Имом Молик (р)

Ному насаби Имом Молик

  Ному насаби комили Имом Молик Абӯабдуллоҳ Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абӯомир ибни Амр ибни Ҳарс ибни Усмон ибни Ҷусайл ибни Саъд ибни Зӯасбаҳи Асбаҳӣ мебошад. Ибни Халликон мегӯяд; “соли 90 ё 93 ва ё 95 уми ҳиҷрӣ дар Мадина ба дунё омада, соли 179 -уми ҳиҷрӣ зиндагониро падруд гуфтааст. Молик муддати 7 сол назди Абдурраҳмон ибни Ҳурмузи Аъраҷ дарс хонда, аз Рабиа ибни Абӯсолиҳи Фаррух ҳам касби файз намудааст”.
  Устодони дигари ӯ Нофеъ, Муҳаммад ибни Муслими Заҳрӣ, Абдурраҳмон ибни Заквон, Яҳё ибни Саиди Ансорӣ, Абӯҳозим Салама ибни Динор, Муҳаммад ибни Мунқадир ва Абдуллоҳ ибни Динор буда, бинобар гуфтаи Нававӣ шогирди гурӯҳи дигаре аз тобиин будааст. Имом Молик худ аз зумраи табаатобиин буда, дар ҳавзаи илмии аҳли Мадина фиқҳу ҳадисро фаро гирифтааст. Дар иҷтиҳоди худ суннати набавиро тафсири Қуръон дониста, ба илми ҳадис равнақи хоссе бахшид. Мегӯянд; вақте Молик ҳадисеро нақл кардан мехост, нахуст таҳорат карда, сипас ба худ атр мезад ва либоси некӯ пӯшида, сарбанди худро маҳкам карда, бо лаҳни мулоим онро мехонду мегуфт; “дар ҳузури ҳадиси Паёмбар (с) набояд садоро баланд кард”.

Имом Молик, ҳадис ва неши каждум

  Рӯзе ҳангоми хондани ҳадис каждуме пояшро газид. Имом Молик дарди нешро то поёни ҳадис таҳаммул карда, сипас ҷӯробашро берун овард ва каждумро аз газидани дубора боз дошт.
  Дар ин гуна фазои маънавӣ Имом Молик китоби “ал-Муваттаъ”-ро навишт. Абӯбакр ибни Арабӣ дар бораи ин китоб мегӯяд; “ал-Муваттаъ” асли аввал ва “Саҳеҳ”-и Бухорӣ асли дуввум аст.
  Аллома ибни Асир онро ба ҷойи ҳадиси Ибни Моҷа, шашумин саҳеҳ аз сиҳоҳи сита (китобҳои саҳеҳи шашгона) медонад. Муҳаммад ибни Абдулбоқии Зарқонӣ шарҳе бар он китоб навишта аст.
  Молик тавонист дар ҳавзаи ҳадиси Мадина шогирдонеро тарбия кунад, ки ҳар яки онҳо чеҳраҳои дурахшоне дар фақоҳат ва ҳадис буданд; аз қабили Заҳрӣ, Айюби Сахтиёнӣ, Абӯласвад, Рабиа ибни Абӯабдурраҳмон, Яҳё ибни Саиди Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Ваҳб, Абдурраҳмон ибни Қосим, Ашҳаб ибни Абдулазиз, Асад ибни Фурот, Мусо ибни Ақба, Ҳишом ибни Урва ва дигарон. Имом Шофеӣ низ муддати 8 моҳ назди Имом Молик шогирдӣ кардааст.
  Молик ба андозае ба ҳадис пойбанд буд, ки ҳатто ба хабари воҳид, ба шарти он ки саҳеҳ ё ҳасан бошад, иктифо мекард. Дар масъалаи иҷмоъ равиши аҳли Мадина ё аксарияти онҳоро мепазируфт. Чизе ки ба равиши ҳалқаи дарсии Имом Молик равнақи бештар мебахшид, равзаи мубораки набавӣ буд, ки Имом дар онҷо ба тадрис мепардохт.

Имом Молик ва интиқоди ӯ аз халифаҳо

  Манобеи иҷтиҳод дар мазҳаби Имом Молик: Китоб (Қуръон), суннат, суханони саҳобагон, иҷмоъ, амали аҳли Мадина, қиёс, истеҳсон, масолеҳи мурсал, урф ва садди зароеъ аст.
  Ҳарчанд Имом Молик ҳадис ва иҷмои аҳли Мадинаро мубайин ва муфассири Қуръон медонист, аммо вусъати назари Имом дар иҷтиҳод ӯро ба пазириши истеҳсон, масолеҳи мурсал, урф ва садди зароеъ водор мекард.
  Дар заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ Имом Молик ҳеҷ гоҳ таслими иродаи ҳукуматиёни иқтидоргаро нашуд. Борҳо аз онон интиқод мекард. Мегӯянд: Мансури Дувониқӣ – халифаи аббосӣ аз ӯ хост, ки аз хондани ҳадиси “талоқи касе, ки ба зӯрӣ ӯро водор кунанд, воқеъ намешавад” худдорӣ кунад, зеро душманони Имом ба халифа гуфта буданд, ки ин ҳадис бунёди хилофати Аббосиёнро мутазалзил мегардонад! Имом Молик напазируфт, аз ин рӯ Мансур фармуд, ки ӯро ҳафтод тозиёна бизананд, аммо ӯ боз ҳам аз иҷрои хостаи ӯ сарбоз зад.

Сарпечӣ аз амри Ҳорунаррашид

  Ҳорунуррашид низ аз ӯ хост, ки аз хондану тадриси ҳадис худдорӣ кунад. Имом боз ҳам онро қабул накард ва нахост, ки бо пӯшидани ҳақ аз роҳи рост мунҳариф шавад. Мегӯянд: Ҷаъфар ибни Сулаймон пардадори аббосӣ ончунон ӯро зад, ки дасташ аз шонааш канда шуд.
  Дар асри Имом Молик ба иллати вусъати қаламрави мусулмонон ва омезиши миллатҳои гуногун бо якдигар, ба хусус иртиботи арабҳо бо ирониёну форсзабонон ва ҳиндиён улуми ҳадис, фиқҳ ва қазо равнақи хоссе гирифт ва ҷомеаҳо ба фатвои фиқҳӣ ниёз пайдо карданд. Имом Молик аз тарафе шоҳиди муборизаҳои миёни Аббосиёну Алавиён ва шӯриши хавориҷ ва аз тарафи дигар нозири ҷидол байни шиаву аҳли суннат ва низ даргирии хавориҷ бо дигарон буд. Дар баробари ин ӯ тавонист худро аз қайду бандҳои ҷидолӣ наҷот дода, бо андешаи устувори иҷтиҳодӣ, ба рафъу ҳаллу фасли мушкилоти фиқҳии мусулмонон ҳиммат гумошт.
  Дар ҳоли ҳозир мардуми шимоли Африқо, Либия, Тунис, Ал-ҷазоир ва Мағриби Ақсо пайравони мазҳаби моликӣ мебошанд.
Гирдоварии Зоҳири Давлат ва Фатҳуддини Аҳлиддин. 2009-04-21.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.