Гузаштаи дури диёри Дарвоз дар ривояту устураҳо

  Таърихи қадимаи Дарвоз ба сабаби дастрас набудани маъхазҳои дақиқу мӯътамад аз доираи назари тадқиқотчиёни касбӣ берун ва то кунун норавшан мондааст. Аз ин лозим медонем, ба баъзе ривояту тахминҳо ва хулосаҳои тақиқгарону саёҳони рус, ки то андозае заминаи воқеъӣ доранд, такя карда, дар ин мавзӯъ ибрози назар намоем. Онҳо роҷеъ ба ин замони таърихии диёри бостонӣ ба ривоятҳои аз калонсолону донандагони таърихи гузаштаи ин ошиён, ки аз падару бобоёни хеш шунидаанд (яқинан ин шунидаҳо аз чандин авлоди гузаштаи дур расидаанд) такя карда, хулосабарорӣ намудаанд.
  Албатта, маҳдудияти ҷамъоварии далелу асноди маъхазҳо барои баёни мутассилу пайдарҳами раванди ҳаводиси таърих ва рӯйдодҳои ба ин диёри кӯҳистони тоҷик мутааллиқ имкон намедод. «Боиси таассуф аст, – мегӯяд олими низомии рус Д.Н. Логофет, – ки маълумот дар бораи ин давлатҳо (мулкҳои дар гузашта мустақилу ниммустақили кӯҳистони Бухорои шарқӣ ва Помирро дар назар дорад – Ҳ.П.), ниҳоят пароканда буда, имкон намедиҳад то қисмати таърихии онҳоро равшан созем»[1]. Ӯ бо таваҷҷӯҳи хосса изҳор доштааст, ки омӯзиши нисбатан пурраи таърихи гузаштаи дури ин диёр то андозае пардаи ғуборро аз рӯи таърихи пайдоиши славянҳо низ хоҳад бардошт. «Барои мо русҳо, – навиштааст Д.Н.Логофет, – ин чойҳо аз он лиҳоз диққатовару чолибанд, ки дар гузаштаи дур гузаштагони мо, гуннҳои сафед, скифҳо ва сарматҳо дар ҳамин мавзеъҳо сукунат доштанд… Тадқиқоти антропологӣ ва лингвистии Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон метавонад то андозае ғубори атрофи масъалаи пайдоиши славянҳоро аз миён бардорад»[2].
  Капитан П.А.Кузнетсов чунин ривояти шунидаашро овардааст, ки шоҳони Дарвоз Искандари Румӣ (Византия)-ро саравлоди худ медонистанд ва шаҷараи онҳо дар навбати худ гӯё ба Искандари Мақдунӣ мерасид. Ҳарчанд қисми зиёди муаллифони навиштаҳои тоинқилобии рус ба дурустии ин ривоят бо чашми шубҳа менигаристанд, вале дар мавриди замони ба тасарруфи Искандари Мақдунӣ афтидани Осиёи Миёна вуҷуд доштани мулки мустақили Дарвоз эътимоди қавӣ доштанд. Масалан, Б.Н. Литвинов самти ҳаракати Александри Мақдуниро аз рӯи маълумоти дар даст доштааш муайян намуда, бо қатъият баён медорад, ки ин лашкаркаши бузурги даврон, худ дар Дарвоз набудааст, вале як отряди чудогонаи ӯ зери фармондеҳии Кратер, ки роҳи Ҳиндустонро ба воситаи ин минтақа кушоданӣ буд, аз ин чо гузаштааст. «Бешак, – менависад муаллиф, – Дарвоз дар чунин ҳолат чун дарвозае хизмат карда метавонист, ки аз роҳи он сафи лашкари ғосиби бузург мегузашт»[3]. Муаллиф шубҳаи худро нисбати аз ин диёр гузаштани Искандари Мақдунӣ чунин изҳор доштааст:
«Маълум нест, ки чиро ба асос гирифта, хонҳои (ҳокимон – Ҳ.П.) ин ҷо худро авлоди ӯ (Искандар – Ҳ.П.) донистаанд. Ё хаёлест, хоҳишест барои Осиёи Миёна хос, ҳамаро бо номи қаҳрамони афсонавӣ нисбат додан, ё шояд баъди суқути шоҳигарии Юнону-Бохтар боқимондаи аз таъқибот раҳоёфтаи давлатдорон ба ин ҷои хилвати душворгузар омада, сабаби ақидаи ба авлоди Зулқарнайн мансубият пайдо кардани хонадони маҳаллӣ гаштаанд»[4]. Дар ин масъала навиштаҳои Д.Н. Логофет гарчи ҳақиқати мутлақ буда наметавонанд, вале эҳсоси барои хонандаи борикбин ҷолиб буданашон водор месозад, ки аз он гуфтаҳо сарфи назар накунем. Тибқи ақидаи ӯ Искандари Мақдунӣ Қалъаихумбро бо ҷанг ишғол намуда, муддати мадиде дар ин ҷо қарор дошт. Баъди хуруҷи худ воҳиди мустаҳками ҳарбӣ (гарнизон) боқӣ гузоштааст[5]. Барои тақвияти назари худ ба он далел такя дорад, ки ҳангоми дар Қалъаихумб буданаш дар дасти сокинони маҳалӣ сиккаҳои қадимаи зиёд ва ашёи дигареро дидааст. Мувофиқи навиштаҳои ӯ марди бузургсоле дар пешаш тугунчаеро кушодааст, ки дар он, ба ғайр аз 3-4 сикка (танга), қариб бист дона ашёи зебу зиннатии аз сангҳои қимматбаҳои бо санъати баланд суфташударо нигоҳ медошт. Бо хоҳиши Д.Н. Логофет ҳамсафаронаш як сиккаи тилло, як нигини аз ёқут ва се нигини аз ақиқ зебоиёфтаро бо қиммати 300 танга (45 сӯми русӣ) харидаанд. Ӯ итминони қавӣ изҳор намудааст, ки ҳамаи инҳо аз давраи юриши Искандари Мақдунӣ ва ворисонаш боқӣ мондаанд. «Фаровонии сиккаҳои давраи Искандари Мақдунӣ, ки дар Дарвоз мушоҳида мешавад, – менависад муллиф, – исботи айёнии дар Қалъаихумб муддате ба сар бурдани мақдуниён мебошад»[6]. Ҳамчунин қайд намудааст, ки дар сиккаҳои дидаи ӯ «номҳои шоҳони Бохтар» сабт шудаанд. Дар хиште, ки аз даруни чоҳе берун овардаанд, ӯ номи Базелеус Деметрийи якум – асосгузори давлати Ҳинду-Парфиягиро хондааст[7].
  Бояд қайд кард, ки шаҷараи шоҳони Дарвозро ба Искандари Мақдунӣ расондан на танҳо ба муаллифони русу аврупоӣ, инчунин ба таърихнависони минтақаи Осиёи Марказӣ низ мансубият дорад. Масалан, Маҳмуд ибни Валӣ (асри XVII) дар китобаш «Баҳр-ул-асрор» тобеъияти Дара ва Дарвозро ба Балх нишон дода, қайд кардааст, ки ин мулкҳоро дар замонҳои қадим ҳокимоне (шоҳоне) зери итоат дароварда, худро аз авлоди Искандари Зулқарнайн муаррифӣ кардаанд. Дар ин мулкҳо конҳои зиёди тиллое ҳаст, ки коркарди онҳо дар ихтиёри ҳокиму пешвои ҳар ду вилоят – шоҳ Бобур мебошад[8]. Бояд қайд кард, ки силсилаи шаҷараи шоҳони Дарвозро ба Искандари Мақдунӣ (356-323 пеш аз милод) расондан ба ривояте асос ёфтааст, ки Марко Поло ба он ишора намудааст. Мувофиқи он ривоят гӯё насли шоҳони тамоми минтақаи Бадахшон, минчумла Дарвоз аз издивочи Искандар бо духтари Дорои III оғоз ёфтааст[9].
  Ин ақидаро чуғрофиядону таърихнависи охири асри XIX – ибтидои ХХ Муҳаммад Содиқхочаи Гулшанӣ низ чонибдорӣ намудааст. Ӯ бар ин ақидааст, ки мулки Дарвоз дар замони қадим мутааллиқи Искандари Мақдунӣ буда, зерпояи мавҷудияташ низ ба он замон мансубият дорад. Гулшанӣ, инчунин, ишора намудааст, ки то замони ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардан ин сарзамин мустақилияти худро нигоҳ дошта тавонистааст. «Шаҳри Дарвоз, – нигоштааст муаллиф, – шаҳрест қадим ва биноест азим аз ҷумлаи осор ва абнияи мулки искандари Зулқарнайн аст. Ин вилоят дар авоили қарни ҳозир (охири асри XIX) як ҳукумати худсарӣ буд, ки ба ҳиммати волои ҳазрати амирулмӯъминин ҷаноби олӣ марҳум (амири Бухоро – Музаффарро, ки солҳои 1860-1885 ҳукмронӣ кардааст дар назар дорад. – Ҳ.П.) замимаи давлати Бухорои Шариф гардид»[10].
  Маълум аст, ки баъди вафоти Искандари Мақдунӣ (соли 323 то милод), империяи ӯ ба зудӣ завол ёфта, дар байни сарлашкаронаш тақсим шуд. Аз ҷумла соли 306 то милод Селевк Бохтарро забт карда, ба ҳайати давлати бузурги Селевкиён дохил кард. Соли 250 то милод волии Бохтар Диодот аз заъфи империяи Селевкиён истифода бурда, аз ҳайати он баромад ва ба подшоҳии Юнону Бохтар асос гузошт. Ин давлат дар нимаи дуюми асри II то милод дар натиҷаи тохту този қабилаҳои бодиянишини Тахориён (Ючиҳо) барҳам хӯрд.
  Аз он давра сиккаҳои (танга) тиллоии зиёде дар ҳудуди имрӯзаи Точикистон дастраси бостоншиносон гаштааст, ки дар як тарафи онҳо силсилаи шоҳони Деодот, Деметрий, Евтимид, Евкрадит насб шуда бошанд, дар тарафи дигарашон симои худоҳову каҳрамонони асотирии Юнон: Аполлон, Артемид, Афина, Деметра, Геката, Гелиос, Геракл, Зевс, Ника, Псейдон оварда шудаанд. Пайдо шудани чунин сиккахо дар Дарвоз эҳтимолан аз ҳақиқат дур нест. Вале дар ин чо шояд чунин саволе мантиқан ба миён ояд: оё сиккаву навиштаҳое, ки Д.Н. Логофет мушоҳида намудааст (ба ҳар ҳол дигар муаллифон дар ин бора маълумоте надодаанд), сохтакорие аз тақлидкорони шоҳони Юнону-Бохтар нестанд?. Дар ин чо боз як чиз дурустии хулосаҳои Д.Н. Логофетро зери шубҳа мегузорад.
  Худи Қалъаихумб чун пойтахти шоҳигарии Дарвоз бо зарурати замон аз ибтидои асри XVII арзи вучуд намудааст (пойтахти қадимаи Дарвоз дар 6 км шарқтари он чойгир буд ва бо шарҳи ба ин ҷо кӯчондани пойтахт, мувофиқи мантиқи шарҳи муттасили давраҳои таърихӣ, хонанда шиносоӣ пайдо хоҳад кард). Пас чаро мақдуниҳо пойтахти кӯҳнаи Дарвоз (Каррон)-ро қароргоҳи худ интихоб накардаанд?. Умуман, суолҳо нисбат ба чавобҳо, дар ин масъала зиёдтаранд. Вале аз ин гуфтаҳо эҳтимоли қавие бармеояд, ки мулки Дарвоз анъанаҳои давлатдории хеле қадимаро дорост. Гарчи далели мӯътамаде то кунун боқӣ намондааст, вале ривояту тахминҳои мавчуда аз эҳтимолияти қавии дар замони Искандари Мақдуни вучуд доштани воҳиди давлатдории Дарвоз дарак медиҳанд.
  Суннатҳои давлатдориро дар Дарвоз П.А. Кузнетсов ба оғози давраи насронӣ баробар донистааст[11]. Муаллифи номбурда ривояти маъруфи сокинони Дарвозро овардааст, ки мувофиқи он тахминан 1300 сол қабл ду бародар Қаҳқаҳа ва Шаҳшаҳа аз Бадахшон баромада, кӯшиши соҳибмулк шудан карданд. Қаҳқаҳа шоҳигарии Дарвоз ва мулку музофотҳои он замон дар тобеъият ӯ қарор доштаи Вахш, Кӯлоб (Хатлон), Хоҳон, Роғ, Ҳисор, Қаротегин ва Рӯшонро мутеи худ кард. Шаҳшаҳа бошад, ҳокими Бадахшону Вахон, Шуғнон, Сариқол, Қундуз ва Читрол гардид. То замони ин маълумотро рӯи коғаз овардани муаллиф, гӯё дар Читрол ҳукмронии намояндагони авлодии хонадони Шаҳшаҳа идома доштааст. Шоҳони собиқи Дарвоз бошанд, аз рӯи баъзе маълумотҳои шифоҳии ба ӯ расида, аз авлоди Қаҳқаҳа будаанд[12]. Аз китоби “Таърихи Дарвоз”-и Ҳ.Пирумшоев.

[1] Ниг.: Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. (Очерки Средней Азии). – СПб., 1913. – С.364-366.
[2] Ҳамон чо.
[3] Литвинов Б.Н. Через Бухару на Памиры // Исторический вестник. – Т. 98. – СПб., 1904. – С.716.
[4] Ҳамон ҷо.
[5] Логофет Д.Н. В горах и на равнинах Бухары. – С.386.
[6]Ҳамон чо. – С.364.
[7] Ҳамон чо. – С.397.
[8] Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей блогородных (География). Введение перевод, примечания, указатели Б.А.Ахмедова. – Ташкент: «Фан», 1977, – С. 45-46.
[9] Ниг.: Путешествие Марко Поло. – Изд второе. – М.,1955. – С.74.
[10] Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. Бачоптайёркунанда, мураттиб ва муаллифи сарсухан Ҷ.Назриев. – Душанбе,2006. – С.156 (Дар қисмати факсимил). – С. 247-248.
[11] Кузнецов П.А. Дарвоз. – С.1.
[12] Ҳамон чо.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.