Саид Боев

  Саид Боев яке аз афроди боилму фарҳангу маъруфи диёр буда, дар замони ҳаёти сахту пурмашаққати солҳои аввали муҳоҷирати ҳамватанон дар Русия саркору сарбони ҳамдиёрон буд. Дасти мададу машварати ӯ ба бисёре расидааст. Ҳамчунин, пас аз он ҳангоми фаъолияти ҳамкорӣ дар сафорати ҷумҳурӣ ба ҳадди тавону имкон ҳамватанонро имдод карда, мекӯшад ба қадри имкон хидмате ба корафтодагон кунад.
  Саид Боев 2 июни соли 1968 дар деҳаи Ғӯмаст дар оилаи муаллими маруфи диёр Мулло Боев таваллуд шудааст. То синфи ҳашт дар деҳа тащсил карда, мактаби миёнаи №4-и шаҳраки Рохарвро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Пас аз як соли таҳсил дар донишгоҳ ӯро ба хизмати аскарӣ даъват карданд ва ду сол кишвари Олмон ҳамчун танкист хидмат кардааст.
  Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, факултаи шарқшиносии донишгоҳи мазкурро бо дипломи сурх хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз сабаби нооромии вазъи сиёсии кишвар ба ноҳияи Ванҷ омада, дар деҳаҳои Ғуҷоваст ва Ғӯмаст ба ҳайси муаллим кору фаъолят кардаст.
  Ба сабаби вазъи хароби иқтисодию ноамнии сиёсӣ Саид Боев мисли ҳазорон ҳамватан роҳи кишвари Русияро пеш гирифта, солҳо дар бозори барои мардуми мо маъруфи Черкизовский ҳамчун саркор фаъолияти корӣ кард.
  Пас аз баста шудани бозор ба вазифаи ёварии раиси Хадамоти муҳоҷиратии Сафорати Тоҷикистон дар Русия оғози кор карда, алъон муовинии раёсати ин ниҳодро бар ӯҳда дошта, дар шаҳри Маскав ҳаёт ва фаъолияти меҳнатӣ дорад.
  Саид Боев ҳамчун фарди фарҳангу маърифат фарзандони хешро дар ҷодаҳои илму варзиш парвариш додааст ва фарзандонаш Садру Бадр бо намоиши адабу маҳорати паҳлавонӣ дар кишвар маъруф гардидаанд. Дар мусобиқаҳои гуногуни русиягӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гашта, Садрпаҳлавон қаҳрамони ҷудои ҷумҳурӣ ва ширкаткунанда дар мусобиқоти байналмилалӣ мебошад ва дар зинаҳои муваффақият чандин маротиб парчами Тоҷикистонро афшондааст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.