Султоншо Урфонов

  Султоншо Урфонов дар соли 1947 таваллуд шудааст. Дар солхои 70 баъд аз адои хизмат чанд муддат сержант ва баъдан афсар кор мекунад. Баьд аз бозгашт дар мактаб-интернати ноҳия ба талабагон дарси ҳарбӣ медихад. Баъдан, муддате дар РИР-и (ДЭУ) ноҳия ба ҳайси ронанда кор кардааст.
  Пас аз он тасмим ба маълумот гирифтан мекунад. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба факултаи забони русӣ дохил мешавад. Онро хатм намуда, ба зодгоҳ бар мегардад. То ба синни нафақа ба омӯузгорӣ шул меварзад.
  Дар кораш хеле устувор буд. Аз ҷавонӣ намозхон буд ва шавқи зиёди ба илмҳои исломӣ дошт. Накл мекунанд, ки дар он замонҳо ками мардум маълумоти динӣ доштанд ва муллоҳои қуръонхон кам буданд. Вақте модараш, бибии худораҳматиам дар сакароти мавт қарор мегирад, амакам нафареро барои овардани Мулло Шобол Худованд раҳматаш кунад), барои барои Қуръон хондан ба деҳаи Чихох равон мекунад, вале то омадани мулло бибиам вафот мекунад.
  Амакам аз ин сахт рӯҳафтода шуда, баъд аз он тасмим мегирад, ки бояд Куръонро аз бар кунад. Дар муддати кӯтоҳ Куръонро аз худ карда ва номи Муллоро мегирад. Дигар ҳама ӯро Мулло гуфта болонишин мекунанд. Хислати аҷиби дигари амакм дар он буд, ки то 10 пушташрро номабар мекард ва моро таъкид мекард, ки бояд ҳафт пуштамонро донем. Аз бобокалону гузаштагон ривоятҳои зиёд меовард ҳама авлоду аҷдодони гузаштаро мешинохт.
  Султоншо Урфонов 30 декабри соли 2020 вафот карданд. Малика Урфонӣ.

Ёдат ба хайр амакҷон!

Дар сари санги мазорат як нишоне мондааст.
Умри фонӣ бигзарад ҳам, ҷовидонӣ мондааст.
Бо ҳамон дасти сахою меҳнатиат то абад,
Номи некат дар ҷаҳон бо некномӣ мондааст.
  Дарахти оилаи авлоди Урфоновҳо ҳафт шохаи мустаҳкам дошт. Оғози соли 2000 шохаҳаки аз ҳама хурдаш, кенҷаи оила, амаки азизам Қубодулло дар айни хеле ҷавонмардӣ, дар хонаи 32 шикасту ба олами фонӣ рахт баст.
  Соли 2018 бошад, навдаи миёнаи ин дарахти мустаҳкам, амаки бузургворамон, шасияти олиму боистеъдод, шахсияте, ки дар дунё газандаш ҳатто ба мурчае нарасида буд, Шерзод Урфонов ин дунёро падруд гуфт.
Дарди фарзанди падар гарон будааст, ки бародарони хонадони ин авлод хеле шикасти сахт хӯрданд. Ҳоло бошад, боз навдаи дигари ин дарахт ба тозагӣ моро падруд гуфт.
  Аз даст додани шахси наздик хеле ва хеле гарон аст. Амаки бузргворамон Урфонов Султоншо (рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад) шахсияти хеле бузургу хушсухан буд.
  Солхои дароз бо пули ночизи муаллимӣ бори гарони зиндагиро пеш мебурд. Хушсухану хушмуомила буд. Дар оила хеле шахси ҷиддӣ буд. Хеле моро дӯст медошт ва меҳраш баробари меҳри падарам буд.
  Аз синфи 5 то 9 амакам ба ман устод буд. Дарсаш бароям хеле шавқовар буд. Ҳар боре дар дарси “Осори ниёгон” супориш медод, ман даррав онро тайёр мекардаму ӯ маро хеле таьрифу тавсиф мекард, ки ин маро рӯҳбаланд месохт.
  Агар гуям амаки бузургворам устоди аввалинам буд, дар роҳи эҷод хато намекунам, зеро он кас буд, ки маро рӯҳбаланд мекард ва мегуфт, ки кӯшиш кун бачам, ҷаҳд намо, ту истеъдоди худодод дорӣ.
Дар даврони талабагӣ шеърҳои эҷодкардаамро мехестам, ки дар наздаш зам-зама кунам. Ӯ бо шавқ гӯш мекарду ҷои хатояшро ислоҳ менамуд ва хеле таъриф мекард. Ҳар боре пас аз таьтил ба хондан рафтанӣ мешудам, то аз амакам дуо намегирифтам, ба сафар намебаромадам. Бо суханони хуб маро дуо медод ва мегуфт, ки факат ба пеш равам.
  Ҳар боре мушкиле пеш меомад, аз ӯ маслиҳат мепурсидем ва маслиҳатгару раҳнамои ҳамаи мо буд. Солҳои охир танаш хеле ранҷуру табиаташ нозук шуда буд ва ҳар гоҳе ба дидорбиниаш мерафтем, гиря гулӯгираш мекард. Имрӯз аз шунидани хабари марги амаки бузургворам дунё дар назарам шаби тор шуд, зеро эҳсос кардам, ки нафари хеле қиматро аз даст додем.
  Нафаре, ки дар авлод ҷои муайяни худро дошт. Хеле гамгин шудам ва хостам чун парандае парвоз кунаму дидори охирини амакамро бубинам, вале сад дареғо, ки ин ғайриимкон аст. Мамлакати ғарибӣ замини сахту осмони баланд дорад ва ғайр аз ашк резондану дуо кардан дигар коре аз дастамон намеояд.
  Имшаб чароғи хонаи амакам равшан намесӯзад, аҳли хонавода маъюсу сарсонанд. Пару боли худро гум кардаанду аз набудани сутуни хонадон эҳсоси нестӣ мекунанд. Бале, гарон аст барои фарзандон, вале ғайр аз як каф дуо чизе аз дасти мо бандагон намеояд.
  Рӯҳат шод ва хонаи охиратат равшан бод амакҷон!. Малика Урфонӣ.

 Ёдат ба хайр, муаллим!

  Яке аз аввалин устодони мо (хонандагони солҳои таваллудашон 1972-1974) дар мактаби ибтидоии №24 (ҳоло Муассисаи таълимоти миёнаи умумии №24)-и деҳаи Поймазор, Султоншоҳ Урфонов аз олам даргузаштанд.
  Равоншод солҳои 1979 – 1981 дар дабистони русто ба мо аз фанни забони русӣ дарс мегуфтанд. Дарсҳояш чунон пурмазмуну пурмӯҳтаво буданд, ки ҳеч намехостам ба поён бирасанд.
  Муаллим хеле ором, бомавзун ва паст ҳарф мегуфтанд. Бо мо (кӯдакони 7-9 сола) тавре муносибат мекарданд, ки гӯё ҳамсолу ҳамсин бошем. Ба ғайр аз ин, дар ҳамон солҳо, ки онро замони “рукуду карахтӣ” (даврони Брежнев) меноманд, муаллим Султоншоҳ панҷ вақт намозашро тарк намекард (албатта на ҳама аз ин амали ӯ огоҳ буданд).
  Он кас дар ҳамсоягии мо, дар хонаи тағоямон Назрӣ Муҳиддинов мезистанд ва бештар вақт ман дарсҳоямро ҳамроҳ бо ӯ тайёр мекардам. Як рӯз пас меҳмони хонадони мо буданд ва худро узви оилаи мо медонистанд.
  Худо аз ӯ розӣ бошад!. Дар ду моҳ як маротиба ва дар вақти таътил ба зодгоҳашон, деҳаи Садвадг мерафтанд. Дар бозгашт ҳатман аз боғи навбунёдашон (ҳамон вақт ба назарам дар қишлоқ барои худ хона месохтанд) мева меоварданд…
  Муаллим Султоншо инсони шариф, марди порсову боиффат, дӯстдори дин, пайрави ҳақиқии пайғамбари барҳақ ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам), одам ба маънои томаш буд!.
Равонат шод, ҷоят ҷаннат ва охиратат рӯшан бод, Устод!. Худо раҳматат кунад!. Хилватшоҳи Маҳмуд. 31.12.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.