Садр Боев

  Садр Боев яке аз ҷавонпаҳлавонони номдори диёр аст, ки дар Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи варзиш касби шарафу комёбиҳо намудаст. Дар чандин мусобиқоти варзишӣ ширкат дошта, бо намоиши ҳунари воло дар мавриди писанди мардум қарор гирифта, чандин маротиб ба зинаҳои мақоми шоиста баромадааст.
  Боев Садр Саидович дар таърихи 21 августи соли 1995 дар оилаи Саид Боев ба дунё омадааст. Садр дар шаҳри Маскав ба воя расида, парвардаи мактаби варзишии русиягӣ буда, дар назди муррабиёни он ҷо тамрин гирифтааст.
  Садр Боев дар соли 2015 дар вазни 73 кг соҳиби медали нуқра дар байни ҷавонон гардид. Дар соли 2017 медали нуқраро дар байни калонсолон ба даст овард.
  Садр Боев ширкаткунанда ва барандаи мусобиқоти бисёри умумирусиягӣ буда, дар соли 2019 дар шаҳри Тамбови ин кишвар Қаҳрамони мутлақ дар варзиши русии “Борьба за-ворот” гардид.
  Ӯ иштирокчии мусобиқаҳои осиёӣ, ҷаҳонӣ мебошад. Садр Боев Қаҳрамони Точикистон дар гӯштини миллӣ дар соли 2019 дар вазни 80 кг аст.
  Садр Боев Устоди варзиши Тоҷикистон дар риштаҳои гӯштини милӣ ва ҷудо мебошад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.