Имрӯз ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ҷаббори Қосим доир гардид.Тибқи гузориши сардори беморхонаи марказии ноҳия Муҳаббат Сафаров дар беморхона аз ин беморӣ 22 нафар бистарӣ шуда, 12 нафарашон шифои комил ёфтанд. Ҳоло 10 нафар бистарӣ буда, 4 нафар бегоҳ ё пагоҳ ҷавоб мешаванд. Як нафар дар дар ҳолати вазнинтар қарор дорад. Боварист, ки ин бемор низ дар муддати ду рӯз ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. То имрӯз табибон 4 нафарро аз ҳолати вазнинӣ раҳо бахшиданд.
Бино ба гузориши Сардори маркази саломатии ноҳия Сиддиқбег Норов дар ноҳия имрӯз 110 нафар дар карантини хонагӣ қарор доранд. Сиддиқбек Норов зикр намуд, ки бисёрии беморон дар кӯтоҳтарин вақт шифо меёбанд.
Раиси ноҳия аз вазъи таъмини аҳолӣ дар махаллаҳо бо доруворӣ ва маводи хӯрока гузориши мутасаддиёнро шунида, барои таъмини бунгоҳҳои маҳаллаҳо ва марказҳои саломатӣ бо доруворӣ дастур дод.
Инчунин, зикр гардид, ки аз одамони саховатпеша пайваста кӯмакҳои хайриявӣ ворид мегарданд. Раиси ноҳия зикр намуд, ки маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти ҳимоявӣ ворид шаванд, беҳтар аст. Раиси ноҳия барои дар деҳот вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ба ҳамагон дастур дод.
Сардори беморхонаи марказии ноҳия дар сӯҳбат иброз дошт, ки дар сурати риояи қатъии чорабиниҳо оид ба пешгирии беморӣ, ноҳия метавонад дар муддати 20 рӯз пурра аз ин беморӣ орӣ гардад. Дар охир раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони саховатпеша, ки дар ин рӯзҳо ба ноҳия кӯмак мерасонанд ,аз номи мардум изҳори сипос намуд. 22.05.2020. Пайшанбе Шоҳзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҳукумати ноҳияи Ванҷ.
Назари хешро иброз кунед