Амонбек Бандайхудоев

  Яке аз шахсиятҳои шинохта ва обрӯманди Ванҷзамин омӯзгори варзида,устод Амонбек Бандайхудоев мебошанд. Ӯ 3 марти соли 1954 дар деҳаи Даштак, ноҳияи Ванҷ зода шуда, таҳсилоти ибтидоиро дар деҳааш гирифта, соли 1970 мактаби миёнаи №6-и ноҳияро хатм кардааст.
  Солҳои 1970 – 1971 фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №- и ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) оғоз кардааст. Солҳои 1971 – 1976 донишҷӯи факултаи математика-физикаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко (ҳозира ДДОД ба номи С.Айнӣ будааст. Соли 1976 омӯзгори мактабҳои №50 ва №72–и Колхозобод, солҳои 1978 – 1982 ҷонишини директори мактаби №72-и ноҳияи Колхозобод будааст.
  Соли 1982 ба зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ баргашта, аввалан котиби масъули Ҷамъияти дӯстдорони китоби ноҳияи Ванҷ шуда, то соли 1985 кор кардааст. Солҳои 1985 – 1987 нозири шӯъбаи кор бо ноболиғони назди ҳукумати ноҳияи Ванҷ, аз 1-06-1987 то 1991 раиси кумитаи иттифоқи касабаи калонтарин совхози ноҳия “50 солагии СССР” адои вазифа намудааст.
  Соли 1991 ин хоҷагии калон ба чанд хоҷагӣ – “совхозҳо” ҷудо шуд, ки яке аз онҳо “Совхози ба номи Ёр Шомаҳмад ” дар деҳоти Водхуд буд. Устод Амонбек Бандайхудоев нахустин раисаш интихоб шуд. Соли 1992 устод боз ба кори таълиму тарбияи насли наврас баргашта, аввал омӯзгори мактаби №6, солҳои 1995 – 1998 ҷонишини директори мактаб ва аз соли 1998 то соли 2008 директори мактаби номбурда таъин шуд.
  Аз соли 2008 то ба нафақа баромадан то соли 2017 ба ҳайси омӯзгори фанни математики мактаби №6 хизмат намудааст. Хизмати муаллимро дар таълиму тарбия ба назар гирифта соли 2010 ба ӯ унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”-ро лоиқ донистанд. Инчунин ин омӯзгори варзида бо ифтихорномаҳои Ҷамъияти вилоятии дӯстдорони китоби ВМКБ, раёсати маорифи ВМКБ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳукумати ноҳияи Ванҷ қадрдонӣ шудааст.
  Устод дар баробари касби пурифтихори омӯзгорӣ,инчунин машқи шеър низ мекунад, ки намунае чандро ин ҷо меорем. Ба устод умри дарозу тансиҳатиро таманно дорем!. Давлатмир Давлатов.

Ҷӯи Лахш

Қиссае будӣ ба ёрон бахши мо,
Аз камукоси диёри Лахши мо.
Он яке мегуфт: Лахши нозанин,
Дилкаш асту бошадаш вофир замин.
В-он дигар мегуфт: ҷои хушҳаво,
Ҳам гиёҳонаш ба ҳар дарде даво.
Он яке гуфто, ки мегӯӣ чиҳо?
Пуштаи серҳезуму дарё куҷо?
Ранҷи беобӣ кашидан то ба кай?
Оби шӯри заҳ чашидан то ба кай?
Орзуи мардуми мо об буд,
Ҳам ба бедориву ҳам дар хоб буд.
Оқибат аз лутфи Имоми замон,
Дастгиру такягоҳи одамон.
Нақшаи ҷӯи наве инъом шуд.
Муддаои табъи хосу ом шуд.
Мардумон аз як гиребон сар зада,
Остини ору ҳиммат бар зада.
Бо талошу саъй баъди як баҳор,
Мавҷи обе шуд аён дар ҷӯйбор.
Ҷӯйи нав боло муборак дӯстон,
Лахшро акнун намоед бӯстон!.

***
Эй ҷавонони саодатманди тоҷик бо Ватан,
Доимо пайваста бошед ҳар яке бо ҷону тан.
Тоҷикистонро зи нав ободу зеботар кунед,
Миллати тоҷикро болову болотар кунед.

***
Илми Сино дар ҳама давру замон,
Тоҷиконро карда машҳури ҷаҳон.
Шукри беҳад боз бар парвардигор,
Тоҷикистон гашт соҳибихтиёр.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.