Рухсора Орифова

  Рухсора Орифова дар деҳаи Баравни деҳшӯрои Водхуд соли 1927 ба дунё омадааст. Баъди гирифтани маълумоти ҳафтсола ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст.
  Ҳарчанд нишондиҳандаҳои меҳнатии ӯ дар тамоми самтҳои кишоварзӣ назаррасанд, вале маҳорати кории аслии он дар тамокукорӣ сайқал ёфта, худро чун хонуми зарбдори арсаи меҳнат ба тамоми ҷумҳурӣ муаррифӣ намудааст. Ҳанӯз дар ибтидои паҳншавии ин зироати  фоидавори (албатта, аз ҷиҳати иқтисодӣ) кишоварзӣ вақте аз ҳар гектар ҳамагӣ 8-10 сентнерӣ барги тамоку мегирифтанд, ӯ ду баробар зиёд ҳосил гирифта, борҳо бо боварӣ қайд кардааст, ки дар шароити ба ҷо овардани  технологияи зарурӣ аз ҳар гектар то 25-30 сентнер барг гирифтан мумкин аст. Ин ақидаро худ амалан собит месохт ва ба давлат 500-600 кг барги хушсифати тамоку месупурд.
  Натиҷаи ҳамин меҳнати намунавӣ буд, ки ӯ се даъват  депутати Шӯрои вилоятӣ, чандин маротиба депутатии  Шӯрои ноҳиявӣ, аъзои бюрои кумитаи ҳизбии ноҳия интихоб шудааст.
   Р.Орифова, борҳо ғолиби  мусобиқаи сотсиалистӣ, иштирокчии Намоишгоҳи (виставка) комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС дар шаҳри Масква ва ғайра будааст. Дастовардҳои  баланди  истеҳсолии ӯ бо ордениҳои Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи меҳнат ва чандин ифтихорномаҳо қадрёби шудаанд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.