Ғаффоров Саттор Ниҳмонович дорандаи унвони “Аълочии маорифи ИҶШС”, омӯзгори дараҷаи олӣ, вакили Анҷумани шашуми муаллимони умумиитифоқӣ мебошад. Ҳар сол як шогирдаш ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил мешавад. Саттор Ғаффоров соли 1947 дар деҳаи Ванвани боло, дар хонаводаи Бобои Ниҳмон ба дунё умааст. Вақте ӯ таваллуд мегардад, Бобои Ниҳмон 69-сола будааст.
Ғаффоров Саттор хатмкардаи факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) аст. Таҷрибаи кории омӯзгорияш аз соли 1968 то имсол (муттасил) 50 солро дар бар мегирад. Шогирдони зиёде тарбия караст, ки номбардои ӯянд. Дар миёни онҳо агрономҳои варзида, раисони колхозу совхозҳо, афсарони баландрутба, кормандони мақомоти интизомӣ, табибони ҳозиқ ва омӯзгорону муҳандисон хеле зиёданд.
Ҳоло 71 сол дорад, аммо ҳанӯз бознишаста нест, дар мактаби миёнаи (МТМУ) №8 дар деҳаи Ванван (маҳаллаи Ғаво) ба таълиму тадриси насли наврас машғул аст. Хилватшоҳи Маҳмуд.
Назари хешро иброз кунед