Муҳаммадрозиқ Нуралиев

  Нуралиев Маҳмадрозиқ Назарович яке аз афроди намоёни диёр, ба унвони як муҳандиси созандаю бунёдкор дар сохтмони биноҳо ва аксари иншооти кишвар ва пойтахти он – Душанбешаҳр саҳми қобили таваҷҷӯҳе гузоштааст. Нуралиев Маҳмадрозиқ Назарович 04 июни соли 1959 дар дар рустои Бунайи ноҳияи Ванҷ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1966 нахустин гом ба дабиристони деҳа гузошта, соли 1976 бо баҳои хубу аъло мактаби миёнаи №3-и деҳаи Бунайро хатм намуд.
  Соли 1978-1980 дар нерӯҳои мусаллаҳи Итиҳоди Шӯравӣ дар Қазоқистон, стансия Тӯратами шаҳри Ленинск 3 – Байконури ҳозира хидмати аскариро анҷом дода, бо рутбаи гурӯҳбон (сержант) ба ватан бозгашт. Соли 1980 шомили Факултаи роҳсозӣ ,гурӯҳи 1211А Донишкадаи олии политехникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ гардид. Тавъам бо таҳсил, дар замони донишҷӯӣ ба ҳайси дабири созмони комсомолии гурӯҳ кор карда, дар зарфи се моҳи таътилоти тобистонаи донишҷӯён солҳои 1982 ва 1983 ду маротиба дар отряди сохтмонии донишҷӯии БАМ посёлкаи Солони (ноҳияи Верхнебуреинск, Хабаровск, 33 км дуртар аз маркази Чегдомин ), ки тавассути донишҷӯёни тоҷикистонӣ сохта шуда, ба ҳайси сармуҳандис ва раҳбар кор кардааст. Бо чандин сипосномаҳо аз сӯи В.И. Галактионов – сарвари посёлкаи сохтмонии мазкур шарафёб гаштааст.
  Пас аз хатми донишкада, моҳи августи соли 1985 бо роҳхати вазорати роҳ ба ноҳияи Куйбишеви (ҳоло А.Ҷомӣ) вилояти Қурғонтеппа ба ҳайси муҳандиси роҳсоз ирсол шуда, то моҳи апрели 1986 иъфои ин вазифа кардааст. 7 апрели соли 1986 ба Сарраёсати роҳҳои маҳаллӣ (ЛЭУ) бозгашта, баъд аз як сол моҳи апрели 1987 ба Вазорати роҳ интиқол ёфт. Дар он ҷо сармутахассиси шӯъбаи сохтмонии вазорати мазкур таъин шуда – то соли 1993 фаъолият кардааст. Соли 1994 ширкати сохтмонии худро бо номи «НСАЙ» ифтитоҳ карда, ҳамчун мудири омил ба кор шурӯъ кард. Солҳои баъд, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи ватани азизамон нақши босазои хешро гузошта аст.
  Ба таври хос, муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ҳисор (Ҷамоати Ойбош), дар ноҳияи Ёвон (Ҷамоати Даҳана), дар ноҳияи Хуросон ба истифода дода, якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо, дар бунёд ва таъмиру азнавсозии даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, тармиму таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми арзанда гузошта, сазовори чандин гувоҳиномаву ифтихорномаҳо гаштааст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.