Саидиброн Баҳромов 1 майи соли 1935 дар деҳаи Лахши деҳшӯрои Водхуд, ноҳияи Ванҷ, ВАБК (ВМКБ) ба дунё омадааст.Дар синни хурдӣ бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум гашта, дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ, шаҳри Хоруғ ва Шаҳринав тарбияву таълим гирифта, ба воя расидааст. Баъди анҷоми хониши мактаби миёна дар Шаҳринав, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш.Тошканд) дохил шуда, онро соли 1958 хатм намудааст. Аз ҳамин давра фаъолияти касбиаш ба ҳайси корманди ирокуратураи шаҳри Хоруғ оғоз ёфт.
Баъди чанд муддати дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина ба сифати сармуфаттиш адои вазифа дошта, ба Ватан баргашта, аз соли 1965 то рӯзи вафоташ (20 августи соли 1988) дар мақомоти Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз ҷумла зиёда аз 10 сол сардории шуъбаи қабулгоҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.
Ба туфайли ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва дониши мукаммали касбии худ Саидиброн Баҳромов ба эҳтирому самимияти тамоми мақомоти Судии Олии ҶумҳурииТоҷикистон соҳиб гашта, хизматаш бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед