Насрин Идибеков номзади илмҳои фалсафа, дотсент, 15 сентябри соли 1928 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна дар маркази ноҳия, солҳои 1951-1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (факултаи таърих) таҳсил намудааст.
Оғозу идомаи фаъолияти кории Н. Идибеков баъди хатми донишгоҳ ин зайл сурат гирифтааст: солҳои 1956-1958 мудири қисми таълимии мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленини ноҳияи Ванҷ, 1959-1960 директори хонаи бачагон, 1960-1961 дастурдиҳандаи (инструктор) кумитаи ҳизби ноҳияи Ванҷ, 1961 -1962 муаллими фанни таърих дар мактаби зикршудаи ноҳия, моҳи ноябри соли 1962 – августи 1963 мудири қисми илмии мактаб-интернати касалиҳои полиомелити ҷумҳуриявии деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор. Аз моҳи сентябри соли 1963 фаъолияти таълимию илмии Н.Идибеков дар донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе ҷараён гирифт. Солҳои 1963-1966 аввал ба ҳайси мудири кабинети кафедраи фалсафа, омӯзгори ҳамин кафедра, 1966-1987 омӯзгори фанни фалсафа дар Донишкадаҳои Хоҷагии қишлоқ ва тиббӣ, 1987-2001 муаллими калон, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба иоми Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба иоми Қ.Ҷӯраев), аз соли 2001 то рӯзҳои охири ҳаёт – дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти омӯзгории устод аз кӯшишҳои бобарори илмиаш ҷудо набуд. Ӯ солҳои 1972-1976 дар Шӯъбаи фалсафаи назди Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 1984 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Этикаи Насриддини Тӯсӣ дар асоси назарияи озодии ирода” дар шаҳри Тошкент дифоь намуд.
Ба қалами устод чандин асару мақолоти илмӣ аз ҷумла китоби ба таҳлили фалсафии мероси илмию адабии Насриддини Тӯсӣ бахшида шуда, мутааллиқаид. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии фалсафа (иборат аз ду китоб), ки соли 1997 рӯи чоп дидааст, ба шумор меравад.
Н. Идибеков дар атрофи мавзӯи “Назарияи озодии ирода дар фалсафаи Шарқу Ғарб” тадқиқот мебурд. Вале марги нобаҳангом (2002) имкон надод, ки ин орзуяш амалӣ гардад. Ин марди хирад ва донишманди комил дар таърихи фарҳанги диёр нақши назаррас боқӣ гузоштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед