Китоби Саломиён чоп шуд

  Китоби нахустини шеърҳои шоири диёр Иззатманд Саломиён дар нашриёти “Ношир”- и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Қафаси санг” бо сарсухани Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона бо теъдоди 200 дона чоп шуд. Муаллифро муборакбод гуфта, дар ҷодаи шеър барор хоҳонем.
  Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона дар сарсухани китоби тозанашр дар тавсифи Иззатманд Саломиён менависад: “Забони шеъри Иззатманд нобу шодобу мубаррову мусаффост, забонест, ки бо равоиши латифи калимоташ, бо карашмаҳои зебои ҳуруфаш, бо зарбу зарабони хушсавти овозаш дилҳоро рӯшаниву ромишу саодат мебахшад.
  Забони шеъри ӯ, ки ҳолу ҳавои мӯҳташами осори ниёгонро ҳифз кардааст, басе имрӯзиву кунунист: Фақат ба суръати мижгон задан ба сурати ту, дар ин фазои маҷозӣ ниҳам ҳазорон лайк. Мо низ бидуни маҷозу истиора ба ашъори ӯ муҳри лайк мезанем. Хосса, ба он қисмати шеъраш, ки фарёдномаи як дили адолатхоҳ аст, бонги имони инсоният, ки рӯҳаш ҳамеша аз зулмату залолату олудагиҳои замона ба қаламрави афифи озодаву озодагиву сафо руҷӯъ мекунад.” Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд. 08.01.2021.
  Дар мавриди хеш муаллиф аз алоқамандон чунин изҳори сипосу миннатдорӣ намуд: “Ба бародарону хоҳарони воқеӣ ва маҷозӣ изҳори сипос менамоям, ки ба баҳонаи нашри китоб, каминаро табрик гуфтанд. Дуруғ будӣ , агар мегуфтам, ки ба ин хабар бетафовут будам. Бале, табииист ки хушҳол шудам, вале ҳамчунин дуруст аст бигуям, ки талошу заҳматҳои бародарону дустонам дар ин кор аз ман бештар буд, хусусан аз дуст ва бародари фозилу адабиётшиносу адабиётпарварам – олими шинохта – Саидумрон Саидов, ки ташаббуси гирдоварӣ, танзим ва нашри китобро холисона ба зимма гирифтааст.
Сипос аз ҳиммати ҳотамонаи шоири тавонои кишвар – Фарзонабону барои пешгуфтори китоб, ки воқеан пеши хушбиниҳояшон ва арзёбиҳояшон хиҷолатзадаам ва минбаъд ин маро водор месозад, ки ҷиддитар бошам.
Ин китоб маҳсули заҳмати 3-4 соли охир аст, яъне қаблан бо вуҷуди дилбастагӣ ба назм, маъмулан чизеро барои дастрасии ҳамагонӣ нашр намекардам. Шояд, ин китоб ҳам нашр намешуд: агар ташвиқу машваратҳои бародари фозилам Фирдавсии Нуралиён намебуд, агар дар оғози кор Исфандиёри Назару Беҳрузи Забеҳуллоҳ руҳияам намедоданд, агар Хилватшоҳи Маҳмуду Раҷаби Мирзо ва Саидумрони Саид сари ҳар фурсати муносибе шеъргунаҳоямро тарғиб намекарданд ва агар даҳҳо дустони дигар, ки ҳамеша аз онҳо сипосгузорам, дар паҳлуям намебуданд. Аз ҳамаатон сипосгузорам!”. Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд. 08.01.2021.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.