Имом Бухорӣ ҷамъоварандаи ҳадисҳои саҳеҳ
Чанд нафар аз хонандагони ҳафтанома нома фиристода, бо изхори ташаккур аз он ки дар сафҳаи “Миллат ва Ислом” навиштаҳои ҷолибу хонданӣ дар бораи мавзуоти муҳими мазҳабӣ-фарҳангӣ ба нашр мерасонем, дархост кардаанд, ки дар бораи Имом Бухорӣ – мусаннифи китоби “Саҳеҳ” матлабе чоп намоем. Бо камоли майл ва қабули пешниҳоди онҳо тасмим гирифтем, ки мақолаеро дар ин бобат ба нашр расонем.
Албатта, зикри хайр аз Имом Бухорӣ ва дигар абармардони Ислом, монанди Имоми Аъзаму Имом Тирмизӣ, Имом Муслим ва ғайра, ки зодагони марзу буми аҷдодии мо ҳастанд, корест савоб ва хидматест дар бештар ошно кардани мардум бо фарҳанги исломии гузаштагонамон. “Миллат ва Ислом”
Шахсияти Имом Бухорӣ
Абӯадуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардзбеҳи Ҷуъфӣ маъруф ба Имом Бухорӣ пас аз намози ҷумъа дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Бухоро таваллуд ёфтааст. Чорумин бобои Имом Бухорӣ аз шаҷараи падариаш Бардзбеҳ марде форснажод ва пайрави дини аҷдодиаш будааст. Писараш Муғира бар дасти Ямони Ҷуъфӣ мусулмон шудааст. Аз онҷо, ки бо вай дӯстӣ дошт ва бо даъвати ӯ мусулмониро пазируфта буд, ба номаш нисбати Ҷуъфӣ доданд.
Падари Имом Бухорӣ Исмоил ном дошт ва пеш аз ҷон супурданаш гуфт, ки дар молаш ҳеч ҳаромиву шубҳаеро намедонад. Вақте, ки Исмоил аз ҷаҳон рахти сафар мебандад, писараш Муҳаммад ҳанӯз хурдсол буд. Ба ҳамин минвол Муҳаммади хурдсол аз меҳрубониҳои падари бузурвораш маҳрум монд ва дар канори модари азизаш парвариш ёфт. Пас аз он, ки бузуртар шуд ҳамроҳи модару бародари калонаш Аҳмад озими Маккаи мукаррама шуда, ҳаҷҷи фарзиро ба ҷой оварданд. Сипас Маккаро барои истиқомат ихтиёр карданду Муҳаммад дар талаби илм гашт.
Ал-Лоликоӣ муаллифи китоби машҳури “Шарҳи суннат” дар боби “Каромоти авлиё” дар бораи Имом Бухорӣ навиштааст, ки Муҳаммад ибни Исмоил дар хурдсолӣ биноии худро аз даст дода буд ва модараш ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳро дар хоб мебинад, Ки ба ӯ мегӯяд: Ай модари Муҳаммад, ба сабаби дуоҳои зиёди ту Аллоҳ таоло биноии чашмони писаратро баргардонд. Модар аз хоб бедор мешавад ва мебинад, ки писараш Муҳаммад бино шудааст. Донишманди ҳамасри Имом Бухорӣ Муҳаммад ибни Абӯҳотам Варроқи Бухороӣ мегӯяд: Имом Бухориро шунидам, ки мегуфт: Вақте ки дар дабистон (мадрасаи хурдсолон) мехондам бароям ҳифзи аҳодис осон шуд. Гуфтам: Он ҳангом чандсола будӣ? Гуфт: Даҳсола ё камтар аз он. Вақте шонздаҳсола шудам китобҳои Ибни Муборак ва Вукайъро аз ёд кардам ва каломи аҳли раъйро фаро гирифтам. Чун ҳаждаҳсола шудам китоби “Қазоёи саҳоба ва тобеин”-ро тасниф кардам. Сипас китоби “Таърих”-ро дар назди қабри расули Худо (с) дар Мадина дар шабҳои маҳтобӣ навиштам. Боз гуфт: Дар таърих кам номест, ки дар бораи он қиссае бидонам, вале маро хушоянд нест ки китобро дароз кунам.
Хотираи бемисоли Имом Бухорӣ
Ҳошид ибни Исмоил мегӯяд: Имом Бухорӣ ҳамроҳи мо назди машоихи Басра мерафт ва ӯ наврас буду наменавишт. Ба ҳамин минвол рӯзгоре сипарӣ гашт ва пас аз шонздаҳ рӯз ҷамъ шудему гуфт: Шумо аз ман зиёд донистед ва барои ҳамин навиштахотонро ба ман нишон диҳед. Барояш пеш овардем. Беш аз понздаҳ ҳазор ҳадисро аз ёд гуфт то он ки навиштахоямонро аз аз ҳифзи ӯ ҳукм мекардем.
Муҳаммад ибни Азҳари Сиҷистонӣ – донишманди дигар аз ҳамасрони Имом мегӯяд: Дар маҷлиси Сулаймон ибни Ҳарб будем ва Бухорӣ моро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ гӯш мекарду наменавишт. Якеро пурсиданд, ки чаро ӯ наменависад? Гуфт ӯ ба Бухоро баргашта, онро аз ёд менависад.
Имом Бухорӣ гуфтааст: Ман ҳаргиз ҳеч хариду фурӯше накардаам. Инсонеро мефармудам ва барои ман мехарид. Ба ӯ гуфта шуд: Барои чӣ ингуна мекардӣ? Гуфт: Ба хотире, ки дар он бешу каму омехта ҳаст.
Дуоҳои Имом Бухорӣ
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Саёрифӣ мегӯяд: Имом Бухориро шунидам, ки мегуфт: Дуо аз Худо хостам ва дуоям дар ҳол мустаҷоб шуд. Дигар дуо нахоҳам кард, шояд он ҳасанотамро кам кунад. Дигар гуфт, ки маро дар қиёмат ҳеч хасме набошад. Гуфтам: Агар касе аз мардум ба таърих туро айб бигирад, ки дар он бархе нестанд. Имом Бухорӣ гуфт: Мо онро ривоят кардем ва аз пеши худ нагуфтем. Паёмбар (с) гуфтааст: “Чи бад аст бародари қабила”. Ва фармуд: Аз гоҳе, ки ҳаром будани ғайбатро донистам ҳеч гоҳ касеро ғайбат накардаам. Умедворам, ки ба мулоқоти худо мерасаму маро бо ғайбати касе муҳосаба намекунад.
Дар шаби аввали моҳи шарифи Рамазон дӯстони Имом Бухорӣ дар гирдаш ҷамъ мешуданду ҳамроҳи онҳо намоз мегузошт ва дар ҳар ракаате 20 оят мехонд ва ҳамин амалро идома медод то Қуръонро хатм мекард. Дар саҳарӣ аз ним то сеяк ҳиссаи Қуръонро мехонд ва ҳар саҳари сеюм Қуръонро хатм менамуд. Ҳар рӯзи ҷумъа як хатми Қуръон мекард ва хатми ӯ ҳар шаб ба ҳангоми ифтор буд. Пас аз ҳар хатме дуое мустаҷоб мекард.
Ҳар шабе пеш аз дамидани субҳ 13 ракаат намоз мегузошту якеро витр (тоқ) адо мекард.
Чизе аз мӯйи паёмбар (с) бо худ дошт ва онро дар пӯшокаш ҳамроҳ медошт.
Шоирии Имом Бухорӣ
Имом Бухорӣ шеър ҳам мегуфт. Чорбайти зер аз ашъори ӯст:
Иғтаним филфароғи фазла рукуъ,
Фаъасо ан якуна мавтука бағта.
Кам саҳиҳин раайта мин ғайри суқм,
Заҳабат нафсуҳуссаҳиҳату фалта.
Тарҷума: Дар вақти фароғат фазилати рукӯъро ғанимат дон, ки шояд марги ту ногаҳон бошад. Чи басо каси бедард дидӣ, ки ҷони саломаташ ногахнӣ бирафт.
Қутайба ибни Саид гуфт: Бо фақеҳону зоҳидону обидон ҳамнишин шудам, аммо аз хангоме, ки худро шинохтам касеро монанди Муҳаммад ибни Исмоил надидам ва ӯ дар замони худ мисли Умар дар байни саҳобагон буд.
Қутайба ҳамчунин гуфтааст: Агар Муҳаммад ибни Исмоил дар миёни саҳобагон мебуд, ояте мешуд.
Бухорӣ – фақеҳи уммат
Биндор Муҳаммад ибни Ҳамоди Хузоӣ гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил фақеҳи ин уммат аст.
Раҷо ибни Раҷо ал-Ҳофиз гуфт: Бартарии Муҳаммад ибни Исмоил бар уламо монанди бартарии мардон бар занон аст. Ҳам ӯ гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил ояте аз оёти Худост, ки бар рӯйи Замин роҳ меравад.
Ҳусайн ибни Ҳарис гуфт: Намедонам касеро монанди Муҳаммад ибни Исмоил дида бошам. Ӯ гӯиё танҳо барои ҳадис офарида шуда шудааст.
Абулфазл Аҳмад ибни Саламаи Нишопурӣ мегӯяд: Фатҳ ибни Нӯҳи Нишопурӣ ба ман нақл када гуфт: Назди Алӣ ибни Мадинӣ рафтаму Муҳаммад ибни Исмоилро дар паҳлӯяш аз тарафи рост нишаста дидам. Вақте, ки сухан мегуфт ба хотири бузурдошти вай рӯяшро ба ӯ (Муҳаммад ибни Исмоил) мегардонд.
Имом Бухорӣ мегӯяд: Худамро ба ҷуз дар назди Алӣ ибни Мадинӣ сағир нашумурдаам. Сипас ин сухани Алӣ ибни Мадиниро зикр карда гуфт: Қавли ӯро бигзор, ӯ мисли худашро надид.
Фавти Имом Бухорӣ марги илм буд
Яҳё ибни Ҷаъфари Пайкандӣ нақл мекунад, ки агар аз умри хеш бар умри Муҳаммад ибни Исмоил афзудн метавонистам, ҳамин корро мекардам. Марги манн марги як мард хоҳад буд, аммо дар марги Муҳаммад ибни Исмоил рафтани илм аст.
Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Дорумӣ дар бораи Имом Бухорӣ мегӯяд: Дар Маккаву Мадинаву Ҳиҷозу Шому Ироқ донишмандонро дидам, вале ҷомеътар (донишмандтар) аз Муҳаммад ибни Исмоил надидам. Ӯ боз гуфтааст: Муҳаммад ибни Исмоил басиртар аз манн аст. Ӯ дақиқтарини офаридаҳои Худост. Ақле аз Аллоҳ аст, ки ба он амр шуда наҳйӣ аз он аз китоби ӯ ва бар забони паёмбари ӯст. Вақте ки Муҳаммад ибни Исмоил Қуръон хонад, дилу дидаву гӯши ӯ машғул мешавад ва дар амсоли ӯ тафаккур мекунаду ҳалолашро аз ҳаром фарқ мегузорад.
Абӯттайиб Ҳотим ибни Мансур гуфт: Муҳаммад ибни Исмоил ояте аз оёти Худо дар басирату осоние дар илми ӯст.
Донотарин марди хуросонӣ
Солиҳ ибни Ҷузра мегӯяд: Ҳеч хуросониеро бофаҳмтар аз Муҳаммад ибни Исмоил надидаам. Ӯ миёни хуросониҳо аз ҳама бештар ҳадис ҳифз карда буд. Дар Бағдод аз ӯ ҳадисҳоро имло мекардам ва дар ҳузури маҷлис наздик ба 20 ҳазор гуфт.
Имомулаимма Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма гуфтааст: Дар зери осмон дар ҳадис донотар аз Муҳаммад ибни Исмоил надидаам.
Абуламрӯ Хаффоф мегӯяд: Муҳаммад ибни Исмоил, ки донотар олими парҳезкортар аз ӯ надидаам ба мо ҳадис гуфт ва ӯ аз Аҳмаду Исҳоқу ғайри онҳо ба бист дараҷа донотар буд. Агар кассе дар ҳаққи ӯ чизе (бад) бигӯяд, аз ман бар он гӯянда ҳазор лаънат бод. Ӯ боз мегӯяд, ки агар дар ҳоли сухан гуфтанам Муҳаммад ибни Исмоил аз дар медаромад, маро хавф фаро мегирифт. Аз арабӣ тарҷума ва таҳияи Зоҳири Давлат. 2008-12-23.
Назари хешро иброз кунед