Зайдулло Зиккаев устоди варзиши ИҶШС оид ба гӯштии дзюдо, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба устодии варзиши ИҶШС доир ба гӯштии самбо, соли 1957 таваллуд шудааст. Машғулияти варзиширо аз солҳои мактабхонӣ оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи варзишии шаҳри Душанбе пурра ба фаъолияти касбии варзишӣ гузаштааст.
Зайдулло фаъолияти варзишии худро аз гӯштии классикӣ огоз намуда, сипас дар тамоми самтҳои мухталифи он (гӯштии тарзи миллӣ, самбо, озод) дар мусобиқаю маъракаҳо ширкат варзида, ба дастовардҳои баланд ноил гаштааст. Ҳанӯз дар мусобиқаҳои байни мактабиён, ҷойҳои аввалро гирифта, аз маҳорати баланди ояндаи хеш дар ин самт дарак медод.
Паҳлавони номбурда ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои ҷамъияти ихтиёрии “Спартак”, чемпиони ҷумҳурии байни ҷавонон доир ба тарзҳои гӯштии самбо ва дзюдо ҳисоб меёбад. Соли 1977 ва 1978 дар мусобиқаҳои умумииттифоқй байни ҷамъиятҳои ихтиёрии Спартак дар Боку ва Черновсии Украина ба гирифтани ҷоизаи Ҷоми ифтихории ҷамъияти варзишии Спартак ноил гаштааст. Дар давраи адои хизмати ҳарбӣ, дар мусобиқаҳои гуногуни Умумииттифоқӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС иштирок намуда, нишондиҳандаи баланд ба даст даровардааст. Аз ҷумла, 536 дар мусобиқаи минтақавии Округи ҳарбии Шарқи Дур ҷои дуввумро гирифтааст.
Зайдулло Зиккаев ҳамчунин дар гӯштиҳои минтақавии Осиёи Миёнй ва Қазоқистон борҳо дастболо гаштааст.
Ӯ тамоми фаъолияти меҳнатии худро ба хизмати софдилона барои равнақи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст. Солҳост, ки мураббӣ ва устоди мактаби Варзиши бачагону наврасони шаҳр буда, чандин паҳлавононро тарбия намудааст.
Зайдулло Зиккаев пайваста мекӯшад, ки шогирдони меҳнатдӯсту пухтакор, шуҷоъ ва хоксор, диловару инсондӯст тарбия намояд. Дар ин ҷода, ӯ сахтгир, вале ғамхор аст. Шогирдонаш Рауф Ҳукуматов, Назрӣ Нуров, Баҳодур Бобоев, Саидмуҳаммад Беков, Динмуҳаммад Беков ва боз даҳҳо нафар дар айни сабзишу камолоти варзишӣ буда, ба нишондиҳандаҳои баланд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оиди гӯштии дзюдо ноил гаштаанд.
Зайдулло марди майдону мураббии ҷавонон ва меҳнат аст. У на фақат заҳмати касбӣ мекашад, инчунин устои чӯбтарошу деворзан ва гулкор низ мебошад. Ӯ оббозиро чун воситаи истироҳати бадан меписандад. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед