмин бародари мӯъмин аст. Инчунин суханони ҷовидонаи Саъдӣ дар хотирам аст, ки фармудааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Падарам худашон муаллим буданд ва синфхона барои онҳо ҷои муқаддастарин буд ва ин амалро мо аз вай омӯхтем. Майдону майдоннишинӣ кори муаллим нест, балки кори идеологии душманони миллату Ватан мебошад ва оқибати хуб надорад. Бародар андеша кунед, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, зеро аз ин амал ғаири зарар чизеро интизор шудан мумкин нест.
Акаҷон ҳоло ҳам дер нашудааст, ақлу хирадро кор фармоед, ки ин амали шумо танҳо пушаймониро бор меорад. Оқибати ҳар гуна ҷангу низои сиёсӣ сулҳу оштӣ мебошад, пагоҳ дар назди мардум шарманда мешавед ва тамоми умр бо сари паст мегардед. Эй муаллимча, ба мо боз ақл ёд медиҳӣ. Ман дигар чизе нагуфта ба мошинам нишастам ва боз такроран таъкид кардам, таърих гувоҳ ва Худо қозӣ ҳаст, то боздид.
Ҳамин тавр ҳодисаҳои аҷибе рӯй доданд, ҳазорон кас кушта, ҳазорон хонаҳо сӯхта ва ҳазорон одамони бегуноҳ ба гуреза табдил ёфтанд. Ҳамаи ин аз дасти бо ном ҳамин хел сиёсатмандорони курдил буд, ки аксари онҳо аз хисоби бекорону бемансабони аламдор, аз маҳбасу додгоҳҳо баромада, алкашу бангиҳо буданд, ки аз нотинҷии сарзамин истифода бурдан мехостанд.
ЗИНДАГӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар он рӯзҳо аксарияти мардуми кӯҳистоние, ки солиёни дароз дар ин водиҳо зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доштанд баромада рафтанро сар карданд. Мо ҳам ба аҳли оила ба шаҳри Душанбе кӯч баста зиндагиро аз сифр оғоз кардем. Дар Душанбе ман дар суроғи ҷои кор будам, лекин куҷое мерафтам аз шиносномаам, қи ГБАО навишта шуда буд дидан карда, ҷой нест мегуфтанд.
Ниҳоят соли 1994 ба Коллеҷи политехникӣ рафта назди директораш, ки як ҷавони зебо буд даромада арзи ҳол кардам. Он кас маро хуш пазируфт ва ҳуҷҷатҳоямро омӯхта аз пагоҳ ба кор шурӯ кунед, якҷоя кор мекунем. Ман аз меҳрубонии онҳо ҳайрон шуда бори дигар гуфтам, шиносномаамро дидед? Ҳа дидам, гуфтанд. Не шумо маро нафаҳмидед, дар шиносномаи ман ГБАО навишта шудааст, бигузор ФРГ ё Берлин навишта шуда бошад, муҳим он аст, ки маълумоти олӣ ва собиқаи ғании корӣ доред. Акнун фаҳмидам, ки он кас ба маҳаллаву маҳаллбозӣ робитае надоштааст. Аз ин ҳодиса хело хурсанд шуда паҳлӯи ҳам то соли 2004 дар вазифаю мансабҳои гуногун кор кардем. Аввал маро муовини директор таъин карданд, корро ҷо ба ҷо кардам. Вазъияти факултети автомобилӣ ниҳоят бад буд ва рӯзе маро наздашон хоста илтимос кард, ки ба он ҷо ба вазифаи декани факултет гузашта, коллектив созам ва корро ҷоннок намоям. Пас аз панҷ соли декании факултет буданам маро наздаш хонда илтимос кард, ки рози шуда ба вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ гузарам, ки дар он ҷо кор чандон хуб нест. Мо корро дар ҳамдигарфаҳмӣ ба роҳ монда будем. Соли 2002 бо ман як ҳодисаи нохуш рӯй дод, ки боиси устувор гардидани дӯстии ману Яқубов Самарддин Эмомович гардид. Худи ҳамон сол писари ман, ки дар бахши дуюми Коллеҷи политехникӣ мехонд гирифтори касалии саратон гардида, 14-уми сентябри соли 2002 аз дунё даргузашт. Ягона шахсе, ки дар такяам ҳамчун сутун қарор дошт Яқубов.С.Э буд. ӯ маро ҳаматарафа кӯшиш мекарданд, ки таскин бахшанд ва тасалло диҳад.
Самариддинҷон ман нағз мефаҳмам, ки мурдани фарзанд алмосест, ки риштаи умри падарро мебурад, аммо аз рӯи таълимоти бузургони адабиёти классик ман ба он омодаам, ки шукр гӯям. Ҳофиз даи ин бора мефармояд:
Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондааст,
Ва-з умр маро ҷуз шаби дайҷур намондааст.
Васли ту аҷалро зи сарам дур ҳамедошт,
Аз давлати ҳаҷри ту кунун дур намондааст.
Дар ҳаҷри ту гар чашми маро об равон аст,
Гӯ хуни ҷигар рез, ки маъзур намондаст.
Соли 2004 Яқубов С.Э аз коллеҷи политехникӣ ба вазифаи диретори Коллеҷи техникӣ гузарониданд ва ба ҷои он кас Сайдаминовро дар Коллеҷи политехникӣ директор таъин карданд. Омадани он кас барои коллектив ва раванди таълиму тарбия як таконе буд. Зеро ки ӯ бисёр кӯшиш ба харҷ медод, ки системаи кори таълимро дигар намояд, аммо наметавонист. Кадрҳои куҳнаи беманфиат ҷойро бо хоҳиши худ озод намекарданд. Сайдаминов онҳоро озод карда наметавонист, зеро ки мафияи куҳна ба ин роҳ намедод ва ба кори минбаъдаи ӯ ҳамаҷониба халал ворид менамуданд. Ҳамин буд, ки ҳамагӣ як сол тоб оварда тавонист ва қариб делои шахсиашро сиёҳ мекарданд. Пас аз Саидаминов ҷавони дорои лаёқати баланд Саидов Р.Ҳ директор таъин гардид, ки ӯ ҳам дароз кор карда натавонист ва мафияи дохилӣ ӯро низ нағунҷонд.
Ҳамон соли 2007- ум устодам Ҷонона Назарова ба ман маслиҳат дод, ки ту чаро худатро хор карда дар ин ҷо кор мекунӣ? Ту агар маслиҳати маро гӯш кунӣ, ба Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рафта мавзӯъ гиру ҳимоя кун. Ман ҳам аз рӯзи дигар аз пайи ҳамин гуфтаҳо шудам ва то қиёмат аз он кас миннатдорам, ки маро ба роҳи илм ҳидоят намуданд.
КАМОЛОТ ВА ПАЖӮҲИШ – ОРЗУИ ДЕРИНА
Муборизаҳои пай дар пай ва гурӯҳбозиҳо ба дилам заданд ва ба Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот ба кор рафтам. Директори Пажӯҳишгохи рушди маориф шодравон Афзалов Х.С буданд. Он кас маро ба кор қабул кардан нахост ва баҳона пеш овард, ки шумо синнатон ба 57- 58 расидааст. Ба мо ҷавонон даркоранд, ки мавзӯ гирифта рисолаи илмӣ ҳимоя кунанд. Шумо бошад мавзӯъ гирифта ҳимоя карда наметавонед. Ман ҳуҷҷатҳоямро аз наздаш гирифта, гуфтам, имконият медодед, химоя мекардам ва баромаданӣ шудам. Аз пуштам, акаи Дастам истед, фаҳмидам, ки мақсадатон ҷидӣ будааст. Ҳуҷҷатҳоятро наздам монда рафта дар шуъбаи Давлатшоев корро сар кунед. Фармонро дар бораи ба кор қабул кардан аз имрӯз мебарорем. Имтиҳонҳои минимуми номзадиро супорида, мавзӯи илмӣ гирифта худи Афзалов Х.С роҳбари илмӣ интихоб намудам. Барои ризоияташро гирифтан наздаш даромадам, табасуми ба худ хос карда гуфт: «Акнун фаҳмидам, ки мақсадат ҷидӣ будааст, чаро не, ман розӣ ҳастам, ки ба шумо роҳбар бошаму бо ҳам кор кунем». Аз моҳи октябри соли 2007 ба пажӯҳиш оғоз кардам ва дар соли 2009 дар ин самт кори зиёдеро ба сомон расонидам. Аммо бо сабабҳои бахилии тоҷикона соли 2012 рисолаи номзадиамро дар мавзӯи «Асосҳои педагогии демократикунонии таълим дар муассисаҳои миёнаи касбӣ: анъанаҳои асосии инкишоф» химоя кардам ва номзади илми педагогика гардидам. Аз соли 2007 то имрӯз дар ПРМ ба номи А.Ҷомии АТТ дар вазифаи мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият дорам. Дар ин давраи фаъолияти меҳнатиам бештар аз сад мақола, як китоби дарсӣ, ду китоби инклюзивӣ, се китоби бадеи- ахлоқӣ ва панҷ дастури методи навиштам. Номгӯи мақола, китоб ва дастурҳои методии ман инҳоанд:
(№, номгӯи мақола, китоб ва дастурҳои методӣ, шакли таҳия, сол ва моҳи нашр, теъдоди саҳифа)
1. Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Умари Хайём, Дастур, 2007,16с.
2. Омӯзиши ақидаҳои фалсафии Сино, Дастур, 2007, 31,с
3. Таъминоти методии корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Дастур, 2007, 36.с.
4. Мавқеи фанни таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ахлоқии донишҷӯён «Маърифати омӯзгор» №8/2008, 37-40
5. Ростравро пайравӣ кун… Омӯзгор №32,8.08.2008
6. Камбизоатӣ ва таъсири он «Маърифати омӯзгор» №4/2008,с.51-54
7. Тайёрии касбии омӯзгори оянда – тоқазои ислоҳоти маориф «Маърифати омӯзгор» 11-12/2008, с.11-15
8. Тарбияи зебопарастии донишҷӯёни мактабҳои миёнаи касбӣ «Мактаб ва ҷомеа» 2(17),2008,с.24-27.
9. Абӯ Ҳанифа- рамзи тарбия ва пайравӣ Омӯзгор №15,10.04.2009.
10. Мавқеъ ва вазифаи роҳбари гурӯҳ дар тарбияи донишҷӯён «Имрӯз ва фардои маориф» ПРМ,2009,с.79-83
11. Ҷавҳари маънӣ бо ӯст дар бораи Нодир Одилов Омӯзгор №46,6.11.2009.
12. Роҳбарӣ ба мактаби муосир «Маърифати омӯзгор» 7-8/2009,с.43-48.
13. Таҷрибаи пешқадамро омӯхтан мебояд «Маорифи Тоҷикистон» №2,2009,с.55-61.
14. Дарси вакантӣ- беҳтарин омили интихоби касб «Маорифи Тоҷикистон» №2,2010,с.71-74.
15. Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст Омӯзгор №5,29.01.2010.
16. Салоҳияти иттилоотии муаллими оянда «Маорифи Тоҷикистон» №1,2010,с.43-47.
17. Роль родителей в воспитании детей «Масъалаҳои маориф» №6(13),2010,с.41-46.
18. Макони касбу ҳунар Омӯзгор №35,13.08.2010.
19. Зиндагӣ довари якрӯст Омӯзгор №36,20.08.2010.
20. Дастоварди тиллоии истиқлолият Омӯзгор №39,09.09.2010.
21. Ташаккули фарҳанги техникӣ дар замони истиқлолият «Масъалаҳои маориф» №4(11),2010.с.7-12.
22. Тифлию домони модар Дастури мет. 2010, 100 саҳ.
23. Педагогические основы демократизации взаимодействия в процессе обучения вСУЗ-ах РТ. «Паёми педагогика» №3,2010.
24. Истиқлол ва рушди фарҳанги техникӣ «Маорифи Тоҷикистон» №4,2010,с.12-16.
25. Моҳияти таҷрибаи пешқадами педагогӣ «Маорифи Тоҷикистон» №6,2010,с.40-45.
26. Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст Омӯзгор №16,22.04.2011.
27. Истиқлолият сарфарозии ҳар миллат аст Омӯзгор №17-18, 29.04.2011.
28. Истиқлолият ва тарбия Омӯзгор №22,27.05 2011.
29. Худбаҳодиҳии сифатҳои равонӣ ва ҷисмонии муаллими оянда «Масъалаҳои маориф» №5,2011,с.66-70.
30. Ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги техникӣ Омӯзгор №28,25.06.2010.
31. Омӯзиши эҷодкорона ба мақсад мерасонад Омӯзгор №39,19.08 2011.
32. Истиқлол ва тайёрии касбии омӯзгори оянда «Маорифи Тоҷикистон» №4,2011,с.48-53.
33. Модули мактаби касбии миллии тоҷик «Масъалаҳои маориф» №3,2011,с.18-22.
34. Ҳуҷҷати тақдирсози миллат Сарқонун Омӯзгор №45,4.11.2011.
35. Инновационный педагогический подход к анализу исследования нравственно-потриотического вос.. «Паёми педагогика» №2(6),2011,с.40-45.
36. Педагогияеские основы демократизации взаимодействие обучение на основе инноватсионных подходов в СУЗ-ах РТ. Паёми ДМТ №4(68), 2011,с.374-276.
37. Демократикунонии Сино ва педагогикаи миллӣ Паёми ДМТ №5,(69),2011, с.327-332.
38. Ислоҳоти мактабҳои олӣ ва тадбирҳои демократикунонии он. Паёми ДМТ №7 2011,с.430-434.
39.
40. Нақши роҳбари гурӯҳ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ «Маорифи Тоҷикистон» №6,2011,с.33-37.
41. Тафсири Конститутсия ба хонандагон «Масъалаҳои маориф» №5,2011,с.20-25.
42. Хирмане аз киштзори парешон. Дастури тарбиявӣ Душанбе 2012, 115 С.
43. Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи тоҷикон «Маорифи Тоҷикистон» №3,2012, с.4-9.
44. Демократикунонӣ: монеа ва ҳадафҳо «Маърифати омӯзгор» №2-3,2012,с43-47.
45. Ҳуснорои инсон Омӯзгор №20,18.05.2012.
46. Он гаҳ дипломҳои мо қадр пайдо мекунанд. «Маърифати омӯзгор» №5,2012,с.9-14
47. Омилҳои педагогии инкишофи шахсият «Масъалаҳои маориф» №3,2012,с.42-46.
48. Ташкили корҳои тарбиявӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дастури методӣ Д,2012,86 саҳ.
49. Роҳои тайёр кардани муаллимони оянда дар партави ислоҳоти маориф Дастури методӣ Д, 2012, 88 саҳ.
50. Асосҳои фалсафа Китоби дарси Д,2013,368 саҳ.
51. Низоми кредитии таҳсилот ва талаботи он Омӯзгор №44,2.11.2012,с.8.
52. Ташаккули сифатҳои худбаҳодиҳӣ «Масъалаҳои маориф» №5,2012,с.74- 80.
53. Иҷлосияи 16 дар истиқрори сулҳи тоҷикон «Маорифи Тоҷикистон» №8,2012,с.8-16.
54. Камбизоатӣ ва тадбирҳои пешгирии он-омили асосии камолоти ахлоқии мактабиён Маводи илмию амалии конфронси ҷумҳуриявӣ,Д-2012, с.71-76.
55. Мактаб барои кӯдакони нуқсони нутқ дошта Китоби таълимӣ 100- саҳифа
56. Аврупои Ғарбӣ: таҳаввулот дар муносибат ба кӯдакони дорои нуқи ҷисмонӣ Китоби таълимӣ 150- саҳифа
57. Ташкили дарсҳои тарбиявӣ дар асоси талаботҳои ҷаҳонишавӣ Китоби тарбиявӣ 150- саҳифа
58. Дасти сахои падар «Маорифи Тоҷикистон» № , 2012,С.39-41
59. Проблемаҳои фалсафӣ- педагогии демократикунонии ҳамкории субъектҳо Маҷалаи «Илм ва инноватсия» № 1,2013,с. 180-184
60. Мураккабии мавҷи сеюми демократикунонӣ «Маърифати омӯзгор» №5-6,2013,с. 80-85.
61. Чароғафрӯзи маориф ва маърифат Омӯзгор № 23,13.09.2013
62. Хаёлоти ширин ва даргузари ҷавонӣ Омӯзгор № 40, 2013.
63. Истиқлолият неъмати бебаҳост «Маърифати омӯзгор» №9-10, 2013,с.26-30
64. Омӯзгор ҳидоятгари ояндаи дурахшон Омӯзгор № 45, 8.11. 2013
65. Фалсафаи тарбияи ахлоқӣ- ватандӯстии донишҷӯён Дар «Илм ва инноватсия» № 2, 2013, с.138-140 ва дар конф. Байнал.
66. Анъанаҳои оилавии мардуми тоҷик дар тарбияи маънавӣ ахлоқии мактаббачагон «Паёми Душанбе» №107, 25.12.2013
67. Намунаи гузариш аз низоми маъмурӣ- фармонфармоӣ ба низоми демократӣ «Маорифи Тоҷикистон» №3, 2014, саҳ. 61-66
68. Дастагуле аз чамани андеша(Дастури методӣ- ахлоқӣ) Китоби тарбиявӣ- 2014, «Сифат», 230 саҳифа
69. Назарияи ахлоқӣ- тарбиявии А. Ҷомӣ Илму инноватсия №3,(9), 2014, 93-98
70. Тарбияи экологӣ Масъалаҳои маориф № 2,214, саҳ 74-78.
71. Ташаккули қобилияти дарккунии донишҷӯён дар асоси талаботҳои инноватсионӣ Маорифи Тоҷикистон № 1, 2014, саҳ. 43-47.
72. Низоми кредитии таҳсилот№6,6.02.2015 омӯзгор №6,6.02.2015
73. Баромад дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуҷҷати сарнавиштсоз» Конститутсия роҳнамои ҳуқуқ ба таҳсил Душанбе 2014,с. 21-26.
74. Рамзи сарбаландию нишотмандӣ Омӯзгор № 12-13, 20.03 2015
75. Асосҳои назариявии таълим ва тарбия дар раванди ҷаҳонишавӣ Илм ва инноватсия №4,2014, (10 ),39-42.
76. Демкратикунонӣ яке аз мафҳумҳои муосир дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Илм ва инноватсия № 1-2, 2014,(7-8), саҳ 10-15.
77. Инноватсия, демократикунонӣ, низоми кредитӣ дар таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дастури методӣ «Сифат» 2015, 179 саҳ.
78. Дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои касбӣ (Ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ) Дастури методӣ 120 с
79. Ифтихори миллат «Омӯзгор» №30,25.06.2014,
80. Иҷлосияи бунёдгузори миллат «Омӯзгор» № 45, 09.2014.
81. Дар маҷалаи АТТ ду мақолаам зери унвони «Ваҳдати вуҷуд дар таълимоти ирфонӣ- фалсафии А.Ҷомӣ» ва «Назарияи тарбиявӣ-ахлоқии А.Ҷоми» «Масъалаҳои таълим ва тарбия аз дидгоҳи Ҷомӣ» Саҳ. 13-16 ва саҳифаи 39-44, 2014
82. Дар китоби ВМ «Конститутсия роҳнамои ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил» 20-солагӣ «Конференсияи чумҳуриявӣ » Душанбе-2014, саҳ.21-26
83. «Таҷрибаи педагогӣ- омили асосии комёбӣ» Омӯзгор, №2, аз 09.01.2015
84. Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба гузариш ба фазои ҷаҳонии таҳсилот Ба Вазорати маориф ва илми ҶТ 32с
85. Наврӯз сарсабзию нишотмандӣ Омӯзгор №12-13, 20.03.2015
86. Низомномаи муассисаҳои ибтидоии касбӣ оид ба гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот Ба Вазорати маориф ва илм супоридам 28с.
87. Демократикунонии таълим ва тарбия ҳамчун зуҳуроти педагогӣ Масъалаҳои маориф № 3, 2015, с.52-54.
88. Хусусиятҳои миллӣ дар равади татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои миёнаи касбӣ «Илм ва инноватсия», №1-2, 2015, (12), с30 -34.
89. Маълумотномаи раванди татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Дар мушовараи Вазорати маор. ва илм 03.07.2015
90. Мактаби муосир дар тарбияи некию накукорӣ «Субхи умед» № 2015
с.2-4
91. Демократикунонии таълим ва тарбия ҳамчун зуҳуроти педагогӣ «Масъалаҳои маориф» № 3 с.52-54
92. Роҳнамои татбиқи низоми кредитии таҳсилот (Дастури методӣ ) «Сифат»2015 110 с. дастнавис
93. Аввал пойбаст, баъд девор (Бахшида ба соли оила) «Омӯзгор» №50, 11.12.2015
94. Конститутсия- ҳуҷҷати сарнавиштсоз Маърифати омӯзгор № 11-12.2015
95. Философический подход к нравственно-патриотическому воспитанию, Илм ва инноватсия № 4, 2015, (14), с.66-69.
ХУЛОСА
Ман дар ин китоб мақсад гузоштам, ки дар бораи ҳаёту мушкилоти ҷавонони куҳистонӣ дар шахсияти худам каме сухан гӯям, лекин қалам бо забон мувофиқ намеояд ва ҳамоҳанг намегарданд. Тамоми сӯзу розамро то охир ошкор карда натавонистам. Бисёр гуфтаҳои ман мебоист дар бораи тарбияи фарзанд, одоби ойла ва оиладорӣ сурат мегирифт, аммо сиру асрорамро то охир кушода натавонистам ва наметавонам. Яке аз қонунҳои асосии фалсафа «Қонуни инкори инкор» мебошад ва агар инкорро дар мисоли оила ва фарзандони худам гирам, чизеро ба вуҷуд оварда натавонистам, ки аз рӯи сифат, маълумот, фарҳанг аз кӯҳна бо сифатҳои пешқадамашон фарқ кунанд. Дар ин бора Рӯдакӣ бо сӯзу гудоз фармудааст :
Эй дареғо, ки ҳунармандро,
Бошад фарзанду ҳунарманд не.
В-ар чӣ адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Ин гуфтаҳо асоси воқеъи доранд, ки фарзандони ҳуберо ба дунё овардем, бо садҳо умеду орзӯ парваридем, тамоми талаботашонро муҳаё сохтем, вале ба он чизе умедвор будем ноил нагардидем. Ба хотири мӯҳтоҷиро ҳис накардани онҳо тамоми ҳастиямро ба меҳнати ҳалол баҳшидам. Дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатиям кӯшиш кардам, ки ягон бор интизоми меҳнатро вайрон накунам ва ҳамеша сазовори таҳсину офарин бошам.
Фаъолияти меҳнатиро бо шарафона тай карда ба чандин ифтихорномаю тӯҳфаҳо мушарраф гардидам. Бо касе кор карда бошам аз дасту забони ман озор надидааст. Агар Худованди Таъоло барои ман умри дубора мебахшид, ман бе дудилагӣ ҳамин роҳро боз ҳам интихоб мекардам. Лекин як чиз маро як лаҳза ором намегузорад, ки умрро ба охир расонида, акнун фаҳмидам, ки бо психологияи куҳистони то кадом андоза умрро бесамар аз даст додем. Дар фаҳмиши мо мардум як нотавонбинӣ ҷой дошт ва ҳоло ҳам ҷой дорад, ки ба иқтидору тавоноии хеш баҳои ҳақиқӣ дода наметавонем. Барои мансабу вазифа кам кӯшиш менамоем ва ҳамеша як савол майнаи моро озор медиҳад, ки метавониста бошам? Дигар он ки мо қадри вақтро намедонем ва аз он самаранок истифода намебарем. Ягон чиз ба монанди вақт қимати баланд надорад ва бояд ҳама ба қадру қимати он расанд. Нагузоранд, ки ягон лаҳзаи умр беҳуда гузарад, ки умр бе ихтиёр гузарон мебошад. Шоир ба мо таъкид намуда моро бо чунин маънӣ огоҳ менамояд:
Макони нозанинони ҷаҳон дар гӯр мебошад,
Ба ин умри ду-се рӯза касе мағрур мебошад.
Ба мардони Худо дил банд, ба дунё дил мабанд охир,
Касе, ки толиби дунёст, гӯё кӯр мебошад.
Бо ҷавонӣ ва зӯри бозӯ фахридан ва мағрур шудан хатост, зеро ки он мувақатӣ ва кӯтоҳмуддату даргузар мебошад. Инсон бояд дурандеш ва дорои маърифати баланд бошад, зиндагиро ба умеди имрӯз не балки бо андешаи фардо бояд гузаронид. Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ шахс бояд андешаи баланд дошта бошад, ки шоир фармудааст:
Андеша нигоҳ дор, ки андеша накуст,
Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст.
Дунё ва зиндагиро бо чашми ақл бинед ва ҳар чӣ бештар кӯшед, ки ҳар он чизе нофорам ва нофармуда аст аз адои он худдорӣ намоед. Ҳ.Шерозӣ дар ин боб фармудааст:
Фарзи эзид бигузорему ба кас бад накунем,
В-он чӣ гӯянд раво нест , нагӯем равост.
Ман ҳамеша тарафдори маърифати баланд гирифтани фарзандон, бо фазлу ҳикмат будани онҳо будам ва мебошам. Дар тақвияти ин андеша Чӯпон Бадалӣ Ванҷӣ фармудааст:
Ҳама чизи ҷаҳонро нусхаи аслаш бувад зебо,
Асо асло нагирад ҷои пои марди якпоро.
Агар хоҳӣ камоли илм ёбӣ, бештар омӯз,
Ки аз пурбарфии куҳ аст равнақ оби дарёро.
Бузургӣ пеши пои хеш дидан нест, ай нодон,
Бузург аст он, ки ӯ имрӯз бинад рӯи фардоро.
Инсон хатогиҳои зиндагиро танҳо қодир аст, ки дар айёми камолоти умр дарк кунад. Аммо ҳайҳот, ки айёмро аз даст додаасту барои ислоҳи он хатогиҳо фурсат намондааст. Дар ин боб У.Хайём бо оҳу дард мегӯяд:
Фарёд, ки рафт умр бар беҳуда,
Ҳам луқма ҳарому ҳам нафас олӯда.
Фармудаи нокарда сияҳрӯям кард,
Фарёд зи кардаҳои нофармуда.
Хулоса бояд тарзе дар олам зист, ки оқибат пушаймониро ба бор наоварад ва инсон аз ҳар рӯзи зиндагӣ қаноатманд бошад. Лекин ба фикри ман инсон ҳеҷ гоҳ аз хеш ва амалҳояш қаноатманд буда наметавонад. Ин аст сифатҳои беҳтарини инсонӣ, ки бузургон аз хуб ба хубтар расиданро ҳидоят кардаанд.
Мундариҷа:
1. Пешгуфтор……………………………………………… 4 – 7.
2. Деҳаи ман………………………………………………… 8 – 14.
3. Баҳори ҷавонӣ…………………………………………… 14– 20.
4. Дар нафақаи пиронсолӣ ва дур аз дарс……………… 20- 22.
5. Давраи ҳаёти мактабӣ …………………………………… 23- 28.
6. Берун шудан аз зодгоҳ…………………………………… 28- 35.
7. Оғози фаъолияти педагогӣ дар мактаби № 66……… 35- 37.
8. Дилхунукӣ аз зодгоҳ……………………………………… 38- 43.
9. Рӯзҳои пурташвиши имтиҳонсупорӣ…………………… 44- 46.
10. Рӯзҳои хотирмони донишҷӯӣ…………………………… 47- 50.
11. Фаъолияти дар бригадаи донишҷӯёни бинокор…… 51- 55.
12. Бемории Сулаймони Карим…………………………… 56- 59.
13. Фаъолияти корӣ бо маълумоти олӣ………………… 60- 62.
14. Кор бо Каримҷони Ҷӯрабой…………………………… 62- 69.
15. Даҳшати хориҷшавӣ аз ҳизб ва рафтан аз вазифа… 69- 71.
16. Овозаи шифо ёфтани Каримҷон……………………… 71- 74.
17. Таъсири вазъи сиёсӣ ба кори таълим ва тарбия… 75- 78.
18. Камолот ва пажӯҳиш, орзӯи дерина…………………… 78- 83.
19. Хулоса……………………………………………………… 83-85.
Ашк аз чашмонам сарозер шуд