Бачаҷон Муҳаббатов дар оилаи серфарзанди деҳаи Вишхарвак соли 1936 ба дунё омадаст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1955-1959 дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, таҳсил намудааст. Баъди анҷоми таҳсил барои кор ба ноҳия Ванҷ роҳхат гирифта, дар мактаби рақами 1 деҳаи Дуршер, аз омӯзгори оддӣ то сарварии мактаб ифои касб намуд. Дар он шароити вазнини кӯҳистон мактабу синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Бо заҳмати зиёд Б.Муҳабатов тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ бинои мактабро сохта ба истифода диҳад. Ӯ солҳои1972- 1974 сарварии мактаби № 11, мудирии интернати назди мактаби №1, соли 1978 сарвари мактаби номбурдаро ба ӯхда дошт.
Ин омӯзгори ботаҷриба кори ин мактаби қафомондаро аз муҷаҳҳазкунонии кабинетӣ оғоз намуда, ба сафи мактабҳои беҳтарини ноҳияи Ванҷ баровард. Хизмати бурдборонаи ӯ буд, ки хатмкардагони мактаб Ҳ.Шеров, Аминҷон,Ҳоким, Додарҷон, Ҳошим Муҳаббатовҳо, Х.Ёров ва даҳҳо шогирдонаш соҳиби маълумот гашта дар ҷодаи илм ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавқеи назаррас пайдо кардаанд. Бо ташаббуси директори кордон Бачаҷон Муҳаббатов соли 1989 мактаби замонавии деҳаи Вишхарвак дарашро ба хонандагон боз намуд. Ба ин қонеъ нашуда, ӯ то соли 1996 боз чандин синфхонаҳои нав, майдончаҳои варзишӣ ва саҳни майдони назди мактабиро ба талаботи имрӯза мувофиқ сохта, ба истифода додааст. Имрӯзҳо ин устоди таълиму тарбия ба нафақа баромада бошад ҳам, тарки касби дӯстдоштааш накарда, пайваста ба мактаббачагон сабақи дониш, сабақи зиндагӣ медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед