Зиндагонии Аҳмад ибни Ҳанбал (р)

Таваллуд ва зодгоҳи Имом Аҳмад

  Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳилоли Шайбонии Марвазии Бағдодӣ соли 164-и ҳиҷрӣ дар Бағдод ба дунё омада, соли 241-и ҳиҷрӣ аз дунё гузаштааст. Ӯ аз асҳоби ҳадис буда, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз ӯ ривоят кардаанд. Имом Аҳмад дар ҳадису фиқҳ пешвои замони худ буда, ҳофизаи қавӣ ва дирояти комиле дошт. Имом Аҳмад барои касби илми ҳадис ва фиқҳ ба шаҳрҳои Яман, Шом, Алҷазира, Куфа, Ҳиҷоз ва Мадина сафар кардааст.
  Нахуст фиқҳу ҳадисро аз Имом Абӯюсуф шогирди Абӯҳанифа(р) фаро гирифт. Гурӯҳе мегӯянд; аввалин устоди Ибни Ҳанбал Ҳушайм ибни Башир ибни Абӯхозими Воситӣ будааст, ки ӯ дар муддати чаҳор сол аз вай беш аз се ҳазор ҳадисро шунидаву аз ёд кардааст.
  Имом Аҳмад аз маҳзари Умайр ибни Абдуллоҳ ва Абӯбакр ибни Айёш низ истифода карда аст. Аммо касе, ки бештар бар Имом Аҳмад таъсир гузошта аст Имом Шофеист, зеро ӯро метавон дувумин устоди Ибни Ҳанбал донист. Имом Аҳмад аз Шофеӣ дарку истинбот ва истихроҷи аҳкомро фаро гирифт. Ӯ он чунон мавриди алоқаи Имом Шофеӣ буд, ки аз ӯ хост ҳамроҳаш ба Миср биравад, вале Ибни Ҳанбал бо вуҷуди иштиёқи зиёд натавонист бо вай ҳамсафар гардад.
  Ибни Ҳанбал аз Иброҳим ибни Саъд, аз Яҳёи Қаттон ва аз Вақеъ дарс гирифта, мехост ба хидмати Имом Молик бирасад, аммо Молик вафот кард. Аз ин ҷиҳат Ибни Ҳанбал аз маҳзари он бузургвор маҳрум шуд ва дар иваз аз Суфён дар Макка баҳра ёфт, чунонки худи Имом Аҳмад мегӯяд: “Моликро аз даст додам ва дар иваз Худованд маро аз маҳзари Суфён баҳраманд сохт”.
  Ҳарчанд Имом Аҳмад муассиси мазҳаби ҳанбалист, вале бархе аз бузургон монанди Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ӯро фақеҳ ба ҳисоб наёвардаанд.

Шогирдони Имом Аҳмад

  Аз зумраи шогирдони Имом Аҳмад Яҳё ибни Одам, Язид ибни Ҳорун, Алӣ ибни Мадинӣ, Бухорӣ, Муслим, Абӯзаръа, Абӯҳотими Розӣ, Иброҳими Ҳарбӣ, Абӯбакр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳоруни Тоии Ашрам, Аҳмад ибни Муҳаммади Марвазӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқи Соғонӣ, Аҳмад ибни Абӯҳаворӣ, Мӯсо ибни Ҳорун, Ҳанбал ибни Исҳоқ, Усмон ибни Саиди Доримӣ ва дигарон буданд. Аҳмад ибни Муҳаммади Хилол фиқҳи Ибни Ҳанбалро гирдоварӣ ва мунташир кард.
  Имом Аҳмад соли 180-уми ҳиҷрӣ китоби “Муснад”-ро навишт ва онро заминаи ҳадисҳои набавӣ барои аз байн бурдани ихтилоф муаррифӣ менамояд.
  Чуноне ки мегӯяд; “агар дар ҳадиси мансуб ба Расули Худо (с) ихтилоф намудед, ба “Муснад” руҷӯъ намоед! Агар онро дар “Муснад” наёфтед, қобили эътимод нест”. Китобҳои дигари ӯ иборатанд аз; “аз-Зуҳд”, “ас-Салот”, “ал-Маносик-ул-кабир”, “Ал-мансик-ус-сағир”, “Ат-торих”, “Ан-носиху вал мансух”, “ал-Муқаддаму ва-л-муаххар фи китобиллоҳи таоло”, “Фазоил-ус-саҳоба” ва ғайра.
  Ҳарчанд Имом Шофеӣ мекӯшид, ки дар байни мактаби қиёсу раъй ва аҳли ҳадис пайванде эҷод намояд, аммо Имом Аҳмад ба шеваи аҳли ҳадис амал мекард ва дар ин роҳ бисёр дақиқкору сахтгир буд.
  Масодири фиқҳии Имом Аҳмад аз китоб (Қуръон), суннат, ақволу фатвоҳои саҳоба, қиёс ва иҷмоъ, масолеҳи мурсала ва зароеъ иборат мебошад.

Дақиқкорро “ҳанбалимазҳаб” мегӯянд

  Имом Аҳмад бисёр порсо ва аҳли вараъ буд. Фиқҳи ҳанбалӣ дар бархе аз корҳо бисёр сахтгир аст, аз ин рӯ ба шахсе, ки дар умури динӣ бисёр дақиқкор бошад, мегӯянд; “гӯё ҳанбалимазҳаб аст”.

Имом Аҳмад ҳам аз халифаи давр беранҷ намонд

  Имом Аҳмад ҳеҷ гоҳ аз афкору андешаҳои исломии худ даст намекашид ва найрангу фишорҳои зимомдорон низ наметавонистанд, ки ӯро аз баёни эътиқодаш боздорад. Чунонки муътазилиён дар Бағдод нуфуз ва қудрати фаровоне пайдо карданд ва Имом Аҳмадро таҳти фишор қарор доданд, ки бигӯяд: «Қуръон, ки каломи Худост, ҳодис аст». Имом инро напазируфт. Онҳо бошанд халифаро водор карданд, ки ӯро муҷозот кунад. Халифа дастур дод, ки ӯро тозиёна зананд. Гӯянд ба иллати пирӣ аз задани ҳамаи тозиёнаҳо даст бидоштанд ва Имом ончунон ҷароҳате пайдо кард, ки то поёни ҳаёт аз он беҳбудӣ наёфт. Ба Имом Аҳмад гуфтанд; “дар бораи қавме, ки туро тозиёна заданд чӣ мегӯӣ”? Гуфт: “Чӣ бигӯям, ки онон фикр мекарданд, ки ман бар ботилам ва барои Худованд маро заданд, агар эшон бар ҳақ бошанд ба хотири ин ҷароҳат дар қиёмат бо эшон душманӣ накунам”.
  Гирдоварии Зоҳири Давлат ва Фатҳуддини Аҳлиддин.

 

1 Назар

  1. Сипоси беҳад Парваридигори ҷаҳониёниёнро аҳли эҷоди торномаи ванҷиро таҳти ҳидояти хеш қарор додааст. Дуруд ба беҳтарини бани башар Муҳаммад (с) ва олу асҳобаш бод.
    Дуруди Худованд ба аҳли заҳмати торномаи ванҷ-инфо.
    То ба имрӯз мардуми оддии кишвар аз муҳтавои ибораи “аҳли суннат ва ҷамоат” ба пуррагӣ маълумот надоранд ва ҳатто аксаран байни худ муноқишаи беасос мекунанд. Хуб мешуд, ки роҷеъ ба назари 4 Имоми мазҳаб аз рӯйи як масъала тариқи ҷадвал матолибе руи нашр меовардед. Мисол: Азон гуфтан Назари Имом Шофеъӣ чӣ гуна аст? ва Имом Молик дар ин масъала чӣ назар дорад? ва ё Абӯҳанифа дар ин ҷо чиро таълим доданд? Дар ҷадвал ду сутун ҷойгир кунед: -якум бо тавзеҳи қуръониву суннатӣ ва дуюм ХУЛОСАи НИҲОӢ. Ҷадвали мазкур итминон дорам дар раванди исломшиносии миллӣ қадами ҷиддӣ мегардад. Аз Худовандигор масъалат дорам ба Шумоёни азиз қуввати илмӣ ато кунад, то ба пешниҳоди банда расидагӣ намоед.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.