Лӯвипиёва

  Таъоми лӯвипиёва дар дастархони мардуи Ванҷ ҷойгоҳи хоcса дорад. Донаи лӯбиё, ки дерпаз аст, аксар вақт онро барои пухтани хӯрок пешакӣ тар меандозанд ва ағлабан, хӯроки бо лӯбиё пухтаро шавдег –  яъне дар зарф дар болои лахчаҳои боқимондаи дегдон то дами саҳар мегузоранд, ки ин намуд хӯрок хушхӯру бомазза мешавад.  Лӯбиёро дар водии Ванҷ бо шикамба ё сару почаки гову гӯсфанду буз ҳам мепазанд, ки бисёр хӯроки лазиз аст.
  Наполеон хӯроки аз лӯбиё омодакардаро бисёр дӯст медоштааст ва ба гуфти ӯ лӯбиё бозуҳоро нерӯманд карда, ақли одамро сайқал дода, қобилияти фикрронии мағзи сарро дучанд мекардааст.
  Дар таркиби лӯбиё витаминхои зерин мавҷуданд: А – 0,6мг; В1- 0,1мг; В2 – 0,2мг; В3 – 0,5-мг; В5 – 0,2мг; В6 – 0,2мг; В9 – 0,5мг; С – 0,2мг; Е – 0,3мг. Лӯбиё карбоҳидрат ва сафеда дошта, баландшавии бемории қандро дар бадани одам нигоҳ дошта ,пасту мӯътадил мекунад, токсинҳоро аз бадан берун меронад, хунро аз никотин тоза мекунад. Барои системаи асаби инсон низ фоидаовар аст, фишори хуни одамро мӯътадил нигоҳ медорад.
  Инкишофи касалиҳои гузарандаи пӯсти одамро монеъ шуда, биноии чашмро равшан карда, санги гурдаи одамро коҳиш медиҳад. Дар таркиби лӯбиё элементҳои минералӣ, калсиум, мангниум, фосфор, калиум, рӯҳ, сулфур, мис мавҷуданд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ лӯбиё бо гӯшт баробар аст. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.