Таърихи табартақсим

  KittbrtaqsimКитобест, ки аз хондани он касро беихтиёр ғаму ғусса фаро мегирад. Китобест, ки онро ҳар як тоҷик бояд ва ҳатман барои вусъат додани дарки худшиносии миллияш бихонад. Устоди зиндаёд Раҳим Масов, ки барои навиштани ин китоб заҳмату машаққати зиёд кашида, дари даҳҳо архиви махфии шӯравиро дар Тошканду Маскаву Санкт Петербургу Душанбе кӯфтааст, дар ин китоб хақиқати талхи миллати тоҷикро пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр дар ҳудуди Узбакистони кунунӣ, аниқтар, дар Самарқанд Бухоро,Тошканду Водии Фарғона ошкор кардааст.
  Геносиди маънавие, ки дар минтакаҳои мазкур болшевикон ва пантуркистоне, ки дар ҷомаи коммунист амал мекарданд, шурӯъ аз соли 1920-и қарни гузашта ба сари ин миллат раво диданд, аз ҷиҳати хусусият ва бераҳмии худ дар таърихи навини дунё назир надорад. Мактабҳои тоҷикиро бастанд, ҳазорҳо фарзандони фарзонаи ин миллатро ба ҷурми бою кулак ва шомил будан дар ҳаракатҳои зиддикоммунистӣ муттаҳам карда, қатлу ба паси панҷара кашиданд, гуфтугӯро ба забони тоҷикӣ дар мактабу дабистон, кӯчаву бозор комилан манъ карданд, даҳҳо ҳазор намояндаи ин миллатро ба таври фишору озор иҷбор ба тағйири миллият карданд.
  Аз рӯи навиштаи устод дар китоб ин ҳама ҷабру ҷафоро пантуркистони болшевикмаоб фақат дар нисбати миллати тоҷик, ки дар минтакаҳои номбаршуда аз рӯи шумор аксариятро ташкил медоданд, раво диданд ва қавму халқиятҳои дигар аз кабили қиргизу туркману қазоқу қарақалпоқу ғайра ба шумори нисбатан камашон нигоҳ накарда, мактабу дабистонҳои худро доштанд.
  Устоди зиндаёд дар ин китобаш бо далелу рақам ва мӯҳру санад ҳамаи он бедодгариҳоро фош карда, аризаву шикоятҳои расмии мардуми тоҷикро дар ҳамон замон, ки касе ба имдодашон нарасидааст, овардааст, ки бо вуҷуди гузашти даврон он шикваҳои беимдоди миллат имрӯз ҳам пурсӯзу гудозанд.
  Устод Раҳим Масов барои ҷамъоварии ин китоб заҳмату машаққатҳо кашидааст, аммо, мутаассифона, то имрӯз самараи меҳнати чандинсолаи ӯ ба забони тоҷикӣ чоп нашудааст. Агарчанде китоб ба забони русӣ аст, ҳар фарди миллат бояд ин китобро хонад ва ҳақиқати таърихиро дар мавриди ноадолатие, ки дар  нисбати миллаташ раво дида шудааст, аз он дарк намояд. Азиз Қадам.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.