Ванҷ дар солҳои 70-80

   «Мардуми мо, – мегӯяд дар маърӯзаи хеш дар маҷлиси тантанавии бахшида ба 50-солагии ИҶШС котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия М.Абдуллоев, – ба таври шинохтанашаванд тағйир ёфтааст. Дар хизмати аҳолии район ГЭС-и пуриқтидор, комбинати хизмати маишӣ, иттиҳодияи «Селхозтехника», участкаи истифодабарии роҳҳо, ҷамъияти матлубот омодаанд. Симои маркази район ба куллӣ тағйир ёфтааст. Аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматии ҳозиразамон пурра қонеъ буда, 1911 нуқтаи радио, 180 телефон дар хизмати онҳоянд. Қариб ҳамаи деҳаҷойҳо бо роҳҳои васеи мошингард, хати телефону радио, қуваи барқ таъмин гаштаанд. Дар район 46 мактаби ибтидоӣ, 8-солаю миёна, ду интернати давлатӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 4345 нафар фарзандони меҳнаткашон таҳсил мекунанд. Аз 422 нафар муаллимон 251 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Дар ихтиёри сокинон хонаи маданият, 12 клуб, 17 китобхона, кинотеатр ва 10 кинодастгоҳҳо доимо хизмат мекунанд».
  Дар ин солҳо хонаҳои истиқоматии участкаҳои Ғӯмасти колхози ба номи Федченко, Рованд, Гармчашма ва Мурғутгаи колхози «Съезди ХХ партия», ки хатти барқӣ гузаронида шуда буданд, пурра аз барқ таъмин гардиданд. Нақшаи истеҳсоли барқ дар ноҳия 104 фоиз (ба ҷои 1638, 1741 ҳазор кВт/соат) ба иҷро расид.
  Дар маркази ноҳия бинои нави мағозаи молҳои гуногун (универсалӣ) ва дар деҳаҳои Старғи колхози «Съезди ХХ партия», Седи колхози ба номи Лоҳутӣ, нуқтаҳои нави савдо ба хизмати аҳолӣ омода шуданд. Ҳамчунин дар участкаи Убари Даргови совхози «50-солагии СССР» клуби наву барҳаво барои 250 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Дар ин қатор бинои нави матбааро низ номбар кардан лозим меояд.1
  Фақат солҳои 1973-1975 бинои нави маъмурии комбинати маишӣ, 8 сехи ин комбинат, 10 нуқтаи савдо, 16 синфхонаҳои иловагӣ, ду бинои мактаби 8-сола, 4 бинои мактаби ибтидоӣ, 6 клуб, китобхона, хати обгузаронӣ (водопоровод) дар маркази ноҳия, биноҳои маданӣ-маъмурӣ дар деҳшӯроҳо ва даҳҳо кило- метр роҳҳои нави мошингард сохта шудааст.2
  Танҳо дар ин панҷсола 15 объекти муҳими навро ба истифода дода, ба маблағи 2,3 миллион сӯм фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст. Симои пештараи деҳот ба куллӣ тағйир ёфт. Соҳили рости дарёи Ванҷ – Ванҷи нави маркази ноҳия ба амал омад. Ба ҷои хонаҳои нимвайронаи сиёҳи бобоӣ, хонаҳои замонавӣ, бо асбобу анҷоми мадании рӯзғор ҷиҳозонида шуда дар ҳаёти сокинони ноҳия ба ҳукми анъана медаромаданд.
  Дар охири панҷсола дар деҳаи Будуни деҳшӯрои Язгулом китобхона, дар деҳаи Удоби деҳшӯрои Техарв клуби нав ба истифода дода шуд. Меҳнаткашони деҳаҳои Роғу Панҷшанбеободи деҳшӯрои Ванҷ низ аз клубу китобхонаҳои нав баҳравар гаштанд. Дар деҳаи Ғуҷоваст бинои хобгоҳи интернат ба истифода дода шуд. Дар Бунай 2 пункти хизмати маишӣ, мактаби 8-сола дар Рав, мағоза дар Баравни Жовид, аз ҷумлаи сохтмонҳои ин панҷсола мебошанд.3
  Чи хеле, ки дар боло қайд шуд, дар соли аввал панҷсола истгоҳи барқии дорои 1600 кВт-соат дар дарёи Ванҷ ба истифода дода шуда буд, вале сохтмони хати барқӣ ба баъзе аз деҳаҳои дурдаст ҳанӯз идома дошт. Дар деҳаи Мотравни деҳшӯрои Язгулом дастгоҳи дизелии пуриқтидори барқӣ васл карда шуд, ки ин деҳотро низ бо қувваи доимии барқ таъмин мекард. Бо назардошти ин ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳия Ш.Иброҳимов ба таври расмӣ эълом доштааст, ки соли 1974 қариб 97 фоизи хоҷагиҳои Ванҷ пурра бо қувваи барқ таъмин гаштаанд.4
  Майдони умумии кишти тамоку дар ин панҷсола ба 647 гектар расонда шуд, ки ин нисбат ба соли охири панҷсолаи пешина 342 гектар зиёд аст.5 Танҳо соли 1979 аз соҳаи тамокукорӣ 3 миллиону 900 ҳазор сӯм ба даст оварда шуд, ки ин нисбат ба соли 1975 3,5 баробар зиёд аст.6
  Дар охири солҳои 70-ум ноҳия 24 китобхона, 16 клуб, 2 хонаи маданият, театри халқӣ, 4 клуби сайёр, мактаби мусиқӣ фаъолият доштанд. Фонди умумии китоб то ин давра ба 118383 нусха расида буд. Шумораи хонандагон низ меафзуд. Акнун 73 фоизи аҳолии ноҳия узви ин ё он китобхона буда, ҳар яки онҳо ба ҳисоби миёна дар як сол камаш 9 китобро аз ин фонд мутолиа мекард.
  Бо қувваи ҳаваскорон консерту намоишҳо гузаронда мешуд. Соли 1978 аз 296 намоишу консертҳо 95-тоаш ба ҳунарпешагони театри халқӣ (мудираш С.Бурҳонов) рост меояд. Кружокҳои худфаъолияти хонаи маданияти Лугад, деҳшӯрои Водхуд (мудираш А.Маҳмадшоев), Жовид (мудираш Б.Дамдоров), Жамаг (мудираш В.Қувватов), Дуршер (мудираш М.Султонов) ва дигарон мунтазам дар назди меҳнаткашон бо барномаҳои консертӣ баромад мекарданд.7
  Болоравии сатҳи зиндагии сокинон имконият медод, ки ба пешравии варзиш ва спорт низ диққати зарурӣ дода шавад. Маъракаҳои ҷашнӣ ва идҳои анъанавӣ бе мусобиқаҳои варзишӣ намегузаштанд. Варзиш яке аз масъалаҳои марказии мактабҳои таълими умумӣ гардида буд. Роҳбарияти ноҳия низ ба ин диққати махсус дода, ба муҳокима мегузоштанд ва қарорҳои дахлдор қабул менамуданд. Масалан, дар маҷлиси январии муаллимон соли 1980 раиси Комиҷроияи ноҳия Н.Раҳматуллоев дар бораи «Ҳолат ва чораҳои беҳтар намудани кори оммавӣ-спортӣ ва физкултура дар мактабҳои маълумоти умумии район» бо маърӯза баро- мад карда, қайд намудааст, ки дар ноҳия се адад залҳо ва 15 майдонҳои варзишӣ дар ихтиёри мактаббачагон ва ҷавонон қарор доранд.
  «Дар зарфи се соли охир, – кайд мекунад маърӯзачӣ, – ба маблағи бештар аз 12 ҳазор сӯмина таҷҳизоти спортӣ харида, дастраси мактабиён гардонда шудааст. Танҳо соли 1978 бо ин мақсад бештар аз 4 ҳазор сӯм сарф шудааст». 8
  Соли 1980 дар ноҳия аз 29 нафар муаллимони варзиш 2 нафар устодони варзиши ИҶШС, 5 нафар устоди варзиши ҶШС Тоҷикистон, 4 нафар номзадҳо ба устодии варзиши ИҶШС, дигарон дорандаи дараҷаи баланди варзиш буданд.
  Ҳар сол бештар аз 150 нафар мактаббачаҳою ҷавонони ноҳия дар спартакиадаю мусобиқаҳои дигари варзишии сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои баланди варзишӣ ноил мегар- диданд. Дар ин ҷода махсусан хизмати устодону ташкилотчиёни варзиш Ҳ. Ғайратов, М. Иронов, Х.Ҷумъаев, А.Мавҷудов, М. Сулаймонов,З.Музафаров, М.Гундалишоев ва дигаронро бояд қайд кард.9
  Яке аз сохтмонҳои хеле муҳим, ки аз пешравии саноатии Ванҷ дарак медод, оғози сохтмони заводи шарбати меваю сабзавоти иқтидораш то 2,5 миллион қуттӣ (банка, консерва) дар маркази ноҳия (мутаассифона ҳангоми васл намудани таҷҳизот бар асари даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги гражданӣ ба ҳоли худ партофтаю бисёри маводҳои барои сохтмонӣ ва хоҷагӣ заруриаш ба яғмо рафт), яслӣ-боғчаи дар деҳаи Бунаӣ, бошишгоҳ дар чашмаи Шоҳмастон, истгоҳитаъмири техника, идораи таъминоти техникӣ, ки сохтмонашон оғоз ёфтаву қисман ба истифода дода шуда буданд, дастовардаҳои саноатии ноҳия ба шумор мерафтанд. Дар ин раванд бояд аз аҳамияти коркарди мармари Даштак ва дурнамои он барои рушди саноатии ин ноҳия ва арзиши иҷтимоии он ёдовар шуд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
 
1  Ватан. – 22 декабри соли 1973.
2  Ҳамон ҷо.
3  Ватан. – 9 октябри соли 1975.
4  Ватан. – 21 ноябри соли 1974.
5  Абдуллоев М. Коммунистон авангарди ҳамаи муваффақиятҳо // Ватан. – 22 ноябри соли 1980.
6  Иброҳимов Ш. Имкониятҳо бисёранд // Ватан. – 15 марти соли 1980.
7  Ватан. – 11 апрели соли 1979
8 Ватан. – 8 январи соли 1980.
9 Ватан. – 8 январи соли 1980.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.