Назрихуҷа Амрихудоев

  nazrixujaНазрихуҷа Амрихудоев 2 августи соли 1956 дар деҳаи Гишхуни деҳшӯрои Ванҷи ноҳияи Ванҷ дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Соли 1972 баъди мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ибни Сино дохил шудааст ва соли 1978 онро хатм намуда, дар шифохонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуд, ки то ба имрӯз идома дорад.
  Дар тӯли фаъолияти 25-солааш ҷарроҳи дараҷаи оли Н.Амрихудоев зиёда аз 2,5 ҳазор ҷарроҳиҳои калон ва хурдро бурдборона ба субот расонидааст. Хизмати намунавии ин табиби асил ва дилбохтаи амали касбии хеш борҳо қадр шудааст. Вале барояш аз ҳама баланд қадршиносию миннатдории собиқ бемороне ҳаст, ки аз амали дастони сеҳрноки ин ҷарроҳи номӣ шифо ёфтаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.