Сабоҳ Нӯъмонов

  Диёри мо ба шарафи бузургмардонаш шӯҳрат ёфт ва некмардони он бо зуҳури ҷавонмардӣ, паҳлавонӣ, ҳимматбаландӣ, далерию хушахлоқӣ мӯҷиби чунин эътибор гаштанд. Яке аз ин зумра мардон паҳлавони маъруфи диёр Сабоҳ Нӯъмонов мебошад, ки бо ҷавонмардӣ ва майдондорӣ номвар гашта аст.
  Сабоҳ Нӯъмонов дар таърихи 1 июли соли 1968 дар деҳаи Мудехарв чашм ба олам кушода, замони кӯдакияшро дар маркази ноҳия – шаҳраки Рохарв сипарӣ намуда, мактаби миёнаи №4-ро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаб дар соли 1986 ба Омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе ва баъд аз адои хидмати аскарӣ ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии пойтахт дохил шудааст.
  Сабоҳпаҳлавон аз замони мактабхонӣ дар соҳаи варзиш касби комёбӣ карда буд. Дар соли 1986 Қаҳрамони гӯштини вилоят гардида буд. Дар соли нахусти хониш дар донишкада дар мусобиқаи байни донишкадаҳо сазовори ҷои дуввум гашта буд. Дар намудҳои ҷудо ва гӯштини тарзи озод қувва меозмуд.
Мутаассифона, айёми ҷавонӣ ва майдондории Сабоҳпаҳлавон ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омаданд ва нооромӣ ба ӯ шароиту фурсати иштироку ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти расмии дохил ва хориҷи кишварро надод. Ӯ дар ҷашну мусобиқоти мардумӣ қувваозмоию ҳунарнамоӣ карда, бо ҷуссаи тануманду варзишӣ майдонҳои мусобиқаро зеб медод. Боре дар ҷашне дар Рохарв дар мусобиқаи вазнбардорӣ бо дудаста бардоштани ду санги вазна (гиря) шаст маротиба тамошобинонро ба ваҷд оварда буд.
  Сабоҳпаҳлавон бо вуҷуди танумандӣ ва қавипайкарӣ шахси ҳалиму хушахлоқ буда, аз ҷавонӣ ба хурду бузург эҳтиром қоил буд, аз ин рӯ, худ низ дар мавриди иззату ҳурмати аҳли деҳу диёр қарор дорад. Хешу ақраборо идмдоду дастгирӣ менамояд.
  Сабоҳ Нӯъмонов яке аз афроди бо нангу ор, болобари обрӯи диёр аст. Дар ҳар макони зиста зуд эътибор меёбад. Ҳиссу ифтихори баланди миллӣ дорад. Солҳо кишвари Қирғизистонро маскан баргузида, бо фарзандонаш обрӯи миллати хешро баланд бардоштаанд.
  Писаронаш Шаҳриёр ва Шаҳром пешаи падарро пазируфта, дар соҳаи варзиш (гӯштингирӣ) ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Шаҳриёр се маротиба унвони Қаҳрамони ҷудои Қирғизистонро касб карда, кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифию намояндагӣ мекунад. Дар овони 17 солагӣ дар мусобиқа дар миёни калонсолон қаҳрамон шуд. Дар риштаҳои ҷудо, самбо, самбои размӣ, ҷиуҷитсу унвони устодии варзишро соҳиб гаштааст. Шаҳром, ки ҳанӯз ноболиғ аст, дар риштаи ҷиуҷитсу дар миёни наврасон дар вазни хеш Қаҳрамони Қирғизистон аст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.