Карим Мирзоев яке аз журналистони шинохтаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Соли 1935 таваллуд ёфтааст. Ҳанӯз дар хурдсолӣ аз падару модар ятим монда, дар хонаи бачагони маркази моҳия тарбия гирифтааст. Синфҳои болоиро дар мактаинтернати шаҳри Қӯрғонтеппа хонда, сипас солҳои 1953-1958 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДДМТ) таҳсил намудааст.
Солҳои 1958-1965 Карим Мирзоев кормандии масъули рӯзномаҳои ноҳия ва вилоятро ба ӯҳда дошт. 1965-1985 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи зинаҳои миёнаи ҳизбӣ ва шӯравии вилоят кору фаъолият намудааст. Аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1963.
Бо чандин медалу ифтихорномаҳо, аз ҷумла ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, кумитаи назорати халқии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед