Бофандагӣ, чун навъи ниҳоят зарурии фаъолияти меҳнатии аҷдодӣ дар тамоми қаламрави Бухорои Шарқӣ пойгоҳи мустаҳкам дошт. Дар шароити муносибатҳои ниҳоят заъифи тиҷоратӣ Ванҷ мисли чанде аз амлокдориҳои дигари Дарвоз нафақат талаботи дохилии аҳолии маҳаллиро аз маҳсулоти бофандагӣ пурра таъмин мекард, инчунин ба баъзе аз мулкҳои ҳамсоя, ки дар онҳо ғӯза намерӯид пахта ё матои пахтагин интиқол медод.
Дастгоҳи бофандагии анъанавиро қариб дар ҳамаи хонаҳои сокинони Ванҷ, дидан мумкин буд. Як-ду тан аз мардони хонавода, баъди ғунучини пахтаи маҳаллӣ – ғӯза, хушкондану аз ҳаллоҷӣ гузаронидан ва аз тарафи занон дар чарха ресидани риштаи зарурӣ аз нахи он дар рӯзҳои аз корҳои кишоварзӣ фориғи зимистон ба бофтани матои пахтагин (дар шароити мавҷуд будани захираи кофӣ матои пашмин) машғул шуда, талаботи зарурии хонаводаро таъмин мекарданд.
Кам набуданд ҳунармандони ин соҳа, ки ба ивази чизе (чорво, маводи дигари ғизоӣ) барои ҳамдеҳагони худ матоъ мебофтанд. Дар баробари ин деҳқонони вобаста ба зарурат муваққатан ба бофандагӣ машғулшаванда, бофандагони касбӣ низ буданд.
Шарқшиноси маъруф А.А.Семёнов натиҷаи мушоҳидоти худро дар Дарвози ибтидои асри ХХ ҷамъбаст карда, қайд намудааст, ки ин диёр яке аз марказҳои муҳимми бофандагии Бухорои Шарқӣ ҳисоб меёбад. Матои пахтагини сафед ё рангаро, ки либоси асосии тамоми кӯҳистониёни аз хурд то калон ҳисоб меёбад, дар ҳамаи хонаҳо мебофанд. Ресмон, ришта ё калобаи онро занон тайёр карда, бофтанаш пурра ба зиммаи мардон меафтад¹. Дар ин диёр мисли дигар ҷойи Осиёи Миёна аз мӯина (пашм) ҳаргуна матои пашмину нимпашмин мебофтанд².
Бахусус, бофтани ҷӯробҳои пашмин бо нақшу нигори аҷибу ғалатӣ дар ин ҷо ба ҳукми анъана даромада буд ва то имрӯз ин шуғли авлодӣ пойбарҷост³.
Аз пашм тайёр намудани матои рағза, ки барои дӯхтани чакман истифода мешуд, бахусус дар деҳаҳои баландкӯҳи Равнов, Варҷуҷ ва Пшихарв бофтани ин навъи матоъ ба хукми анъана даромада буд. Ҳамчунин аз матои пурдошти пашмин палос ё шолча, чодар, рағзаи ҷувол, пайтоба, айили асп, хӯрҷин ва дигар маҳсулоти барои либоси болопӯшу рӯзғордорӣ муҳим тайёр мекарданд. Дар ин радиф аз чодари (палос) аз пашми (мӯи) буз бофта, ки онро «чодари бузмӯгӣ» мегуфтанд, ёдовар шудан лозим меояд. Ин навъи маҳсулот барои густурдан ба фарши андоваи гилин дошта ё ба сифати полони асп мавриди истифода қарор меёфт, зеро ин навъи чодар намнокиро аз худ намегузаронд. Пушти аспи бо ин полон пӯшондашуда ҳатто муддати тӯлонии дар зери борон мон- дан тар намешуд4.
Азбаски бофандагӣ чун яке аз навъҳои дар он замон ниҳоят зарурии ҳунар ва шуғли авлодӣ имрӯз бар асари пешрафти техникӣ қариб батамом аз байн (агар аз ҷӯроббофию баъзе аз либоси болопӯши пашмини бофти дастӣ сарфи назар кунем) рафтааст, лозим меояд, ки хонандаро бо баъзе аз нозукиҳои ин фаъолияти бобоӣ шинос намоем.
Ашёи хоми барои бофандагӣ зарур навъи пахтаи ҷойдорӣ (маҳаллӣ) – ғӯза ҳисоб меёфт, ки кишти он дар Дарвоз, махсусан дар деҳоти соҳили Панҷ, аз ҷумла деҳаҳои Водхуду Рохарву Бунайи миригарии Ванҷ чун зироати техникии анъанавӣ ривоҷ пайдо карда буд.
Коркарди пахтаи навъи ҷойдорӣ ё ғӯза хеле заҳматталаб буд. Азбаски пахта пурра намешукуфт, онро дар аксар мавридҳо хушконда дастӣ аз кӯрак ҷудо мекарданд. Баъди то охир хушкондан, барои пунбадонааашро ҷудо кардан онро аз ҳаллоҷӣ гузаронида, дар болои бӯрё ё матое паҳн карда, бо химчаи сахти ирғай (шаппачӯб), ё бо камонғӯлаки махсуси тори (зеҳ) таранги аз рӯдаи чорво (буз ё гӯсфанд) тайёршуда дошта (камони шапанда, паянда, паангӣ ё паяндагӣ) суст мекарданд. Ин амал санъати махсусро талаб мекард. Шахси соҳиби ин касбро «паянда» ё «шапанда» меномиданд. Ӯ ҳангоми ба пахтаи ғарам ё паҳнкардашуда наздик расондани камон бо ғалтакчӯби махсус (кӯва) ба зеҳ мезад ва дар навбати худ зеҳ бо ларзиши баланд ба пахта ё пашм расонда шуда, онро суст ва тунук мекард. Сипас онро пилтамол карда, барои аз чарха гузаронидан тайёр намуда, барои нам нагирифтан дар сабадчаҳо нигоҳ медоштанд. Кори муҳимми пеш аз бофтан чарха ресидан ва бо ин восита тайёр кардани нах (ришта) буд. Ин кори нозуку заҳматталаб ба зиммаи занҳо меафтид. Аз ин нахи тайёр ҳунарманди касбӣ (касе, ки матоъро фақат барои фурӯш истеҳсол мекард) ё аксаран деҳқони муваққатан аз кори саҳроӣ фориғ дар дастгохи махсус, ки онро «сари кори бофандагӣ», «дӯкони бофандагӣ», «сари кори карбосбофӣ», «чоҳи бофандагӣ» мегуфтанд, матоъ мебофт. Агар ба бофтани матои пашмин машғул мешуданд, дастгоҳро дӯкон, чоҳ ё «сари кори рағзабофӣ» меномиданд.
Яке аз корҳои заҳматталаб дар истеҳсоли матоъ ранг додани он буд. Рангҳои гуногунро аз ҳаргуна рустанӣ тайёр мекарданд. Масалан, ранги сурхро аз рӯян мегирифтанд. Ин навъи рустаниро кишт намуда, баъди се сол дар моҳи қавс (тахминан аз 10 ноябр то 8 декабр) решаашро аз замин канда мехушконданд. Сипас онро майда карда, аз хокааш ранги сурх тайёр мекарданд. Баланду паст кардани ранг ба миқдори хока вобаста буд. Барои гирифтани ранги зард маҳлули аз ҷоғари дарахти чормағз, тут, зардолу, гули рустаниҳои испарак, ҳасанак ё аз решаҳои шилхаву зелол гирифтаро истифода мекарданд. Ранги кабуд ё нилобиро аз решаи рустании торон, пӯсти (пучоқи) ҳанӯз норасида, яъне нахуш- кидаи он мегирифтанд. Ранги сиёҳро аз пӯчоқи анор ва хокаи оҳан ме- гирифтанд. Ҳамин тариқ, дигар навъҳои рангро истеҳсол намуда5, бо ин роҳ ҳунармандони касбӣ матоҳои ниҳоят хушрангу бозоргир аз қабили алача, беқасаб, алифтор ва ғайра истеҳсол мекарданд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
1 Семёнов А.А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М., 1903. – С.57 – 58; Ҳамчунин ниг.: Кузнецов. Дарвоз. – Новый Маргелан, 1893. – С.68.
2 См.: История таджикского народа. – Т. 2. – Кн. 2. – М., 1964. – С.93.
3 Масальский В.И. Туркестанский край – Русия. Полное географическое описание нашего Отечества. – Т. 19. – СПб., 1913. – С.530; Ҳамчунин ниг.: Гольбек. Предвори- тельный отчет о путешествии через Бухарское ханство // Изв. РГО. – Т. 51. – 1915. – С.79 – 83; Денике Б. П. Искусство Средней Азии. – М., 1927, – С.50-51.
4 Ниг.: Таджики Каратегина и Дарваза. – Вып. 1. – Душанбе, 1966. – С.212.
5 Доири истеҳсоли матоъ, навъҳои он ва санъати ранг додан, ниг.: Таджики Каратеги- на и Дарваза. – Вып. 1. – С.212 – 230.
Назари хешро иброз кунед