Мактаби №12-и деҳаи Мудехарв

  Мактаби №12-и деҳаи Мудехарв яке аз аввалин муассисаҳои таълимӣ дар диёри Ванҷ буда, ҳанӯз дар авохири солҳои бистуми қарни гузашта арзи вуҷуд намудааст.
  Мактаби №12 дар соли 1929 дар маҳалаи Перва (ҳоло ҷои хонаи Давлатшоев Насиб) бо унвони мактаби ба номи «Павлов» таъсис ёфтааст. Баъди чанде дар соли 1947 мактабро ба маҳалаи Дуршер (ҳоло ҷои бинои шӯъбаи алоқа) кӯчонида, ба он номи «Правда»-ро доданд. Роҳбарони он Саттор Абдуллоев, Сурх Муҳаммадӣ, Хисравов Давлатманд ва Ҷалол Сафоев будаанд. Дар замони мудирии Сурх Муҳаммадӣ, ки яке аз аввалин муаллимони соҳибихтисос, роҳбари Шӯъбаи маорифи ноҳия ва мудири чанд мактаб низ будааст, аз ҷиҳати норасоии муаллимони боихтисос хонандагони фаъоли мактаб Абдуллоев Мулло, Давлатшоева Назрбибӣ, Сурхова Бибимо, Зокир Боев, Шерамардов Шовайсуддин ва ғайра ба кори омӯзгорӣ ҷалб карда шуданд. Қадамов Акрам, Қадамов Акбар, Назаров Қурбон, Абдуллоев Мулло ва Раҳматуллоев Убайдулло аввалин муаллимони боихтисоси мактаб буданд. Дар соли 1963 дар замони мудирии Холинов Ховар мактаби ба номи «Правда» ба маҳалаи Ду кӯчонида шуда, то имрӯз дар он ҷо мустақар аст. Дар соли 1971 мактаби ба номи «Правда»-ро ба мактаби ҳаштсолаи №12 табдили ном карданд. Пас аз Холинов Ховар вазифаи мудирии мактабро Мирзоев Ширин, Муҳаббатов Бачаҷон, Азимова Робиа, Миҳтоҷова Давлатбибӣ ва аз соли 1982 то соли 1988 Рӯстамова Робиа ба зимма доштаанд. Аз соли 1988 то соли 1994 ин вазифа ба дӯши Нуъмонов Идрис буда, ба ташаббуси ӯ баҳори соли 1991 дар тарафи чапи бинои мактаб шаш синфхона ба тариқи ҳашар сохта шуд. Дар соли 1994 Холинов Муҳаббатшоро ба ин вазифа сафарбар намудаанд ва ӯ то соли 2005 мудири мактаб буд. Аз соли 2005 то соли 2011 Мазорбунова Меҳрӣ масъули ин вазифа будааст. Аз моҳи августи соли 2005 то моҳи августи соли 2006 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ (100 ҳазор сомонӣ) дар тарафи рости бинои мактаб бинои нав иборат аз 8 синфхона ва се таҳхона сохта шудааст. Аз соли 2011 Абдуллоев Холназар мудир ва Холинов Муҳаббатшо муовини мудири мактаб таъин гардидаанд. Ҳоло он мактаби миёнаи №12 буда, 248 хонанда ва 26 омӯзгор дорад.
  Дар ин ҷо мухтасаран дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устодони мактаб маълумоте гирд овардаем.

Шоев Карим

  Шоев Карим дар таърихи 15 декабри соли 1935 дар деҳаи Мудехарв таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ба номи «Правда»-и деҳа (солҳои 1944 – 1950) солҳои 1951 – 1955 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм намуда, бадъи он як сол дар мактаби деҳа муаллимӣ намудааст. Пас аз он дар соли 1956 ба шаҳри Кӯлоб рафта, ба Донишкадаи педагогии он дохил шуда, онро дар соли 1961 бо ихтисоси муаллими забону адабиёти тоҷик ва таърих тамом намудааст. Пас аз хатми донишкада ба деҳа баргашта, то охири умр ба таълиму тарбияи ҳамдиёрон шуғл варзидааст. Ӯ дар таърихи 6 июни соли 2004 аз олам даргузашт.

Сурхов Аҳмад

  Сурхов Аҳмад соли 1936 дар деҳаи Лангар таваллуд шудааст. То соли 1950 дар мактаби ба номи «Правда» хонда, баъди он то соли 1954 таҳсилотро дар мактаби миёнаи ба номиЛенин давом додааст. Аз соли 1954 то соли 1961 котиби мактаби ҳаштсолаи ба номи «Правда» шуда, кор кардааст. Аз соли 1961 муаллими фанни таълими меҳнати мактаби мазкур гашта, дар соли 1969 ба Донишкадаи Омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шудааст.Дар соли 1974 онро бо ихтисоси педагогика ва психология тамом карда, ба ҳайси мудир-муаллими мактаби ибтидоии рақами 27-и деҳаи Старғ дар муддати 12 сол кор кардааст. Пас аз он ба мактаби рақами 12 гузашта, то нафақа дар он ҷо адои вазифа намудааст.

Суманова Ҳалима

  Суманова Ҳалима соли 1934 тавллуд ёфтааст. Ӯ мактаби ба номи «Правда»-и деҳаро то синфи 7 хонда, таълимро дар шаҳри Душанбе идома додааст. Пас аз он солҳои 1951 – 1953 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинободро тамом карда, ба деҳа баргашта, 47 соли ҳаёти хешро ба кори таълиму тарбия бахшидааст. Суманова Ҳалима бо ҳамсари худ Сурхов Аҳмад ҳаёти хешро ба касби пуршарафи омӯзгорӣ вобаста гардонида, чандин наслҳоро савод омӯхтаанд. Фарзандони онҳо бошанд ҳам, дар зери таъсиру тарбияи онҳо ашхоси барои ҷамъият муфид ба воя расидаанд. Фарзанди калонии онҳо Сурхов Муҳаммад Донишкадаи Шарқшиносии шаҳри собиқ Ленинград, ҳозира шаҳри Санкт-Петербурги Руссияро хатм намуда, солҳои дароз дар мамолики Шарқ  ва пас аз он дар Вазорати Корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия кор намудааст.Фарзанди сонияшон Сурхов Абдулло Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳо дар вазифаи котиби дуюми комсомолии ноҳияи Ванҷ адои вазифа кардааст. Маҳбуба Донишгоҳи Кишоварзӣ, Матлуба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, Мавҷуда Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм намудаанд. Раҳматулло дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳсилро дар шаҳри Қоҳираи Миср ба итмом расонидааст. Фарзанди хурдияшон Зифнун коллеҷи омӯзгориро хондааст. Ҳамаи фарзадони онҳо соҳибмаълумот буда, ҳиссаи хешро мисли волидон дар ҷамъият гузоштаистодаанд.
 

Ҷоғаров Абдуллобег

  Ҷоғаров Абдуллобег дар таърихи 15 феврали соли 1940 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шудааст. Ӯ соли 1948 ба мактаби ба номи «Правда» рафта, соли 1957 баъди хатми он барои гирифтани маълумоти миёна ба мактаби ба номи Ленин рафтааст. Баъди хатми мактаб соли 1959 ба Донишкадаи Омӯзгории ба номи Шевченко дохил гардида, онро соли 1964 тамом кардааст. Баъди хатми донишкада аз соли 1965 то соли 1968 дар ноҳияи Колхозобод муаллимӣ карда, пас аз он ба зодгоҳаш баргашта ва то ба нафақа баромадан дар мактаби №12 муаллими фанни ҷуғрофия шуда, кор кардааст.

Чиллаев Сайфулло

  Чиллаев Сайфулло Бекович 12 июни соли 1942 таваллуд шудааст. Пас аз мактаби миёна соли 1959 ба Донишкадаи Омӯзгории ба номи Шевченко дохил шуда, онро соли 1965 бо ихтисоси физик-математик хатм кардааст. Бо роҳхати донишкада ба ноияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) фиристода шуда, дар мактабҳои «Коммунаи Париж» ва рақами 137 ба номи Лоҳутии ин ноҳия ба ҳайси муаллим кор кардааст. Пас аз он ба зодгоҳ бар гашта, аввал дар мактаби №8 ва баъди он то имрӯз дар мактаби №12 омӯзгорӣ намудааст. Чиллаев аз беҳтарин омӯзгорони фунуни физика ва риёзии ноҳия пазируфта  шуда, бо вуҷуди нафақахӯр буданаш аз сабаби нарасидани устодони ин фанҳо ба мактаб ҷалб карда шудааст. Ӯ инчунин  аз ҷиҳати доштани овози баланду форам муаззини масҷиди деҳа мебошад.
 

Нӯъмонов Мададбег

  Нӯъмонов Мададбег Сироҷович 10 майи соли 1941 таваллуд шуда, мактаби ҳафтсолаи ба номи «Правда»-ро тамом кардааст. Баъди он барои идомаи таҳсил ва соҳиби маълумоти миёна гаштан ба ноҳияи Рӯшон рафта, мактаби миёнаи №7-ро хатм кардааст. Пас аз мактаб дар соли 1965 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1971 бо ихтисоси биолог-ботаник хатм намудааст. Нӯъмонов Мададбег солҳо вазифаи муовинии мудири мактабро ба дӯш дошта, яке аз беҳтарин муаллимони ноҳия маҳсуб мегардад.

Холинов Муҳаббатшо

  Холинов Муҳаббатшо Ҳукуматович дар таърихи 6 майи соли 1950 ба дунё омада, то соли 1965 дар мактаби №12 хонда, барои идомаи таҳсил ба ноҳияи Рӯшон рафта, мактаб интернати №7-и деҳаи Баррӯшонро дар соли 1967 хатм кардааст. Баъди хатми мактаб ду сол дар кохоз кор намуда, дар соли 1969 ба Донишкадаи Омӯзгории ба номи Шевченко дохил гашта, онро соли 1974 ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишкада ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби миёнаи №1-и деҳаи Ғуҷоваст ба ҳайси пионервожатий дар соли 1974 ба кор даромадааст. Дар соли 1977 ӯро муаллими мактаби №27 ва дар соли 1982 муовини мудири мактаби №11 тайин кардаанд. Пас аз он дар мактаби №12 то имрӯз адои вазифаи боифтихори омӯзгорӣ намудааистодааст. Аз соли 1994 то соли 2005 Холинов мудири мактаби №12 буд.

Султонов Мавзуд

  Султонов Мавзуд Ҳомидович 20 майи соли 1948 ба дунё омада, баъди хатми мактаби ба номи «Правда»  дар солҳои 1963 – 1965 Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленинро тамом кардааст. Баъди хатми он дар солҳои 1969 – 1974 омӯзгори фанни мусиқӣ дар ноҳияи Қумсангир гардида, дар солҳои 1974 – 1976 мудири хонаи маданияти деҳаи Ғуҷоваст будааст. Аз соли 1976 инҷониб мудири хонаи маданияти деҳаи Мудехарв ва муаллими фанни мусиқӣ дар мактаби №12 аст.

Миҳтоҷова Давлатбибӣ

  Миҳтоҷова Давлатбибӣ 28 декабри соли 1951 дар деҳаи Одешт таваллуд ёфтааст. Солҳои 1958 – 1968 дар мактаби №16 таҳсил намудааст. Соли 1972 факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аввал дар мактаби №16, пас аз он дар мактаби №13 шуғли устодӣ варзида, баъд муаллимаи фанни таърихи мактаби №12 гардидааст. Аз соли 1978 то соли 1982 мудири мактаби №12 будааст.

Рӯстамова Робия

  Рӯстамова Робиа дар соли 1952 таваллуд шуда, мактаби рақами 8-ро хтм намудааст. Баъди хатми мактаб соли 1969 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, дар соли 1974 факултаи филологияи тоҷики онро бо муваффақият ба анҷом расонидаст. Баъд аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳи хеш баргашта, то имрӯз дар мактаби рақами 12 кор кардааст. Дар солҳои 1982 – 1988 вазифаи мудирии ин мактабро ба ӯҳда доштааст.

Иронов Муборакшо

  Иронов Муборакшо 2 феврали соли 1956 таваллуд ёфта, то синфи ҳашт дар мактаби №12, синфи нуҳро дар мактаби №1 ва мактаби №4-ро хатм кардааст. Баъди хатми мактаб ба техникуми сохтмон шари Душанбе дохил шуда, баъди як соли хониш дар соли 1973 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гузашта, онро соли 1977 хатм мекунад. Баъди хатми донишкада дар ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и шаҳри Душанбе ба ҳайси мураббӣ кор мекунад ва барои дастгирии волидон соли 1978 ба деҳа ӣаргашта, дар мктаби №12 ба сифати муаллимӣ тарбияи ҷисмонӣ ба кор медарояд. Ӯ соли 1990 ба унвони «Аълочии Маорифи Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушараф гардидааст. Аз соли 1990 ҷонишини мудири мактаб оид ба қисми таълим буда, аз соли 2004 ба кори рҳбарии давлатӣ машғул аст. Ӯ инчунин соҳиби унвони «Устоди Варзиши ИҶШС» аст.

Сӯҳбатуллоев Ҳабибулло

  Сӯҳбатуллоев Ҳабибулло Ҳафизуллоевич 26 апрели соли 1958 чашм ба дунё кушодааст. То соли 1973 дар мактаби №12 ва то соли 1975 дар мактаби №1 таҳсил намуда, соли 1975 хонишро дар Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон идома додааст. Соли 1979 донишкадаро бо ихтисоси математика хатм намуда, соли 1980 фаъолияти муаллимиро аз мактаби №46 оғоз кардааст. Аз соли 1981 инҷониб муаллими мактаби рақами 12 мебошад.

Мазорбунова Меҳрӣ

  Мазорбунова Меҳрӣ Савлатовна 13 авгуси соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар солҳои 1978 – 1988 мактаби №39-и шаҳри Душанбе ва солҳои 1988 – 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1993 – 1994 дар мактаби №13-и деҳаи Ширговад ва аз соли 1994 инҷониб дар мактаби №12 шуғли омӯзгорӣ дорад. Аз 28 августи соли 2005 то 14 декабри соли 2011 мудири мактаби №12 будааст.

Абдуллоев Холназар

  Абдуллоев Холназар Исматович дар таърихи 25 нояби соли 1972 ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро аввал дар мактаби ҳаштсолаи №12 ва баъдан дар мактаби миёнаи №1 гирифта, соли 1989 ба Донишгоҳи Омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил гаштааст ва онро ба сабаби нооромиҳои дар кишвар рухдода дертар, дар соли 2002 хатм кардааст. Аз соли 1995 инҷониб шуғли омӯзгорӣ дорад. Инчунин шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисоси муҳандиси роҳсоз низ гаштааст. Аз соли 2005 ҷонишини мудири мактаб оид ба корҳои таълимӣ ва аз соли 2010 инҷониб мудири мактаби №12 аст. Абдуллоев Холназар вакили маҷлиси ҷамоати Рованд аз ҳавзаи Дуршер 1 мебошад.

Боев Абдулмаҷид

  Боев Абдулмаҷид Соатович дар таърихи 22 июни соли 1961 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шуда, дар солҳои 1967 – 1976 дар мактаби ҳаштсолаи №12-и деҳа ва аз соли 1976 то соли 1980 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм таҳсил намудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ ду моҳ дар мактаби №46-и Язгулом кор карда, ба хизмати аскарӣ рафтааст. Баъди хизмат се моҳ дар мактаби деҳаи Ширговад ва як сол дар мактаби деҳаи Ғуҷоваст кор намуда, аз соли 1984 инҷониб дар мактаби №12 муаллим аст. Ӯ соли 1984 ба шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи Омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, дар он ҷо сеюним сол таҳсил карда, ба сабаи тангии шароит онро хатм накардааст.

Раҳматуллоева Мавҷигул

  Раҳматуллоева Мавҷигул Убайдуллоевна дар таърихи 16 майи соли 1965 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шудааст. Дар солҳои 1972 – 1980 дар мактаби ҳаштсолаи №12 таҳсил намуда, соли 1980 ба Омӯзишгоҳи Омӯзгории ноҳияи Ғарм дохил шуда, дар соли 1984 баъди хатми он ба деҳа баргашта, то имрӯз дар мактаби №12 ба омӯзгори машғул аст.

Ҷорубкашов Олим

  Ҷорубкашов Олим 25 октябри соли 1969 таваллуд шудааст. Ӯ дар соли 1976 ба остонаи мактаби 8солаи №12 қадам ниҳода солҳои 1985 – 1986 мактаби миёнаи №1-ро ба итмом расонидааст. Баъди хатми мактаб ба хизмати аскари рафта, баъди адои хизмати ватан соли 1989 ба омӯзишгоҳи Омӯзгории ноҳияи Ленин дохил шуда, онро соли 1991 хатм карда, ба деҳа бар гаштааст.

Ширинов Ёқуб

  Ширинов Ёқуб Исмоилович соли 1960таваллуд шуда, солҳои 1968 – 1978 мактаби №12, солҳои 1976 – 1980 Омӯзишгоҳи Омӯзгории ноҳияи Ғармро хатм кардааст. Аввал   бо роҳхати омӯзишгоҳ дар мактаби №15 ва пас дар мактаби №12 кор намудааст. Аммо марги нобаҳангом ӯро дар айни ҷавонӣ аз олам рабуд.

Ҷумъабоев Раҳимбег

  Ҷумъабоев Раҳимбег Авазович 14 марти соли 1963 таваллуд шуда, солҳои 1979 – 1982 техникуми тарбияи ҷисмони шаҳри Душанберо хатм карда, аз соли 1982 то соли 1984 дар мактаби №9 деҳаи Мурғутга муаллими тарбичи ҷисмонӣ шудааст. Солҳои 1984 – 1086 дар хизмати аскарӣ буда, аз соли 1986 то соли 1994 дар мактаби №27-и деҳаи Старғ ва аз соли 1994 инҷониб дар мактаби №12 муаллими тарбияи ҷисмонист.

Шеров Назир

  Шеров Назир Шукрихудоевич 14 феврали 1965 таваллуд шуда, солҳои 1971 – 1980 дар мактаби ҳаштслаи №12, солҳои 1980 – 1984 дар омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм таҳсил намудааст. Соли 1984 дар мактаби №4-и деҳа Зонги ноҳияи Ишкошим муаллимӣ кардааст. Солҳои 1985 – 1987 дар хизмати аскарӣ, баъди он дар муддати 5 сол дар деҳаи Старғ ва аз соли 1993 инҷониб дар мактаби №12 омӯзгор аст. Солҳои 2002 – 2005 дар факултаи адабиёти шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, ба сабаби тангии шароит онро ба анҷом расонидан натавонистааст.

Иброҳимов Умед

  Иброҳимов Умед Қодирович 6 апрели соли 1965 таваллуд шуда, баъди таҳсил дар мактаби №12 дар солҳои 1985 – 1990 дар факултаи физика-математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа хондааст. Баъди хатми донишкадаи мазкур дар мактаби №12 муаллим гардидааст.

Шеров Самад

  Шеров Самад Дододихудоевич 20 сентябри соли 1973 ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна солҳои 1990 – 1992 дар хизмати аскарӣ ва солҳои 2005 – 2008 коллеҷи омузгории Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро дар Ноҳияи Ванҷ бо ихтисоси таърих-ҳуқуқ хатм кардааст.

Шоева Қумрӣ

  Шоева Қумрӣ Каримовна 29 декабри соли 1989 ба дунё омада, баъди хатми мактаби №12 солҳои 2001 – 2003 коллеҷи омӯзгориии ноҳияи Ванҷро ва баъдди он факултаи таърихи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Давлатии Точикистонро хатм намудааст.

Қадамова Гулчеҳра

  Қадамова Гулчеҳра Дилбаршоевна 18 сентябри соли 1982 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби №12 солҳои 2001 – 2003 коллеҷи омӯзгории ноҳияи Ванҷ ва солҳои 2005 – 2010 факултаи таърих ва ҳуқуқи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

Шоева Гулфазо

  Шоева Гулфазо Каримовна 28 ноябри соли 1985 таваллуд шуда, баъди хатми мактаби №12 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистрнро дар солҳои 2003 – 2008 хондааст. Баъди хатми донишгоҳ як сол дар мактаби №6-и шаҳри Душанбе кор намуда, ба зодгоҳ баргаштааст.

Ҷумъабоева Хадича

  Ҷумъабоева Хадича Раҳимбековна 13 октябри соли 1988 мутавалид гашта, пас аз хатми мактаби №12 дар солҳои 2006 – 2009 таҳсилро дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав идома дода аст. Аз соли 2009 инҷониб дар мактаб №12 ба ҳайси муаллимаи забони инглисӣ адо вазифа намудаистодааст.

 Аммо мутаассифона, дар бораи устодоне мисли Нӯъмонов Идрис, Лавунчаева Раҷабмо, Эмомов Ёқуб ва дигарон, ки дар ҳаёти мактаб нақши муҳим доранд, феълан маводе надорем.

Хатмкунандагони мактаб

Раҳим Масов – доктори илми таърих, академик.
Рустамов Сӯҳроб – номзади илми биология.
Абдуллоев Мирзо – доктори илми фалсафа.
Сурхов Муҳаммад – ходими давлатӣ.
Шамсуддинов Шаъбон – номзади илми биология.
Нӯъмонов Ҷаъфар – номзади илми таърих.
Бурҳонов Сулайсон – ходими фарҳангӣ.
Ширинов Аюб – корманди мақомоти судӣ.
Ҷураев Ифтихор – муҳандис-лоиҳакаш.
Боев Абдулхолиқ – муҳандиси сохтмон.
Нӯъмонов Иматбег – корманди соҳаи кишоварзӣ.
Қадамов Саломатшо – муҳосиби дараҷаи байналмилалӣ.
Қадамов Султон – сарҳанги бознишастаи артиш.
Давлатшоев Басир – раиси ширкати сохтмонӣ.
Абдуллоев Ризо – корманди додситонӣ.
Холинов Мастулло – корманди соҳаи савдо.
Абдуллоев Исмат – муҳосиб, ходими давлатӣ.
Рӯстамов Дастам – шарқшинос, устоди мактаб.
Қадамов Саодатшо – халбони чархбол.

Ашраф Акрам.

1 Trackback / Pingback

  1. Рӯйхати мактабҳои ноҳияи Ванҷ — Торнамои Ванҷ

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.