Даравгаршо Шамсиддинов 15 июли соли 1915 дар деҳаи Гишхуни амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби 7-сола дар ҷамоати деҳоти Ванҷ ба ҳайси котиб оғози фаъолияти корӣ намуд. Соли 1937 аз пайи донишандӯзӣ ба шаҳри Сталинобод рафта, мактаби ҳуқуқшиносиро соли 1938 бомуваффақият хатм мекунад. Худи ҳамон сол бо роҳхати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ рафта, дар прокуратураи ноҳия то соли 1942 дар вазифаи муфаттиши халқӣ кор мекунад.
Қобилияти хуби кориашро ба назар гирифта, ӯро соли 1942 дар прокуратураи ВМКБ ба вазифаи муфаттиши калон таъин мекунанд, солҳои 1947 -1948 сардори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи вилоят, 1948-1952 дар прокуратураи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси прокурор, 1952-1955 прокурори ноҳияи Файзобод, 1955-1959 прокурории ноқияи Варзобро ба ӯҳда дошт. Ҳамзамон солҳои 1955-1957 курси 2-солаи мактаби ҳуқуқшиносии шаҳри Тошкентро ғоибона хатм мекунад. Солҳои 1959-1964 дар прокуратураи ноҳияи Ванҷ ба ҳайси муфаттиш, 1964-1976 бошад, дар Ҳукумати ноҳияи Ванҷ шуғли кору фаъолият дошт.
Д.Шамсиддинов дар ҳамаи вазифаҳое, ки кор кардааст, худро ҳамчун шахси кордону болаёқат нишон дода тавонист. Хизматҳои ӯ бо медали “Барои меҳнаи шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945”, “Ветерани меҳнат”, чандин ифтихорномаҳои прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
Д.Шамсиддинов инчунин яке аз фарҳангиёни беҳтарини ноҳия ҳисоб меёфт. Ӯ аз олами шеъру суруд ва мусиқӣ хуб огаҳӣ дошт. Қисми зиёди ғазалиёти Ҳофиз, Бедилу Ҷомиро аз ёд медонист ва онҳоро ба оҳанг дароварда месуруд. Ба “Шашмақом” рағбати хоса дошт. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед