Гузориши тасвирӣ аз барфрезӣ

  Ваъзи фелии мардуми ноҳияи Ванҷ, хусусан Ванҷи Боло, Ҷамоати Рованд, то имруз, 16 феврали соли 2017 дар робита ба боришоти пай дар пайи барф хамоно вахим боқӣ мемонад,чунки дар ин мавзеъ ченаки боришоти барф аз ду метр гузаштаасту ҳанӯз хам боридани барф идома дорад. Дар аксари деҳаҳо, масалан, деҳаҳои Старғ, Мурғудга, Ванван, аз тарафи рост Пойимазор, Сунгад, Рованд, Ғӯмаст, Вишхарвак ва Ғуҷоваст ягона роҳи мошингард баста аст ва мардуми ин деҳаҳо кувваи барқ надоранд. Алоқаи телефонӣ ҳам қисман вучуд надорад, болои ин ҳама мушкилиҳои сангини ин мардум дар аксари ин деҳаҳо хавфу хатари фаромадани тарма ва таҳдиди он ба молу ҷони мардум вуҷуд дорад. Бар зами ин, аз сабаби набудани роҳи мошингард захираи маводи ғизоии ин мардум ҳам ба итмом расида, беморону барҷомондагон ба кӯмакҳои авалияи тиббӣ ва ба интикол ёфтан ба беморхона ниёз доранд. Аз рӯи нақли шоҳидони ҳол барфи тозакардашуда аз болои боми хонаҳо баробари боми хонаҳо иртифоъ ёфтааст ва ҷое барои партофтани барфи нави рӯфтаи болои бомҳо надоранд. Дар масири деҳаи Мдехарв – Техарв, ки се руз пештар роҳро тоза карда буданд, ба сабаби боришоти навбатии барф дар деҳоти Мдехарву Ширговад тармаҳои такрорӣ фаромада роҳро аз нав бастаанд. Парвардигори яктову беҳамто мардуми захматкаши ин диёрро дар паноҳат нигоҳ дор! Омин!. Азиз Қадам.

Гузориши тасвирӣ аз барфрезиҳои миёнаи моҳи феврали соли 2017
(Аксҳо аз Бахтиёри Шокарим, Хилватшоҳи Маҳмуд, Исмоили Баҳриёр, Камолиддини Бозӣ ва Нурмуҳаммад Ёров)

Barfrezi1

Barfrezi2

Barfrezi3

Barfrezi4

Barfrezi5

Barfrezi6

Barfrezi7

Barfrezi12

Barfrezi8

Barfrezi9

Barfrezi10

Barfrezi11

Barfrezi14

Barfrezi15

Barfrezi16

Barfrezi17

Barfrezi18

Barfrezi19

Barfrezi20

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.