Беморон шифо ёфтанд

  Нахустин бемороне, ки дар Шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шуда буданд, шифо ёфта, рухсат шуданд. Ин беморон, ки аз бемории илтиҳоби шуш ранҷ мебурданд, муддате чанд дар беморхона таҳти муолиҷаи духтурон қарор доштанд, ба сабаби талошу заҳматҳои пизишкон аз ранҷ раҳо ёфтанд.
  Беморон бо кафкӯбии табибон аз бинои беморхона баромада, ба онон барои меҳнату муроқибаташон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Яке аз ин шифоёфтагон Раҳматшо Давлатхоҷаев ба пизишкон ба ин зайл арзи миннатдорӣ намуд:
  “Мо бемороне, ки аз беморхонаи ноҳияи Ванҷ шифо ёфта, рухсат шудем, аз духтурҳои беморхона хеле сипосгузорем. Мехоҳем, ки ҳар касале ба беморхона ворид шавад, бо сари баланд ба пеши зану фарзандонаш мисли мо саломат равад.
 Мо аз духтурони беморхонаи Ванҷ бисёр миннатдорем, раҳмат ба ҳамаашон, ҳамавақт ҳамин хел беморонро сарбаландона рухсат кунанд. Хусусан, ба доктор Маъсумӣ, ҳамшира Фарида ва санитарка Гулҷон, ки 24 соат дар хизмати мо беморҳо буданд, изҳори миннатдорӣ мекунем. Ҳазор раҳмат ба онхо, ки барои беморҳо ин қадар хизмат карданд!. Худованд дар кору зиндагиашон баракат диҳад!”. 12.05.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.