Дилдорпаҳлавон

  dildorpalvonДарае, ки аз қаъраш даргови Вравз ҷорй мешавад бо ҳамин ном аз қадим маъмул аст. Даргов ба ҷуз деҳаҳои Баравну Узбай дигар деҳаҳои деҳшӯрои Водхудро обёрӣ мекунад.
  Вравз аввалин деҳаест дар қисми поёноби даргови номбурда, ки дар баландии соҳили рости он воқеъ аст. Дар тарафи чапи он, дар баландии 250-300 метр дашти Торӯғ ва дар ҳамин масофа аз тарафи чап деҳаи калону нисбатан ҳамвори Лахш ҷой доранд. Дар ҷанубии он, каме болотар аз резишгоҳи дарёчаи Вравз ба дарёи Панҷ дар соҳили рост деҳаи Лугад ва дар чап Бунига ҷойгиранд.
  Ҳарчанд деҳаи Вравз ҷои нисбатан чуқур ва танги назарногир бошад ҳам, аз ин деҳа чандин паҳлавонони номдори мавзеи Ванҷ баромадаанд. Яке аз ин мардони майдон, ки номаш ифтихори тамоми сокинони хурду бузурги диёр гаштааст, Дилдор мебошад.
  Падари Дилдор Ёрбек, низ пахдавони номии охири асри Х1Х-и мавзеъ буда, дар чандин маъракаҳои бо иштироки паҳлавонони Дарвозу Қаротегин, Бадахшону қаламрави Афғонистон ва Қӯқанд ғолиб омадааст. Табиист, ки ӯ ба ин шуғли мардонаи ачдодӣ шавқу рағбати писараш Дилдорро бедор карда тавонистааст.
  Дилдорро қариб ҳама насли калонсоли қапамрави Ванҷ ба хубӣ дар ёд доранд. Аз солҳои 20-ум сар карда, то ба Афғонистон фирор кардан (охири солҳои 30-юм), касе аз паҳлавонони дуру наздик бар ӯ ғолиб наомадааст.
 Дилдорпаҳлавон марди тануманди қоматбаланд буда, аз рӯи қиссаи калонсолони деҳот қиёфаи хеле зебо доштааст. Чеҳраи кушод, лабони пуртабассум, самимияти ӯ нисбати муборизонаш мардумро ба ваҷд меовардааст. Ҳам ба қавли ишон, онҳо то ба имрӯз, ғӯё чун Дилдор паҳлвони майдонзеберо надидаанд. Ин паҳлавон рақибро чунон ба осонй ва тез мағлуб менамудааст, ки худи довталаб ба ин бовар накарда, бори дигар қувваи хешро бо азми ҷиддитар нишон доданй мешудааст. Дилдорпаҳлавон бе ҳеҷ дудилагй ин хоҳишро пазируфта, дар талошҳои баъдина ӯро чанд маротиба ба пушт хобонда, то ҳадди бечунучаро қабули бохт бо ҳамнабардаш қувваозмоӣ мекард.
  Дар ёди мардум маҳз гӯштии Дилдор бо чунин паҳлавонони номии минтақа, монанди Чӯпону Назаруки Бадахшонӣ ва Хому Зиёратшоҳи Дарвозӣ ва боз чандин дигар паҳлавонон аз қалам рави Афғонистон ба хубӣ мондааст. У дарчанд муттасил машқ намекарду бештар ба кишоварзӣ машғул буд, бо чобукию сабукӣ ҳаракати гирдбодеро мемонд, ки гӯё дарахтро аз беху бум меканд. Ба ғайр аз гӯштӣ, ӯ дар дигар намудҳои варзиш: чавгонбозию бузкашӣ, шиноварию вазнбардорӣ (сангбардорӣ) ва ғайра низ пешсаф будааст.
  Шогирдон, ки дар байнашон ҳамдеҳагону хешонаш кам мп буданд, анъанаҳои гӯштии Дилдорро идома дода, худ чун паҳлавонони номӣ пазируфта шуда буданд. Яке аз чунин шогирдону ҳамавлодони ин марди майдон Бекпаҳлавон (аз фаъолияш варзишии ишон ёдовар хоҳем шуд) мебошад. Ин марди тануманди борҳо ғолиби майдон гашта, соатҳои дароз метавонист нисбати хислатҳои неки устоду бародараш Дилдор бо самимияти баланд ҳарф занад. Аз беҳтарин шогирдону паҳлавонони ҳамзамонаш Сирон Нӯъмонову Муҳаммаднабии Баравнӣ бояд ёдовар шуд, ки онҳо низ дар чандин маъракаҳои гӯштию дигар намудҳои анъанавии варзиш дастболо гаштаанд.
  Мутаассифона ин марди маъракаоро, ин паҳлавони ҳамешағолиб бо тақозои замон ва тӯҳмати кӯрдилонаи ҳасудхӯрон, ки ӯро ба амали зидди шӯравӣ муттаҳам карданӣ буданд, ба гирдоби таъқиботи сиёсӣ афтода, хавфи ба маҳкама кашидан ӯро маҷбур сохт, ки охири солҳои 30-юм дарёи Панҷро убур намуда, ба Афғонистон фирор кунад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ӯ дар ин диёри барояш то дараҷае бегона боз чанд сол дар маъракаҳои гӯштӣ ғолибу садрнишин будааст. То ба имрӯз дар қисмати Бадахшони Афғонистон мактаби гӯштии Дилдор амал мекунад. Паҳлавонони тоҷики ҳарду соҳили Панҷ ба ин марди номаш ба амалу рафтораш мувофиқ, Дилдор ифтихор доранд. Хизмати ӯ дар равнақи анъанавии мардуми кӯҳистон, ки имрӯз чун гӯштии миллӣ пазируфта щудааст, бебаҳост. (Аз китоби «Ванҷ» – Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.