Ванҷ. Ин мафҳуми дар забон хеле шинаму дар эҳсоси сокинонаш ниҳоят гуворо ва то дараҷае ғурурбахш, мавзеест дар қисмати ҷанубу шарқии кишвари азизамон Тоҷикистон. Ноҳияест бо ҳамин ном дар ғарбии Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон. Ин гӯшаи биҳиштосои табиат дар соҳили яке аз шохобҳои калони тарафи рости дарёи Панҷ (болооби Амударё), ки бо номи Ванҷоб маъмул аст, ҷой гирифтааст. Ванҷоб аз оғоз то резишгоҳаш 103 км масофа дорад. Дарёи Ванҷ аз қаторкӯҳи «Академияи илмҳо» ибтидо гирифта, аз водии байни кӯҳҳои Дарвозу Ванҷ ҷорӣ мешавад. Болооби ӯ то ҳамроҳ шудан ба дарёчаи Кашолаях, Абдуқаҳҳор ном гирифтааст. Дар саргаҳи дарёи Ванҷ пиряхҳои «Ҷамъияти ҷуғрофӣ», «Хирсон», «Абдуқаҳҳор», ки ҳар кадом масоҳати калонро ишғол мекунанд, воқеъ гаштаанд. Ин дарёро чашмаю рӯдҳои сер- шумори кӯҳӣ бо оби мусаффои худ, ки баландиҳои ду тарафи соҳил, гӯё барои ба ӯ пайвастан мешитобанд, сероб гардонда, то ба дараҷаи дарёи миёнаҳаҷм расондаанд.
Дар фасли обхези баҳорон ва аввали тобистон ин дарё гӯё қувваю шаҳомати худро намоиш медода бошад, бо як талотуми барои одами ин манзараро бори нахуст мушоҳидакунанда то дараҷае ваҳмангез ба назар мерасад ва бо мавҷҳояш ду тарафи соҳилро шуста, бо суръати баланд ба поин метозад. Дар ин ҳолат рангаш хеле тираю лойолуд мешавад ва баъзан ҳатто замини кишту боғу роғи ба соҳил наздикро низ беосеб на- мемонад. Вале мардуми таҳҷоӣ нағз медонанд, ки баъди чанде ин дарё, гӯё аз аспи ҷаҳл фуромада бошад, то дараҷае ором мешаваду ранги му- саффои худро гирифта, боз ҳамон садои хеле фораму якмаромаш гӯшҳоро навозиш хоҳад кард. Беҳуда нест, ки сокинони ба ин садо одаткардаи диёр мекӯшанд, ҳарчи ҷои нишасти тобистонаи худро ба дарё ва шохобҳои он наздиктар қарор диҳанд. Онҳо шабҳои ба дараҷаи дилхоҳ салқини то- бистонро бо навозишҳои рӯди кӯҳӣ бо фароғат рӯз мекунанду саҳарии барвақт бо ифтихоре, ки табиату қисмат барояшон чунин ошёни биҳиштосоро раво дидааст, бо дили гарм машғули меҳнат мегарданд. Меҳнат барои ин халқ натанҳо воситаи таъминоти моддӣ, балки манбаи ҳаловати маънавӣ низ ҳисоб меёфт. Шояд таъсири ҳамин бошад, ки ин диёр дар тӯли тамоми давраи асримиёнагӣ ободу хонаи умеди бисёре аз сокинони нисбатан камбизоати мулкҳои ҳамсоя будааст.
Шахсе, ки аввалин бор бо ин мавзеъ шинос мешавад, баъди аз танг- нои соҳили рости дарёи Панҷ, аз резишгоҳи Ванҷоб (Сурхсангов) баромада 12-13 км роҳ паймудан, ба маркази ноҳия, деҳаи хеле калони шаҳрчамонанди Рохарв (расман он ҳам Ванҷ ном гирифтааст) мерасад ва беихтиёр эҳсос ме- кунад, ки аз тангнои нисбатан дилгиркунандае баромада, ба мавзеи доманфарохе ворид шудааст. Аз он ҷо баромада роҳи мошингард рӯ ба сӯи офтоббаро аз ҷои хати ҳамон пайраҳаҳои қадимаи аҷдодӣ тӯл кашида ба деҳаи хеле калону зебои Бунай мерасад, ки аз маркази ноҳия 10 км дуртар аст. Баъд роҳ бо соҳили рости Ванҷоб ба самти шимолу-шарқӣ идома меёбад.
То он ҷо расидан, меҳмон, албатта, аз деҳаи Бовуд гузашта, беихтиёр чашмаш ба деҳаи дар соҳили чапи Ванҷоб будаи аз осеби сел харобшудаи Ғумаяк меафтад, ки зодгоҳи шоири машҳури мардумӣ Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (Мулло Ёр) аст. Мероси ин шоири шаҳир (ёдаш ба хайр) имрӯз ҳам шарики шодӣ ва ғаму дарди мардуми кӯҳистони тоҷик мебошад. Дар Бунай роҳ ба соҳили чапи дарё мегузарад. Ҳамин тариқ, ин роҳ соҳилҳоро иваз наму- да, аз дуру наздик ба деҳаҳои ниҳоят зебою назаррабои Рав, Потов, Жовид, Убго, Садвадг, Хаспо, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада, Ширговад, Мдехарв, Вишхарвак, Ғӯмас, Старғ мебарад, ки ҳар кадомро бо якдигар ё кӯпрук, ё ҷои пиёдагузари дарё мепайвандад. Аз Старғ, ки дар соҳили рост ҷойгир аст, тобистон ба воситаи ағбаи ҳамном, роҳ шуморо ба Ва- хиёи боло мебарад. Дар соҳили чапи муқобили Старғ деҳаи Мурғутга, болотар дар соҳили чап Гармчашма, Ванван ва Сумгад то ба баландта- рин деҳи маҷрои Ванҷоб Пои Мазор роҳ тӯл мекашад. Аз он гузашта, пиряхи дараи Абдулқаҳҳор ва Кашолаях сар мешавад, ки чӣ тавре дар боло ишора шуд, аз он ҷо Ванҷоб ибтидо мегирад. Ин деҳаҳои номбурда ҳама дар соҳили дарговҳои[1] ҳамном ё чашмаҳои ҳаётбахш ҷойгиранд, ки шохобҳои рост ё чапи Ванҷобро ташкил мекунанд.
Аз паҳнои деҳаи нисбатан калони Бунай, ки дар ду тарафи соҳили даргови Бунай доман паҳн намудааст, сар карда, табиат гӯё тамоман дигар мешавад. Дар доманкӯҳҳои сарбафалаккашида, ки қуллаҳояшон тамоми фасли сол барфпӯшанд, талу теппа ва марғзорҳои сабзу хуррам, чашмаҳои зулол, буттаю рустаниҳо, анбӯҳи дарахтони мевадиҳанда аз қабили себ, нок, чормағз ва ғайра хеле зиёданд. Баъзе аз дарахтони чормағз умри чандасра доранд. Онҳо бешак шоҳиди воқеаҳои давраҳои охири асримиёнагӣ ва аз он пештар низ мебошанд. Агар онҳо забон медоштанд, бисёр сафҳаҳои ноаёни таърихи диёрро метавонистанд ба мо қисса намоянд.
Ин табиати зебою дилфиреб, ки дар каноргӯшаи хеле душворгузари шаху кӯҳҳои қаламрави давлати аҷдодӣ воқеъ буд, аз қадимулайём раззоқу ҳофизи боэътимоди аҷдодон ва авлодони мардуми Ванҷ ҳисоб меёбад.
Бояд қайд кард, ки мавзеи Ванҷ танҳо аз нишебу фароз, талу теппаҳо, дараю кӯҳҳо, шохобу шохобчаҳои маҷрои Ванҷоб иборат набуда, аз рӯи фаҳмиши ҷуғрофй ва ҳудудию маъмурй қаламрави хеле фарохтареро дар бар мегирад.
Фаҳмиши ҷуғрофию ҳудудй, сиёсию маъмурй ва ҳатто иқтисодиву мадании ин мулки куҳантаърихи Ванҷ, ки асоси тозагии этникии аҷдодиро дар тӯли қарнҳо нигоҳ доштааст, бе ҳамбастагии пурра бо водиҳои дигар шохобҳои тарафи рости дарёи Панҷ: Язгулом, Пшихарв, деҳаи калону ободи аз дарговҳои Вравзу Баравн ва оби мусаффою ҳаётбахши чашмаи Узбай, ки якҷоя ҳама бо номи таърихан рехтаи Водхуд маълум аст, хеле ноқису номукаммал ва ҳатто номумкин хоҳад буд.
Аз рӯи анъана, сокинони маҳаллӣ тамоми деҳаҳои аз Бунай болоро, ки зикрашон рафт, бо як унвон, «Ванҷи боло» ном мебаранду маркази маъмурии ноҳияро то инқилоб «Қалъаи Ванҷ» ё «Рохарви қалъаи Ванҷ» ва дар давраи ҷадид фақат Ванҷ, гарчи бо номи «Рохарв» низ маъмул аст ва дигар деҳаҳоро бо истилоҳи «Ванҷи поён» ном набурда, Язгулом, Водхуд ва Пшихарв мегӯянд.
Ин деҳаҳо бар хилофи қисмати болоии Ванҷ (Ванҷи боло), ки сергиёҳу рустанӣ ва долу да- рахт буда, иқлимаш нисбатан намноку сардтар аст, ҷазираҳоеро мемо- нанд, ки дар байни кӯҳу дараҳои камгиёҳу дар фасли тобистон камборон ҷойгиранд. Вале зимни зиёдтар шиносоӣ пайдо кардан, назарфиребии ин табиати камгиёҳ эҳсос мешавад.
Дар давраҳои мустақилияти Ванҷ, солҳои ба Дарвоз ҳамроҳ шудан ва дар замони ҳукмронии Манғитиён пойтахту маркази он деҳан Рохарв ё Рохарви қалъаи Ванҷ буд. Рохарв бо номи Ванҷ то кунун мавқеашро пурра дигар накарда, чун маркази ноҳия мондааст.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Ҷои ин қалъа аз нигоҳи ҳарбӣ-стратегӣ хеле мувофиқ буда, дар муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ карда метавонист[2].
Замини зархези Водхуд дар тӯли тамоми давраҳои нисбатан қадиму ҷадиди таърихӣ на танҳо сокинони муқимии худро аз маводи ғизоӣ таъмин мекард, балки ҳосили он насиби деҳоти ҳамсоя низ мегардид. Ин замин бо ҳосилхезии худ ном баровардааст. Дар обравҳо рустаниҳои гу- ногун, зироати ғалладона ва полезӣ, меваҷоти зиёде месабзад. Беҳуда нест, ки Водхудро манбаи ҳаётбахши диёр меномиданд. Захираи ғалладона, меваи хушки сокинони ин деҳот (тут, зардолу, себ), на танҳо мардуми мавзеи худро тамоми сол таъмин мекунад, инчунин сокинони мӯҳтоҷи ғизои деҳаҳои нисбатан камзамини Ванҷ ва қаламрави мулкҳои ҳамсояро аз мӯҳтоҷӣ раҳоӣ мебахшид. Ибораи дар байни ҳамсоядеҳаҳо маъмули «тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем», асоси воқеӣ ва таърихӣ дорад. Сокинони баландкӯҳи камзамине ки барои за- хира кардани маводи хӯрока камтар имкон доштанду он баъзе солҳо то ҳосили оянда намерасид, бо оғози пухтани тути Водхуд (дар баъзе деҳаҳои гармтари он, аз ҷумла Бунига ба охирҳои моҳи май рост меояд) заҳмати бенонию гуруснагии онҳо то дараҷае аз байн мерафт, чунки ҷавонон ба ин ҷо омада, мувақатан меҳмони дӯстону наздиконашон мешуданд ва бо ин васила, маҳсулоти ғизоии аз зимистони нисбатан тӯлонӣ боқимонда барои занону кӯдакону пиронсолон сарф мешуд.
Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев.
[1] Дар Ванҷ деҳаҳо анқариб ҳама дар поёни дараҳое ҷойгиранд, ки аз лозурҳо (пиряхҳо) оби мусаффо ҷорӣ мешавад. Ин обро мардуми маҳаллӣ «даргов», мено- манд, ки шакли каме тағйирёфтаи ибораи «даргоҳи об» аст.
[2] Маълумоти муфассал доир ба қалъаи Ванҷ дар замимаи китоб оварда шудааст. Ҳамчунин ниг.: Масов Р.М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душан- бе,1999. – № 4. – С. 20-30.
Назари хешро иброз кунед