Далер Ганҷибоев

Фарзанди падар бошӣ,
Илми падар омӯз.
Ки ин моли падар харҷ,
Тавон кард ба ду рӯз.
  Ин шахсияти имрӯзҳо хеле дар касби хеш моҳир дандонпизишк (стомотолог) соли 1971дар маркази ноҳия шаҳраки Рохарв дар хонадони духтури машҳури дандон амаки Мавлон Ганҷибоев зода шудааст.
  Аз хурдӣ меҳри касби падариро дар дил парваридааст. Соли 1978 -1988 дар мактаби миёнаи №4-и маркази ноҳия таҳсил кардааст. Солҳои 1989 – 1991 хизмати аскариро сипарӣ намуда, соли 1991ба курси омодагӣ ва 1992 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тибии Тоҷикистон супурда, бомуваффақият донишҷӯ гашта, соли 1999 онро бо сари баланд хатм намуда, соҳиби касби духтур-стомотолог гашт.
  Ҳамон сол дар маркази саломатии ноҳиявӣ ба кори худ оғоз намуд. Солҳои 2007 – 2012 сарварии Маркази саломатии ноҳиявиро бар ӯҳда доштааст. Аз соли 2012 инҷониб ҳамчун духтур-стомотолог корро идома дода, ҳаррӯза дар хизмати мардуми сарбаланди Ванҷи пурганҷ камари ҳиммат бастааст.
  Аз ин рӯ имрӯзҳо соҳиби эҳтироми ҳамагон гаштааст. Далер бо ҳамсараш Парвинамо соҳиби се фарзанди дустрӯяк, ду духтар ва як писар мебошанд. Давлатмир Давлатов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.