Назришо Эмомов 15 январи соли 1941 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби миёнаро хатм намуда, дар ҳамон мактаб як сол ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Соли 1958 ба факултаи ҳуқуқшиносии собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДДМТ) дохил шуда, соли 1963 онро бо баҳои аъло ба итмом расондааст. Пас аз хатми донишгоҳ то моҳи ноябри соли 1964 ба сифати прокурори шӯъбаи тафтишотии Прокуратураи ҷумҳурӣ фаъолият дошт.
Баъди як соли хизмати Ватан, боз ба Прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор омада, то соли 1969 дар вазифаи ёрдамчии прокурори ҷумҳурӣ, сипас, то соли 1976 ба ҳайси прокурори ноҳияи Ёвон, аз соли 1976 то соли 1983 прокурори собиқ вилояти Кӯлоб, солҳои 1983-1993 дар вазифаи муовини прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 3 феврали соли 1995 Н.Эмомов Судяи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ борҳо вакили халқии Шӯроҳои ноҳиявию вилоятӣ интихоб шудааст.
Дар тӯли фаъолияти кориаш Н.Эмомов бисёр мутахассисони ҷавони соҳаро тарбия намуда, аз шогирдӣ то ба дараҷаи устодӣ расонидааст, ки аксарн онҳо ҳоло сарварон ва ходимони намоёни мақомоти давлатӣ ва аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Чунончи, собиқ прокурори генералӣ, ҳоло Раиси Судн конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С.Солеҳов, собиқ Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ, ҳоло Вазири корҳои дохилии ҷумҳурй Ҳ.Ҳ.Шарипов, собиқ муовини аввали Прокурори генералӣ, ҳоло Директори курси такмили ихтисоси кормандони мақомоти тафтишотии прокурорӣ И.Х.Холматов, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Сайдамиров, сарпрокурори ҳарбӣ, муовини Прокурори генералӣ Ш.Қурбонов, сардорони раёсати прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Ш.Шодиев, С.Д.Ҷамолов, М.Хайруллоев, М.Олимов, прокурори ВМКБ Б.Баҳриев, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ Ш.Х.Ҳабибов, А.Р.Раҳимов, Т.С.Саидов, Ҷ.Ҷ.Ҷиянов, А.Оқилов, Ҳ.В.Воҳидов, В.Ваҳобов ва боз даҳҳо нафари дигар шогирдони ӯ маҳсуб мегарданд.
Н.Эмомов ба серкории худ нигоҳ накарда, пайваста ба ҷамъбасти илмии таҷрибаи ғании хеш мекӯшад. Ӯ муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмию амалӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ууқуқ ва тарбия кардани мутахассисони тафтишоту прокурори мгбошад, ки дар маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия нашр гардида, аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед