Ванҷ дар солҳои 40-и асри ХХ

  Ҳазорон ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҷанг барои адои қарзи фарзандӣ, ихтиёрӣ ба майдони ҷанг рафта, шарафи мамлакатро ҳифз мекарданд. Зиёда аз 200 ҳазор фарзандони Тоҷикистон дар ҳайати қӯшунҳои амалкунандаи ҷангӣ, алайҳи душман корнамоиҳо нишон доданд, ки зиёда аз 60 ҳазори онҳо дар майдони ҳарб қурбон шуданд. Яке аз ҳамин қурбоншудагон Назар Додов мебошад.
  Дар солҳои аввали ҷанг ба Фонди мудофиа 60 ҷуфт ҷӯроб, 78 ҷуфт дастпӯшак, 903 килограмм гандум, 179 кг ҷав, 8150 рӯзи меҳнат, 33884 сӯм пул ва 123 500 сӯм облигатсияи заёми давлатӣ ёрӣ расонданд.
  Коллективи муаллимони колхози ба номи Будёнии (Язгулом) Ризвонов, Маҳмадуллоев ба Фонди мудофиа ба маблағи 380 сӯм, Идибек Ризоев, Валиев бошанд 100 сӯм гузаронданд.
  Соли 1943 меҳнаткашони ноҳия ёрдамро ба ҷабҳа дучанд зиёд намуданд. Ба ҷанговарони Фронти ҷанубӣ зиёда аз 28 кг мавиз, 170 ҷуфт ҷӯроб, 18 ҷуфт дастпӯшак ва 15395 сӯм фиристоданд. Ба сохтмони колоннаи (қатораи) танкҳои «Муаллими Тоҷикистон» 16376 сӯм, «Косомоли Тоҷикистон» 156500 сӯм фиристода шуд.
  Колхозчиёни колхози ба номи Жданов (чанде баъдтар ба номи Сталин, пасон «Коммунизм» ва билохира совхози «Ванҷ») 5215 сӯм облигатсияи заёми давлатӣ ва 1200 сӯми нақд, 615 рӯзи меҳнат ба ёрдами ҷабҳа гузаронданд. Дар ин кор шахсони ҷудогона намунаи ибрат буданд. Масалан, колхозчии колхози ба номи Жданов Наҷмиддин Кабиров ба Фонди мудофиа 500 сӯм, 100 сӯм облигатсияи заёми давлатӣ ва сад рӯзи меҳнат, агрономи шӯъбаи замини ноҳия Кантемиров бошад 800 сӯм облигатсияи заёми давлатӣ доданд.
  Ба туфайли меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Буҷурги Ватанӣ зиёда аз 150 нафар сокинони меҳнатқарини ноҳияи Ванҷ бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.[1]
Бисёре аз мардони ғолиби майдони ҳарб ба ҳаёти осоишта баргашта, дар кори азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ ва рушди ояндаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия пешсафӣ нишон доданд. Номи чунин ҷанговарони собиқ, пешқадамони истеҳсолот монанди Нусратулло Зиёратуллоев, Аҳтам Якимов, Шакаршо Хуррамов, Назаралӣ Мирзоев, Бурҳон Муҳиддинов, Худойназар Бачонаев, Аваз Давлатов, Додхудо Ҷаваров, Ҷангӣ Беков, Раҳмоншо Муҳаббатов, Маҳмадниёз Мухторов, Вазир Худоёров, Б.Иззатов ва дигарон дар ноҳияю берун аз он маълуманд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.