Саид Миров

  SaidmirovСаид Миров соли 1918 дар деҳаи Мурғутгаи амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1936 ба ҳайси муаллими мактаби ибтидоии ноҳияи Ғарм оғоз ёфт. Пас аз хатми Дорулмуалимини Тошканд то соли 1943 дар вазифаи сарвари яке аз мактабҳои ноҳияи Ванҷ кор карда, соли 1943 ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Дар муҳорибаҳои озод кардани Харков, Варшава, убур кардани Донетск ва Висла, билохира дар торумор намудани қӯшунҳои зарбазани Квантуни Япония шуҷоату далерӣ нишон додааст.
  Баъди ба ҳаёти осоишта баргаштан фаъолияти меҳнатии С.Миров ин тавр ҷараён гирифтааст: 1946-1958 мудири Шӯъбаи маоифи халқи вилояти Ғарм, котиби кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм, сарвари (директори) Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ, 1958-1966 сардори Саруправленияи муҳофизати сирри давлатӣ дар матбуот (Главлит) дар назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, аз соли 1966 то ба нафақа рафтан корманди идораи Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб (Госкомиздат). С.Миров дар ҳама вазифаҳо масъулиятшиносии баланд зоҳир намудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Ашраф Акрам.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.