Тахтабанд

  Ҳиммат бастаи доруҳо дар даст аз дорухона баромада, миёнашро молиш дода, бо қомати ба тарфи чап каме хамаш оҳиста-оҳиста аз роҳрави беморхонаи Қарияи Боло гузашта, дар яке аз харакҳои дутарафаи қатори роҳрав уфгӯён нишаста, ба олами фикр фурӯ рафт. Суханони духтур дар гӯшаш садо медоданд: – “Шумо бояд дар беморхона бихобед, ҳоло фасл гарм аст, лекин бо фарорасии тирамоҳ аз сабаби боронгарӣ ва намнокию хунукӣ дарди гурдаатон хуруҷ карданаш мумкин аст. Бино бар ин сабаб шумо бояд таҳти назорати духтурон бошед, то як гурдаи танҳо мондаатон ҳам талаф наёбад”. Гирдоби фикру хаёл, ки Ҳимматро ба дуриҳои дур мебурд, хотироти талхи муҳоҷират чун навори филм якто-якто аз пеши назараш мегузаштанд.
Дар солҳои бесарусомонӣ, соли 1997 Ҳиммат дар қатори ҳазорон шаҳрванди дигар аз сабаби тангии рӯзгор ва саду як мушкилоти рӯзмараи дигар муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр карда, ба кишвари Русия сафар кард. Ҳарчанд ки Ҳиммат аз бесарусомониҳои зиндагӣ дар мулки ғарибӣ ранҷ мекашид, дар як гӯшаи қалбаш ҳамеша оташаки умед фурузон буд, ки дар ватан тенҷиву амонӣ мешавад ва зиндагӣ ба мисли пештар мегардад. Онҳо ҳамаи ин ранҷу дарди ғарибиро дар ватани бегона хотима дода, бармегарданду дар ватани хеш соҳиби кор ва зиндагии беминнати хеш мешаванд.
Аммо баръакс, гирдоби даҳшатбори муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатиро дар ин ватани сарду хунук бештару бештар ба қаъри худ фурӯ мебурд ва бо гузашти солҳои пай дар пай сафи муҳоҷирони меҳнати дучанду-сечанд зиёдтар мегашт. Барои Ҳиммат солҳои аввали муҳоҷират пайдо кардани ҷои кор ба маротибае осонтар буд, аммо оҳиста-оҳиста аз сабаби он ки қонуне барои буду бош ва иҷозатномаи корӣ дар Русия ҷорӣ карда будаанд. Вазъияти ёфтани кор ва шароити буду бош дар кишвари Русия барои Ҳиммату садҳо ҳазор муҳоҷири дигар хеле мушкил гашта буд.
Дар бист соли муҳоҷират дар Руссия Ҳиммат чи азобҳои сангинеро аз сар нагузаронида буд. Дар ҳавои сарду хунук боре дар боми бинои бисёрқабатаи навсохтае бо чанд муҳоҷири дигар зиёда аз якуним ҳафта хобида буданд. Як дафъаи дигар дар як хонаи иҷоравӣ, ки қариб понздаҳ муҳоҷир зиндагӣ мекарданд, аз сабаби нарасидани ҷои хоб дар болои ҷевон ду моҳ хобида буд. Азоб мекашиданд, ранҷ мебурданд, аксаран бо шиками нимсеру нимгурусна кор мекарданд, аммо тоқат мекарданд. Чор тангаи пайдо кардаашонро сарфаву саришта карда, қадре ҳам бошад, барои беҳдошти аҳли хонаводаи худ мефиристодаанд. Бар зами ин ҳама азобу машаққатҳо боз сари мардуми муҳоҷир пайваста дар ин ватан таҳқирро раво медиданд. Гоҳ-гоҳе агар ба чанги милисаҳо меафтоданд, онҳоро то тангаи охирон ғорат мекарданд.
Басо мушкилу сахт ва токатфарсо буд, зиндагӣ дар ин ватани бегона барои муҳоҷирон, ҳама азобу дарду ранҷу таҳқиру тавҳинро барои андаке беҳдошти рӯзгори аёли худ ҳамеша таҳаммул мекарданд, вале дар таги дил пайваста озурдаву дилафгор будаанд. Ҳиммат, ки маълумоти олӣ дошт ва дар яке аз мактабҳои деҳа аз фаннҳои алҷабру ҳандаса дарс медод, аз рӯзи аввали ба сафари муҳоҷират баромадаанаш духтарчаи калониаш ҳамагӣ дусола буд, ҳоло духтари калониаш соҳиби шавҳар гаштааст ва писару духтарча дорад. Солҳо дар гарибӣ тез гузаштаанд ва ӯ аз зиндагӣ чизи хуберо надид, чизе ҳам баҳра набурд. Баъди духтараш писар таввалуд шуд, ки имсол синфи ёздаҳумро тамом кардааст, баъди писараш ӯ боз соҳиби духтар шуд, дар синфи нуҳум мехонад ва баъдан боз писару духтари дигар, ки яке дар синфи шашум ва дигаре дар синфи чаҳорум мехонад. Ҳиммат, ки дар як сол як бор ё баъзан дар ду сол сол як бор ба ватан бармегашт, ҳамагӣ се ё чор моҳ истода, боз ба муҳоҷират бармегашт. Чӣ тавр калон шудани фарзандҳояшро пайхас накард. Барои дар ҳузури аҳлу оилааш будан ва бо онҳо ҳисса кардани шодиву нишот ва пастиву баландии зиндагӣ фурсат надошт. Тарбияи фарзандонаш ва ҳалли ҳамаи шикасту рехти зиндагияш дар ватан фақат дар зиммаи ҳамсараш буд, бечора ҳамсараш дар зиндагӣ на камтар аз Ҳиммат ранҷ мекашид.
Имсол кор дар Русия барои Ҳиммат он қадар омад накард, кори сазовор пайдо накард, фақат корҳо саракӣ, баъзан муҳоҷирон анҷом медоданд. Ин намуди корҳоро, ки “шабаш” ҳам мегуфтанд, пайдо мекарду халос. Маблағи пайдо намудаи шабашаш базур сар ба нӯги сарфу харҷи рӯзгори сангини ғарибона ва сарфи роҳкиро мешуду бас, бар зами ин дар як-ду ҷои дигар, ки чор рӯз кор карда буданд, хӯҷаини корфармояшон маблағи корияшонро пардохт накарда, боз таҳдидашон ҳам карда буд, ки “Агар ба хушӣ аз ин чо наравед, милисаҳоро занг мезанам”.
Ҳиммату муҷочирони дигар ҳам ночор бо дастони холи он ҷоро тарк карда будаанд. Ҳиммат ҳар рӯз субҳи барвақт аз хоб хеста, ба гардиши шоҳроҳе, ки воқеъ дар атрофи Маскав буду ин мавзеъ иборат аз бустонсароҳои русҳои навбаромада буд, мерафт. Дар он ҷо ба ғайри Ҳиммат муҳоҷирони кории дигаре ҳам буданд, ки аз субҳи содиқ то бегоҳ ба умеди пайдо кардани корфармое аз русҳои навбаромадаи маҳаллӣ менишастанд ва байни худ муҳоҷирони корӣ ин ҷоро нимшӯхию нимҷиддӣ “Поле чудес” ҳам мегуфтанд, яъне, ки бахти касе омад кард.
Боре дар ҳамин ҷо Ҳимматро бо ҳамроҳи чор муҳоҷири дигар, як марди рус барои кандани хандақ барои зери хок кардани қубурҳои обгузар ба як ҷои дуртар ба кор бурда буд. Кор мушкил набуд, аммо шароити зиндагӣ хеле вазнин буд.Онҳо дар як сарои чӯбин, ки тахтаҳояш ҷафс васл карда набуданд, мехобиданд. Катҳои хоб, ки дар чор тарафи девор васл карда буданд, ҷои хоби дуруст надоштанд. Аз сабабе, ки катҳои чӯбин сахту дурушт буданд, Ҳиммат бо ҳамкоронаш дар болои рахти хоби чӯбин пеноластҳои сафедро гузошта, болои онҳо мехобиданд ва аз таркишҳои байни тахтаҳо шамолаки сард пайваста мевазид.
Масъалаи хӯрду хӯрокашон ҳам бад буд, дар гирду атроф мағозае набуд, дар бадали се-чор километр як мағозае арзи вуҷуд дошт, ки роҳи борики пиёдагард ба сӯи ин мағоза аз мобайни чангалзори зич ва қабристони бузурге мегузашт. Бар зами ҳамаи ин дар рӯ ба рӯи ин мағоза бинои милисахона воқеъ буд, ки доимо дар саҳни ин бино милисаҳо рафту омад мекарданд. Хӯҷаини корфармояшон ҳам супоришҳои даркориро дода, як шаҳрванди украиниро, ки дар ҳамин ҷо ба ҳайси посбон кор мекардаст, болои сари онҳо хӯҷаин монда, онҳоро таъкид кард, ки “ин одами боэътимоди ман ҳаст ва чи ҷавобу саволе оиди рафти кор бошад, ба ҳамин кас муроҷиат кунед” ва худаш дар мошини сабукраваш нишаста рафт.
Акнун ду руз гузашта бошад ҳам, аз ӯ дараке нест. Ҳиммат ва муҳоҷирони дигар, ки он қадар маблағи казоӣ надоштанд, мувофиқи қудрату қобилияташон ҳар кадоме се-чор сумии дар бисоташон бударо ҷамъ карда, аз шаҳрванди украини, ки Серёга ном доштаст, илтимос мекарданд, ки аз мағоза барои онҳо ақалан нон харидорӣ карда биёрад. Албатта, ба ивази пардохти ҳаққи хизмат ё ягон қутти сигарет ё ки шишаи “пиво”. Бо фарорасии шом онҳо ду нафарӣ бо навбат белҳоро дар даст гирифта, ба қитъаҳои обчакории мардуми маҳаллӣ рафта, як сатил картошкаро канда, ба ҷои кор баргашта, сатили пури картошкаро чаппа карда, дар гирди сатил гулхан меафрӯхтанд. Баъди соате гулханро ба ҳар тараф кашида, сатилро бардошта, рост монда, аз картошкаи пухтаи дохили сатил бо батон ё хлеби овардаи Серёга тановул карда, каме бошад ҳам, ба қавле “кирми дили” худро мекуштанд.
Аз байн даҳ-дувоздаҳ рӯз гузашт, онҳо кори ба зимма гузоштаи худро анҷом доданд. Ҳарчанд ки дар ин даҳ-дувоздаҳ рӯз бисёр ранҷ кашида будаанд, аммо “халос мешавем” гуфта, дар таги дил хурсанд будаанд. Соатҳои якуним-ду рӯз аз беруни дарвоза садои сигнали мошин баромад, Серёга давида, дарвозаро кушод . Хӯҷаини корфармо мошинашро дароварда, дар гушае гузошта, аз мошин фаромада, кӯтоҳ ба ҳама салом дода, даст дар ҷайб кори анҷомдодаи Ҳиммату дигар муҳоҷиронро дуру дароз назора карда, ба назди онҳо баргашта омада, кӯтоҳ-кӯтоҳ сулфида, ба сухан даромад: – “Саломат бошед бародарони тоҷик, ман аз натиҷаи кори шумо қаноатмандам!”. Ба назди мошинаш баргашта, аз дохили мошинаш бастаи пулро бароварда, ангушташро тар карда, ба шумурдани пул оғоз кард. Бастаи пулҳо, ки ҳамагӣ аз ҳазорсумаҳои нав иборат буданд вақти шумурдан шарах-парах садо мекарданд.
Корфармои рус, ки аз ваҷоҳаташ дар назари Ҳиммат ва муҳоҷирони дигар марди қавоқин ва дарундор метофт, аммо дар асл мардаки хубе будааст. Ӯ бастаҳои пулро шуморида, пулҳои даркориро як тараф гузошта, боқимондаҳои пули дар дохили лифофа бударо баргашта, дар дохили мошинаш гузошт. Аз ҷайбаш қуттии сигорро бароварда, сигореро дар дода, дуди чуқур кашида, дудро сар дода, ба Ҳиммату муҳоҷирони дигар руй оварда гуфт:
– “Инҷо дусаду панҷоҳ ҳазор рубл аст, дар байни шумо калонтар касе бошад, гирифта, пулҳоро тақсим кунад, чунки ман намедонам шумо дар байни худ барои тақсимоти пул чигуна маслиҳате кардаед”.
Ҳарчанд, ки Ҳиммат бо ёронаш барои пардохти ҳаққи меҳнаташон бо корфармои рус чилупанҳазор рублӣ сари ҳар як кас маслиҳат карда буданд, корфармои рус изҳор кард:
– “Маро бубахшед, ки шуморо партофта рафтам ва аз ҳолатон хабар нагирифтам, узр доштам, модарам дар вилояти Пасков бемор буданд, шуморо ҳамон рӯз оварда, дар инҷо монда, худам рост ба аёдати модарам рафтам ва фақат пареррӯз аз онҷо баргаштам, бинобар ин сабаб биступанҷҳазор рубли иловагиро ба шумо додам. Шумо ҳам вазифаи ба зимма гирифтаатонро бисёр хубу дар сари вақт ичро кардед, агар ягон кори дигаре пеш ояд, ман ба шумо ҳатман занг хоҳам зад”.
Корфармои рус сигорашро ба замин партофа, бо нуги пояфзолаш муддати чанде боқимондаи онро поймол карда, ба Ҳиммат ва ёронаш гуфт, ки ман ба шаҳр меравам, шумо ҳам агар дар ин тарафҳо коре надошта бошед, биёед, анҷомҳоятонро ҷамъ карда монед, ман шуморо то ба шаҳр мебарам. Ҳиммату ёронаш дар як дам чизу чораашонро ҷамъ карда, тайёр шуданд, мошин ҳам ба ҳаракат даромад. Ҳама дар таги дилашон хурсану қаноатманд будаанд.
Хурсандии Ҳиммат ҳам дер давом накард, чунки мӯҳлати будубоши ҳуҷҷатҳояш дар қаламрави Русия баъди панҷ-шаш рӯз тамом мешудаанд ва ӯро мебоист, ки барои тахт кардани ҳуҷҷатҳояш дар мадди аввал ҳатман қаламрави Русияро тарк мекард. Ҳарчанд ки дарди гурдааш ӯро ранҷ медод ва баъди дувоздаҳ шабонарӯзи кор ва зистан дар саройи(сарай)-и тахтагин дарди гурдааш хуруҷ карда буд. Аммо аз сабабе, ки боду ҳаво мӯътадил буд, Ҳиммат ҳарчи бодо бод гуфта, ният кад, ки якду-се моҳи дигар муҳлати ҳуҷҷатҳояшро дароз карда, то фарорасии фасли сармо истода кор кунад.
Ҳиммат бегоҳӣ рузи душанбе ба хотири тарк кардани хоки марзи Русия савораи қатораи Белорусия шуд. Дар қатора дар қатори Ҳиммат муҳоҷирони зиёди тоҷик ҳам буданд, ки ба хотири тарк кардани қаламрави Русия саргардон шуда будаанд. Чеҳраи ҳамаи муҳоҷирони саргардон ва аз ҷумла Ҳиммат ҳам изтиробомезу хавотир ва гирифтаву ғамгин будаанд. Чунки дар ин самт ҳам онҳоро рузи хубе интизор набуд. Фақат дард ранҷу таҳқир, тавҳин ва талаву тороҷ аз тарафи милисаҳо, ки акнун бо умеди дарёфт кардани тума ва луқмаи ҳароме дар роҳрави қатора ду нафари ва се нафари беист ба болову ба поён тақу дав доштанд. Ҳимматро,ки дарди гурдаи чапаш уро азият медод сару либосашро кашида ба кабати дуйуми кати тарафи рости купе баромада рӯяшро ба тарафи девори купе гардонда ба фикр фуру рафт, на хобаш мебурд, на чизе хурдан мехост, фақат дарди шадиди гурдааш ва фикрҳои печ дар печи зиндагӣ ӯро азият медододанду халос .
Субҳи рӯзи сешанбе қатора вориди қаламрави Белоруссия шуд. Ҳиммат ва дигар муҳоҷирон дар сарҳади Белоруссия воридшавии худро бо ивази панҷҳазор рубли ба кайд гирифтанд ва аз қатора фуромада то бегоҳирӯзи матали қатораи дигаре ба самти Маскав шуданд. Табаш, ки хира ва ваъзи саломатиаш, ки хуб набуд, Ҳиммат тамоми рӯз ба ғайри ду пирожний ва як стакан чой дигар чизе нахурд. Бесаброна омадани қатораи навбатиро интизор буд. Дарди гурдааш ҳамоно ӯро азият медод. Ҳиммат дар оташи тобу таб месухт. Ниҳоят шом ҳам фаро расид, соатҳои шашу бист қатораи навбати дар перони вокзал омада истод ва баъди лаҳзае, ки мусофирон ҳама савори қатора шуданд парвози қатора аз худ дуди гализеро сар дода фаш-фаш-кунонон ба роҳ даромад.
Акнун баъди сафари Белорус ва тако пуии зиёд дар қатора вазъияти саломатии Ҳиммат якбора баъд шуда буд. Ӯ дар баъзе ҳолатҳо бе ёрдами касе аз ҷояш хестан наметавонист. Ба замми ҳамаи ин оташи тобу таб ӯро як лаҳза ҳам раҳо намекард. Ҳиммат ночор бо кумаки Сайвалии ҳамдиёраш барои гирифтани муоинаи тибби ба беморхона рафт. Духтури пирамарде,ки тақрибан як шаступанчсола буд, баъди санҷидани фишори хуни Ҳиммат ӯро бо утоқи шашсаду сенздаҳ барои гирифтани акси ренгени узвҳои баданаш равон карда таъкид кард. Ки аксро гирифта ба назди ман баргард. Гирифтани акс ва ба даст овардани натиҷаи акси ренгени ҳам он кадар дер давом накард, ҳамагӣ биступанч дақиқа. Ҳиммат акс дар даст ба назди духтури пир баргашт аз баски пеши духтур аз мизоҷонҳои бемор ҳоли буду банд набуд. Ҳиммат бароҳат вориди утоқ шуда, аксро ба духтури пир дароз кард.
Духтури пир ба акс дуру дароз назар кард ва аксро болои миз монда кӯтоҳ ба Ҳиммат нигариста дастонашро дар киссаҳои хилати сафедаш карда, ба пасу ба пеш қадам мезад. Ниҳоят баргашта аксро аз боли миз бардошта ба назди тиреза рафта боз муддати чанде ба акс нигариста ниҳоят баргашт. Ба болои курсии мизи кориаш омада нишаст, ба Ҳиммат муроҷиат карда гуфт: “Ваъзияти саломатиатон хело бад аст ҷавони хуб, гурдаи чапатон шамол хӯрда об гирифта дардманд шудааст ба қавле пӯсидааст гӯем ҳам хатто намекунем. Агар мо шуморо фавран Ҷарроҳи накунем хавфи ба гурдаи ростатон тасир кардани гурдаи чапатон зиёд аст ва мо бояд, ки шуморо Ҷарроҳи карда, гурдаи чапатонро бурида безарар кунем. Илоҷи дигар на мо дорем ва на шумо, ҳоло вақт танг аст, ман ба шумо рӯйхати утоқҳои даркориро барои супоридани ташхисҳои лозими медиҳам ва шумо ҳамаи ташхисҳои даркориро супорида ба назди ман биёед. Мо шуморо ҳамин рӯз дар беморхона хобонида пагоҳ Ҷарроҳи мекунем”. Ҳуш аз сари Ҳиммат парид аҳволаш якбора сустар шуд ва аз бемадори худро ба пуштаки курси партофта такя кард. Духтури пир аз қаламдон ручкаеро гирифта дар болои варақ чизеро менавишт ба ҳоли Ҳиммат зери чашм аз таги айнакҳои калонаш нигариста, илова кар “ҷавони хуб аз баски шумо муҳоҷирон бо мо шартномаи суғуртави надоред дар клиникаи мо муолиҷаи шаҳрвандони хориҷӣ пулаки аст ва барои шуморо Ҷарроҳи ва дар бадали даҳ руз муолиҷа кардан шуморо мебояд, ки дар хазинаи клиникаи мо маблағи яксаду даҳ ҳазор рубли руси супорида, бо мо шартнома бандед. Агар шумо розӣ бошед ва тавонои пардохти яксаду даҳ ҳазор рубли русиро доред пас марҳамат ман ҳуҷатҳои шуморо тахт карда мемонам. Агар не пас ихтиёр ба дасти худатон аст, дар ин вазъияте, ки шумо қарор доред вақти андеша ва фикр кардан нест, ҳоло ҷавонед ва метарсам, ки дар зиндагӣ зое нашавед.” Ва дар ҳамон ҳолате, ки қарор дошт сарашро набардошта таъкид кард, ки “Пулро ёфтан мешавад амо саломатиро бошад не”.
Ҳиммат ҳам кӯдак набуд, вазъияти ба сараш омадаро бо тамоми паёмадҳояш эхсос мекард, бинобар ин изхор кард, ки “Бале ман розӣ ҳастам”. Духтури пир сарашро аз болои қоғаз бардошта, ба Ҳиммат нигариста, “Хело хуб” гуфта, илова намуд, ки “Набошад аз паси кор шавед”.
Ҳиммат дар якуним соли корияш ба ғайр аз маблағи ба хона равон кардааш, ҳамагӣ яксаду ҳафтоду ду рубл пасандоз карда буд. Акнун умед дошт, ки як каме маблағи дигар кор карда, бо фарорасии фасли тирамоҳ ба ватан баргардад. Амо мутаасифона ба муроду мақсадаш нарасид ва аз маблағи пасандоз кардааш яксаду даҳ ҳазор рубли русиро барои Ҷарроҳи ва муолиҷа дар хазинаи клиника пардохт кард. Ҳимматро фардо руз тақрибан соатҳои ду Ҷарроҳи карда, гурдаи дардмандашро буриданд. Аҳволаш баъди Ҷарроҳи камтар беҳтар шуда буд, ҳарчанд, ки ҷои тоза Ҷарроҳи кардаи гурдаи чапаш гоҳ-гоҳ сих зада месухт, аммо оташи тобу табаш ба маротибае пастар шуда буд.
Духтурон ба Ҳиммат тасвия доданд, ки баъди анҷоми ҷарохи ӯ бояд ҳатман ба ватан баргардад. Зеро, ки боду ҳавои инҷо намнок аст ва дарди ҷои гурдаи тоза буридаи ӯ то як муддати мадиде ӯро хоҳад нахоҳад азият медиҳад. Баъди муолиҷа дар клиникаи пулаки аз рӯи тасвияи духтурон Ҳиммат, ки илоҷи дигаре надошт ба ватан баргашт. Зеро, ки бо як гурда ва тани носолиму ранҷур ӯ дигар тавони анҷом додани осонтарин коро ҳам надошт, бинобар сабаб Ҳиммат ноилоҷ ба ватан баргашт.
Дар ватан ру бару бо саду як мушкилиҳои рӯзгор ва бе манбаи муътадили даромад, барои Ҳиммати бемор зисту зиндагони душвор буд. Бо маблағи боқимондае, ки Ҳиммат ба ватан баргашта буд, фақат барои як моҳи зиндагии у ва ахлу оилаи у басанда буду халос, бар замми ҳамаи ин оташи тобу таби Ҳиммат дар ватан баръакс авҷ гирифта буд. Ҳиммат чору ночор баъди се-чор рӯзи хузур доштанаш дар ватан барои гирифтани муоинаи тибби ба беморхонаи Қарияи боло омад. Духтур баъди гузаронидани чанд ташхис, руйхати доруҳои даркориро ба ӯ навишта фармуданд, ки доруҳоро харидори карда, пагоҳ ба беморхона биё, туро барои гирифтани муолиҷаи тибби ҳатман дар беморхона хобондан зарур аст.
Ҳиммат ки дар дарёи пуртуғёни фикру андеша ғутавар буд, телефони дастиашро аз киссаш бароварда нигарист, соат севу сиюпанҷ, рафтан даркор аст бевақт шудааст. Ҳиммат, ҷусаи сусту заифашро ки аз дарду ранҷурӣ ва аз фикру андешаҳои зиёде дар болои хараки роҳрави пиёдагарди Қарияи боло карахт шуда буд, аз болои харак бардошта каме рост истода аввал пои чапашро ва бадан пои росташро муддате чанд кату рост карда, оҳиста-оҳиста покати доруҳо дар даст ба роҳ баромад. Зиндагии сахту сангин қомати ӯро хам ва баданашро афгор карда буд. Ӯ дигар дар муқобили қисмати талхи рӯзгор ночор руҳафтодаву рухшикаста монда буд.
Ҳиммат, ки дар ин бистсоли муҳоҷират ҳамаи азобҳои сахти рӯзгори талхи ғарибиро кашида буд, доимо дуо мекард, ки саргузашти талхи ӯ аз сари ягон хешу табораш ва фарзандонаш дубора такрор наёбад. Аммо имрӯзҳо ӯ ба ҷуз бо дастони худаш равон кардани фарзанди нав ба камол расидааш ба муҳоҷират чораи дигаре надошт. Ӯ бо қомати ба як тараф хам, оҳиста-оҳиста аз саҳни бемохонаи Қарияи боло баромада, роҳи мошингардро гузашта, дар истгоҳ ба автовбуси дарози фарсудаи ҳаждаҳ, ки ҳангоми ба ҳаракт даромадан “гиж-гиж” садо медод савор шуд. Баъди муддати чанде дар чораҳаи пуртуғёни сермошини шаҳр аз мадди назар гум шуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.