Адиба – (арабӣ). اديبه зани суханвар, шоира, сухандон, адабдӯст
Адлия – (арабӣ). عدليه зани боадлу инсоф
Азиза – (арабӣ). عزيزه гиромӣ, арҷманд, муқаддас
Азро – (арабӣ). ازرا дӯшиза, бокира; ошкор
Алия – (арабӣ). علیه баландмартаба, олимақом
Алфия – )арабӣ). الفیه баландмартаба, иртифоъ, баландӣ
Амина – (арабӣ). امينه боэътимод, зани росткор, ростқавл
Амира – (арабӣ). اميره амрдиҳанда, фармондиҳанда, раис, сарвар
Аниса – (арабӣ). انيسه дӯст, ҳамдам, ҳамнишин, унсгиранда
Анора – (форсӣ). اناره зани сурхрухсораи зебо
Ануша – (форсӣ). انوشه хушу хуррам; ҳаёти ҷовидонӣ
Анҷома – (форсӣ). انجامه хотима, ба охир расидан
Арва – (арабӣ). اروه зебочеҳра; зани шарифу тавоно; номи саҳобӣ
Асия – (арабӣ). اسیه зани Фиръавн, ки Мусоро (а) ниҳонӣ парварид
Аслия – (арабӣ). اصلیه асил, ҳақиқӣ; боаслу насаб
Асмо – (арабӣ). اسما некӯ, зебо; дорои шаъну мақом; номи саҳобӣ
Атия – (арабӣ). عطیه бахшидашуда, ҷоиза; номи саҳобӣ
Афифа – (арабӣ). عفيفه покдоман, боиффат, порсо, парҳезкор
Афсона – (форсӣ). افسانه зани ғайривоқеӣ, ғайриоддӣ
Ахтар – (форсӣ). اختر ситора, кавкаб
Аҳдия – (арабӣ). اهدیه боаҳду вафо, содиқа
Аҷиба – (арабӣ). عجیبه тааҷҷубовар, ҳайратангез
Бадрия – (арабӣ). بدریهзани зеборӯй, зебо чун моҳи шаби чаҳордаҳ
Байзо – (арабӣ). بيضاء пок, сафедпӯст; софдил, содиқ; номи саҳобӣ
Барира – (арабӣ). بريره роҳу тариқ; номи саҳобӣ
Барно – (форсӣ). برنا ҷавон, навҷавону зебо
Басира – (арабӣ). بصيره зани зирак, моҳир дар корҳо, доно, боақл
Баҳор – (форсӣ). بهار зебоӣ, бӯи хуш, шодобӣ
Башира – (арабӣ). بشيره муждарасон, хабари хушдиҳанда
Беназир – (арабӣ). بینظير бемислу монанд, беҳамто, ягона
Билқис – (арабӣ). بلقیس зираку доно; бокира; ҳамсари Сулаймон (а) [1]
Болида – (форсӣ). باليده сарфароз, сарбаланд, ифтихорманд
Боноз – (форсӣ). باناز ноздор, ишвакунанда
Бону – (форсӣ). بانو хонум, соҳибхоназан
Ботина – (арабӣ). باطنه дарун, дил, асл; ҳақиқат
Боҳира – (арабӣ). باهره равшан, ошкор, возеҳ
Буния – (арабӣ). بنيه ниҳод, фитрат, сиришт, вуҷуд
Бушро – (арабӣ).بشرى муждадиҳанда, хушхабар
Валия – (арабӣ). وليه дӯст, дӯстдор; ёвар, мададгор
Васила – (арабӣ). وسيله роҳи расидан ба мақсаде, восита
Васфия – (арабӣ). وصفيه мадҳшуда, тавсифшуда
Воила – (арабӣ). وئله паноҳгиранда
Воқифа – (арабӣ). واقفه огоҳ, бохабар
Волида – (арабӣ). والده модар
Восила – (арабӣ). واصله пайвастшаванда, васлшаванда
Воҳида – (арабӣ). واحده якто, ягона, якка
Воҷиба – (арабӣ). واجبه бисёр лозим, зарурӣ
Гавҳар – (форсӣ). گوهر марворид, чизи қиматбаҳо
Ганҷина – (форсӣ). گنجينه хазина, боигарӣ, сарват
Гетиоро – (форсӣ). گيتی آرا ҷаҳоноро, зинатдиҳандаи дунё
Гуландом – (форсӣ). گل اندام нозукбадан, латифпайкар
Гулафзо – (форсӣ). گلفزاмисли гул зебо
Гулафшон – (форсӣ). گل افشان гулпош, гулрез, гулнисор
Гулбадан – (форсӣ). گلبدن нозукбадан, латифпайкар
Гулбарг – (форсӣ). گلبرگ барги гул, рӯи зебо
Гулбасар – (форсӣ). گل بسر гулпӯш, шукуфон
Гулбаҳор – (форсӣ). گلبهار гули баҳорӣ, гули тару тоза
Гулбез – (форсӣ). گلبيز гулпош, гулрез, гулафшон
Гулбону – (форсӣ). گلبانو зебо, нозукбадан
Гулбӯй – (форсӣ). گلبوی хушбӯй, муаттар
Гулбутта – (форсӣ). گلبوته буттаи гул, ниҳоли гул
Гулгуна – (форсӣ). گلگونه гулгун, сурхранг, рӯи зебо
Гулғунча – (форсӣ). گلغنچه ғунчаи гул, гули ношукуфта
Гулдаста – (форсӣ). گلدسته дастаи гул, дастагул
Гулзода – (форсӣ). گلذاده покзод, хушнасаб
Гулинор – (форсӣ). گلنار ба мисли гули анор, сурхрӯй
Гулнамо – (форсӣ). گلنما хушрӯй, зебо
Гулнасаб – (форсӣ-арабӣ). گل نسب хушнасаб, аз нажоди зебо
Гулнигор – (форсӣ). گلنگار гулрухсор, зебочеҳра
Гулнисо – (форсӣ-арабӣ). گلنسا зани мисли гул зебо
Гулнисор – (форсӣ-арабӣ). گلنثار гулпош, гулафшон
Гулноза – (форсӣ). گلنازه зебову дилфиреб
Гулнора – (форсӣ). گلناره сурхранг ба мисли гули анор
Гулрафтор – (форсӣ). گلرفتار соҳиби рафтори зебо
Гулрӯй – (форсӣ). گلروی рӯи ба мисли гул латифу дилкаш
Гулрухсор – (форсӣ). گلرخسار хушрӯй, зеборӯй
Гулсара – (форсӣ). گلسرهгули чидаю баргузида, беайб
Гулсимо – (форсӣ). گلسیما гулчеҳра, гулрӯй
Гулсуман – (форсӣ).گلسمن гули суман, ёсуман
Гулханда – (форсӣ). گلخنده соҳиби хандаи зебо, дилкаш
Гулхумор – (форсӣ). گلخمار соҳиби чашмони зебо, пурноз
Гулчеҳра – (форсӣ). گلچیهره гулрӯй, гулрухсор
Гулшан – (форсӣ). گلشن гулзор, гулистон
Гулшаноро – (форсӣ). گلشن آرا хеле зебо, пуртароват
Гулшода – (форсӣ). گلشاده ба мисли гул шоду шукуфон
Гулъизор – (форсӣ-арабӣ).گلعزار рӯяш мисли гул, нозуку зебо
Ғозия – (арабӣ). غاذيه ғазокунанда; ғизодиҳанда; қувватбахш
Ғолиба – (арабӣ). غالبه ғалабакунанда, пирӯз
Ғолия – (арабӣ). غاليه хушбӯй, муаттар
Ғунча – (форсӣ). غنچه гули ношукуфта, гули кушоданашуда
Дидора – (форсӣ). ديداره мулоқот, вохӯрӣ; рӯй, чеҳра
Дилангез – (форсӣ). دل انگیز дилкаш, матлуб, марғуб
Дилафрӯз – (форсӣ). دل افروز фараҳбахш, фараҳафзо, мафтункунанда
Дилбар – (форсӣ). دلبر он ки бо ҳусну латофат дил мебарад, дилрабо
Дилноза – (форсӣ). دلنازه таннозу зебо, дилписанд
Дилоро – (форсӣ). دلارا дилхушкунанда, дилкушо, дилкаш
Дилором – (форсӣ). دل آرام он ки ба дил оромӣ бахшад, оромибахш
Дилосо – (форсӣ). دل آسا он ки ба дил осоиш бахшад, фараҳбахш
Дилрабо – (форсӣ). دلربا дилбар, дилкаш, дилписанд
Дилшода – (форсӣ). دلشادهхушу хурсанд, дилшодкунанда
Дурдона – (форсӣ). دردانه дурри якто, фарзанди якто, фарзанди азиз
Дуррия – (арабӣ). دریه марворид, гавҳар
Ёдгора – (форсӣ). يادگاره нишона, ёдгормонда
Ёмина – (арабӣ). يامنه муборак, хуҷаста; рост
Ёқута – (арабӣ). ياقوته гавҳари қиматбаҳо
Ёсира – (арабӣ). یاسرهосонгир, саҳлгиранда
Ёсуман – (форсӣ). ياسمن як навъ гули сафедранги хушбӯ, гули суман
Жола – (форсӣ). ژاله қатраҳои зебои яхранги борон, тагарг
Зайнаб – (арабӣ). زینب покизагӣ, оростагӣ[2]
Зайнура – (арабӣ). زينوره бо нур зинатёфта, бо нур ороста
Зайтуна – (арабӣ). زيتونه дарахти мевадори ҳамешасабз
Закия – (арабӣ). ذکیه боҳуш, тезхотир, бофаҳм
Замира – (арабӣ). ضميره дил, қалб, ботини инсон
Зарафшон – (форсӣ). زرفشان нисоркунандаи зар, зарпош
Зарбону – (форсӣ).زربانو зани дурахшон, зебову боқадр
Зарина – (форсӣ). زرينه аз зар сохташуда, тиллоӣ, зардранг
Зарифа – (арабӣ). ظريفه нозук, латиф, зебо, хушандом; зирак, доно
Зарнигор – (форсӣ). زرنگار мунаққаш бо зар, бо зар зинатдода
Зарнисор – (форсӣ-арабӣ). زرنثار зарбахш, зарпош, зарафшон
Захира – (арабӣ). ذخيره чизи барои зарурати оянда нигоҳдошташуда
Заҳро – (арабӣ). زهرا дурахшон, тобон, сафед; лақаби Фотима (р)
Зебо – (форсӣ). زيبا хушрӯ, соҳибҷамол, хушгил, зебанда; шоиста
Зебуннисо – (арабӣ). زیب النسا зеби занон, зани зебо
Зевар – (форсӣ). زيور чизи зинатбахшанда, ороишдиҳанда
Зиёда – (арабӣ). زياده бисёр, афзун, фаровон
Зинат – (арабӣ). زينت чизҳои ороишӣ, зевар, пероя
Зоира – (арабӣ). زائره зиёраткунанда, ба дидорбинӣ раванда
Зокира – (арабӣ). ذاكره зикркунанда, ёдоваранда
Зоҳида – (арабӣ). زاهده порсо, парҳезгор
Зоҳира – (арабӣ). ظاهره ба назар намоён, ошкор, возеҳ, равшан
Зубайда – (арабӣ). زبیده атошуда, ҳадяи Худо, интихобшуда
Зулайхо – (арабӣ). زلیخا номи зани Юсуф (а)
Зулола – (арабӣ). زلاله соф, тоза
Зулфия – (форсӣ). زلفیه соҳиби зулфи зебо, гесудор
Зулқаъда – (арабӣ). ذوالقعده номи моҳи ёздаҳуми солшумории қамарӣ
Зулҳиҷҷа – (арабӣ). ذوالحجه моҳи дувоздаҳуми солшумории қамарӣ
Зумуррад – (арабӣ). زمرد як навъи санги қиматбаҳо
Зуҳра – (форсӣ). زهره ситораи субҳ, номи сайёраи дурахшон
Ибодат – (арабӣ).عبادت парастишии Худо, иҷрои фароизи дин
Изофа – (арабӣ). اضافه афзудан, афзоиш, афзунӣ
Иқлима – (арабӣ). اقليمه авзои табиат, кишвар, мамлакат
Илмия – (арабӣ). علمیه маърифат, дониш, илм
Имома – (арабӣ). امامه раҳбар, пешво, раис
Ирода – (арабӣ). اراده майл, хоҳиш, орзу, таманно
Ишқия – (арабӣ). عشقیه маҳбуба, маъшуқа
Карашма – (форсӣ). كرشمه нозу ишва, ишора бо чашму абрӯ
Карима – (арабӣ). كريمه босаховат, ҷавонзан, соҳибэҳсон
Кимиё – (юнонӣ). كيميا чизи камёб, нодир
Комила – (арабӣ). كامله мукаммал, беайбу нуқсон, баркамол
Қадима – (арабӣ). قديمه қадим, куҳан, бостонӣ
Қадрия – (арабӣ). قدریه қимат, боарзиш, боэътибор
Қобила – (арабӣ). قابله қобилиятнок, лаёқатманд, арзанда, пазиранда
Қодира – (арабӣ). قادره тавоно, муқтадир, соҳиби қудрат
Қоима – (арабӣ). قائمه рост, устувор, истода, барпо
Қудсия – (арабӣ). قدسيه покиза, солеҳа, фаришта, некӯкор
Қулсум – (арабӣ). کلثم номи духтари Муҳаммад(с); пургӯштрухсор
Қутбия – (арабӣ). قطبیه дурахшон; машҳур, намоён
Лайло – (арабӣ). ليلی шабӣ, шабона; киноя аз маъшуқа, маҳбуба
Латифа – (арабӣ). لطيفه зариф, дилкаш, раъно, зебо, дилфиреб
Латофат – (арабӣ). لطافت латифӣ, назокат, зарифӣ, зебоӣ, раъноӣ
Лоиқа – (арабӣ). لايقه шоиста, сазовор, муносиб
Лола – (форсӣ). لاله шабеҳи гули лола, маҳбубаи зебо, хушрӯй
Лоҷвард – (форсӣ). لاجورد санги қиматбаҳо; кабудранг, нилгун
Лубоба – (арабӣ). لبابه хирадманд, оқил; баргузида; номи саҳобӣ
Лутфия – (арабӣ). لطفیه нарм, мулоим, нозукбаён, меҳрубон, болутф
Мавзуна – (арабӣ). موزونه мутаносиб, шинам; вазндор, фасеҳ
Мавлуда – (арабӣ). مولوده таваллудёфта, замони валодат
Мавҷуда – (арабӣ). موجوده офаридашуда, ҷондор; муҳайё
Мағфират – (арабӣ). مغفرت омурзиш, афви гуноҳ
Мадина – (арабӣ). مدينه шаҳр, номи шаҳри муқаддас[3]
Мадҳия – (арабӣ). مدحيه ситоиш, сано, наът, таъриф кардан
Майгуна – (форсӣ). ميگونه сурхрӯй, сурхранг
Майсара – (арабӣ). ميسره тарафи дасти чап, ясор
Майсура – (арабӣ). ميسوره муяссаршуда, мумкиншуда
Макнуна – (арабӣ) مكنونه пинҳоншуда, нуҳуфта
Мақсуда – (арабӣ). مقصوده , дилхоҳ, матлуб, талаб, мурод, мақсад
Малика – (арабӣ). ملكه подшоҳзан, зани подшоҳ
Малоҳат – (арабӣ). ملاحت зебоӣ, хубрӯӣ; ситорагармӣ, ҷозибадорӣ
Мамнуна – (арабӣ). ممنونه сипосгузор, муташаккир; хурсанд, хушҳол
Манзума – (арабӣ). منظومه ба назму тартибдароварда, сухани мавзун
Манзура – (арабӣ). منظوره намоён, падидор; писандида, шоиста
Манижа – (форсӣ). منیژه оташин; сафедрӯй; покдоман
Марворид – (форсӣ). مرواريد дурр, гавҳар, дурдона, ганҷ
Марзия – (арабӣ). مرضیه писандида, матбуъ; хушнуд
Марҳабо – (арабӣ). مرحبا лафзи таҳсин: Хуш омадӣ!, Офарин!, Зиҳӣ!
Марҷона – (арабӣ). مرجانهяк навъ модаи ороишӣ; ороста, зебо
Марям – (арабӣ) مریم зебо; порсо; қавӣ; номи модари Исо (а)
Масрура – (арабӣ). مسروره шодмон, шод, хурсанд, хушвақт
Мастона – (форсӣ). مستانه маъшуқа, дилдода
Мастура – (арабӣ). مستوره пӯшида; покдоман, боиффат
Матлуба – (арабӣ). مطلوبه дилхоҳ; маҳбуба, маъшуқа
Мафтуна – (арабӣ). مفتونه шефта, ошиқ, дилбохта
Маҳбуба – (арабӣ). محبوبه дӯстдошташуда, маъшуқа
Маҳваш – (форсӣ). مهوش монанд ба моҳ, маҳосо; хушрӯй, зебо
Маҳдия – (арабӣ). مهدیه ато, бахшиш, инъом; ҳидоятшуда
Маҳина – (форсӣ). مهينه нозук, борик, нарм, мулоим, нафис
Маҳмуда – (арабӣ). محموده ҳамдшуда, ситудашуда, ситоишшуда
Маҳфуза – (арабӣ). محفوظه ҳифзкунанда, дарёддошта, нигоҳдоранда
Маҷида – (арабӣ). مجيده бошаъну шараф, олиқадр, баландмартаба
Машҳура – (арабӣ). مشهوره шӯҳратёфта, маъруф, овозадор, номдор
Маъмуна – (арабӣ). مأمونه дар амон буда, эмин аз хавфу хатар
Маърифат – (арабӣ). معرفت илму дониш, хирад, фаросат
Маъсума – (арабӣ). معصومه бегуноҳ, покдоман
Маъшуқа – (арабӣ). معشوقه маҳбуба, дӯстдошта
Меҳрангез – (форсӣ). مهر انگيز пурмеҳру муҳаббат
Меҳрафрӯз – (форсӣ). مهرافروز афрӯзандаи меҳру муҳаббат
Меҳрӣ – (форсӣ). مهری бомуҳаббат, дӯстдор, меҳрубон
Меҳрнигор – (форсӣ). مهرنگار соҳиби қиёфаи меҳрубон
Меҳринисор – (форсӣ). مهرنثار қурбонии меҳр, меҳрафкан
Меҳрмоҳ – (форсӣ). مهرماه моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ
Меҳрнуш – (форсӣ). مهرنوش бо меҳр фарогирифта, саршори меҳр
Меҳрофарин – (форсӣ). مهر آفرين дорои меҳру муҳаббати қавӣ
Мижгона – (форсӣ). مژگانه дорои мижгонҳои дароз, зебо
Мино – (форсӣ). مينا шиша, обгина; осмонранг; гули зинатӣ
Мисрия – (арабӣ). مصريه зани мансуб ба Миср, мисризан
Моида – (арабӣ). مائدهдастархони пурнозу неъмат
Мория – (арабӣ). ماریه сафеду дурахшон; номи зани Муҳаммад (с)
Моҳира – (арабӣ). ماهره бомаҳорат, устод, чирадаст
Моҳистон – (форсӣ). ماهستان моҳзор, ҳусни ниҳоят зебо
Моҳлиқо – (форсӣ-арабӣ). ماه لقا моҳрӯ, моҳсимо, хушрӯй
Моҳпайкар – (форсӣ). ماه پيكر хушқаду қомат, хеле хушрӯй, зебо
Моҳрӯй – (форсӣ). ماهروی моҳрухсор, моҳсимо, хушрӯй
Моҳрухсор – (форсӣ). ماه رخسار моҳсурат, моҳсимо, хушрӯй
Моҳҷабин – (форсӣ). ماهجبين моҳрӯй, маҳлиқо, хушрӯй
Моҳҷамол – (форсӣ). ماهجمال моҳчеҳра, моҳлиқо, зебо
Муаддаба – (арабӣ). مؤدبه боадаб, тарбиятдида
Муаззама – (арабӣ). معظمه бузург, арҷманд, азим
Муаттара – (арабӣ). معطّره атрнок, атрогин, хушбӯ
Мубашшира – (арабӣ). مبشّره башоратдеҳ, муждадеҳ, хушхабаррасон
Мубина – (арабӣ). مبينه ошкоркунанда, возеҳу равшанкунанда
Мужда – (форсӣ). مژده хабари хуш, башорат, навид
Мукаррама – (арабӣ). مکرمه гиромӣ, бузургвор, соҳибкарам
Муқаддама – (арабӣ). مقدمه пешина, қаблӣ
Муқаддас – (арабӣ). مقدس пок, соф; азиз, гиромӣ
Муқбила – (арабӣ). مقبله соҳиби иқбол, хушбахт
Мумтоза – (арабӣ). ممتازه баргузида, имтиёздошта, афзалиятдошта
Мунаввара – (арабӣ). منورهпурнур, равшан, нуронӣ
Мунзифа – (арабӣ). منظفه пок, озода, ҳалима, фурӯтан, хиромон
Мунира – (арабӣ). منيره нурпош, равшан, тобон, дурахшон
Муниса – (арабӣ). مونسه унсгирифта, дӯст, ҳамдам, ҳамнафас
Мунсифа – (арабӣ). منصفه боинсоф, бовиҷдон, боадолат
Мурида – (арабӣ). مريده иродатманд; хоҳон, толиб; пайрав
Муршида – (арабӣ). مرشيده роҳнамо, тарбиятгар, роҳбар
Мусаллама – (арабӣ). مسلمه таслимшуда, тобеъшуда; яқин, муайян
Муслима – (арабӣ). مسلمه мусулмонзан, зани пайрави дини ислом
Мусмира – (арабӣ). مثمره судманд, самарнок, муфид, ҳосиловар
Мутаҳҳара – (арабӣ). مطهره покизашуда, пок, покиза, тоза
Мутриба – (арабӣ). مطربه созандаву хонанда, навозанда
Муфида – (арабӣ). مفیده нафърасон, судманд, фоидаоваранда
Мухбира – (арабӣ). مخبره хабардиҳанда, огоҳкунанда
Мухлиса – (арабӣ) . مخلصهихлосманд, эътиқодманд, дӯстдор
Муҳаббат – (арабӣ). محبت дӯстдорӣ, ишқ, меҳр, майл, ихлос
Муҳайё – (арабӣ). مهيا тайёр, омода, фароҳам
Муҳаррама – (арабӣ). محرّمه манъшуда; моҳи аввали соли ҳиҷрӣ
Муҳиба – (арабӣ). محبه ҳабиб, дӯстдор, ёри меҳрубон
Муҳсина – (арабӣ). محسینه соҳиби ҳусн, зебо, некӯкор
Муҳтарама – (арабӣ). محترمه соҳиби эҳтиром, боэҳтиром
Муҷиба – (арабӣ). مجيبه ҷавобдиҳанда, посухгӯянда, ҷавобгӯ
Мушаррафа – (арабӣ). مشرفه ноилгашта, сарфарозшуда
Мушкина – (форсӣ). مشكينه бӯи мушк диҳанда, хушбӯй
Мушфиқа – (арабӣ). مشفقه бошафқат, меҳрубон, дилсӯз, ғамхор
Муъмина – (арабӣ). مؤمنه боимон, имондор, диндор
Муътабара – (арабӣ). معتبره соҳибэътибор, мӯҳтарам, иззатманд
Муяссара – (арабӣ). ميسره осон фароҳамомада, дастрасшуда, осон
Набила – (арабӣ). نابیله некӯсурат; шариф, наҷиб; зирак
Назира – (арабӣ). نظيره мисл, монанд
Назрия – (арабӣ). نذریه аҳд, паймон; садақа, қурбонӣ
Назифа – (арабӣ). نظيفه покиза, тоза; нозук, зариф
Назокат – (арабӣ). نزاكت нозукӣ, латофат, ҳассосият; зебоӣ
Наима – (арабӣ). نعيمه неъмат, нозу неъмат, тавонгар
Намоён – (форсӣ). نمايان машҳур, маъруф, назаррас
Наргис – (форсӣ). نرگس гули наргис; чашм, киноя аз чашми маҳбуба
Насиба – (арабӣ). نصيبه қисмат, баҳра, ҳисса
Насима – (арабӣ). نسيمه боди форами саҳаргоҳ, боди нарм
Нафиса – (арабӣ). نفيسه латиф, марғуб, нозук, дилписанд
Наҷиба – (арабӣ). نجيبه шариф, асилзода, бузургзода, гиромӣ, порсо
Нигина – (форсӣ). نگينه санги қимате, ки барои зинати чизҳо ниҳанд
Нигора – (форсӣ). نگاره нақш, тасвир, расм; маҳбуба, маъшуқа
Низора – (форсӣ). نزارهхароб, лоғар; суст, заиф
Нилуфар – (форсӣ). نيلوفر гули нилуфар; кабуд, осмониранг
Нисора – (арабӣ). نثاره фидошуда, қурбоншуда
Нишона – (форсӣ). نشانه ёдгор аз касе; асар, аломат
Ниҳода – (форсӣ). نهاده сиришт, тинат; бунёд, асос
Нодира – (арабӣ). نادره ягона, беназир, беҳамто
Нодия – (арабӣ). نادیه бахшанда; шабнам; нидодиҳанда
Нозанин – (форсӣ). نازنین зебо, қашанг; маҳбуба
Нозира – (арабӣ). ناظره назаркунанда, назораткунанда
Нозия – (арабӣ). نازیهишвакунанда, нозкунанда
Ноила – (арабӣ). نائله муваффақ, ба мурод расида
Ноҳида – (форсӣ). ناهده ситораи Зуҳра, ситораи дурахшон
Ноҷида – (арабӣ). ناجدهбаландмартаба; ёридиҳанда; равшанкунанда
Ноҷия – (арабӣ). ناجیه пирӯз, муваффақ; солим; наҷотёбанда
Нуқра – (форсӣ). نقره филизи гаронбаҳои сафедранг, сим
Нура – (арабӣ). نورهнур, сафедӣ, рӯшноӣ
Нурафшон – (форсӣ). نورافشان нурпош, нурафкан
Нурбону – (форсӣ). نوربانو зани нуронӣ, кушодарӯй
Нурия – (арабӣ). نوریه дурахшон, пурзиё, тобон, мунаввар, гармрӯ
Нуриҷаҳон – (арабӣ-форсӣ). نورجهان равшан, тобон, дурахшон
Нусайба – (арабӣ). نسیبه дорои ҳасабу насаб, шариф; номи саҳобӣ
Обида – (арабӣ). عابده ибодаткунанда, худоҷӯй, зоҳида
Одила – (арабӣ). عادله боадолат, боинсоф
Озода – (форсӣ). آزاده покиза, ороставу пероста, асил ва наҷиб
Ойина – (форсӣ). آئينه дилсоф, шаффоф, тоза
Ойиша – (арабӣ). عایشه зинда, дорои зиндагии нек[4]
Оқила – (арабӣ). عاقله боақл, хирадманд, доно, бофаҳму идрок
Олима – (арабӣ). عالمه соҳиби илм, донишманд, донанда
Олия – (арабӣ). عاليه баландмартаба, боарзиш, олӣ, боиззат
Олуфта – (форсӣ). آلفته худоро, худпардоз
Омила – (арабӣ). عامله амалкунанда, иҷрокунандаи коре
Омина – (арабӣ). آمينه эмин, мутмаин; номи модари Муҳаммад (с)
Омира – (арабӣ). آمره амркунанда, фармондеҳ
Орифа – (арабӣ). عارفه огоҳ, воқиф, порсо, доно, огоҳ
Ороста – (форсӣ). آراسته зинатдодашуда, бо зебу зинат, мураттаб
Осуда – (форсӣ). آسوده беғам, беташвиш, дар осоишбуда
Отифа – (арабӣ). عاطفه дилсӯз, муҳаббат, меҳрубонӣ, меҳр
Паймона – (форсӣ). پيمانه муоҳида, аҳд, қавлу қарор; қадаҳ, ҷом
Парварда – (форсӣ). پرورده парваришёфта, тарбияшуда
Парвина – (форсӣ). پروينه номи ҳафт ситораи якҷои осмонӣ
Парвона – (форсӣ). پروانه мисли парранда; зебо; ошиқ
Парӣ – (форсӣ). پری хубрӯ, бисёр зебо; ситоишкунанда
Париваш – (форсӣ). پريوش паримонанд, мисли парӣ, паривор
Паризода – (форсӣ). پريزاده бисёр зебо, бисёр хушрӯй
Паринамо – (форсӣ). پرينما парирӯй, зебо, соҳибҷамол
Париноз – (форсӣ). پريناز бо ишваю нози париёна
Парисимо – (форсӣ). پريسيما парирӯй, хушрӯй, соҳибҷамол
Паричеҳра – (форсӣ). پريچهره зебо, хушгил, парисон
Пероя – (форсӣ). پیرایه ороиш, зевар
Покиза – (форсӣ). پاكيزه пок, озода, тоза, соф
Равза – (арабӣ). روضه боғ, гулзор
Радифа – (арабӣ). رديفه ҳамсаф, ҳамқатор, ҳамрада
Раиса – (арабӣ). رئيسه сардор, сарпараст, идоракунанда
Райҳона – (арабӣ). ريحانه як навъ гиёҳи хушбӯй, нозбӯй
Рамзия – (арабӣ). رمزيه борамз, пӯшида
Рафиқа – (арабӣ). رفيقه дӯст, ҳамдам, ҳамнишин
Рафоат – (арабӣ). رفاعت меҳрубонӣ, шафқат
Рахшона – (форсӣ). رخشانه рахшанда, дурахшанда, тобон
Раҳима – (арабӣ). رحيمه меҳрубон, раҳмкунанда (сифати Худо)
Раҳмона – (арабӣ). رحمانه бахшоянда, раҳмкунанда (сифати Худо)
Раъно – (арабӣ). رعنا зебо, хубрӯй, дилкаш, мулоим
Рисола – (арабӣ). رساله мактуб, нома, хат
Робиъа – (арабӣ). رابعه ба маънои духтари чорум дар оила; некҳол
Ровия – (арабӣ). راويه нақлкунанда, ривояткунанда
Розия – (арабӣ). راضيه хушнуд, хурсанд; қонеъ, розӣ; писандида
Роида – (арабӣ). رائده раҳнамо, пешво; ҷӯянда, паёмовар
Ромина – (форсӣ). رامينه орому боадаб; шод, хурсанд
Ромиша – (форсӣ). رامشه ором, бароҳат; шод, хуш; суруд, нағма
Рофиъа – (арабӣ). رافعه баландкунанда, ҳамлкунанда
Роҳила –(арабӣ). راحلهкӯчкунанда; серҳаракат, чусту чолок
Рошида – (арабӣ). راشده оқил; роҳнамо; диндор
Рувайда – (арабӣ). رویده ором; меҳрубон, мулоим
Рудоба – (форсӣ). رودابه фахркунанда, боланда; беҳтарин фарзанд
Руйина – (форсӣ). روینه маҳкам, сахт, бобардошт
Руқия – (арабӣ). رقیه марвориди обдор; номи духтари Муҳаммад (с)
Румия – (арабӣ). روميه мансуб ба Рум, румизан
Руфайда – (арабӣ). رفیده мавзун раванда, ҳамвор хироманда
Рухсора – (форсӣ). رخساره рӯй, рух, гуна, чеҳра
Рӯҳафзо – (форсӣ). روح افزا ҷонбахш, ҳаловатовар, зиндадилкунанда
Рӯҳия – (арабӣ). روحيه хушаҳвол, ҳоли хуб, болида
Рӯъё – (арабӣ). رؤيا хоб, он чӣ дархоб дида шавад, орзу
Сабзина – (форсӣ). سبزينه сабзранг, гандумгун
Сабоҳат – (арабӣ). صباحت зебоӣ, хубрӯӣ
Савда – (арабӣ). سوده сарват; бузург; сиёҳранг; зани Муҳаммад (с)
Саврӣ – (арабӣ). ثورى сурх, сурхранг, гули сурх
Савсан – (форсӣ). سوسن як навъи гули рангоранги зебо
Садаф – (арабӣ). صدف навъи моддаи дурахшони қиматбаҳо
Садбарг – (форсӣ). صدبرگ гули сербарги хушбӯй
Садоқат – (арабӣ). صداقت дӯстии самимӣ, дӯстӣ, вафодорӣ
Сайёра – (арабӣ). سياره сайркунанда, гарданда, кавкаб
Саёҳат – (арабӣ). سياحت сайр, гардиш, сафар, ҷаҳонгардӣ
Саида – (арабӣ). سعيده саодатманд, хушбахт, нек, муборак
Сайлона – (арабӣ). سيلانه ҷоришавӣ, оби ҷорӣ
Сайфия – (арабӣ). سيفه шамшер
Сайфура – (арабӣ). سيفوره матои абрешимини нафис
Сакина – (арабӣ). سکینه оромиш, оҳистагӣ; осудагӣ
Салима – (арабӣ). سليمه солим, саломат, сиҳат
Салмо – (арабӣ). سلما солим; маъшуқа; номи саҳобӣ
Саломат – (арабӣ). سلامت тандуруст, сиҳат, солим
Самина – (арабӣ). ثمينه гаронбаҳо, қимат
Самира – (арабӣ). صمیرهсухангӯ дар шаб, ҳамдам, зани гандумгун
Санавбар – (арабӣ). صنوبر қадбаланд, хушқомат
Санам – (арабӣ). صنم маъшуқа, зани зебову дилбар
Сания – (арабӣ). ثنيه сутуда, мадҳшуда, баландмақом
Саодат – (арабӣ). سعادت хушбахтӣ, некбахтӣ, бахт
Сарвиноз – (форсӣ). سروناز чун сарв нозанда, қадбаланд, хушрафтор
Сафина – (арабӣ). سفينه киштӣ; баёз (сафедӣ, тароват)
Сафия – (арабӣ). صفيه пок, дӯсти мухлис; номи зани Муҳаммад (с)
Сахия – (арабӣ). سخيه саховатманд, кушодадаст
Саҳла – (арабӣ). سهله нарму осон, хушахлоқ; номи саҳобӣ
Саъдия – (арабӣ). سعديه саодатманд, хушбахт, бобаракат
Сиддиқа – (арабӣ). صديقه ростгӯй, садоқатманд, муътамад
Силсила – (арабӣ). سلسله баҳампайваста; авлод, хонадон
Симина – (форсӣ). سيمينه симин, нуқрагин
Ситора – (форсӣ). ستاره кавкаб, ахтар, дурахшанда
Собира – (арабӣ). صابره сабркунанда, батоқат
Собита – (арабӣ). ثابته устувор, маҳкам, пойдор
Содиқа – (арабӣ). صادقه росткор, самимӣ, вафодор
Содира – (арабӣ). صادره берун бароянда, воқеъгардида
Соима – (арабӣ). صايمه рӯзадор, тақводор, порсо
Соира – (арабӣ). سائره сайркунанда; машҳур, маъруф
Сокина – (арабӣ). ساكنه бошанда, иқоматкунанда дар ҷое, ором
Солеҳа – (арабӣ). صالحه покдил, покдоман, нек, некӯкор
Солора – (арабӣ). سالاره сардор, пешво
Соро – (арабӣ). ساراхолис, пок, ноб; номи зани Иброҳим (а)
Сотира – (арабӣ). ساتره пӯшонанда, пинҳонкунанда, рӯпӯшкунанда
София – (арабӣ). صافيه тоза, покиза, поксират, поктинат
Соҳиба – (арабӣ). صاحبه дорандаи чизе, молик
Соҷида – (арабӣ). ساجده саҷдакунанда, ибодаткунанда
Субҳия – (арабӣ). صبحیه бомдод, сапедадам; оғоз, ибтидо
Сувайба – (арабӣ). ثويبه либосча; гурӯҳ; номи саҳобӣ
Сувайда – (арабӣ). سويدة зариф ва нозукандом
Судоба – (форсӣ). سودابه ситоишгари дурахшон
Сулҳия – (арабӣ). صلحيه тарафдори оштӣ ва осоиштагӣ, сулҳпарвар
Сумайро – (арабӣ). سمیرا зани гандумгун
Сумайя – (арабӣ). سميه баланд, бартар; номи саҳобӣ
Суман – (форсӣ). سمن гулест сафедбарги хушбӯй, ёсуман
Сунбула – (форсӣ). سنبله хӯшаи ҷав, гандум, моҳи тақвими шамсӣ
Сурайё – (арабӣ). ثريا галаситорҳо дар осмон, баландии осмон
Сурма – (форсӣ). سرمه моддаи ороишӣ барои чашм
Суханоро – (форсӣ). سخن آرا суханвар, хубу фасеҳ гапзананда
Суҳайло – (арабӣ). سحیلا нарм, мулоим; осон
Табассум – (арабӣ). تبسم нимханда, лабханд
Тавҳида – (арабӣ). توحيده Худои якаву ягонаро парастанда
Тайиба – (арабӣ). طيبة пок; бахшанда; хушахлоқ
Таманно – (арабӣ). تمنا орзу, ҳавас, умед, ноз, карашма, ишва
Танвира – (арабӣ). تنويره равшанкунанда, мунавваргардонанда
Таскина – (арабӣ). تسكينه оромкунанда, тасаллодеҳ, дилбардор
Тахмина – (форсӣ). تخمينه тахминкунанда, ба гумон муайянкунанда
Таҳсина – (арабӣ). تحسينه таъриф, офарингӯӣ, некӯ гуфтан
Ташрифа – (арабӣ). تشريفه бузург доштан, бузургқадр гардонидан
Таърифа – (арабӣ). تعريفه ситоиш, таҳсин; шиносондан, огоҳонидан
Товус – (арабӣ). طاوس як навъ парандаи хеле зебо
Толиба – (арабӣ). طالبه хоҳон, талабгор, донишҷӯй
Тоҳира – (арабӣ). طاهر пок аз айбу нуқс ва наҷосат, покиза
Тоҷуннисо – (форсӣ-арабӣ). تاج النسا тоҷи занон, беҳтарини занон
Тӯтиё – (форсӣ). توتيا санги сурма, ки ба чашм кашанд; чизи камёб
Тӯҳфа – (арабӣ). تحفه ҳадя, бахшиш, раҳовард, савғо
Умеда – (форсӣ). امیده чашмдошт, интизор, эътимод, боварӣ
Умрия – (арабӣ). عمریه рафиқи абадӣ, рафиқи доимӣ, ҳамсар
Унайса – (арабӣ). انیسه ҳамдам, унсгирифта, мунис; номи саҳобӣ
Фавзия – (арабӣ). فوزیه ғолиб, пирӯз; растагор; муваффақ
Файзия – (арабӣ). فيضه файздиҳанда, пурхайр, файзбахш
Фарангис – (форсӣ). فرنگیسмаҳбуби ҳама, дӯстдошта
Фараҳангез – (ар-форсӣ). فرح انگيز шодибахш, хушҳолкунанда
Фараҳзо – (ар-форсӣ). فرحزا он ки шодиро зиёд кунад, сурурафзо
Фараҳноз – (арабӣ-форсӣ). فرحناز хушҳолу танноз
Фарзона – (форсӣ). فرزانه оқил, донишманд, ҳаким
Фарида – (арабӣ). فريده ягона, якто, бемисл; нафис; гаронқимат
Фариза – (арабӣ). فريضه амру супоришҳои Худо, вазифаи ҳатмӣ
Фаришта – (форсӣ). فرشته малоика, беайбу нуқсон, зебо
Фархунда – (форсӣ). فرخنده муборак, нек, фаррух, саодатманд
Фарҳона – (арабӣ). فرحانه хушҳол, шод, масрур
Фатҳия – (арабӣ). فتحیهпирӯз, муваффақ, ғолиб
Фахрия – (арабӣ). فخريه ифтихоркунанда, фахркунанда, нозанда
Фаҳима – (арабӣ). فهیمه доно, фаҳмида, бофаҳм
Фируза – (форсӣ). فيروزه санги гаронбаҳои осмониранг
Фозила – (арабӣ). فاضله соҳиби фазлу камол, донишманд, доно
Фоиза – (арабӣ). فائزهпирӯз, муваффақ
Фоиқа – (арабӣ). فائقه беҳтарин, аъло, бартар
Фотима – (арабӣ). فاطه худро аз гуноҳон боздоранда[5]
Хадича – (арабӣ). خدیچه номи ҳамсари Муҳаммад (с)
Хайруннисо – (арабӣ). خیرالنسا хубтарин ва нектарини занон
Хайрия – (арабӣ). خيريه нафъ, хубӣ, некӣ, салоҳ
Хиромон – (форсӣ). خرامان бо нозу виқору хиром роҳраванда
Холида – (арабӣ). خالده ҷовид, доимӣ, намиранда
Холиса – (арабӣ). خالصه соф, пок, сара; хосу баргузида
Хотима – (арабӣ). خاطمه анҷом; фарзанди охирини оила
Хотира – (арабӣ). خاطره ёддошт, ёдбуд, ёдоварӣ, ёд
Хуршеда – (форсӣ). خرشيده офтоб, меҳр, шамс
Хушнамо – (форсӣ). خوشنما зебо, ситорагарм, ҷозиб
Хуҷаста – (форсӣ). خجسته нек, хуб, хуш, муборак
Ҳабиба – (арабӣ). حبيبه дӯстдошта, дӯст, маъшуқа, маҳбуба
Ҳавво – (арабӣ). حوا зиндагӣ; ҳамсари Одам (а)
Ҳадиқа – (арабӣ). حديقه боғ, боғи атрофаш деворкардашуда
Ҳадиса – (арабӣ). حديثه нав, тоза, нақл, ривоят
Ҳадия – (арабӣ). هديه тӯҳфа, бахшиш, савғо
Ҳакима – (арабӣ). حكيمه донову зирак, донишманд, устувор
Ҳақиқа – (арабӣ). حقيقه лоиқ, сазовор, шоиста, муносиб
Ҳалила – (арабӣ). حليله зан, завҷа, зани қонунӣ, зани ҳалолӣ
Ҳалима – (арабӣ). حليمه нармдил, хушхулқ, боақл, бурдбор
Ҳамдия – (арабӣ). حمدیه ситоишкунанда, сипоскунанда
Ҳамида – (арабӣ). حميده писандида, хуб, сутуда, ситоишшуда
Ҳангома – (форсӣ). هنگامه маърака, воқеа; замон, мавсим
Ҳанифа – (арабӣ). حنیفهдиндори ҳақиқӣ, собитқадам дар дин; пок
Ҳасно – (арабӣ). حسناء бисёр зебо; порсо, боиффат; хуб
Ҳассона – (арабӣ). حسانهбисёр неку ва зебо; зинатдиҳанда
Ҳафиза – (арабӣ). حفيظه нигаҳбон, нигаҳдор, ҳимояткунанда
Ҳафса – (арабӣ). حفصه шер; номи ҳамсари Паёмбар (с)
Ҳилола – (арабӣ). هلاله моҳи нав, камонабрӯ
Ҳодия – (арабӣ). حادیه раҳнамо, роҳнишондиҳанда, ҳидояткунанда
Ҳония – (арабӣ). هانية ҳадя; хушҳол, шодмон, хушбахт
Ҳоҷар – (арабӣ). هاجر номи зани Иброҳим (а)
Ҳумайро – (арабӣ). همیرا сафед, сурху сафед; номи саҳобӣ
Ҳумо – (арабӣ). هما фархунда; номи парандае (мурғи бахт)
Ҳурия – (арабӣ). حوریه зани биҳиштӣ, дӯшиза
Ҳусния – (арабӣ). حسنیه зебо, хушрӯй; боимтиёз, бартар
Ҳусно – (арабӣ). حسنا нек, хуб, зебо
Ҷавлона – (форсӣ). جولانه бо рафтори хиромон ҳаракаткунанда
Ҷавҳара – (арабӣ). جوهره санги қиматбаҳо, алмос, марворид, ёқут
Чаманафрӯз – (форсӣ). چمن افروز равшанкунандаи боғу бӯстон
Чамангул – (форсӣ). چمنگل гуле аз гулҳои чаман
Чаманоро – (форсӣ). چمنارا ороишгар ва зинатдиҳандаи чаман
Ҷамила – (арабӣ). جميله хушрӯ, зеборӯ, соҳибҷамол, накӯ
Ҷаннат – (арабӣ). جنّت биҳишт, макони озодӣ ва хушбахтӣ
Ҷасома – (арабӣ). جسامه меҳтар, бузург, тануманд; сарвар; ҳалим
Ҷилва – (арабӣ). جلوه тобон, дурахшон, ҷилобахшо
Ҷозиба – (арабӣ). جاذبه ба худ ҷалбкунанда, дилрабо, мафтункунада
Ҷолиба – (арабӣ). جالبه ба худ кашанда, ҷалбкунанда, ҳавасангез
Ҷонафзо – (форсӣ). جانفزا рӯҳафзо, фараҳбахш, роҳатбахш, ҳаётбахш
Ҷонона – (форсӣ). جانانه маҳбуба, маъшуқа
Ҷория – (арабӣ). جاريه духтар, духтари ҷавон; канизак, хидматгор
Ҷувайрия – (арабӣ). جویریه каниз, дӯшиза; номи зани Муҳаммад (с)
Шабафрӯз – (форсӣ). شب افروز шабро равшанкунанда
Шаббода – (форсӣ). شباده насими форами шабона, боди сабук
Шабнам – (форсӣ). شبنم наме, ки шабона ба рӯи гиёҳу гулҳо резад
Шавқия – (арабӣ). شوقیه рағбаткунанда, иштиёқманд, майли зиёд
Шамила – (арабӣ). شميله қиёфа, намуди берунӣ; хислатҳои нек
Шамима – (арабӣ). شميمه хушбӯй, бӯи хуш
Шамсия – (арабӣ). شمسيه офтоб, хуршед, меҳр; чатр, соябон
Шарифа – (арабӣ). شريفه соҳиби шараф ва ифтихор; поку муқаддас
Шарқия – (арабӣ). شرقیه духтари шарқӣ, ховарӣ
Шарора – (арабӣ). شراره оташпораҳои ҷаҳанда
Шарофат – (арабӣ). شرافت бузургқадрӣ, бошарафӣ, обрӯмандӣ
Шафия – (арабӣ). شفيعه шафоаткунанда, восита
Шафиқа – (арабӣ). شفيقه меҳрубон, дилсӯз
Шафоат – (арабӣ). شفاعت талаби афв ё ёрмандии касе барои касе
Шаҳзода – (форсӣ). شهزاده шоҳдухар, малика, подшоҳдухтар
Шаҳира – (арабӣ). شهيره маъруф, машҳур, номдор
Шаҳло – (арабӣ). شهلا зани мешчашм, чашми сиёҳи калони зебо
Шаҳноза – (форсӣ). شهنازه соҳиби фароғат ва ҳаловати шоҳона
Шоҳида – (арабӣ). شاهده шоҳид, гувоҳидиҳанда
Шаҳрия – (арабӣ). شهریه моҳтоб, моҳ
Ширин – (форсӣ). شیرین дилкаш, дилписанд, зебо
Шифо – (арабӣ). شفا даво, дармон, тандурустӣ; илоҷ
Шодия – (форсӣ). شادیه хушнуд, хурсанд, хушҳол
Шоира – (арабӣ). شاعره зане, ки шеър менависад, зани шеъргӯянда
Шоиста – (форсӣ). شايسته сазовор, лоиқ, муносиб, шоён
Шокира – (арабӣ). شاكره шукркунанда, сипосгузор, миннатдор
Шомила – (арабӣ). شامله фарогиранда, дарбаргиранда
Шоҳина – (форсӣ). شاهينه навъи парандаи шикорӣ; далер, диловар
Шукрия – (арабӣ). شكريه номаи миннатдорӣ, сипосгузорӣ
Шукрона – (арабӣ). شكرانه сипосгузорӣ, миннатдорӣ, ташаккур
Шукуфа – (форсӣ). شكوفه гули дарахти мева
Шукӯҳа – (форсӣ). شكوهه боҳашамат, шавкат, ҷалол, қудрат
Шӯҳра – (арабӣ). شهره машҳур, номдор, овозадор
Ягона – (форсӣ). يگانه танҳо, якка, беҳамто, бемисл, беназир
[1] Номи маликаи Сабо, ки зикраш дар Қуръон шудааст.
[2] Духтар ва яке аз ҳамсарони Муҳаммад (с) Зайнаб ном доштанд.
[3] Номи дуввумин шаҳри муқаддас барои мусулмонон баъди Макка, ки дар Арабистон воқеъ аст.
[4] Номи зани Муҳаммад (с)
[5] Номи духтари Муҳаммад (с)
Дилдора
Алия ё Асмоа