Зодагони ноҳияи Ванҷ ҳам дар рушди донишҳои техникӣ саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо, ки ҳаёту фаъолияташро барои пешравӣ ва ободонии кишвар дар риштаи илмҳои техникӣ сарф намудааст, Шамсуддинов Зиёратшо мебошад.
Зиёратшо аз соли 1945 то солҳои 90-уми асри гузашта ба яке аз бахшҳои ниҳоят муҳими хоҷагии халқи минтақаи кӯҳистон — соҳаи алоқа ва зерсамтҳои он, почта, радио, телефон ва телеграфро дар ноҳияи Ванҷ ва чанд ноҳияи дигари вилоят сарварӣ намудааст. Вазъи душвори замони баъдиҷангӣ ва мушкилоти ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шароити нарасидани мутахассисони касбӣ, аз кормандони соҳа донишу малака ва эҷодкориву ташаббускории хосаро талаб менамуд ва онҳо бо роҳбарии Зиёратшои ҷавон аз уҳдаи ин кор бо хубӣ мебаромаданд.
Дар ин роҳ донишу таҷрибаи омӯхтааш, ки бори аввал дар курсҳои такмили ихтисос дар шаҳри Хоруғ ва бори дуюм дар давоми таҳсили яксолааш дар Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Тошканд ба даст оварда буд, мусоидат мекард.ӯпайваста бо роҳи худомӯзӣ донишу малакаи техникии худро сайқал медод, софдилоню содиқона ба мардум хизмат мекард. Бо кумаку заҳмати пайвастаиӯнизоми алоқа дар маркази ноҳия устувор шуда, оҳиста-оҳиста дар деҳоти ноҳия ва берун аз он низ паҳн мешуд.
Аввал хати радио ва баъдан хати телефон аз маркази ноҳия ба деҳоти дуру наздик пайваст шуда, нуқтаи телеграф бошад, дар маркази ҷамоатҳо насб мешуд. Аҳолӣ ба маркази ноҳия, вилоят ва маркази ҷумҳурӣ робитаи мустақим пайдо мекард. Кори муътадили соҳаи алоқа ба маҷрои лозима ворид ва ба як низоми муташаккил табдил меёфт.
Дастовардҳои соҳа, махсусан барои таъмини саломатии аҳолии минтақаи кӯҳистон аҳамияти хосаро пайдо кард. Баъд аз шаҳри Хоруғ ноҳияи Ванҷ, он замон дар вилоят дуюмин минтақае буд, ки дар бахши алоқа пешрафти назаррасро соҳиб шуда буд. Мушкилоти мавҷудаи соҳа бо заҳмату кордонии кормандони соҳа, махсусан сардори он Зиёратшо Шамсуддинов бартараф мешуданд.
Дар он солҳо дар натиҷаи фуромадани пиряхи Хирсон ва баста шудани маҷрои дарёи Ванҷ эҳтимоли хатарҳои табииву экологӣ сар зада буд, ки ягона умед танҳо ба воситаҳои алоқа боқӣ мемонд. Бо сабаби баландшавӣ ва ивазшавии пай дар пайи маҷрои дарё дар деҳоти Ванҷи боло симчӯбҳои радиову телефон канда шуда, алоқа пурра қатъ гардид.
Бақароркунӣ ва таъмири онҳо вақту маблағи зиёдеро талаб мекард, ки пайдо кардани он барои буҷаи заифи ноҳияи дурдаст душворӣ мекард. Дар ҳамин вазъият бо ташаббус ва пешниҳоди Зиёратшо Шамсуддинов низоми муваққатии истифодаи радиову телефонҳои яксима, ки сими дуюмашон манбаи нерӯро аз замин мегирифт, ба роҳ монда шуд. Дар ин низом сатҳу сифати алоқа сусту заиф бошад ҳам, вале он барои расонидани маълумоту иттилооти зарурӣ имконият медод ва ин падида дар соҳаи алоқа таҷрибаи камназире буд.
Наслҳои солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузашта маъракаи аввалин бор бо нерӯи барқ таъмин шудани манотиқи кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷро хуб дар ёд доранд. Аввалин иншооти дизелӣ он солҳо фақат идораҳои давлатӣ ва беморхонаи ноҳияро бо барқ таъмин мекарду халос. Дар ҳамон шабу рӯз Зиёратшоҳ дар зодгоҳаш — деҳаи Одешт агрегати барқии бодиро сохтаву насб карда буд, ки чандин сол барои хонаводаҳои ин деҳа хизмат мекард.
Чунин мисолҳои ихтироъкориву эҷодкориро аз кору фаъолияти ин марди донишманду меҳнатдӯст зиёд овардан мумкин аст. Намунаи дигари эҷодкорияш он буд, ки дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳҳои кӯҳистон душвор шуда буд, Зиёратшо таҷрибаи барқарор кардани аккумуляторҳои азкормондаро ба роҳ монда буд, ки дар истеҳсолот боз чандин муддати дигар истифода мешуданд. Ҳамчунин, фурӯзонакҳои корношоямшударо низ аз сари нав барқарору мавриди истифода қарор медод ва таҷрибаашро ба дигарон меомӯзонд. Ин марди меҳнатқарин на танҳо дар кори соҳаи алоқа, балки дар ободонии диёр низ ҳамеша саҳми бевосита мегузошт. Бо ташаббусиӯроҳи мошингард аз маркази ноҳия то деҳаи Одешт сохтаву ба истифода дода шуд.
Хизматҳои арзандаву содиқонаи ӯ бо медалу мукофотҳои давлатии давр, аз ҷумла ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Вазорати алоқаи РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди хизматнишондодаи алоқаи РСС Тоҷикистон», медали «Ветерани меҳнат» ва ғайраҳо қадрдонӣ шудаанд. Вале Зиёратшо мукофоти аз ҳама оливу арзишмандро ҳурмату эҳтироми бекарони мардум нисбати хеш медонад.
Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Ғаффор Мирзоев, ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Назари хешро иброз кунед