Китоби тозанашри бародари ҳамдиёру хешу табор ва инсони фарҳехтаи диёр – Орзу Даҳбошиеви Мудехарви дар шаҳри Душанбе ба нашр расид.
Маҷмӯаи шеърии мазкур “Бо ёди Ватан” ном дошта, мавзуии асоси шеърҳои шоири диёр дурӣ аз Ватан ва сузи фироқи диёр аст. Агарчӣ шеърҳо дар мавзӯъҳои дигар низ дар он мавҷуданд.
Орзу аз ҷумлаи ашхосест, ки табъи шеърии худод дораду дар ҳеч мактаби адабӣ омӯзиш нагирифтааст. Банда шеършиноси хубе нестам, аммо ба ашъори Орзу танҳо як нуктаро метавонам зикр намоям, ки бо вуҷуди ҳама мушкилоти рӯзгор ва нобасомониҳои замони наврасиву ҷавонияш ӯро нагузошт то дар мактаби шеъру адабу ирфон таълим бигирад, аммо шеърҳои равону содаву инъикоскунандаи даврони тифливу рӯзгори мардуми диёр ва сахтиву ғуссаҳои дарбадарии ҳазорон фарзанди куҳистон мебошанд. Навои обҳои равону садои кабку ва зиндагии содаи куҳистонро дар ҳар варақаш ҳар зодаи он диёр эҳсос мекунаду бе ихтиёр рузҳои тифлиро зинда мекунад.
Шояд дар сатҳи шоирона барҷаста нагуфта бошад, аммо дарди рузгору дурӣ аз ёру диёр ва хумори баргаштан ба оғӯши Ватанро дар абёти ӯ дармеёбӣ.
Нашри китоби мазкурро барои бародарамон табрик мегӯем ва дуъогӯем, ки дар оянда боз қаламаш равонтару забонаш гӯётар бошад!. Гузориши Аъзамшоҳи Ширговадӣ. 12.06.2022.
Назари хешро иброз кунед