Бурҳон Раҳмонов

  Бурҳон Раҳмонов 4 апрели соли 1934 дар деҳаи Одешти ҷамоати Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Бо амри тақдир хеле барвақт аз волидайн ҷудо шуда (падараш дар соли 1937 ва модараш дар соли 1947 аз олам даргузаштанд), аз соли 1942 то соли 1946 ҳамроҳи бародараш Саид аввал дар хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ ва баъдан дар хонаи бачагони ноҳияи Тавилдара тарбият ёфтааст.
  Баъди бо баҳои аъло хатм кардани Омӯзишгоҳи муаллимии ноҳияи Ғарм, соли 1953 ба Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик дохил шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1957 барои кор ба Кумитаи радиошунавонӣ ба қайси наттоқи шӯъбаи бурунмарзии радио даъват шуд ва то ҳол дар ҳамин боргоҳ кор мекунад. Ӯ наттоқи дараҷаи олӣ ва роҳбари гурӯҳи наттоқони Идораи барномаҳои бурунмарзии Кумитаи телевизион ва радиои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Аслан Бурҳон Раҳмонов ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Овози буррою таъсирбахш, лаҳни гӯшнавози ин марди ҳунар, ровии хушадоро ним аср боз тамоми форсу-тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва бурун аз он ба хубӣ фарқ мекунанд. Ӯ натанҳо фарҳангшинос, балки комилан фарҳанг аст, ҷаҳоногоҳии ботинӣ, пурра маънирас буданаш ҳатто дар қиёфаи зоҳириаш ҳувайдост. Одоби барҷастаи муошират, самимияту сӯҳбатороии эшон лоиқи тақлиду пайравист.
  Б.Раҳмонов дар нишастҳо маҳфилҳои ҳукуматӣ, дар консертҳо, дар барномаҳои гуногуни телевизион ва радио ба ҳайси баранда фаъолият мекунад. Соли 1968 дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Узбекистон чун барандаи нишастҳои фарҳангӣ иштирок карда, дар оғози консерти даҳа нақши Алишер Навоиро бозидааст. Ҳамчун роҳбари бадеӣ ва барандаи консерт ду бор ба Афғонистон сафар кардааст. Дар яке аз сафарҳо ба Кобул бо нобиғаи мусиқии шарқ Аҳмад Зоҳир ҳамсӯҳбат бурдааст.
  Дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар чанд филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ нақш бозидааст. Дар дубляжи зиёда аз 600 филми бадеӣ ва мустанад ба забони тоҷикӣ ширкат доштааст. Соли 1996 дар ҷашни Фузулӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳайати вакилони Тоҷикистон ширкат варзида, суханронӣ кардааст Б.Раҳмонов бо чандин медалу ифтихорномаҳои ҳукуматй қадр гаштааст.
  Соли 1980 ӯ ба унвони ифтихории Корманди хизматнишондодаи маданият ва Аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд.Номаш дар китоби фахрии Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.