Иматбек Ниҳмонов

  ImatbegnihИматбек Ниҳмонов 13 августи соли 1961 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Самарқандро бо ихтисоси агроном-олим хатм намуд. Аз соли 1983 И. Ниҳмонов бо роҳхати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳайси муаллими фанҳои ихтисоси агрономӣ ба совхозтехникуми ба номи В. Куйбишеви ноҳияи Бохтар ба кор фиристода шудааст. Аз соли 1983 то соли 1984 дар сафи қуввахои мусаллаҳ хизмат карда, соли 1984 ба кори пешинаи худ, муаллими ихтисосхои агрономии солхозтехникуми ба номи В. Куйбишеви нохияи Бохтар баргашта, то соли 1988 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1987-1988 дар совхози Вахши нохияи Вахш ба сифати агрономи агрохимик ва энтемолог адои вазифа намуд.
  Солҳои 1988-1992 сарагрономи совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ, 1992-1995 ҷонишини директори совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ, аз соли 1995 то 1996 ҷонишини сардори Управленияи кишоварзии ноҳияи Ванҷро ба ӯхда дошт. Аз соли 1996 то мохи майи соли 1997 И. Ниҳмонов ба хайси ҷонишини сардори Управленияи кишоварзии БМКБ адои вазифа намудааст.
  Аз мохи майи соли 1997 инҷониб МSDSP-и Хазинаи Оғохони нохияи Ванч мебошад. Дар он комёбихое, ки аз солхои мушкили 90-ум инҷониб бо кӯмаки Хазинаи оғохон ба даст омадаанд,ташаббусу ширкати бевоситаи И. Ниҳмонов эхсос мешавад. Бо тозакорию масъулиятшиносии хеш дар байни хамдиёрон обрӯю эътибори калонро касб намудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.