Муҳаммадсодиқ Нуралиев

  mhsodiqМуҳаммадсодиқ Нуралиев дар таърихи 1-уми сентябри 1964 дар дехаи Бунайи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи №3 деҳаи мазкур дар тӯли солҳои 1971-1981 соҳиби маълумоти миёна гашта, дар соли 1983 ба хизмати ватан рафта, онро соли 1985 адо намудааст.
  Дар соли 1986 ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, онро дар соли 1992 хатм намудаанд. Дар шароити танги солҳои ҷанги шахрвандӣ, ки кору зист барои мардуми мо дар марокиз хатарнок гардида буд, Муҳаммадсодиқ дар соли 1994 ба шаҳри Хоруғ рафта,  дар шифохонаи марказии вилоятӣ то 1996 ба сифати духтури ҷарроҳ кор ва таҷрибаандӯзӣ кард.
  Дар моҳи феврали соли 1996 Муҳамаммадсодиқ Нуралиев ба амри тақдир ва тақозои ҳаёт мисли соири ҳаммеҳанон дунболи ҳиҷрату ғурбат гирифта, барои кор ба шаҳри Маскави кишвари Русистон рафтанд. Аз ҳамон сол инҷониб дар шифохонаи шаҳри Люберсии вилояти Масква дар шуьбаи ҷарроҳӣ ба ҳайси духтури ҷарроҳ кор мекунад. Алъон соҳиби чаҳор фарзанд ҳастанд.
  Дар хориҷ, хусусан дар кишвари Русиситон мардуми моро бо белу метин мешиносанд ва ифои аъмоли муҳиму масъулро эътимод намекунанд. Муҳаммадсодиқ аз зумраи ашхосе ҳастанд, ки бо фаҳму донишу заковати хеш хилофи инро собит намуда, иҷрои вазифа масъулиятдорро ба дӯшаш ниҳодаанд. Ӯ марди фарҳангдӯст буда, ба шеъру адабиёт низ дилбастагӣ доранд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.