Бахтибек Иматшоев

  baxtimachoБахтибек Иматшоев 7-феврали соли 1942 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна солҳои 1960-1966 дар факултаи санитарӣ-гигиении Донишкадаи тибии шаҳри Ростови лаби Дон таҳсил намудааст. Пас аз хатми он фаъолияти касбии хешро ба ҳайси духтури санитарии Стансияи санитарӣ-эиидемологии шаҳри Хоруғ оғоз намуда, то соли 1970 онро ба дӯш дошт. Сипас ба пойтахт даъват шуда, сол.чои 1970 – 1985 дар вазифаи сардухтури стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Марказӣ (Фирдавсӣ) ва ноҳияи Октябри (феълан Сомонӣ) шаҳри Душанбе кору фаъолият дошт. Ӯ савияи дониш ва таҷрибаи касбии хешро дар инситутҳои такмили ихтисоси шаҳри Харков (Украина, соли 1967) ва Ленинград (Санкт-Петербург,соли 1977) мукаммал намудаасг.
  Хизмати намунавии мутахассиси сатҳи олӣ, аълочии ҳифзи тандурустии ИҶШС-Бахтибек Иматшоев эътироф гаштаю борҳо бо мукофоту ифтихорномаҳои Умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.