Пайшамбе Шоҳзода

  shohzodapПайшамбе Шоҳзода. Зодаи диёри Жовид (феълан Ҷовидон), соли 1960. Баъди хатми мактаб дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) маълумоти олӣ гирифтааст. Ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ ва чанде баъд бо рӯзномаҳои «Педагоги ҷавон» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамкории эҷодӣ дошта, сипас дар вазифаҳои мудири шӯъбаи радиошунавонӣ, мушовири шӯъбаи маориф, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ кору фаъолият намудааст. чун журналисти баркамол, феълан сармуҳарририи рӯзномаи «Ватан» ва роҳбарии маҳфили адабии ноҳияро ба ӯҳда дорад. 
  Пайшамбе Шоҳзода аз давраи донишҷӯӣ машқи шеър намуда, пайваста ин ҳунарро сайқал медод. Заҳматаш бар абас нарафтааст. Тавассути рӯзномаҳо шеърҳояш дастраси мухлисони назми волои тоҷик гаштаанд. Дар маҷмӯаи ба тозагӣ ба табъ расида «Шарфаи Ванҷоб» бархе аз маҳсули эҷодашро ба хонандагон пешкаш намудааст.

  Мисраҳои зер намунаест аз ашъори ин адиби умедбахш:

                                                             Ванҷ

Паёми нур меорад сабоҳи нурбори Ванҷ.
Ғубори сина мерӯбад, насими атрдори Ванҷ.
Шиҳоби нур мерезад, зи лутфи домани гардун,
Гули хуршед мерӯяд, зи хоки зарнисори Ванҷ.
Саҳар пири сафедпӯшон, саропо нури нуристон,
Хамад аз лозури Хирсон, чу тифле бар канори Ванҷ.
Шабонгоҳ моҳи оламгир, резад бар заминаш шир,
Ту гӯӣ косаи шир аст, хоки ширадори Ванҷ.
Сафедораш дуо дорад, ду дасти барҳаво дорад,
Гулу булбул наво дорад, сари ҳар шохсори Ванҷ.
Ману Шоҳзода зар суфтем, ҳама ширу шакар гуфтем,
Шаби худро саҳар гуфтем, лаби як чашмасори Ванҷ.

                              Ишқи ман

Ишқи ман боронӣ буду ҳамраҳи борон гузашт,
Ҳамчунон тиру камони мулки кӯҳистон гузашт.
Осиёи умр пошид бар сарам гарди сафед,
Гарди испеди сари ман аз сари пирон гузашт.
Давлати бедавлатиям умри ширин буду бас,
Умри ширинам пайи як ишқи бесомон гузашт.
Гуфтугӯи чашми моро ғайри мо дигар надид,
Гуфтугӯи чашми мо дар пардаи миҷгон гузашт.
Шаб набахшидам чизе аз мӯи ту то рӯи ту,
К-оқибат дасти насим аз рӯи ту афшон гузашт.
Ҳар гаҳе ёдам кунӣ, рав бо сафедорон нишин,
К-ишқи мо дар сояи дасти сафедорон гузашт.

Ғанимат

Бархезу биё ёр, ки дидор ғанимат,
Ин гӯшаи гулзори шаби тор ғанимат.
То фасли баҳорони наву соли дигар боз,
Он чатри сафеди сари гулхор ғанимат.
Ин сабзаи навруста, ки гесуи нигор аст,
Ин обаки шӯридаи ҷӯйбор ғанимат.
Барфи сари кӯҳ саллаи пирони диёр аст,
Ин саллаву ин ҷомаву дастор ғанимат.
Эй пири хирад панд бигӯям ба раҳи умр,
Ҷои падарам панди ту бисёр ғанимат.
Шоҳзода бирав хайма бизан бар дари модар,
К-имрӯзу пагоҳ модари ғамхор ғанимат.

Дарё

«Аруси гул ниҳода сар ба рӯи шонаи дарё,
Азон бар сина сар кӯбад дили ҷононаи дарё[1].
Тапишҳои дили дарё зи дарё мепарад боло,
Намеғунҷад дигар як ҷо дили девонаи дарё.
Ду ҳамоғӯши бепарво тиҳӣ аз ғуссаи дунё,
Яке масту дигар шайдо, ду тан парвонаи дарё.
Лаби гул бар лаби дарё, лаби дарёст нопайдо,
Ҳама пайдост нопайдо дар ин кошонаи дарё.
Зи бепарвогиҳои гул, ҷигархун мешавад булбул,
Дусад булбул кунад ғул-ғул аз ин афсонаи дарё.
Нигоҳи моҳи оламгир, танида пардаи шабгир,
Ки то олам ҳама бинад, рухи ҳамхонаи дарё.
Шаби наврӯзи оламгир, бирав домони ёре гир,
Бинӯш аз он лабу ин лаб ту бо паймонаи дарё.
Аё Шоҳзодаи хуштабъ, ҳама дунёст лаб бар лаб,
Фақат танҳо туӣ имшаб бурун аз хонаи дарё.

Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

 

 ¹Аз шеъри шоири афғон Адо оварда шудааст.

1 Назар

  1. Шеърхои Шозода беназиранд. Шогирдонашро бояд чунин тарбия намояд. Чаро ягон бор махфили ин шоири хушбаён дар Ванч намегузарад. Ванчихо шоирпарвар нестанд.

    • Махфили Шозода чанд бор дар Ванч доир гардид. Росташ аз Душанбе омада махфилашро гузарониданд. Раисони Ванч не

  2. Хато накунам,соли 2016 дар хунаи фарҳанги ноҳияи Ванҷ бо сарпарастии Раёсати вилоятии ҲХДТ дар ВМКБ маҳфили адабӣ бо иштироки фарҳангдустони ноҳияву худи шоир ва пешниҳоди китоби тозанашри Шоҳзода “Шарфаи Ванҷоб”бисер хотирмон ва дилнишин гузаронда шуд. Маҳфилро шеьрхонии шоир, шогирдони мактабҳои марказ ва ҳунарнамоии ҳофизон аз ашъори Шоҳзода боз рангинтар намуд.

  3. Пайшанбе Шозода узви иттифоки нависандагон,узви иттифоки журналистон буда, имруз сарпарасти ва рохбарии махфили адибони Ванчро ба ухда дорад.Шогирдонаш дар озмунхои вилоятиву чумхурияви доимо ширкат мекунанд.У яке аз аввалин таъсисдихандагони мактаби шеъру шоири дар Ванч аст.

Добавить комментарий для Шамир Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.