Раҳматшоҳи Чиндон яке аз шахсони наҷиби Ванҷи Боло буда, бо ихтирооташ дар ин минтақа шӯҳрати хосаеро касб намудааст. Ин марди ҳунар бар замми ихтисоси асосияш дар чанд навъи ҳунар устоди моҳир буда, ҳамвора дар пайи ихтирооту навовариҳост.
Ӯ писари Усто Чиндон аст ва ин мард аз устоҳои маъруфи Ванҷи Боло буд. Ӯ устои оҳангару чӯбтарошу табақу қошуқтарошу дутортарош ва ғайра буд, ва кӯшиши ихтирои тайёраи чӯбиро низ карда буд. (Дар ин бора ба мақолаи оид ба деҳаи Ширговад руҷӯъ фармоед). Писаронаш Кариму Раҳматшову Пирумшо низ касби ӯро ба мерос бурда, имрӯз ҳар кадоме аз эшон ҳунармандони соҳибэътиборанд. Раҳматшоҳ асосан ронандаи трактор (ҳамаи намудҳои он: трактору булдозеру грейдеру ғайра) буда (дар сохтмони роҳи Зиғар фаъолият кардааст), дар мавриди хеш яке аз устоҳои номдори оҳангар, чӯбу сутунтарош, қошуқу дутортароши Ванҷи Боло мебошад.
Ӯ дар Ванҷ аввалин комбайни ҷойдориро ихтироъ намуд. Бочкаи дусадлитраи равғани аз Хазинаи Оғохон додаро бурида, дар даруни он ҷиҳози муҳаррикеро васл намуда, бо истифодаи неруи барқ онро ба кор андохта, гандумро ба он рехта, донаашро аз коҳаш ҷудо менамуд.
Баъди пошхӯрии Шӯравӣ иқтисоди кишвар низ касод гашта, Ванҷи Боло аз нури барқ маҳрум монд. Агарчанде дар деҳаи Техарв бо сару садое неругоҳе барои ин минтақа сохтанд, муддати харобияш аз коршоямияш бештар аст. Дар давоми сол бештар маврид вайрон аст ва агар кор ҳам кунад, нури чароғи бобигӣ аз он бештар равшанӣ медиҳад.
Раҳматшоҳ барои раҳоӣ аз бунбасти барқӣ даст ба ихтироъ зада, нерӯгоҳчаи хурди шахсии хешро сохтааст. Агарчанде шароити сохтани чунин нерӯгоҳчаҳо дар бештари мавзеъоти диёр мавҷуд бошад, ин хиёли дигаронро ба сӯи чунин иқдом такон надодааст ва Раҳматшоҳ бо кӯмаки бародараш Усто Пирумшо бо сохтани он маҳалаи хешро бо рӯшноии доимӣ таъмин намудаанд. Бештар авқот шабгоҳон Ванҷи Боло торикистон асту танҳо аз дурӣ фурӯзонакҳои маҳалаи эшон мисоли ситораҳои осмон медурахшанду халос. Худ шахсан афроди зиёдеро аз деҳоти наздику дур вохӯрдаам, ки телефону дигар ҷиҳози фаннро барои қуввапуркунӣ дар даст доштаву озими Ширговад будаанду ҳастанд, зеро дар ҳоли ҳозир ҳам чанд моҳест, ки нерӯгоҳи Техарв вайрону кай ба кор оғоз карданаш зери суол мондааст. Чунки он бояд дар шаҳри Хоруғ тармим гардад ва авзои ин шаҳр номӯътадил аст.
Нерӯгоҳчаи Раҳматшоҳ зиёда аз панҷ киловатт қувва дода, натанҳо рӯшноӣ, балки имкони истифодаи таҷҳизоти фанниро низ медиҳад. Ашраф Акрам.
НОБ-и хурди Раҳматшоҳи Чиндон:
Назари хешро иброз кунед