Зиндаю ҷовид монд ,ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Чун мардуми солхӯрдаи диёр оиди мардони бо ному нанг ва ғаюру бономуси Ванҷ сухан мекарданд, бешак ному ин марди шариф вирди забон буд. Бо умри кӯтоҳ, аммо фақат ёди некӯ, кори нек аз ӯ ба забон меоварданд. Аҳли хонаводааш дар диёр соҳиби иззату эҳтироми мардум, фарзандони бофазлу бохирад, бо илму хушгӯйу боадабу сарбаланд ва соҳиби обрӯянд.
Умраш ҳамагӣ 45 сол буд. Маҳмадбек Сайёраев соли 1918 дар деҳаи Баравн, миразории Водхуд, амлокдории Ванҷ по ба арсаи ҳаёт гузоштааст. Маълумоти авваларо аз муллоҳои зодгоҳаш гирифтааст. Бо барқарор шудани сохти нав ба мактаб рафта, онро соли 1935 дар шаҳри Хоруғ хатм карда, соҳиби маълумоти миёна мешавад. Чун дониши қавию шавқашро устодон дарк намуданд, ӯро барои таҳсил ба шаҳри Ленинград (ҳоло Санктпетербург), ки он солҳо соҳаи маориф ва маданияти тоҷиконро ба шефӣ гирифта буд, мефиристанд.
Ӯ онҷо дар техникуми молиявии Ленинград ба таҳсил фаро гирифта мешавад ва онро соли 1938 бомуваффақият ба итмом расонида, ба зодгоҳаш баргашта, дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи молияи ноҳияи Ванҷ ба кор оғоз мекунад. Чун қобилияти кордонию ташкилотчигиашро дарк мекунанд, соли 1941 ӯро ба вазифаи сармутахассиси раёсати молияи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ таъин мекунанд, ки то охири ҳаёт соли 1963 дар ин вазифа фаъолият намуд.
Аз нақли устод Фамбулло Давлатов, ки солҳои 50-60 асри гузашта дар шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Ҳизби Комунист (отдел пропаганда Обкома)-и вилоят кор кардааст, Маҳмадбек Сайёраев дар байни ҳамкорон ва роҳбарияти даври ВМКБ аз иззату эҳтироми хосса бархурдор будааст. Ин аз қобилияти баланди кордонию ташкилотчигӣ ва инсони комил буданаш далолат мекунад.
Ӯ соҳиби медали “Барои хизмати шоён”, чандин грамотаҳои раёсати молия ва ҳукумати ноҳияву вилоят будааст. Падари бузургворам гуфт, ки соли 1950 мактаби 7 соларо тамом карда, барои соҳиби маълумоти миёна шудан ба интернати вилоятии шаҳри Хоруғ рафтем. Акаи Маҳмадбек аз мо бохабар шуда, омада ба хонааш мебурду зиёфат медод. Мо ҳам одат карда, доимо мерафтем.
Яке аз ҳамсояҳояш ронанда буд ва зуд-зуд ба ноҳияҳо бор мебурд. Рӯзе рафтем, ки мошин омодаи сафар аст. Ману писари амакаш Эркамир ҳамсинфу дӯст будем. Эркамир як гирди мошин чарх зада омада, гуфт, ки ин мошин Ванҷ бор мебарад, биё гурезем. Ман ҳам ба гапаш гӯш дода, ҳамроҳаш савор шудам. Ронанда хост мошинро ҳаракат диҳад, ки овози акаи Маҳмадбек баланд шуд: – “Эй шуғнӣ, исто, ин бачаи маро куҷо мебарӣ”. Ронанда истоду акаи Маҳмадбек омада расид ва ба Эркамир, ки писари амакаш буд, эътиборе надода гуфт: – “Юнус тез фаро!”. Ман ҳам чизе нагуфта, фаромадам, баробари фаромадан торсакие ба рӯям фуроварду гуфт: – “Мон Эркамир равад, ӯ падар дорад, аммо ту Юнус бояд хонӣ!”. Ман ҳам, майлаш ака гуфта, фуромада, якҷоя хона даромадем, Эркамир ҳам даромад, чою хӯрок хӯрда боз ба интернат рафтем.
Баъдтар фаҳмидам ва ин торсакии акаи Маҳмадбекро “торсакӣ аз меҳр” меномидам. Маҳз меҳри ин шахсият буд, ки имруз ман соҳиби нони ҳалолу касби пурифтихор ва обрӯю эҳтиром ҳастам. Ҳар вахте хонааш мерафтем барои мо меҳрубониҳо мекарданд ва мегуфтанд: – “Хонед, ки оянда ба Ватан хизмат кунед, нонатонро ёбед”. Гоҳ-гоҳе рафта, аз мактаб оиди хониши ман маълумот мегирифтааст. Ҳамаи омӯзгорон ӯро мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Чун имтиҳон мешуд, аз паси дар омада, ҷавоб додани маро гӯш медоданд, чун ман нағз ҷавоб медодам, дарро мекушоду ба муаллим рӯ оварда мегуфт: – “Савол деҳ, пурс, ин бачаи Баравнай”. Аз нағз хондани ман ҳамеша хурсанд мешуд. Бисёр марди дилсӯз буданд. Сад ҳайф, ки ҷавон рафтанд. Ҳама аз он ки ҷавон ин ҷаҳонро падруд гуфта буданд, афсӯс мехӯрданд:
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Чунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён бошанду ту хандон.
Ин буд каме ҳам бошад ёд аз марди ғаюру бономусу боғайрати Ванҷзамин Маҳмадбек Сайёраев. Ёдаш бахайру хонаи охираташ обод бод!.
Давлатмир Юнусзода.
Назари хешро иброз кунед