Иматхудо Сайфуллоев 7 июни соли 1952 дар деҳаи Мотравни деҳшурои Язғуломи ноҳияи Ванҷ таваллуд ёфтааст Баъди анҷоми таҳсили мактаби миёна, соли 1967 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кулоб дохил шуда, онро соли 1970 хатм намуд Сипас муддати 1 сол дар беморхонаи ноҳиявии Ванҷ ҳамчун фелдшери ёрии таъҷилӣ кору, фаъолият бурда, солҳои 1971-1973 дар сафи қувваҳои Артиши Шӯравӣ адои хизмат кардааст. Солҳои 1973-1979 донишҷӯи Донишгоҳи тиббии ба номи ибни Синои ш.Душанбе ва баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М.Дяков ҳамчун ҷарроҳи оддӣ, баъдан мудири шӯъба ва ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдакон оғоз ва идома медиҳад.
И.Сайфуллоев савияи донишашро соли 1984, 1987, 1991 дар институтҳои такмили ихтисоси коркунони тиб дар шаҳрҳои Москва, С.Петербург ва Минск баланд бардошта, зиёд аз 20 мақолаи илмй ва 8 пешниҳоди ратсионализаторӣ чоп кардааст. Тарзи нигоҳубини посури рӯда, ки дар тамоми шӯъбаҳои ҷарроҳӣ бо ин усул табобат мекунанд, аз ҷумлаи онҳост.
Хизматҳои шоёни Сайфуллоевро ба назар гирифта, якчанд бор бо Ифтихорномаи Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М.Дяков ва Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Ибни Сино сарфароз гардонда шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев)
Назари хешро иброз кунед