Таърихсозиҳои Маҳмадбек

  Маҳмадбек Маҳмадбеков, ҷавонпаҳлавони тоҷики муқими Русия, паҳлавони ҷудокори сатҳи ҷаҳонӣ дар корномаи варзишии худ таърихсозиҳои зиёде кардааст. Аммо дарёфти се медали тиллои Grand slam — Тоскуллоҳҳои бузург ва медали тиллои охиринашон дар мусобиқи Қазон аз таърихсозиҳои охирини паҳлавони хушном ва додари хуби мост.
  Маҳмадбек нахустин тоҷике дар тӯли таърихи ҷудо аст, ки медали тиллоии Grand slamро ба даст овардааст. Ва каму ғам ҳам не, се бор (Қазон -2021, Боку — 2021 ва Уланбатор-2022).
  Пирӯзии Маҳмадбек дар Бозиҳои варзишии умумирусиягӣ миёни субъектҳои ин кишвар аз рӯйи навъҳои варзишиии тобистонӣ дар миёни пурзӯртарин варзишкорон ва ба даст оварди медали тилло таърихсозии дигари ин паҳлавон аст.
  Ин мусобиқа бори аввал аст, ки дар Русия баргузор мешавад. Аз ҳисоби ин ки Русия барои ҷанг дар Укроин таҳти таҳримҳои варзишӣ низ қарор дорад, паҳлавононаш дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ширкат карда наметавонанд, вагарна мо шоҳиди тиллоҳои зиёди Маҳмадбек мешудем.
  Маҳмадбек, бидуни шак яке аз қавитаринҳои вазни -73кг-и ҷаҳон аст!
  Ҳамеша пешраву пирӯз бошӣ, Маҳмадбек!
  Хонаводаи Маҳмадбековҳо барои Ванҷу Тоҷикистон ифтихороти зиёде офаридаанд. Сомоншоҳ ҳамеша дар баландтарин мусобиқоти варзишии олам парчами кишварро ба эъзоз медароварад. Барои ин хонаводаи муҳтарам, ин дастоварди тозаро низ муборакбод мегӯем!. Гузориши Иршод Сулаймонӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.