Ҳукми шоҳони Дарвозро чи хеле, ки дар боло ишора рафт, капитан Кузнетсов нисбатан пурра муайян намуда, аз ҷумла чунин қайд кардааст: «Баъди вафоти Султон Маҳмудшо тахти Дарвозро бародараш Аҳмадшо соҳиб шуд, вале аз сабаби золимиаш халқ аз ӯ норозӣ шуда, баъди 2 сол аз Кӯлоб бародарзодааш Исмоилшоро даъват кард. Ӯ бо отряди дар Оқсу чамъ намудаи худ Қалъаихумбро ишғол кард ва Аҳмадшоро ба қатл расонда, идораи шоҳиро ба даст гирифт. Ӯ 17 сол ҳукмронӣ карда, аз худ чун одами ҷиддӣ, адолатпеша ва инсондӯст хотираи неке боқӣ гузоштааст. Аз Шуғнон ва Вахон ӯ андоз меситонд. Ин 35 сол қабл буд (соли 1857 – Ҳ.П.)»[1].
Аз навиштаҳои ин муаллиф саволе бар меояд: Бо кадом сабаб Исмоилшо дар Кӯлоб иқомат доштаасту ӯро аз он ҷо барои соҳиб шудан ба тахт даъват намудаанд? Гарчи дар ин бора далели қавие дар даст нест, аз мантиқи рӯйдоди ҳаводиси оянда чунин хулосае бармеояд, ки таҳдиди эъдом дар задухурдҳои шадиди дарборӣ ӯро мачбур сохтааст, ки ба назди ҳокими Балҷувон фирор намуда, дар он ҷо паноҳ чӯяд. Шояд ҳамин дастгирӣ буд, ки баъди ба сари қудрат омадан, дар давраи барои ҳокими Балчувон хеле зарури мубориза ба муқобили ҳокими Ҳисор (дар поён шарҳи ин ҳамкории ҳарбӣ ва оқибати он оварда мешавад) чун иттифоқчии боэътимод Исмоилшо нақши ҳалкунанда бозидааст.
Силсилаи шоҳони минбаъдаи Дарвозро Кузнетсов чунин муайян намудааст: «Баъди вафоти Исмоилшо ҳокимият ба дасти писари калонии Султон Маҳмудшо – Иброҳимшо – шахсияти сустирода ва фосиқ гузашт. Дар ин давра ҳокимони Ҳисор ва Кӯлоб майли мустақилият намуда, ба амири Бухоро Саид Музаффар чанг эълон карданд (тибқи ахбори мавҷуда ташаббуси зӯран тобеъ кардани Ҳисору Кӯлоб ва дигар мулкҳои Бухорои Шарқӣ аз худи амир, ки дар ин амал аз тарафи генерал-губернатори Туркистон фон-Кауфман дастгирии пурра меёфт, сар зада буд – Ҳ.П.). Саид амир Музаффар шахсан худаш Ҳисорро ишғол намуд. Ҳокимашро ба қатл расонда, сипас лашкарашро барои забти Кӯлоб фиристод. Ҳокими Кӯлоб гурехт ва мулкаш ба тобеъияти аморати Бухоро гузашт. Инро дида, ҳокими Қаротегин ба назди амир рафта тобеъияти худро изҳор дошт. Бародарони Иброҳимшо исён бардошта, ӯро дар охири соли сеюми ҳукмрониаш аз Дарвоз ронданд. Иброҳимшо ба Бухоро фирор намуда, баъди чанде дар он ҷо вафот кард. Ба ҳокимият пурра бародараш Сироҷуддиншо соҳиб шуд»[2].
Шоҳе, ки иқтидори шоҳигарии Дарвозро дар муқобили ҳукуматҳои ҳамсоя ба дарачаи чашмрас расонд, Исмоилшо мебошад. Чи хеле дар боло ишора рафт, Г.А. Арандаренко давраи ҳукмронии ӯро солхои 1845-1863 таъйин намудааст. Ин муаллиф чунин ахбори муҳим додааст: «Дар давраи Исмоилшо ба дарвозиён иқбол даст дод, ки натанҳо Қаротегин ва Шуғнонро волинишини худ гардонанд, инчунин, муддати дароз набошад ҳам, Кӯлобро бо Ҳисор хирочдиҳандаи худ кунанд»[3].
Яке аз сабабҳои муҳимми қувват гирифтани Дарвоз дар давраи ҳукмронии Исмоилшо ба ин шоҳигарӣ ихтиёран ҳамроҳ шудани Ванҷ ҳисоб меёбад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, Ванҷ то охири солҳои 40-уми асри XIX мустақилияти худро нигоҳ медошт. Мавҷудияти шоҳигарии Ванҷ то кунун дар хотираи мардуми қисмати марказии ин ноҳия боқист. Ҳарчанд роҳи асосии ба самти қалъа баранда ва худи қалъаи Ванч ҳанӯз дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ аз байн рафта бошанд ҳам, ҳанӯз қалъа чун ҷои шоҳ (ша) ё мир ва роҳи асосии он чун «шаҳраҳа» ёд мешавад. Ин шоҳигариро низ намояндагони ҳамон сулолае, ки худро чун авлоди Шоҳ Искандар муаррифӣ намуда, ҳукмронии шоҳигариҳои Каротегин, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Вахон ва Бадахшонро ба зима доштанд, идора мекарданд. Роҷеъ ба ҳамроҳшавии Ванҷ бо Дарвоз, ки пайвастани ихтиёрӣ буда, аз зарурати замон бармеомад, сухан ронда, аз як маълумоти ин иқдоми ихтиёриро радкунанда низ сарфи назар намудан аз диди ҳақиқатнигории таърихӣ норавост. Олими табиатшиноси рус А.Э. Регел дар ибтидои солхои 80-уми асри XIX ба Қаротегину Дарвоз сафари касбӣ дошта, дар қайдҳояш овардааст, ки Дарвоз «Чиҳил сол қабл (ин ба ибтидои солхои 40 рост меояд – Ҳ.П.), баъди ҷанги дувоздаҳсола Ванчро забт намуда, бисёре аз сокинонашро ба Бухоро фурӯхт. Ҷангҳо бо Қаротегин низ воқеият доштанд. Соли 1868 ба муҳобили Шуғнон юриш карда шуд, вале бо шикасти дарвозиён анҷом ёфт ва ҷанговаронаш ба Бадахшон ва Қошғар фурӯхта шуданд»[4].
Ин суханони муаллиф маъхази ирҷоъ надоранд ва аз муҳоботи хаёлии нависанда беш нестанд. Аввало он давраеро, ки муаллиф дар назар дорад, пеш аз ҳукмронии Исмоилшо буд ва Дарвоз ба чунин амал иқтидори кофӣ надошт, сониян худаш ҳадафи ҳучуми хони Қӯқанд қарор ёфта буд.
Маҳз Исмоилшо (дар баъзе маъхазҳо – Шоисмоил), ки худ сиёсатмадори пухта буд, тавонист, ки алоқаи наздики хешӣ бо шоҳи Ванҷ, ҳаммазҳабии сокинони ҳарду шоҳигарӣ ва аз ҳама муҳимтар хавфи ҳадафи тасарруфи давлатҳои нисбатан пурқувваттари ҳамсоя (пеш аз ҳама Бухорову Қӯқанд ва Афғонистон, ки дар он таъсири Англия эҳсос мешуд) қарор ёфтанро асос намуда, ин ду шоҳигариро бо ҳам пайвандад. Ҳамроҳшавии ихтиёриро боз чунин далел собит месозад, ки ин тобеъят то давраи ҳамроҳ намудани шоҳигарии Дарвоз ба аморати Бухоро то андозае рамзӣ (номиналӣ) буд. Баъди қабули ин «тобеъият» низ Ванҷро амалан ҳокимони маҳаллӣ – мирҳо идора мекарданд.
Қобили қайд аст, ки баъди ҳамроҳ шудани Ванҷ, иқтидори шоҳигарии Дарвоз хеле афзуд. Ба сафи лашкари Исмоилшо ҷавонони ҳузарби ванчӣ ворид гашта, имконияти ҷангии ӯро ба маротиб афзуданд. Беҳуда нест, ки маҳз ҳамин боварӣ ба кувваи лашкари худ ва имконияти ғалаба Исмоилшоро муваққатӣ бошад ҳам, ба фатҳи Рӯшон, Шуғнон, Қаротегин, Ҳисор бархезонд ва имкон дод то Кӯлобу Балҷувонро низ ба доираи таъсири худ дарорад. Маҳз бо назардошти ин вазъият намояндаи расмӣ-маъмурии Русия дар Туркистон Г.А. Арандаренко (генерал-майор, губернатори вилояти Фарғона) қайд намудааст: «Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиҳо тақдир даст дод, ки ҳокимияти худро натанҳо дар Қаротегин ва Шуғнон ворид созанд, инчунин тӯлонӣ ҳам набошад, аз Кӯлобу Ҳисор боҷ ситонанд»[5]. Тибқи маълумоти тадқиқотчии то замони шӯравии рус Б.Н. Литвинов, дар давраи идоракунии Исмоилшо Дарвоз «ба авҷи аълои тараққиёти худ соҳиб шуд»[6].
Ба таърихи ҳукмронию фаъолияти Исмоилшо таърихшиноси намоёни Тоҷикистони шӯравӣ Н.А. Кисляков (1901-1973) таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудааст. Ӯ ба ахбори ҷамъовардаи хеш такя карда, лаҳзаеро бознамоӣ мекунад, ки қудратмандии ин шоҳи Дарвоз гувоҳӣ медиҳанд. Тибқи навиштаҳои ӯ ва далоили дигар маъхазҳои мавчуда вусъати нуфузу таъсир ва паҳнои ҳокимияти Исмоилшо чунин сурат гирифтааст:
Ҳокими Балҷувон Каттабек аз қабилаи қатаған аз номӯътадили авзои сиёсии Ҳисор дар солҳои 40-50-уми асри XIX истифода бурда, соли 1841 ба қаламрави он аз самти Норак ва Кофарниҳон ҳучум кард. Каттабек ба ғалабаи осону ба даст даровардани ғаниматҳои зиёд боварии қавӣ дошт. Вале ғорат намудани чанде аз деҳоти дар роҳи ҳуҷум қарор дошта, аз ҷумла деҳоти Ромит сабаби шиддат гирифтани муқобилияти аҳолӣ гардид. Ба замми ин ба қароргоҳи муваққатии лашкари Каттахон қӯшуни ҳокими Ҳисор Абдулкаримхон расида ба ҳуҷум гузашт. Дар натича сарбозони Каттахон шикасти сахт хӯрда, худи ӯ асир афтид. Мушкилии вазъиятро фаҳмида писари Каттахон Мизробшо таъҷилан ба ҳокими Ҳисор нома фиристода, ӯро қатъиян огоҳ кард, ки «дар ҳолати ба қатл расондани падараш як қисми қаламрави Ҳисорро ғорат ва вайрону валангор хоҳад кард». Вале бо талаби қатъии ромитиён, ки ғоратгариҳои Каттахон ғазабашонро ба ҳадди ихтиёр бароварда буд, ин ҳокими ғосиб ба қатл расонда шуд[7].
Мизробшо барои қасоси падарашро гирифтан бо Исмоилшо гуфтушунид карда (чунин рафтор бори дигар тасдиқ менамояд, ки Исмоилшо аз таъқиби ҳамсулолагонаш – талошмандони тахти Дарвоз ба ҳимояи ҳокими Балчувон дар Кӯлоб паноҳ бурдааст), ӯро барои якҷоя ба мулки Ҳисор лашкар кашидан розӣ кунонд. Исмоилшо Тавилдараро қароргоҳи маъмурии хеш интихоб карда, дар Қалъаихумб ба сифати волӣ писарашро таъйин намуда, ба Ҳисор лашкар кашид. Ба сабаби мавҷуд набудани маъхази боътимоди хаттӣ вусъати фаъолияти ҷангии Мизробшоро дар ин амалиёти якҷояи ҳарбии зидди Ҳисор муайян намудан хеле душвор аст, вале аз натиҷаи корзор бармеояд, ки Исмоилшо дар он мавқеи ҳалкунанда доштаааст. Ӯ Файзободро ба осонӣ ишғол намуда, фавран ба тарафи Душанбе ҳаракат кард. Ин бесабаб набуд. Душанбе дар он замон баъди пойтахти мулки мустақили Ҳисор аз рӯи нуфузи сиёсию иқтисодӣ дар ҷои дуввум қарор дошт. Исмоилшо ба Душанбе ворид шуда, шаҳрро оташ зад. Ин амал ҳокими Ҳисорро ба тахлуқа афтонд. Ӯ пойтахтро ба ҳоли худ гузошта, роҳи гурезро пеш гирифт. Аз ин истифода бурда, Исмоилшо Ҳисорро ишғол кард ва онро ба сарбозонаш ба ғорат дод. Ӯ ғанимати зиёди (аз ҷумла ҷорво) ба даст овардаашро ба Кӯлоб фиристода, ният дошт, ки онро чун пойгоҳи (база) ҷорводории Дарвоз қарор диҳад. Худи Исмоилшо бо ғанимати зиёде ба Тавилдара баргашт.
Дере нагузашта ҳокими Балҷувон Мизробшо вафот кард. Бародари хурдиаш Сарабек (дар баъзе маъхазҳо Сарахон) ҳокимии Кӯлобу Балҷувонро ба даст гирифт. (Тибқи маълумоти муҳаққиқ Ғ. Ғоибов, баъди Мизробшо бародараш Қамчинхон се сол ҳукмронӣ кардааст[8]. Ба тахмини мо, Қамчинхон фақат ҳокими Балчувон будааст). Аз вазъият истифода бурда, ҳокими Ҳисор Абдулкаримбек ба Сарабек қаробат ҷуст ва ӯро барои ба муқобили собиқ иттифоқчии Мизробшо Исмоилшо якҷоя ҳуҷум овардан розӣ кунонд. Худи Сарабек низ ба ин амал ҳавасманд буд. Ӯ намехост, ки дар иттифоқи ҳарбии Кӯлобу Дарвоз мавқеи дуйюмдараҷа дошта бошад. Ғурури бузургманишии Исмоилшо ӯро ба ҳоли бехудӣ меовард.
Акнун ду ҳокими бо ҳамдигар аҳди бародарӣ бастаи Кӯлобу Ҳисор, бо лашкари зиёде ба қаламрави Дарвоз ҳучум намуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Исмоилшо самти ҳучуми онҳоро муайян карда, қӯшуни худро ба Обигарм овард. Дар инҷо муҳорибаи шадиде ба амал омад, ки ба шикасти Исмоилшо анҷом ёфт.
Парии Ҳисорӣ, монанди дигар сокинони Ҳисор ҳучуми Исмоилшо ва молу амволи ҳамроҳи ҳокими Кӯлоб – Сарахон ба ғоратбурдаашро дар хотир дошта, ҳиссиёти бадбинии худро пинҳон намекард ва акнун аз ин ғалабаи Ҳисору рақиби дирӯза ва иттифоқчии имрӯзаашон хеле фараҳманд буданд. Ӯ ҳиссиёти хушнудии худро нисбати ғалабаи сарлашкарони Ҳисор Муҳаммадҳакимбийю Қосимбий, шикасти Исмоилшо ва ақибнишинии ӯро дар чунин мисраъҳо баён доштааст:
Бифармуд аз хашм дар корзор,
Сипаҳдори лашкар сипоҳи Ҳисор.
Кашад бар сари ёғии бадниҳод.
Занад сар зи гардан теғи ҷиҳод.
Ба фармудаи подшоҳи замон,
Шуд омода лашкар зи пиру ҷавон.
Ҳама ҷамъ гаштанд хурду бузург,
Чи Хатлону Деҳнав, чи тоҷику турк.
Бад-ин гуна лашкар ба чандин алам,
Расиданд то балдаи Обигарм.
Баромад ба сад узру бидид ин ҳашам,
Амон хост бар ҷону бидод Обигарм.
Шаҳисмоил он шоҳи баргаштабахт,
Ҷудогашта аз давлату тоҷу тахт.
Дар ин ҳол омад, шуд огаҳ зи кор,
Зи кайфияти лашкари бешумор.
Намудӣ ба чашмаш ҷаҳон растахез,
Гирифтӣ ба якбора роҳи гурез[9].
Аз мазмуни ин мисраъҳо бармеояд, ки лашкари иттифоқчиён нисбат ба қӯшуни Исмоилшо ба маротиб зиёд будааст. Ба замми ин ӯ аз шоҳигариҳои Қаротегину Рӯшон, ки он вақт зери итоаташ қарор дошта бошанд ҳам раҳоӣ мечустанд, дастгирӣ ёфта натавонист.
Исмоилшо ба Тавилдара ақибнишинӣ кард. Кӯшиши дар он ҷо чиддан ба такмили лашкар машғул шудан ва ба ҳучум гузаштан бенатича анҷом ёфт. Иттифоқчиён қалъаи Тавилдараро, ки мудофиаи онро Исмоилшо ва писараш Шоидарвоз таъмин карданӣ буданд, ба муҳосира гирифтанд. Исмоилшо нобаробарии қувваҳоро дида маҷбур шуд, ки ба иттифоқчиён таслим гардад. Ӯро бо тамоми аҳли оилааш асир гирифта, ба Ҳисор бурданд.
Аз чунин сурат гирифтани воқеа бохабар гашта, дар Қалъаихумб чанде аз ҳамсулолагони тахтхоҳи дарбор писари Исмоилшо Юсуфхонро, ки чун валиаҳд таъйин шуда буд, кушта часадашро ба дарёи Панч партофтанд. Исмоилшои маҳбус ин амали манҳуси наздиконашро шунида, чун рамзи азодорӣ як қабза риши дарози (аз рӯи ривоятҳо на кам аз се қабза будааст) худро буридааст. Баъди чанде, часади писарашро, ки дар Қубодиён аз дарё берун кашида буданд, оварда ба пешаш гузоштанд. Ӯ навҳаи ҷонхароше карда, ришашро боз як қабза болотар бурид. Баъди чанде, тибқи ҳукми Сарахону Абдукаримбек Исмоилшоро бо писараш Шоидарвоз ба қаламрави Афғонистон бадарға намуданд. Пас аз ду соли сарсониҳо ӯ дар Бадахшон вафот кард. Дар ин замон писарамакаш Иброҳимшо ҳакимиятро ба даст гирифта буд.
Бояд қайд кард, ки аз рӯи ривояте дар деҳаи Тӯдаи Ҳисор шоҳони Дарвоз зиндагӣ доштаанд. Дар ҳақиқат то ба имрӯз дар ин деҳа қабристоне мавҷуд аст, ки дар хотири халқ чун қабристони шоҳони Дарвоз боқӣ мондааст. Гӯё ҳамроҳи онҳо дар ин ҷо шоир Давлатшоҳи Дарвозӣ низ зиндагӣ карда, шеърҳои беҳтаринашро дар Тӯда эҷод кардааст. Устод Мӯъмин Қаноат низ бо ёрии мӯйсафеди ҳамин маҳалла Ҳоҷӣ Султони Нақим ба он қабристон рафта, мазори шоҳони Дарвозро зиёрат кардааст[10]. Ин ривоят асоси воқеӣ дорад. Чи тавре дар боло ёдовар шудем, ҳангоми дар асирӣ нигоҳ доштани Исмоилшо ҷасади писараш Юсуфхонро оварда дар пешаш гузошта буданд. Табиист, ки он часадро дар Ҳисор ба хок супурдаанд. Номи қабристони Шоҳони Дарвозро гирифтан низ ба ҳамон Юсуфхон мансубият дорад. Аз рӯи мантиқи раванди ҳодисаҳои баъди шикасту асир шудани Исмоилшо шояд дар миёни асирон фарзандони шоҳон будаанд ва фарзанду наберагони ин авлод чун авлоди шоҳони Дарвоз дар ҳамин қабристон мадфун шудаанд. То ба имрӯз боқӣ мондани ривояте, ки авлодони шоҳони Дарвоз дар Ҳисор зиндагиву фаъолият доштаанд, аз ҳамон асл маншаъ гирифтааст.
Писари Исмоилшо Шоидарвоз баъди вафоти падараш аз Афғонистон ба Ванҷ гузашта, баъди чанде дар атрофи худ чавонони ин диёрро чамъ намуда, тавонист лашкари пурқуввате ташкил диҳад. Бо ин қӯшун ӯ аз Қалъаи Ванч ба Қалъихумб лашкар кашид. Иброҳимшо фаҳмид, ки пеши роҳи Шоидарвозро гирифта наметавонад, пойтахтро тарк намуда, бо қӯшуни дар ихтиёраш буда, ҳамроҳи наздиконаш ба Сағирдашт гурехт. Лашкари Шоидарвоз бемонеа Қалъаихумбро ишғол карда, бо як қисми сарбозонаш барои дастгир кардани Иброҳимшо ба сӯи Сағирдашт шитофт. Иброҳимшо дар наздикии қалъаи Сағирдашт хати мустаҳками истеҳкомӣ-мудофиавӣ сохта, бо сарбозону наздиконаш камин гирифт. Вале ба қӯшуни Шоидарвоз муқобилияти чиддие нишон дода натавонист.
Аз рӯи маълумоту ривоятҳо, дар ин ҷо, азбаски ғалабаи Шоидарвоз яқин буд, лашкари Иброҳимшо ба ақибнишинӣ майл мекард. Ин вазъиятро мушоҳида карда, барои рӯҳияи лашкарро бардоштан, яке аз фармондеҳони часури Иброҳимшо Ёқсучӣ (шояд на исмаш, балки нисбааш бошад) бо найзааш ба майдон баромада гуфтааст: «Агар дар лашкари Шоидарвоз ягон ҳарифи ба ман мувофиқ бошад, барои қувваозмоӣ барояд. Якка ба якка мечангем, то пеши ин хунрезиро гирем». Сарбози ҷасури Шоидарвоз Мирмӯҳточ ин даъватро кабул намуда, ба майдон баромад. Ҷанги тан ба тан бо найзапартоиҳои тарафайн оғоз ёфт. Бояд қайд кард, ки Мирмӯҳтоҷ – падари яке аз заминдорони калон Фирӯзшо ва бобои сарварони қувваҳои аксулинқилобии Дарвоз Ғайратшою Диловаршо мебошад.
Эҳтимол дар ин ҳарб Мирмӯҳточ бартарӣ дошт, ки Иброҳимшо баъди ин ба Қалъаи Сағирдашт ақиб нишаста, бе муқобилияти иловагӣ нияти аз он ҷо баромада рафтанро хабар дод. Бо боқимондаи лашкараш ӯ ба Тавилдара рафта, дар он ҷо қарор гирифт. Шоидарвоз бошад, ба Қалъаихумб баргашт.
Дар ин маврид бояд ёдовар шуд, ки дар кори муваққатан ба ифоқа омадану Сағирдаштро тарк кардани Иброҳимшо хизмати эшони Мирафзал (амаки эшони Султон) то андозае ҳалкунанда буд. Вале бо ин муқовимати Иброҳимшо хотима наёфт, зеро баъди як сол Шоидарвоз ба Тавилдара лашкар кашида Иброҳимшоро пурра торумор кард[11].
Аз тафсилоти ин вақоеъ чунин хулоса бармеояд, ки солҳои 60-уми асри XIX солҳои муборизаи шадиди байни намояндагони хонадони шоҳони Дарвоз, бародарон Султонмаҳмуд, Исмоилшо ва фарзандоншон яъне амакбачаҳо ҳисоб меёбад.
Ба бартарии қувваҳои Шоидарвоз нигоҳ накарда, муборизаҳо дар оянда низ идома ёфтанд. Эҳтимол бо ёрии ҳокимони Кӯлобу Ҳисор ба тахти шоҳигарии Дарвоз писари Султонмаҳмуд – охирин намояндаи сулолаи шоҳони Дарвоз Сироҷуддиншо соли 1870 соҳиб шуда, то аз тарафи қӯшунҳои амири Бухоро ғасб намудани ин мулк ҳукм рондааст.
Бо шиносоӣ бо қиссаи яккатозии Исмоилшо, муваффақияту нокомиҳои ӯ ва амали хунини намояндагони хонадони шоҳони Дарвоз хонанда то андозае таъсири мардуми Ванҷро эҳсос мекунад. Ҳамроҳ шудани Ванҷ бо Дарвоз назаррастарин дастоварди сиёсии Исмоилшо ҳисоб меёбад. Ин дастовард ба маротиб афзудани нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии ӯро таъмин намуд. Илова бар ин дар ҳолате, ки тамоми қаламрави Дарвоз ба дасти рақибони дарбории Исмоилшо гузашта буд ҳам, Ванҷ нафақат ҳукмронии онҳоро напазируфт, балки барои аз нав ба тахт соҳиб шудани валиаҳди қонунӣ – писари Исмоилшо Шоидарвоз, нақши ҳалкунанда бозид. Вале минбаъд мудохилаи ҳокимони ҳамсоя барои аз нав мустаҳкам шудани ҳокимияти мустақими писару наберагони Исмоилшо имкон надод. Ба замми ин бояд илова кард, ки маҳз шуҷоату мардонагии сокинони Ванҷ нагузошт, ки алангаи ин фочиаҳои дарборӣ дар диёрашон доман паҳн намояд. Ин ақидаро раванди воқеаҳо оянда тақвият мебахшанд. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ.Пирумшоев.
[1] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.4.
[2] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.4.
[3] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. – С.146.
[4] Регель А.Э. Поездка в Каратегин и Дарваз// Известия Русского географиче- ского общества. – Т. 18. – 1882. – Вып. II. – С.140.
[5] Арандаренко Г.А. Дарваз и Каратегин. – С.146.
[6] Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памир// Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1894. – С.717. Ҳамчунин ниг.: Васильев. Краткое статистическое описание Каратегина// Сб. Геогр., топогр. и ст. материалов (минбаъд: Сборник материалов по Азии). – СПб., 1888. – Вып. 33. С.25-26.
[7] Юсупов Ш. К истории дореволюционнго Душанбе. – Душанбе: Дониш, – С.14.
[8] Ғоибов Ғ. Таърихи Ҳисори шодмон, Чағониён ва Душанбе. – Душанбе, – С.133.
[9] Ҳабибов А. Мероси адабии шоирони Ҳисор. (Матни интиқодӣ, муқаддима ва тавзеҳоти А. Ҳабибов). – Душанбе, 1974. – С.117.
[10] Ниг.: Шоҳонӣ С.Бозгашти булбул. Ҳикоёту хотирот аз ҳайёт ва фаъолияти ҳофизону ромишгарони Ҳисори шодмон. – Душанбе, 1997. – С.158-159.
[11] Кисляков Н.А. Ишан-феодал Восточной Бухары// Труды Таджикской базы АН СССР. – Т. IX. – История-язык-литература. – М. – Л., 1940. – С.5-6.
Назари хешро иброз кунед