Дамдор Қувватов соли 1935дар деҳаи Чихохи деҳшӯрои Техарв ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна, солҳои 1951-1956 дар Донишкадаи давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев) таҳсил намуд. Баъди гирифтани маълумоти олии касбӣ фаъолияти ӯ аз соли 1956 то ба нафақа баромадан ба ҳайси муаллиму директори мактабҳои деҳоти Удоб, Техарв ва Чихох сурат гирифтааст. Соли 1999 аз дунё даргузашт.
Ӯ яке аз муаллимони пешқадами вилоят буда, хизматҳояш бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. Хизмати тӯлонӣ ва бурдборонаи ӯро ба назар гирифта, сокинони ҷамоати Техарв барои абадӣ гардондани хотираи ин устоде, ки солҳои дароз ба фарзандонашон дарси илму адаб додааст, якдилона бо исми ӯ сабти ном намудани мактаби рақами 30-ро пешниҳод намуданд. Ин пешниҳод аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 марти соли 2001 тасдиқ карда шуд. Дар қарор омадааст: “Мактаби рақами 30-и ҷамоати деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ ба номи Қувватов Дамдор гузошта шавад”. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед